Китоби Хиштхона. Кодиров Абдурахим
Бехин коре, ки андар зиндагонист,
Накўхохи, ба кас хизматрасонист.
Носири Хисрав
Ветерани мехнат Ќодиров Абдурахим 11 январи соли 1946* дар дехаи Хиштхонаи нохияи Ашт дар оилаи устои дуредгар ба дунё омадааст.
Падараш – Турсунов Абдуќодир яке аз усто
хои дуредгари гулдаст буд, ки на танхо дар дехаи Хиштхонаю нохияи Ашт, балки берун аз он низ бо сохтани бинохои хонахои истиќомати ва дигар иншоотхо хамчун устои мохир ном бароварда буд. Ў ханўз соли 1926 хамчун ёрдачии усто ба бародари калониаш Усто Абдурасул Турсунов дар сохтани синфхонаи мактаби ибтидоии дехаи Хиштхона ва тахтаи синфию партахои он мактаб мадад расонида буд. Мактаб соли 1927 кушода шуда, аввалин 36 нафар талабагон дар он синфхона тахсил намуданд. Сифати кори ин бародарони хунарманд чунон баланд буд, ки бо шаходати яке аз хонандагони аввалин – Собиров Мухаммадчон, ки то соли 1980 дар мактаби №13-и деха омўзгори намудааст, он партахоро хатто солхои хаштодум низ дар синфхонахо дучор мегардидед.
Модараш – Турсунова Уѓулой.
Солхои 1951 - 1958 Ќодиров А. дар мактаби хафтсолаи деха тахсил намуда, тахсилашро дар дехаи Бободархон, дар мактаби ба номи С. Айнї идома додааст ва ин мактабро соли 1961 бо бахои хубу аъло хатм намудааст.
Аз хамон сол сар карда, ба колхози ба номи Энгелс ба кор даромада, дар вазифахои колхозчи, хисобчи, механик кор кардааст. Соли 1963 ба техникуми хочагии ќишлоќи ба номи В.И. Ленини дар нохияи Мастчох буда, ба шўъбаи аграноми дохил шуда, онро соли 1966 бомуваффаќият хатм намудааст.
Ў шахсест, ки аз байни ахолии деха аввалин шуда, дар паси чамбараки мошинаи пахтачини нишаста дар як мавсими пахтачини то 270 тонна пахта чамъовари намуда, чандин маротиба ѓолиби мусобиќахои сотсиалистї гардидааст.
Соли 1968 бо ќарори Хукумати чумхури барои обод кардани заминхои Мирзочўл сафарбар карда шудааст.
Солхои 1970-1971 дар бунёду хамвор кардани роххо сахм гузоштааст.
Аз соли 1973 инчониб узви хизби комунистии Точикистон мебошад. Ў барои мехнатхои шоёнаш сазовори медали «Ветерани мехнат» ва нишонахои сарисинагии «Ѓолиби мусобиќаи социалисти», грамотахои фахрии КМ ЛКСМ Точикистон гардидааст. Инчунин бо мототсикли сечархаи «Урал» ва 2 автомошинаи «Жигулї» мукофотонида шудааст.
Аз соли 1991 дар колхози «Гулистон» ба хайси инженер - агроном ва раиси хочаги кор кардааст ва соли 2009 ба нафаќа баромадааст.
Ќодиров Абдурахим бо Ќодирова (Вохидова) Гулсуммо оила барпо намуда, сохиби 10-нафар фарзанд ва зиёда аз 30 набера гардидааст.
Писараш Содиќчон - доктори илмхои тиб буда, дар ШМА ба корхои илми машѓул аст. Шарифчон, Зокирчон, Дилшодчон, Эркинчон, Маъмурчон , Илхомжон ва Диловар хама сохибкоранд, Абдушукур - сардори хочагии дехќонии «Камолот». Духтараш - Нилуфар ба тарбияи фарзандон машѓул аст.
Ќодиров Абдурахимро дар деха хамчун мутахассиси кордон, шахси халиму хоксор, сохибмаърифату саховатманд мешиносанд ва хурмату эхтиром менамоянд.
_________
* Санаи таваллудаш дар хуччатхо 11.01.1946, вале аслан у 11.01.1944 таваллуд ёфтааст.
Свидетельство о публикации №225071300187