Анти - мобайл комедия для детей и юношества
АНТИ - МОБАЙЛ
мазњака барои бачањо
Душанбе
2022
Иштирокчиён:
1. Бењрўз – доно, ба фанњои даќиќ шавќманд, ѓолиби даври якуми озмуни Фурўѓи субњи доної,
2. Олим - аз шањр ба дења меояд, барои њамроњи Бехрўз нишаста хонда тайёр шудан ба озмун ва имтињонњои дохилшавї.
3. Суман – доно, чаќќон, ошпаз, аз корњо хабар медињад, фармоишњои модару падарашро мерасонад.
4. Анти-Олим - акси ботинии Олим, бачаи хушсурат, вале бадсират, бачањоро хондану кор кардан намемонад.
Ба диќќати тањиягар:
Шиорро такмил дода, суруд илова кардан мумкин аст.
Бозињои дар байни бачањо машњури компютерї:
Фифа мобайл футболи электрони – идораи трансфери бозигарон
Контер страйк – кушокушии хунин, бачањо ба телефони якдигар даромада, бо њамдигар љанги компютерї мекунанд.
ГеТеА – компютер супориш медињад, бача иљро мекунад.
Кал оф дути – бозии њарбии «Стратегияи фармондењї»
Паб љи – бозии стратегии њарбї «Амри фармондењ».
Пролог
Анти - Олим хам шуда, пинњонї аз дигарон ба сањна мебарояд, ба чор тараф нигариста, њуштак мекашад. Иштирокчиёни намоиш, коргарони сањна мебароянд. Анти – Олим ба дасти њар кадоми онњо телефон, нос, сигор, чўбдаста, карта ва ѓайра медињад.
Анти Олим. Гиред, роњат кунед! Асри ХХ1 пеш рафт, барои истирохати шумо бозихои аъљоиби бааъмаза сохт…
Зимни сухани ў њама бо барномањои бозии телефонї машѓул шуда, як-як чун зомби дар сањна кўр-кўрона рафтан мегиранд ва ба њолатњои гуногуни садамавии вазнин гирифтор мешаванд.
Мусиќии махсус афтидану зарбањо хўрдани иштирокчиёнро дањшатноктар мегардонад ва ба намоиш суръати хуб мебахшад.
Анти Олим (давоми суханаш). Бинед, ФИФА мобайл - футболи электронї – идораи трансфери футборлбозони машњур. Контер страйк – кушокушии хунин, бачањо ба телефони якдигар даромада, бо њамдигар љанги компютерї мекунанд. ГеТеА – компютер супориш медињад, бача иљро мекунад. Кал оф дути – бозии њарбии «Стратегияи фармондењї». Паб љи – бозии стратегии њарбї «Амри фармондењ»…
Бачањои телефонбадаст яке бо сар ба дарахт бармехўрад, яке ба санги калон бархўрда сар поёну лингњо боло мемонад, яке ба оби њавз меафтад, яке лингњо кашол дар дарахт мемонад, яке дар чоњ меафтад, яке байни тамошобинон даромада пешпо хўрда, чандеро нороњат месозад, вале телефонњоро аз даст намонда, бозиро давом медињанд.
Анти Олим шод гашта, ба њоли онњо механдад. Ў касони чўббадастро ба занозанї тањрик медињад.
Анти Олим. Сахттар зан! Њамин њам даст шуд? Нон нахўрдї!? Зан, ки хунаш барояд. Ту бењтараш, дам гир, носа каш, роњат бош.
Касони носкаш хоболуд гарангу карахт мешаванд. Анти - Олим онњоро бо нўги ангушт зада меафтонад ва ба њолашон механдад.
Суман (нохост дод мезанад). Ааай-й, таги дегам сўхт!
Њама њушёр шуда, давида мераванд
ОЃОЗИ НАМОИШ.
Њавлї дар дења. Дар ин байн Бењрўз як даста китоб оварда, дар як тараф машѓули китобхонї мешавад. Суман дар даст табаќи чўбї меояд.
Суман. Профессор, хўрок тайёр!
Бењрўз. Серам. То пешин ним соати дигар.
Суман. Картошка-ќоќак-да биё, бача. Набошад, хамаша худам мехўрам! Ммм… Чи хел бамазза!
Бењрўз (давида меояд). Нагуфтї, картошка – фри аст?
Суман Ба одами шикамсер чї фарќ дорад?
Бењрўз. Картошка-ќоќак дофамин дорад, майнаро фаъол мекунад.
Суман. Э, гўй, ки «ба ман маъќул; ман њам мехом».
Бењрўз. Ња. Бояд дар озмуни «Фурўѓи субхи доної» пирўз гардам.
Суман. Мо њама дуогўй. Хабар дорї? - Олим имрўз меояд.
Бењрўз. Урра, писар-амаки пањлавонам меояд. Ёрдамчии донову чаќќон меояд. Алафа дукаса медаравем, гандума њамроњ мекўбем.
Суман. Вай он ќадар ба коргар монанд не. Барои дарс хондан меояд.
Бењрўз. Ња-а, як гуфтам-да. Ба њар њол омаданаш хуб, њамроњ оббозї меравем, њамроњ бозї мекунем, њамроњ китоб мехонем…
Суман. Э, вай кї? Бин, даруни пали оби шолї рафта истодааст!
Олим даст дар тугмањои телефон, чашм ба телефон мисли робот њаракат карда, љониби обу љуйчаи рўи њавлї меравад.
Суман. Аз ќадаш Олим - пањлавон аст, ё деви Мозандарон.
Бењрўз. Њой бача, он тараф нарав! Ба чап гард.
Олим мисли робот, чашм дар телефон ба чап мегардад.
Суман. Он љо шудгор, ќафо гард! (ќафо мегардад)
Бењрўз. Он љо оташдон! Ба пеш! (Пеш меравад).
Суман. Ба ќафо! (Тоќат накарда, давида, аз дасташ дошта меояд).
Олим. Э, намондї-да! Ќариб дар «Кал оф дути» ѓалаба мекардам.
Суман. Э, «кали бута», ќариб месўхтї! Ин чї?
Олим. Кали бутта не, «Кал оф дути». Э, Шумо, ќишлоќињо аз куљо мефањмед? Асри 21-ум рафта истодааст! Њама кора компютер мекунад!
Суман. Оббо. Кал оф дути – бозии компютерии «Амри фармондењ» куњна шуд. Аз вай дида «Паб Љи» шавќовартар.
Олим. А-а? Наѓз. Телефонњоятон интернет дорад?
Бепрўз. Ња, аз «Вавилон»
Олим. Шумо њам бало будед.
Бењрўз. Хуш омадї, Олим. Ќишлоќи тиллоии ќадима пешкаш.
Олим. Ана ин гапи дигар.
Бењрўз. Салом.
Вохўрдии хандаовар мекунанд. Олими пањлавонсурат мехоњад чапѓалат дода Бењрўзро афтонад.
Олим. Ина саломи шањрї мегўянд.
Бењрўз (бо усули њалук ќариб меафтонад, вале медорад). Инаша њалуки ќишлоќї мегўянд.
Олим. Наѓз. Бо гўштї зиќ намешавем. Ман бояд машќ кунам.
Бењрўз. Машќи бадана дар алафдаравию гандумкўбї расо мекунї.
Олим. Э, не, ваќт кам. Бояд ба имтињони дохилшавї тайёр шавам. Гову гўсола, хару хингила баъди дохил шудан ба донишгоњ.
Суман дар табаќи чўбї картошкабирён меорад.
Суман. Бењуда шод нашав, Бењрўз. Олим барои хондан омадааст
Бењрўз. Дам гиру хону шод бош. Кори ќишлоќ тамом намешавад.
Олим. Ана ин гапи дигар. Бењрўз, ту дар озмун ѓолиб шудї. Ба ман њам кам-кам маслињат медињї. Ман њам бояд ѓалаба кунам.
Суман. Ѓалабањо дар пеш. Хўрок тайёр.
Олим. Ман сер. Сањарї як бочка хўрок хўрда будам.
Суман. Хайр, чорта картошка-ќоќак мондааст, худам мехурам!
Олим. И-и-и, Нагуфтї, картошка – фри аст?
Суман Ба одами шикамсер чї фарќ дорад?
Олим. Майнаро фаъол мекунад. Ман њам бояд ѓолиб шавам!
Суман. Ба њамаатон барор мехоњам. (Табаќи чўбии холиро мебарад).
Бењрўз. Ана ин мизи кории ту. Љойи ман дар паси хона,
Олим. Ба ман њам ваќт ёфта мон.
Бењрўз. Як масъала монд, њал кунам, меоям. (Меравад).
Олим китобу дафтарашро бароварда ба хондан шуруъ мекунад. Анти-Олим мисли руњ сабук омада ба китфаш савор мешавад, дасту пои Олим камњаракат мешавад.
Анти - Олим. Ман омадаам, вой вой, ман омадаам. Ман омадаям, ки ноз бунёд кунам. Ман омадаям, ки васваса соз кунам. Вой, вой, вой.
Олим. Гуфтанд, ки њавои ќишлоќ тоза, майна монда намешавад.
Анти Олим. Билкулл дурўѓ аст.
Олим. Вале њарфу раќаму формулахо питир-питир карда, ба назарам мисли бало менамоянд.
Анти Олим. Наѓз.
Олим. Ин ќадар сарам вазнин. Китфонам вазнин.
Анти Олим. Олиљаноб. Камтарак дам гир.
Олим лањзае сарашро рўи миз мегузорад. Анти-Олим сари Олимро пахш карда, ба хоб моил месозад.
Анти-Олим. Азизам, хоб бикун, хобе. Ноз бикун, ноз-е.
Олим. Уф… Боз чашмонам пилик-пилик карда, махкам мешавад. Ба ман чї шуд? Мисли он, ки дар зери бор мондаам. Каме варзиш кунам…
Бо душворї хеста, худро хаму рост мекунад, Анти-Олим аз китфи ў меафтад. Олим кам-кам мељахад, чун бокс дасту по мекўбад. Ва њар дафъа худ нафањмида ба сару фуки Анти-Олим мушту лагад мезанад.
Анти-Олим. Во дастаме, во дастам. Во пояме, во поям.
Олим. Дасту поям камтарак кушода шуд. Ман зўрам.
Анти Олим. Зўр бошї, дар ин љанги «Кантер страйк» ѓолиб шав!
Анти - Олим ба назди Олим телефонро гузошта бозињоро мекушояд.
Олим таваљљуњ карда болои компютер хам мешавад. Анти-Олим дубора ба китфи Олим савор шуда мањкам мечаспад, коре мекунад, ки ѓарќи бозї аз мизу китоб дур шавад.
Анти Олим. Ааањ, Оооњ… Уууњ…
Олим. Ааањ, Оооњ… Уууњ…
Анти Олим. Офарин. Ту зўр! Ту супермен! Боз як бори ѓолиб шав!
Олим. Чаро ин ќадар карахтаму сусту фулуст? Ба дарё рафта оббозї кардан даркор.
Анти Олим. Куљо? Оби дарё њоло хунук!
Олим. Не њоло об хунук. Бењтараш турник кашам.
Анти Олим. Не, аз турник дур шав, афтида мурданат мумкин! Баъд ман чї кор мекунам?
Олим њар дафъа худро ба турник кашад, гўё ба тани Анти-Олим зарба мерасад. Ў аз дард нола карда, ноумед шуда, фирор мекунад, паси оинаи барќад гузашта пинњон мешавад.
Олим назди оина меояд, акси худро дида, њайрон мемонад.
Олим. И-и-иї… Ин кї? Ба гуфтаи Мавлонои Балхї, «Ман на манам, на ман манам»?
Дар оина ба љойи акси Олим худи Анти-Олим истодааст.
Анти Олим. Ассссалом. Саламалейкум Ассалом.
Олим. Салом. Туф-туф, хобам, ё бедор? Ту кистї?
Анти Олим. Ба фикрат, ман кї?
Олим. Ќадат ќади ман. Майкаву шортикат – майкаву шортики ман.
Анти Олим. Мо хешем. Ман туям, «ман»-и ботини ту - Анти-Олим.
Олим. Вале рангат кандагї.
Анти Олим. Охир маро ту азоб додї.
Олим. Ман?! Ё тавба.
Анти Олим. Аниќтараш худатро азоб додї. Ваќте худро ба хондан, ё машќи бадан маљбур мекунї, ман аз тани ту азоб мекашам.
Олим. Ња-а… Ту инља чї кор мекунї?
Анти Олим. Ба ту ёрї медињам, ки мисли ман Олим шавї.
Олим. Чї хел наѓз! Вале ба ман чї хел ёрї медињї?
Анти Олим. Њама бачањо ба ту бахилї мекунанд. Ба њар бањона намемонанд, ки одам барин бозї кунї, шодї кунї, дилхушї кунї.
Олим. Ња-е, рост… (њама гапи ўро тасдиќ кардан мегирад).
Анти Олим. Ту бачаи зебо, хушќаду ќомат, пањлавон, мисли онњо харобу пакана не-а?
Олим. О, рост.
Анти Олим. Падарат одами крутой-а
Олим. Рост.
Анти Олим. Серпул-а?
Олим. Рост.
Анти Олим. Ба кадом донишгохе хоњї дохил карда метавонад-а?
Олим. Рост.
Анти Олим. Вале дигарон мехоњанд, ки бо вуљуди пањлавон буданат, падари бойи крутой доштанат, мисли онњо азоб кашї, кор кунї, китоб хонда, нури чашмота хира кунї. Бин, чашмат хира шудааст.
Олим. Ња-е, чашмам пилик-пилик мекунад.
Анти Олим. Ба гапи ман гўш дењ: ту нав аз сафар омадї, бояд аввал истироњат кунї, ё ња? Бояд лаби дарё равї, моњї дорї, шино кунї. Ё… ња?
Олим. Ё… ња… Лекин хондан даркор.
Анти Олим. Э, њамин ќадар хондагињо чї шуданд, ки ту шавї?
Олим. Ба донишкада дохил шудан даркор, имтињон дорам.
Анти-Олим. Уф, инњо хонанд, ки мисли ту падарашон крутой нест!
Олим. Рост.
Анти Олим. Дилат мехоњад, ки сањро равї, њавои тоза хўри-а?
Олим. Ња, мехом, гулшан мехоњам, њавои тоза мехоњам.
Анти Олим. Пас, ба пеш!
Олим. Рост. Лекин танњо не, хамроњи Бењрўз.
Анти Олим. Вай якрав. Ба гапат дарор. Ман ба ту ёрї медињам.
Олим. Хуб.
Анти Олим. Ана, Бехрўз меояд. Зуд аз шикоят сар бикун.
Олим. Лекин ту аз ин љо нарав.
Анти Олим. Ман дар барат. Вай маро намебинад.
Бењрўз меояд.
Анти - Олим ба Олим њар гуна ишорањо кардан мегирад.
Бењрўз. Хуб, чї ќадар хондї? Эњња, хобат бурдааст-ку…
Олим. Не, ман фикр мекунам…
Бењрўз. Эњња, њоло китобро накушодї-ку….
Олим. Хонда тамом кардам.
Бењрўз. Дар дањ даќиќа? Хондана осон фањмидї.
Олим. Не, осон не. Бояд кўфти роња барорам. Лаби дарё мехохам.
Бењрўз. Њоло барваќт. Баъди пешин меравем.
Олим. Ман монда шудам, дигар майнаам ќабул намекунад.
Бењрўз. Ба майнаат чї шудааст?
Анти - Олим дар гирди каллааш дастонашро меафшонад.
Олим (ба ишораи Анти - Олим диќќат дода). Дар майнаам чанг… (Анти - Олим бо ишора рад мекунад). Не, занбўр. Не? Шояд пашша бошад?
Бењрўз. Тасфи офтоб таъсир кардааст. Бо асбобњои тиббї месанљем.
Олим. Э, куљо духтурковї меравем?
Бењрўз. Њамааш дар телефону компютер њаст, месанљем.
Олим. Ња, ин хел гўй. …
Бењрўз. Суманљон, асбобњоро биёр.
Суман асбобњоро меорад. Бењрўз бо компютеру телефон бо суръати тез њарорат, фишори Олимро месанљад.
Олим. Ман ќитиќ дорам.
Бењрўз. Тоќат кунед, муњтарам бемор.
Суман њаљми бинї, ќад, шиками Олимро ченучоќ мекунад.
Олим. Беморї ба бинию ќаду шиками ман чї дахл дорад.
Суман. Ин барои илми тибб муњим.
Олим. Хайр, чї шудааст?
Бењрўз. Табат муътадил. Камтарак фишор дорї…
Олим. Ана гуфтам, ку ман касал.
Бењрўз. Не, касал-пасал нестї. Фаќат камтарак танбал шудї.
Суман. Лекин як беморї њаст: вазнат ба ќадат мутаносиби чаппа. Бояд камаш 5 кило хароб шавї…
Олим. Ввоњ… Оњ…
Бењрўз. Хељ гап не, ду оббозию алафдаравї соз мекунад.
Олим. Э, ман касал (худро мепартояд). Бояд аз љойгањ нахезам.
Суман. Ман барои шумо ду бор хўрок мепазам, вале ту як китоб хонданро ба гардан намегирї, албатта хомфарбењ мешавї.
Олим. Оњ, бўйи сўхта. Таги дегат сўхт!
Суман. Хўрок ки пухт, худаш барќро хомўш мекунад. Асри ХХ1!
(Меравад)
Бењрўз (ба компютер нигариста). Ња, ту бемор. Сахт бемор. Дар китфи ту љин-љонат нишаста, туро хондан намемонад.
Олим. Чї-љон? Љин-љон?
Бењрўз. Анти Олим. «Ман»-и дуюми худат, ки зидди ту кор мекунад.
Олим. Э, соз-соз гап зан… Худат љиннї. Хайр, гўй, ки танбалам.
Бењрўз. Гўш кун, њис мекунї, ки як кас ба китфат савор шуда, туро хастаю абгор мегардонад? Ин танбал; не. Дар илми тиб вожаи танбал; ву;уд надорад. Аслан, вай надоштани зав;, ирода ва хо;иш аст.
Олим. Э, не-е…
Бехрўз. Мегўяд, ки хонда чї кор мекунї? Њамин ќадар хондагињо чї шуданд, ки ту шавї?
Олим. Ња-ю…
Бењрўз. Боз мегўяд: Хондан њама ваќт мешавад. Ту ба сањро рав, ба гулшан рав, њавои тоза хўр.
Олим. Ња-ю…
Бењрўз. Ту мегўї ба донишкада дохил шудан даркор, ба имтињон тайёрї дидан даркор, хондан даркор… Вай чї мегўяд?
Олим. Ња, медонї чї мегўяд? … (Анти-Олим ишора ба дањони баста мекунад). Не, вай њељ чиз намегўяд.
Бењрўз. Мегўяд, ки ѓам нахўр, падарат ба донишкада дохил мекунад. Инњо хонанд, ки мисли ту падари чаќќону дилёбу серпул надоранд!
Олим. Инаш рост.
Бењрўз. Фаќат аз роњи нек мегардонад.
Олим. Ња. Ман чї кор кунам?
Бехрўз. Ту ба вай гўй, ки номаъќул кардї! Ин корњо пештар буд, њоло дар маркази тестї, бо компютер имтињон месупоранд.
Олим. Ња, рост… Ту аз куљо медонї?
Бењрўз. Њамаи ин дар китоб њаст. Ана њозир дар ин китоби Љумъа Ќуддус хондам. Анти – Зомби - Мобайл. Хонї, бисёр чизњоро мефањмї.
Олим. Ба ман хам дењ, хонам.
Бењрўз. Бигир. Ман њам Анти Бењрўзи худро дорам. «Анти»-и ман њам ба гарданам савор мешуд, вале ман ўро бастам, дигар намеояд. Ту њам халос шав.
Олим. Хуб.
Бењрўз. Баъд, фаромўш накун, ки ту пањлавон, машќи љисмонї карда хуна тунук карда, ду се мушту лагад парто, худаш аз ту гурехта меравад.
Анти Олим. Исто… (Бо ишораи рад кардан байни онњо медарояд). Ба гапаш гўш накун…
Бењрўз. Ана ин тавр. Њи-я! Њи-я!
Тасодуфан, яъне Анти-Олимро надида, ўро мушту лагад мезанад.
Олим. Рост? Чї хел халос шавам.
Бењрўз. Њамин, ки хастагї эњсос кардї, Анти-Олимро фиреб дода, бигў: њамин дањ сањифаро наѓз аз худ кунам, панљ даќиќа дам мегирем.
Анти - Олим ишораи рад мекунад.
Олим. Эњња, чињо мегўї? Дањ сањифая дар як њафта азхуд мекунам.
Анти-Олим. А-ањ! ( Гўё шатта хўрдааст, ки тоб хўрда меафтад).
Бењрўз. Бо ин њол ба њељ љо дохил шуда наметавонї. Хондан даркор
Олим. Уф… Хондан даркор…
Анти Олим. Вввоњ! (Гўё пешпо хўрда меафтад).
Бењрўз. Бист сањифаро азхуд кардам, бозии компютерї мекунем.
Олим. Хуб. Бист сањифа дар наќша…
Анти Олим. Неее! (Гўё аз зарбаи якљояи њарду як ба чапу як ба рост тоб хўрда меафтад).
Бењрўз. Панљоњ сањифа азхуд шуд, кино тамошо мекунем…
Олим. Кино… Панљоњ сањифа.
Анти-Олим. Оооо! … (Мехоњад домро ба сари Бењрўз партояд).
Бењрўз. Сад сањифа азхуд шуд, лаби дарё меравем.
Олим. Лаби дарё… Карате њам мекунем?
Бехрўз. Албатта! Як, ду се чор! Гум шав танбали беор! Њия!
Њарду линг бардошта, Анти-Олимро зада дур меронанд.
Анти Олим (Ба Олим). Оњ, љўра, Мадад расон…
Бењрўз. Як, ду, се, чор…
Њарду. Як, ду, се, чор – мо бачањои њушёр.
Як, ду се чор – мо бачањои айёр.
Як, ду се чор – донишњои мо бисёр!
Як, ду се чор – мо ободии диёр!
Бењрўз. Акнун мехонем.
Олим. Мехонем!
Китобњоро ба даст мегиранд.
Анти - Олим аз љой хеста њила меандешад.
Анти - Олим. Не, акнун шумо ѓолиб мешавед? Як њилаи дигар њаст.
Телефонњоро гирифта, атрофро сабт мекунад ва занг мезанад. Телефони Суман фаъол мешавад. Суман дар даст телефон меояд.
Суман. Ака, дадаам аз телефон ба алафњо нигариста гуфтанд, ки худи хамин рўз онро даравидан даркор. Ана досњо. Ба пеш.
Бехрўз. Оббо… Дарав камаш чор рўз ваќтро мегирад.
Олим. Ња, љин-љони ту њам халал мерасонад?
Бењрўз. Ња-ю… Илољаш њаст. (Китобро гирифта, чизеро мељўяд)
Олим. Алафа бо китоб медаравї?
Бењрўз. Њама кор бо маслињати китоб хуб мешавад. (Меравад).
Олим. Суман, Бењрўз бо китоб чї кор мекунад?
Суман. Муњаррики худаш сохтаро ба дарав мувофиќ мекунад.
Олим. Оњњооо… Барќ нест-ку.
Суман. Муњаррики барќ дорад, ба оби канал, ё бод пайваст мекунад.
Олим. Оњњооо, садои пастаки муњаррику овози шитир-шитир.
Суман. Мошинчаи сохтаи акаам ба кор даромад.
Олим. Ту чаро намехонї?
Суман. Мехонам. Бештар ба кори амалї гузаштам, навъи нави чипси, таъомњои гиёњї ихтироъ мекунам, ки кори майнаро осон кунад.
Олим. Ту чї, ошпаз мешавї?
Суман. Таъомњои миллиро такмил медињам, навашро месозам. Ба сайёњони хориљї маъќул мешавад.
Олим. Ња, балоча-е. Аз санљиши ман гузаронї, бањои хуб мегирї.
Суман. Дегустатор мешавї. Марњамат. Имрўз чандтаашро месанљї.
Олим. Ба бозињои компютерї ваќт њам надорї?
Суман. Аз куљо? Мани ќишлоќї чию, бозии компютерї чї?
Бехрўз меояд.
Олим. Њама алафа даравида шудї?
Бењрўз. Мошинча корро анљом медињад. Хондана давом медињем.
Суман. Офарин, акаљон. Ман кори онро назорат мекунам.
Њама дар љойи худ нишаста кор мекунанд. Анти-Олим боз ба гардани Олим савор шуда, чашмони ўро мепўшад. Ба Олим хондан зўрї мекунад.
Анти-Олим. Ман намемонам, ки ту хонї. Агар ту хонда доно шудан гирї, ман бемор мешавам, фано мешавам…
Олим. Оооњ, боз суст шудам. Наход, ки вай боз омад?
Анти-Олим. Ооњ, нури чашмат кам мешавад, ќувваат кам мешавад, дар гўштї ѓалаба карда наметавонї. Њамин ќадар хондї, бас. Ту дар озмун нестї, ки донишата намоиш дињї. Кофист.
Олим. Боз сарам вазнин шуд.
Анти-Олим. Истироњат бикун. Лаби дарё рав. Кофе лозим.
Бењрўз. Акнун майнаро шамол медињем. Мошини даравро бинам.
Олим. Бењрўз мехонад, њам кор мекунад. Чаро ман наметавонам?
Анти-Олим. Хама гап дар китобаш. Оњиста китобаша гирифта пинхон бикун, илму донишаш тамом мешавад.
Олим. Хуб. (китобњои Бењрўзро пинњон мекунад). Ку, бинем.
Бењрўз меояд.
Бењрўз. Дарави алаф то бегоњ тамом мешавад... Эх, китобњо ку? Шояд Олим гирифта бошад? Њељ гап не, ба як хондаН њамааш дар майнаам акс шудааст, онро ба компютер мекўчонам.
Анти-Олим (болои китфи Олим баромада). Азизам, дам гир, хоб бикун, њамааш хуб мешавад… (Сари ўро ба миз пахш мекунад).
Олим (гўё хоб дида). Наѓз… Њама чиз фањмо. (Њушёр шуда). Эњ, ѓанаб кардаам. Айб шуд. Хез, аз китфам фаро.
Анти Олим камтарак дамата гир.
Олим. Не, бас. Ту маро шарманда мекунї.
Варзиши бадан мекунад, Анти-Олим гўё мушту лагад мехўрад.
Анти-Олим. Илтимос, андак дам гир, ки ман бемор мешавам.
Олим. Як ду се…
Анти Олим. Ту истирњат кунї, ман ќувват мегирам.
Олим. Як ду…
Анти Олим. Ду борака бозии компютерї бикун.
Олим. Ваъда додам, ки дигар бозї намекунам...
Анти Олим. Њама ваъда медињанд, вале иљро намекунанд.
Олим. Як…
Анти Олим. Як рўз шуд, ки аз бозї накардї. Як борак…
Олим. Мардум бинад, чї мегўяд?
Анти Олим. Илољаш њаст: зери миз пинњон шуда бозї кардан гир, њељ кас туро намебинад. Як борак…
Олим. Уф… Фаќат як даќиќа…
Таги миз даромада бо телефон бозї мекунад.
Анти Олим (ба гардани Олим савор мешавад). Рањмат.
Суман меояд.
Суман. Ќањваи навъи нав - бо гиёњњои хушбўйи давої – њам асаб ором мешавад, њам дил баќувват мегардад. Куљої, мењмон? Вииий… дар таги миз. Њой, телефонбоз! Ќањва…
Олим (баромада). Ана ин корат маъќул. Ќањва хуна тоза мекунад.
Анти – Олим. Ана, боз як душмани ман. (Домашро ба сари Суман партофтанї мешавад).
Бењрўз меояд.
Бењрўз. Ин корат чатоќ, љўра.
Олим. Ба ин бозї одат кардаам.
Суман. Ќањва танбалиро нест мекунад, ана ин хел зарба мезанад!
Лаганди калони тунукагиро чун гурз ба ду тараф алвонљ медињад, ки вай ба сари Анти-Олим расида, садои баланд мебарояд. Анти Олим вой-вой-гўён фирор мекунад.
Бењрўз. Одат кардан ба ин бозї мисли нашъаманд шудан аст.
Олим. Хайр, биё, камтарак бозї кунем. Аз зиќї мурдем-ку…
Бехрўз. Хайр биё…
Олим. Бозии Контер страйк.
Бехрўз. Зарбаи хунин? Хуб, рафтем.
Бозї - мусобиќа барои бартараф кардан душман дер давом мекунад.
Суман. Бас, бачањо. Одат мекунед. Аз пайи кор шавед. Бефоида.
Олим. Ана…
Бехрўз. Ана ба ту!
Суман телефони худро ба кор дароварда, ба бозї њамроњ мешавад. Садои таркиш дар телефон. Аввал Бењрўз тарсида аз љой мехезад. Баъд таркиш дар телефони Олим. Ў љаста мехезад.
Бењрўз. Вой, чї шуд?!
Олим. Оњ, сўхтам!!
Њарду. Эњња…
Олим. Байни мо сеюм кас даромад.
Бехрўз. Бале. Ин кори Суман.
Олим. Эњња, вай фаќат картошкапазиро медонад…
Бењрўз. Вая содда нагир, хўрокро њам бо компютер тайёр мекунад.
Суман (дар љойи пинњоншудааш механдад). Њоло њамин хел?! Фаќат картошка-пазї-ња? Ана, гиред!
Дар телефони њарду садоњои таркишу љанг хомўш шуда, овози замбўр баланд мешавад. Гўё худи замбўр њам баромада бошад, њарду телефонњоро партофта мегурезанд.
Њарду. Занбўр! Занбўри ало!
Бењрўз. Бозиро ќатъ мекунем. Эњ, барномаи телефони ман «парид»!
Олим. Аз ман њам.
Бехрўз. Ин кори кї? Наход, ки Суман.
Олим. Саламалейк, ошпаз бону. Њамаро вайрон кардї.
Суман. Мутаассифона, вай фаќат ду соат давом мекунад…
Олим. Хайрият-е. Лекин ба доноият офарин.
Занги телефон. Суман дар тамос мешавад.
Суман. Хуб. Дадам супориш доданд, ки гандумро кўфтан лозим.
Бењрўз. Магарам, њамроњ шавї. Ин кори ду кас. Китоб мешуд, асбоби гандумљудокунандаро ба роњ мемондам.
Олим. Ман китобхоятро ёфтам. Ана гир. Ба ман њам ёд дењ.
Бењрўз. Хуб. Ана бин… Њоло барќ нест, вале оби канал босуръат аст, бо нова камтар баланд мебардорем, муњаррики хурдакакро ба он мегузорем ва барќ бемалол меояд.
Њарду ба муњаррик сим пайваст мекунанд. Мебаранд. Садои мураттаби дастгоњи гандумкўбак.
Олим. Зўр-ку…
Бењрўз. Ин њама дар китоб њаст. Фаќат босаброна аз китоб ба майнаи сар кўчондан лозим.
Олим. Кори аз хама душвор - ба китобхонї маљбур кардани худ.
Бењрўз. Шиори мо чист: «Як, ду, се, чор. Нестам танбали беор!»
Олим. Дуруст. Гум шав танбалї, бекорї!
Бачањо бо завќ китоб мехонанд.
Анти - Олим хаставу нотавон ба телефони касе занг зада чизе мегўяд. Телефони Суман фаъол мешавад. Бо касе дар тамос мешавад.
Олим. Урра! Панљ сањифаро азхуд кардам.
Бењрўз. Офарин. Дам мегирї?
Олим. Э, не. Нав майнаам кушода шуд.
Бењрўз. Хеле хуб. То шом мехонем. Акнун, ки фањмидї, калларо кор фармо. Кадомаш лозим, интихоб намо: Хондану инсони комил шудан, ё танбалию бељогардї, гапшунавию коњиши волидону муаллимон?
Олим. Албатта, инсони комил шудан. Охир ман аз кї кам? Фаќат як кори хурдакак лозим. Хондан, азхуд кардани илм.
Бењрўз. Офарин. Акнун мо дустони њаќиќї, њамроњу њамдил!
Њарду даст дода, аз пайи хондан мешаванд.
Олим. Бисёр масъалањои барномаро хал кардам. Боз камтарак монд.
Анти – Олим. Ба њар њол, њамин љўраи худро бояд аз даст надињам.
Халтаи калонро бо навиштаљоти «Нос» мерад.
Олим. Боз омадї?
Анти Олим. Дидам ба ту сўхт. Ганда мењнат мекунї.
Олим. Рост-у…
Анти Олим. Бисёр монда мешавї. Биё дам гир.
Олим. Чї хел?
Анти - Олим. Ана ин воситаи истироњат додани майнаи сар.
Олим. Ин чї?
Анти Олим. Доруе ки њама мехоњанд, дар васфаш суруд мехонанд:
Нос кашад гулписар, тоза шавад маѓзи сар.
Олим. Не. Суруд ин хел аст:
Нос кашад гулписар, мешавад ў дарди сар.
Анти - Олим. Нос кашад гул писар, кор кунад маѓзи сар.
Олим. Не! Нос кашад гулписар, на дил монад на љигар!
Анти – Олим. Оооууу…
Гўё зарбањо ќабул карда бошад, печутоб хўрда меравад.
Суман назди бачањо меояд.
Суман. Акаљооон…
Олим. Ман як чиро фањмидам: ваќте кашиш дода, «акаљооон» мегўї, аката њатман ягон кор мефармої.
Суман. Не-ю… лекин ња. Амакам гуфтанд, ки алафњои се рўз пеш даравидаро аз кўњ фаровардан даркор. Борон борад, тар шуда мепўсад.
Олим. Ана, гуфтам-ку…
Бењрўз. Ба даравидан даравидем, боз пуштора карда биёрем?
Суман. Њар сол меовардї, омўхта шудааст.
Бењрўз. Рост. Њозир як кор мекунем. Аз пули мукофоти даври аввал ин пула бурда дењ, гўй ки ба ин пул як хари баќувват хараду номаша љиян Бењрўз-а монанду кор фармудан гиранд.
Олим. Ана кору мана кор. Инро дар фейсбук навишта мегузорам, ки њама фањманд.
Суман. Акањо, дар фейсбук дар бораи шумо хабари хуш њаст.
Њарду. Чї навиштаанд?
Суман (мехонад). Хабар аз натиљањои озмун – муњаррикњои хурди ихтироъ кардаи Бехрўзи Раљаб бањои баланд гирифта, ба наќшаи истењсоли ширкати мошинњои хољагидорї ќабул шуд.
Њама. Урра! Муборак шавад.
Суман. Корњои санљишии иљрокардаи Олими Раљаб дар даври аввал ѓолиб омада, ба даври дуюм роњхат дода шуд.
Њама. Урра.
Суман. Барои ин комёбї њангоми дохил шудан ба донишгохи интиъхобкардаашон ба Бењрўз ва Олим холњои имтиёзнок илова мешавад.
Олим. Пас, мо имсол њатман донишљў мешавем!
Суман. Рањмат ба њукумат барои ќадрдонии илму бачањои доно.
Олим. Ана як хабари хуби дигар: «Дар озмуни Кумитаи сайёњон ва љавонони љумњурї барои ихтирои таъоми лазизи миллї ба Суман Раљабиён мукофот ва роњхат ба озмуни байналмилалї дода шуд.
Хама. Урра!
Бењрўз. Дидед, зањматдўстї, босубот хондан, азхуд кардани дониш натиљахои хуб медињад!
Анти Олим. Ууууњ...! Аааањ..! Мулдам! Дар љое ки бачањо китоб мехонанд, ман дигар кор надорам! Дигар њељ гоњ ба ин љо намеоям!
Байни толор медарояд.
Олим. Бачањо, аз Анти Олим эњтиёт шавед!
Анти Олим. Ана инњо аз китоб ќимобанд. Бачањо ман наём?
Бењрўз. Силоњи мо чист? - Ирода барои хониш, тањкими рўњу тан.
Анти Олим. Бачањо, кї љўраи ман мешавад? Бозињои бењтарини компютерї дорам? Кайф мекунед…
Њама. Не. Наё!
Бењрўз. Шиори мо чист? Биёед, њама баробар мехонем. Як… ду… се… чор… Бирав, танбали беор!!
Њама ањли толор Анти Олимро меронанд.
Њама.
Як, ду, се, чор – мо бачањои њушёр
Як, ду се чор – мо бачањои айёр
Як, ду се чор – донишњои мо бисёр!
Як, ду се чор – мо ободии диёр!
Парда.
Свидетельство о публикации №226011901094