Супердухтарак комедия для юношества

 






СУПЕР-ДУХТАРАК

Мазњака



Иштирокчиён:

Фирўз – Тарсанда – 8-сола.
Анўша – 8-сола.
Модар – 28-сола.
Дев – 18- њазорсола.

____________________________________

Бори аввал дар Театри мусиќї-мазњакавии ба номи Ато Муњаммадљонови ш. Бохтар соли 2020 тањия шудааст.













Пролог.

Њавлї дар дења. Шом. Як тараф танўр,нињоли себ. Фирўз дар долон хоб. Хеста омада ба нињол санг мезанад.

Фирўз. Эњ, нашуд. (Боз мезанад). Боло рафт.(Боз мезанад). Оњ, ба сари ягон саг зад.
Аз дур аккоси саг. Шамол. Аз дарахт дев мефарояд.
Дев. Пањ-пањ, бўйи одамизод! Кї ба ман санг мезанад!?
Фирўз.  Вввоњ! Ман Фирўз, хонандаи синфи якуми «В».   
Дев. Ња-ња-ња… Фирка-Тарсанда худат њастї?
Фирўз. Ња-ю… Шумо ин љо чї кор мекунед?
Дев. Ња-ња-ња. Ман дев-бобо. Ин себи ман. Нашунидї?
Фирўз. Вооњ, њамон деви дар афсонањо мегуфтагї?
Дев. Ња-ња.Бачае, ки себи хомро меканад, як луќмаи хомаш мекунам! Ња-ња-ња.
Фирўз. Вой, ман метарсам...
Дев. Ту себа хом канд хўрдї. Ман туро мехўрам.
Фирўз. Дигар намекунам. Дев-бобо, маро нахўред.
Дев. Бачае, ки ба нињол санг мезанад, набераи ман нест! Хушам нест, ки дањон кушоям. Худат ба дањонам даро. …
Фирўз. Не! (Гурехтан мехоњад, вале як љо пой мекўбад).
Дев. Биё… (Дам мекашад). Фишшш…
Фирўз. Оча! Маро халос кунед! Оча! А-а-а-а!
Модар меояд.
Модар. Фирўзљон! Ба ту чї шуд? Боз тарсидї? Об нўш.
Фирўз. Дев омад. Аз дарахт омад! Туро мехўрам гуфт…
Модар. Э, бачаи содда, дев гуфтанї махлуќ нест.
Фирўз. Худатон мегуфтед – ку: хоб накунї, дев меояд; шўлая нахўрї, дев меояд; ба дарахт набаро, ки дев мехўрад.
Модар. Чї донистам, ки ин ќадар тарсончак мешавї. Хона – хонаи мо, боѓ - боѓи мо. Аз чї метарсї?
Фирўз. Ман њозир дева ба чашми худам дидам. Агар шумо намеомадед, вай маро мехўрд.
Модар. Дев дар тасаввури мо њаст. Дев чї мехўрад? – Гуноњи одамро. Имрўз боВалїаз дарс гурехта, дар боѓ себи хом чиндед. Аз посбон тарсидї. Тарс дар дили ба деве мубаддал шуд. Пас, деву љин– корњои бади ту! Фањмидї?
Фирўз. Фањмидаму боз њам аз дев метарсам …
Модар. Уф.Нашуд.Хайр, зиндагї худаш як рўз њушёр мекунад. Ману холаат хонаи бобоят меравем. Дермеоем.
Фирўз. Эњња, ман танњо метарсам…
Модар. Нону самбўса дар болои танўр. Гиру хўр.
Фирўз. Чаро дар болои танўр? Ман метарсам?
Модар. Гушна монї, тарсро фаромўш карда мегирї.
Фирўз. Оча, ман њам бо шумо меравам! У-у-у-у…
Модар. Фарзанд бошад, чї сон бошад?
Ќобил бошад, пурдон бошад.
Нотарсу пањлавон бошад.
Модар аз ў хандон бошад,
Фирўз. Майлашу… Ман танњо зиќ мешавам, охир…
Модар. Анўша - духтари холаат  меояд.
Фирўз. Анўш!? Воњ! Аз дев дида Анўша дањшатноктар.
Модар. Вай ту барин тарсончак не.
Фирўз. Дањ духтари ганда бошад, яктааш Анўш – Неш аст; як духтари ганда бошад њам - Неш аст.
Модар. Вай мењмон. Мењмона хафа накун. (Меравад).
Фирўз (ба танўр нигариста). Вале як хубї дорад: аз ягон бало наметарсад. Нону самбўсаро  аз болои танўр гирифта медињад. Фаќат якрав, «ни-ни-ни», ки гуфт, тамом. Хайр,дурўѓ-дурўѓ таъриф мекунам.
Овози Анўша. Ќиюв – ќиюв!Дар куљої, Тарсанда!?
Фирўз. Оњ, ана вай омад! (Пинњон мешавад).
Анўша савори худрав (самокат) дар китф камону тир, дар миён шамшер меояд, сатилњои холиро чаппа мекунад.
Анўша (шеър ё суруд дар сабт).
Тарсончак, эй тарсончак!
Тарсутарин тарсончак!
Чаро аз љў метарсї?
Аз сари кў метарсї?
Аз деву хобу хаёл
Заргўш барин меларзї?
Фардо кї мешавї ту?
Фардо чї мешавї ту? -
На геолог, на духтур,
На кўњнаварди љасур.
Фирўз. Кори ту набошад!
Анўша. Куљої тарсанда? Баро ба љанги ман! Ана ба ту!
Аз камони бачагона чанд чўба тир мепарронад. Садои таркиши тўпу ракета. Фирўз даст боло мекунад.
Фирўз. Таслим. «Нўшу неш», дигар тир назан. Таслим!
Анўша. Ту маѓлуб шудї. Љонатро бо чї мехарї?
Фирўз. Бо… самбўса.
Анўша. Мешавад. Аз гуноњат гузаштам. Ин камону шамшери ман сењрнокро ба зодрўзам дадам аз Њиндустон оварданд. Ту чї туњфа мекунї?
Фирўз. Ман? Самбўса… Њадяи ман самбўса.
Анўша. Мешавад, «эке»…
Фирўз. Бо масхара «эке» мегўї; барои тутчинї даркор шавам, «акаљон» мегўї. Аз ин пас маро њамту ака гўй.
Анўша. Хуб. Холаам гуфтанд, ки туро посбонї кунам.
Фирўз. Бо ин шамшер ман њам шер мешавам.
Анўша. Ва аз деву љин наметарсї?
Фирўз. Не. Аслан шамшербозї аз бачањо. Ба ман те.
Анўша. Хуб. Афсона-бозї мекунем: Шоњдухтарро дев дуздидааст, ту Фирўз-пањлавон, омада халос мекунї. Гир.
Фирўз (шамшеру камонро мегирад). Рањмат.
Анўша. Фирўз-пањлавон, куљої, маро аз дев наљот дењ!
Фирўз. Девро бо чї мекушам?
Анўша. Бо нури лазериишамшери сењрнок. Вале ба замин афтад, ќувваташ гум мешавад. Тир паррон.
Фирўз. Ана, ба ту. Э, нашуд-ку.
Чанд чўба тир мекушояд, вале ба њадаф намерасад.
Анўша (механдад). Камона рост гир…
Фирўз. Ман рост гирифтам…
Фирўз. Бењтараш, бо шамшери сењрнокмељангам.
Анўша. Оњ, халос кунед…
Фирўз (шамшер кашида назди Анўша меояд). Њой дев, ман туро кушта, шоњдухтарро озод мекунам!
Анўша. Э, афандї, шоњдухтари соњибљамол манам.
Фирўз. Ту «Шоњдухтар»? Ту духтари шоњи аљинањо.
Анўша. Чї гуфтї?! Кї духтари шоњи аљинањо.
Фирўз. Ту, Неш! Неши замбўр… (Њуљум мекунад).
Анўша бо усули карете Фирўзро зарба зада меафтонад.
Анўша. Ана ба ту. Кї духтари шоњи аљинањо?
Фирўз. Вой поям шикаст. Э, шўхї кардам. Бахшиш.
Анўша. Ни-ни-ни… Ман ба ту бахшї не. Меравам.
Фирўз. Дар торикї куљо меравї? Дев мехўрад…
Анўша. Ни-ни-ни. Хўрдан гирад! Корам чї?
Фирўз. Хайр, як ќофия омад. Биё, оштї шавем…
Анўша. Бигар маро «Нўшу неш» нею Анўша гўй.
Фирўз. Хуб,«Анўшаљон» мегўям.
Анўша. Давом дињем. Маро аз девнаљот дењ.
Фирўз. Аввал шиками пањлавона сер кардан лозим.
Анўша. Ман асир. Ин љо хонаи дев, самбўса надорад.
Фирўз. Э, ман девонаам, ки барои як духтар љонамро ба хатар андозам? Аввал самбўсая аз болои танўр биёр.
Анўша. На тирпарронда метавонї, на шамшеркаширо. 
Э, шамшери сењрнокама те.
Фирўз. Гир. Кал чї доштааст? – Як шона.
Анўша. Худам дева нобуд мекунам.
Фирўз. Вой, њаво торик шуд. Ваќти омадани дев…Ту девата кушусамбўсаро биёр. (Шитобон ба долон меравад).
Анўша. Ту куљо шудї?
Фирўз. Бо худњаракатат (самокат) рафта девро нобуд карда, самбўсаро гирифта биёр. Пои мана зада шикастї.
Анўша. Вай бечора. Њатто дили тимсоњчаба ту сўхт…
Фирўз. Тимсоњча дар кўњистон аз куљо меояд?
Анўша. Ана дар барат. Биё, «крокодил»-ча, зиќ нашав.
Фируз. Эњ, ин калтакалос! (Бо тирак зада меронад). 
Анўша. Келас? Ман аз вай метарсам.
Фирўз. Э, вай безарар. Пашша мехўрад.
Анўша. Саволу љавоб мекунем, касе бой дод, самбўсаро меорад.(Рўзномаашро мебинад). Эњња… аз математика се?
Фирўз. Худи ту чанд гирифтї?
Анўша. Њашт минуси чор - плюси як!
Фирўз. Э, тољикї гап зан.
Анўша. Њашт  минуси чор, љамъи як. Чанд мешавад?
Фирўз. Э, ёфтам… Панљ.
Анўша. Савол: кадом модда дар об тар намешавад?
Фирўз. Албатта, моњї.
Анўша. Не. Ман сифат мегўям, ту аксашро гўй. Талх.
Фирўз. Самбўса.
Анўша. Ин намешавад. Аксаш ширин.
Фирўз. Шикам гушна бошад, самбўса ширин мешавад.
Анўша. Исмро мегўям, ту синонимашро гўй. Шамол.
Фирўз. Самбўса.
Анўша. Боз самбўса? Вай ба шамол чї монандї дорад?
Фирўз. Гап дар он, ки шамол шавад, дев меояд, самбўса дар болои танўр аст, аз дев метарсам, ки гирам.
Анўша. Уф…  Савол аз география. Номи давлатро мегўям, ту пойтахти онњоро гўй.Австралия…
Фирўз. Самбўса. Пойтахт бе самбўса намешавад. Э, биё, ман савол дињам. Дар кўњ тарафњоро чї хел меёвї?
Анўша. Бо компас.
Фирўз. Компасро гум карда бошї чї?
Анўша. Осон: дар тирамоњ паррандањо ба љануб мепаранд,  дар бањор аз љануб меоянд.
Фирўз. Њоло тобистон: парранда њељ тараф намеравад.
Анўша. Хайр, наёфтам. Гўй, чї хел?
Фирўз. Аввал самбўсаву ќайларо биёр, баъд мегўям.
Анўша. Не, аввал бигў, баъд.Худат њам намедонї.
Фирўз. Дар тобистон алафњои тарафи љанубии кўњ зард мешавад, тарафи шимолиаш сабзтар…
Анўша. Инро худам медонистам.
Фирўз. Не, не. Бой додї. Акнун самбўсаро биёр.
Анўша. Чаро ин ќадар ба самбўса часпидї?
Фирўз. Рости рости росташ… Ман аз дев метарсам.
Анўша. Э, содда, дев-пев нест.
Фирўз. Њаст. Аз паси дарахт пайдо мешавад, овозаш дањшатнок, дасту поњояш дароз, каллааш калон…
Анўша.  Ба ту дар бораи деву аљина афсонагуфтанд? Ин киноя ба одамон. Мисол, аљина мисли ту мешавад.
Фирўз. Масхара накун! Худат аљина!
Анўша. Боз андак ќањр кунї, деви тайёр мешавї.
Фирўз. Ман ўро ба чашми худам дидам.Хонаи вай дар паси танўр будааст?
Анўша. То ки ваќти самбусаро гирифанат туро хўрад? Хуб, ба фикри ту, дев чї мехўрад?
Ф ирўз. Бачањоро…
Анўша. Агар дев бачањоро мехўрд, дар дунё бача намемонд. Ку, ягон мисол биёр, ки дев бачаро хўрдааст. 
Фирўз. Ту дар гап усто. Чї хел аз дев наметарсї!?
Анўша. Рўбарў омадї, гўй: ту дар асл нестї, дар хаёли ман њастї! Ман аз ту наметарсам! Зеро ки нестї!
Фирўз. Кошки дар кўдакї бо деву љин наметарсонданд.
Анўша. Ња, афсонањоро дигар кардан лозим.
Њарду. Очаљон, як ќисса гў,
Дар ин ќиссаяки ту
Бузакат бе гург бошад,
Гурбаю муш набошад,
Деви бе гўш набошад.
Фирўз. Хайр. Далер бошї, самбўсаро биёр.
Анўша. Эњ, танўр баланд, дасти ман намерасад.
Фирўз. Ба курсї баро. Шамшери сењрнокатро гир.
Анўша. Не. Ман калимаи љодуро медонам. «Дев, ту нестї! Нестї! «Ман Анўша – духтари љасур- супер-гоол!
Анўша дилпурона љониби танўр меравад.
Фирўз. Обба, супер-гоол. Мебинем…  Эњње, бало, то курсї расид…Назди танўр равад, баъд ќоил мешавам…
Анўша фиѓон кашида, болои курсї мебарояд.
Анўша. В-и-и-и-й! Му-у-уш! Ду му-у-уш!
Фирўз (пинњон мешавад). Ба ту чї шуд?
Анўша. Ду калламуш! Акаљон, биё, муша зан…
Фирўз. Эњ… Наход аз муш тарсї?
Анўша. Э, биё… Мушат маро мехўрад!!!
Фирўз. Њозир-е… (пеш меояд). Тарсончак ту будиву…
Анўша. Афташ хунук! Ана, вай.
Фирўз. Муш аз ту тарсида, чапасар гурехта рафт.
Садои дањшатнок аз љониби дарахт.
Анўша. Вий, ин овози чї?
Фирўз. Вввоњ, овози дев! Гурехтем.
Фирўз љониби долон мегурезад. Анўша меафтад.
Анўша. Вой! Поям шикаст. Акаљон, ба ман ёрї дењ…
Фирўз. Эњња… Аз дев-а!? Охир, ман «Тарсандаам».
Аз дарахт садои њуштаккашї баланд мешавад.
Анўша. Куљост дев?
Фирўз. Ана, аз пушти дарахт њуштак мекашад…
Анўша. Вай аз муш дањшатнокатар аст?
Фирўз. Њазор бор ...
Анўша. Вий! (Ба курсї мебарояд). Маро халос бикун.
Фирўз. Ба долон биё. Ин љо бе хавф.
Анўша. Наметавонам. Поям шикаст. Боз муш њаст.
Фирўз. Гуфтам-ку, нарав, дев њаст… бовар накардї.
Шамшери сењрноката гир.
Анўша. Вай дур, рафта наметавонам.
Фирўз. Акнун ба холаам чї мегўям?
Анўша. Фирўз, маро халос бикун.Шамшер, ба ту наздик. Бо он девро зан.
Фирўз. Хуб. Ман омадам. (Шамшерро мегирад).
Анўша. Офарин, Фирўз - пањлавон.
Шамол. Дар хаёли Фирўз Дев пайдо шуда механдад.
Дев. Туро ёфтам, Фирўз? Акнун ман туро мехўрам!
Фирўз. Вой, ана дев…
Анўша. Агар девро бинї, бо шамшери сењрнок зан…
Дев. Ња, Фирўз-бой, ман дар ин тараф. Инља биё…
Фирўз. Бо шамшери сењрнок туро нобуд мекунам!
Дев. Эњња! Бо шамшеру ин духтар якљоя фурў мебарам. (Дам кашиданї мешавад). Фишшш…
Фирўз. Ман туро бо ин шамшерам нобуд мекунам!
Дев. Ту тоби як пуфи ман надорї! Пуффф…
Фирўз пешпо хўрда, шамшер аз дасташ меафтад.
Анўша. Шамшерро афтондї. Нури вай хомўш шуд.
Фирўз. Воњ, акнун дев моро мехўрад.
Анўша. Не. Сухани сењрнокро бигў.
Фирўз. «Эй дев, ман аз ту наметарсам, зеро ки ту нестї! Нестї! Деви тарсу воњимаро бо ирода маѓлуб мекунам!
Анўша (бо усулњои сабукзарба мезанад). Ана ба ту!
Фирўз (њам дасту по мезанад). Ана! 
Дев. Туро бо гўштї афтонда, мехўрам. (Чанг мезанад).
Фирўз. Биё, ман аз ту наметарсам!
Дев. Ња, чаро чашмонат ало шуд? 
Фирўз. Дар андешаам: ба чап занам, танўри пури лахча;дар рост дарёву сангњо, нобуд мешавї…
Дев. Ман бо нафас оби дарёро хушк мекунам.Ња-ња…
Фирўз. Набошад, аз рост мезанам, ки дар танўр сўзї!
Дев. Бо дами нафасам оташи танўрро хомўш мекунам!
Э, бача, ба дањонам даро! (Дам мекашад). Њшш…
Фирўз. Ту дар асл нестї! Дањан надорї! Нестї!
Дев. Дигар наметавонам! Дасту поям суст мешавад…
Фирўз. Дурўѓ! Ту дасту пой њам надорї! Зеро ки нестї!
Дев. О-оњ, бо ин гап маро куштї! Биё, оштї шавем!
Фирўз. Раву дигар наё, ба хоби бачањо надаро.
Дев. Хуб, дигар ба њељ кас зарар намерасонам.
Анўша. Эњтиёт шав, ака!
Деваз пас њуљум мекунад, Анўша шамшерро мегирад.
Фирўз. Ту акнун тамоман несту нобуд мешавї!
Бо шамшер мезанад. Раъду барќ. Дев нобуд мешавад.
Анўша. Офарин, акаљон!
Фирўз. Бо шамшери ту девро маѓлуб кардам!
Анўша. Не. Ин як бозича аст, ягон сењру љоду надорад. Ту дар дили худ тарсро куштї.
Фирўз. Вай ба дарахт даромада рафт-ку. Боз меояд.
Анўша. Биё, дарахтро дар равшании фонус мебинем.
Њарду фонусњоро равшан карда мебинанд
Фирўз. Ња, нест.
Анўша. Сўрохии танаи дарахт дањ сантиметр, дар боло як шохи каљи хушкида дорад, ки ваќти шамол њарду садо мебарорад… Овозњои дигар танњо дар назари ту менамояд.
Фирўз. Ман нотарс шудам, дигар аз дев наметарсам.
Модар меояд.
Модар. Ана, ман њам омадам. Зиќ нашудед? Аз њељ чиз натарсидї, Фирўзљон?
Фирўз. Не-е.
Анўша. Холаљон, Фирўзро дигар Тарсанда нагўед - пањлавон гуед. Акаљонам маро аз дев њимоя кард.
Модар. Њилаи мо: шамшери љоду, сухани сењрнок барор овард, гўй?
Фирўз. Очаљон, љон, очаљон,
Очаљони мењрубон,
Бањудаву бењуда
Нарезам оби дида,
Аз деву дад натарсам
Маро наѓз мебинед-а?
Модар. Албатта, писарљон.

Модар мебахшад ва табрик мекунад.
Суруди бачањои хушбахт.

Парда.


Рецензии