Джума Куддус Танбали ва мохии тилло мазхака барои

Љумъа Ќуддус





ТАНБАЛЇ
ва
МОЊИИ ТИЛЛО

ривоят барои наврасон



шеърњо аз њаљвнигори маъруф
Абдурањмон Муталзодаи Солим

















Душанбе
2025










Иштирокчиён

Танбалї - Њайталї
Моњинав – Моњии тилло.
Модар.
Њамсоя.

Бачањову духтарон - њамсинфон. Дар байни онњо: 
Танбалї – 2.
Писарак.
Духтарак. 






























Намоиши 1.

Рўи њавлї. Њайталї - Танбалї дар суфа хобидааст. Офтоб баланд баромадааст. Модар бо кори хонаву рўзгор андармон, зуд-зуд аз назди суфа гузашта писарашрро бедор кардан мехоњад. 

Модар. Њайталї-љон, офтоб баромад. Хез, дарди сар мешавї...
Танбалї. Њъъ... (Садои хурраккашї).

Писарону духтарони њамсол суруд ё шеър хонда, ба рафтори ў таќлид мекунанд. Ин лавња чун хобу хаёли Танбалї аст.

Бачањо.
Дар гўшаш овоз омад,
Овоз ба парвоз омад.
Хола нагў, Њайталї,
Њайталї не, Танбалї.

Раъду барќ шуда борон меборад.
Модар. Њайталї, борон борид! Кўрпа тар шуд! Хез, бемор мешавї.
Танбалї. Њъъъ (Садои хурраккашї).
Бачањо.
Тирамоњу зимистон
Зери жолаву борон
Корат хобу хўр будаст,
Иштињоят зўр будаст.

Модар. Э, хез-е, шом шуд.
Овози Танбалї. Эээ, сари хобама гирам...
Модар. Дар шом хоб кардан хуб не. Дарди сар мешавї.

Бачањо.
Танбалї аз хоб нахез,
                аз хоб нахез,
                аз хоб нахез,
Обурўятро нарез.
                аз хоб нахез,
                аз хоб нахез,
Мон, модарат нон орад.
                аз хоб нахез,
                аз хоб нахез,
Дар дањонат гузорад,
                аз хоб нахез,
                аз хоб нахез,

Танбалї (нињоят бедор шуда). У-у-у-у...
Модар. Чї шуд, бачем?
Танбалї. Сарам дард мекунад. Чаро бедор кардї?
Модар. Сари саг дард кунад. Аз бисёр хоб кардана дард мекунад...
Танбалї. Э, не. Куљо хоб? То сањар бо телефон... мм... кор кардам.
Модар. Ана барои њамин сарат дард мекунад...
Танбалї. Э, не. Ман касал. 
Модар. Э, войи бачаи бечорам-е. Куљоят касал?
Танбалї (дилашро нишон медињад). Инљам.
Модар. Дилат? – Аз бисёрхобї...
Танбалї. Не, инљам.
Модар. Дар инља ягон узви бадан нест. 
Танбалї. Пас чаро дард мекунад?
Модар. Шояд рагњои асаб...
Танбалї. Ана дидї?
Модар. Ин њам аз бисёрхобї.
Танбалї. Поям чї? Дастам чї?
Модар. Рўзи дароз бењаракат хоб њастї, хунат суст љорї мешавад.
Танбалї. Э, не. Духтура љеѓ занед.

Бачањо.
Бањри модар Њайталї
Шуд дарди сар - Танбалї.
Шуд Њайталї Танбалї.
Шуд дарди сар - Танбалї.

Модар. Писарам, хез як маслињат кунем...
Танбалї. Не. Њамту гап занед.
Модар. Писарам, бин, њама бо ягон кор машѓул.
Танбалї. Э, барои њамин хобама куштї? Машѓул шудан гиранд!
Модар. Ту њам бо ягон кор машѓул шав.
Танбалї. Барои чї, охир?
Модар. Ман пир шудам, дигар кор кардан бароям мушкил.
Танбалї. Хай, кор накунед.
Модар. Охир ба мо кї нон медињад? Кор кардан лозим.
Танбалї. Хайр, чо кунам?
Модар. Ана, њамсоя аз замин гандум мерўёнад, аз боѓ мева.
Танбалї. Њо ана замин. Њосилаш куљост? Ана боѓ, мевааш ку?
Модар. Дар боѓу замин кор кардан лозим.
Танбалї. Ана дидї, бефоида.
Модар. Кор кунї, мешавад.
Танбалї. Эњња, кори замин маъќул не. Баъд ман кай дам мегирам?
Модар. Уф... Хайр, ягон касбу њунар омўз.
Танбалї. Ягон касби соз нест. Пулаш кам.
Модар. Аќалан бо савдо машѓул шав.
Танбалї. Савдояш чї?
Модар. Як чиро мефурўшї, ба пулаш як чизи бозоргузар мехарї, њам фоида барои савдо мемонад, њам соњиби як бурида нон мешавї
Танбалї. Ман чиро фурўшам? - Шалвари куњнаамро? Ё туро?
Модар. Уф... Барои савдо њам аввал маблаѓ даркор...
Танбалї. Ана, дидї. Пул даркор, ки пул кор кунад. Пул, ки надорї, чї кор мекунї? - Хоб мекунї. Мон, сари хобама гирам...
Модар. Ист.  Хеле тухми мурѓро љамъ кардам, дар бозор мефурўшиву бо пули он гандум мехарї. Тиљорат аз њамин сар мешавад.
Танбалї. Уф... хайр, биёр тухмњоро. Чї илољ?
Модар як сабад тухмро оварда назди писар мемонад.
Модар. Ба тўйи њамсоя рафта самбўса мепазам. Ба ту њам меорам.   
Танбалї. Хуб. Ман тољир мешавам!..
Модар. Писарљонам тољири хуб шавад. Омин. (Меравад).
Аз љогањ хеста, ду ќадам мемонад.
Аз он дар њайрат, ки њама ўро дида пинњон мешаванд.
Танбалї. Ње, майнаи бало! Чуруќ-чуруќ карда хобама парондї. Ана акнун, адабатро медињам. (Бо камонѓулак санг гузошта мезанад).
Аз бадию коњилї
Шуд дарди сар Танбалї
        Хоб бикун Танбалї.
        Хоб бикун Танбалї.
Корат, ки дилозорист,
Хобат бењ аз бедорист.
        Хоб бикун Танбалї.
        Хоб бикун Танбалї.
Танбалї (назди сабад меояд). Ин чї бало? Ња, тухм. Бозор бурдан лозим. Э,эъ.. Куљо хуши роњгардї! Куљо тоќати гармї? (Боз ѓел мезанад).
Тухмњоро фурўшам?
Нахўраму нанўшам?
Худам хўрам-чї?
Э, не-е. Мурам, чї?
Сад тухм њаст. Инњоро мефурўшаму ба пулаш як хурўсу дањ мурѓ мехарам. Баъд чї мешавад? - Мурѓњо сад тухм мекунад. Аз сад тухм сад чўља мебарояд. Чўљањо калон шуда, мурѓ мешаванд. Мургњо боз тухм мекунанд. Панљ њазор тухм мешавад. Панљ њазор чўља мегирам. Онњо калон шуда, панљ њазор мурѓ мешаванд! Ёфтам
Тухмњоро фурўшам,
Нахўраму нанўшам,
Мурѓу хурўс мехарам,
Дону сабўс мехарам.
Мурѓам њазорон шавад!
Фермаам калон шавад!
Баъд чї мешавад? – Баъд мурѓњоро фурўхта ба пулашон гўсфанд мехарам. Баъд онњо баррача мекунанд ва шумораи гўсфандњо ба њазор мерасад. Њазор гўсфанд ана – мана нагуфта барра мезоянд. Баррачањо калон шуда, боз гўсфанд мешаванд! Ман соњиби чандин рама мешавам!
Гўсфанд омад ба њушам.
Ман мурѓњоро фурўшам,
Гўсфандам њазор шавад,
Корам бобарор шавад.
Баъд чї мешавад? Ана баъд медонед, чї мешавад? – Нисфи гўсфандонро мефурўшаму ба пулаш ќаср месозам!
Гўсфандонро фурўшам,
Нахўраму напўшам.
Як ќасри калон созам,
Олама њайрон созам.
Ана, баъд чї мешавад? - Ана баъд роњат карда мегардам.

Бачањо.
Хаёл карду гаранг шуд,
Бо касе ў ба љанг шуд.
Танбалї. Агар ягон кас пеши рањама гирад, халал расонад, чаќа шавад, медонед, чї кор мекунам? Як лаѓад мезанаму кор тамом...
Хаёлан ба касе лагад зада, сабади тухмро чаппа мекунад.
Бачањо.
Ўро гўё лагад зад,
Лагадаш бар сабад зад.
Садто тухм ба њам хўрд,
Тиљораташ  барњам хўрд.
Танбалї. Эњ. Ин чї буд? Сабади тухм. Ягонтааш сињат намонд. Э, тиљорат њам нашуд... Бењтараш, сари хобама гирам.
Ба љогањ даромада хоб мекунад.
Бачањо.
Танбалї, њой Танбалї,
Танбалї, вой Танбалї,

Офати љон, Танбалї!
Дарди равон, Танбалї!
Сўзи нињон, Танбалї!
Коњиши дил, Танбалї!
Пой ба гил, Танбалї!

Офати љон,
Дарди равон
Сўзи нињон
Коњиши дил,
Пой ба гил,
Руњи Танбалї!

Танбалї, њой Танбалї,
Танбалї, вой Танбалї,
Модар меояд.
Модар. Эњ. Худо, ба ин бача чї шуд? Њама тухмро шикаста бекор кардааст. Э, вой, Њайталї, ба љон расондї. Касе нест, ки насињат кунад.
Овози ўро шунида њамсоя меояд.
Њамсоя. Э, вай Њайталї не, Танбалї!
Модар. Не-е, бачаљони ман шер аст. Њозир мехезаду њама корњоро мекунад.
Њамсоя. Аз дасташ чї кор меояд? Њељ кор!
Танбалї. Рост.
Њамсоя. На мактаб рафт, на ягон касб омўхт.
Танбалї. Рост.
Њамсоя. Хар барин калон шуду ягон корро намедонад.
Танбалї. Рост.
Модар. Фаќат хар нагўед, амакаш...
Њамсоя. Аз ин баъд калон, ки шуд, хар мешавад-да.
Танбалї. Рост.
Њамсоя. Ягона касби ёдгирифтааш – мурда барин хоб кардан.
Танбалї. Рост. Хайрият, якта таъриф кардед.
Њамсоя. Ана инро ягон бачаи дења наметавонад.
Танбалї. Рост. Барои њамин таърифатон, як кафтар-љўља дињед.
Њамсоя. Ана ин касабаи дуюмаш: Кафтарбозї.
Модар. Њамсоя, шумо бо падараш дўст будед, насињат кунед...
Њамсоя. Э, ин кафтарбоз ба насињата нест.
Танбалї. Як кафтар, як кафтар! (Ба сигнали мошини ёрии таъљилї таќлид карда). Ќийюв-ќийюв... Як кафтар! Як кафтар...
Њамсоя. Э, як кафтари хушрў додам, чї кардї? Сахт хобат бурду гурба онро хўрд. Њатто хабар нашудї. 
Танбалї. Хайр, як кафтар-чўљаи дигар...
Њамсоя. Бењтараш ба гарданаш юѓи хара бандед, ки ароба кашад.
Модар. Не, бачаи ман хуб мешавад. Шумо ягон  маслињат дињед.
Њамсоя. Як маслињат ба сарам омад. (Бо Модар гўшакї мекунад). Розї њастед?
Модар. Намедонам.
Танбалї. Хай, як чўљаи кафтар дињед... Инаша наѓз бонї мекунам. 
Њамсоя. Гў кун, љўра. Кафтари додаам зотї буд. Гуфта будї, ки пулаша баъд медињї. Ман барои пули кафтарам омадам. Њаќќи мана те.
Танбалї. Ммм... Ана вай, мевањои боѓа гиред.
Њамсоя. Боѓат ягон мева надорад. Дарахтњо аз њосил мондаанд, Хеле мењнат лозим, ки вай боѓ шавад. Пули ќарзам њозир даркор. 
Танбалї. Замини кишта гиред.
Њамсоя. Заминат суп-сурх. Хеле кор кардан даркор, ки њосил дињад.
Танбалї. Хайр, чї кор кунам?
Њамсоя. Се моњ дар боѓу роѓат кор карда, онро ба тартиб дарор, аммо пули ќарзама њозир дењ.
Танбалї. Эњ, охир медонед, ки ягон дирам надорам.
Њамсоя. Пас, билоивазаш ягон чиз дењ.
Танбалї. Билоиваз? Яъне бар ивазаш... Чї дињам?
Њамсоя. Њозир меёбем. Куртаат ба ман калон. Кулоњат сўрох, попўшат калон. Ана ин кўрпаат наѓз. Бурда полони хар мекунам.
Танбалї. Э, амак, баъд ман дар куљо хоб мекунам?
Њамсоя. Корам чї? Пули маро баргардон, кўрпаро гир.
Танбалї. Охир пул надорам...
Њамсоя. Хуб. Билоливазаш ду моњї биёру кўрпаатро гир.
Танбалї. Моњиро аз куљо гирам?
Њамсоя. Аз дарё. Падарат моњии бисёрро бо тўр дошта, аз пули он њамаи ин хонаву боѓу роѓро сохта буд. 
Танбалї. Эњња, то лаби дарё рафтана аз гармї мемурам.
Њамсоя. Ихтиёрат. Ё боѓу роѓата дуруст кун, ё моњї биёру кўрпаро гир. Бе пул суханат асар надорад, њоле, ки ту дорї, хар надорад!
Танбалї. Ман на дарё медонам, на моњидорї.
Њамсоя. Корам чї? Дар хона хоб кунї, моњидорї аз куљо омўзї?
Танбалї. Вале ба ин айби ман не. Падарам ягон бор маро моњидорї набурданд, ки ёд гирам. Мегуфтанд, ки њоло хурд њастї.
Њамсоя. Падарат дилсўзак буд, ба ту рањм мекард.
Модар. Падараш мехост ўро ба моњидорї барад, вале сањар писарам аз хоб бедор намешуд. Барои њамин танњо мерафт. Мегуфт, ки ягон касби дигар омўзад. Нохост њалок шуду ин на дониш омўхту на касбу њунар.
Танбалї. Њамин мактаб, алифбо, ду карат ду чор ба ман чї медињад?
Њамсоя. Ба дигарон дод, ба ту њам медод. Њоло сари ваќт. Хон.
Модар. Айби мо, ки омўхтанро сахт талаб накардем. Яккаписар будї, падарат туро эрка карда, кор кардан намемонд.
Њамсоя. Њама фарзанд эрка, чун гули якдонаву ноздона парвариш мекунем. Вале бояд барои зиндагии худаш касб омўзад, мењнат кунад.
Танбалї. Падарам мегуфтанд, ки бо Моњии тилло дўст њастанд, вай њама чизро ёфта медод.
Њамсоя. Як гапи њаќ гуфтї: падарат бо моњии тилло дўст буд.
Танбалї. Ман пеши Моњии тилло равам, ба ман њам ёрї медињад?
Њамсоя. Албатта. Пеш аз њама чашми туро мекушояд.
Танбалї. Чашмам кушода. (Чашмонашро калон мекушояд) Ана, бинед … Хайр, ман рафтам.
Модар. Куљо?
Танбалї. Пеши моњии тилло.
Модар. Ист, роњ дур. Кулчаю мева гир, дар роњ гурусна мемонї.
Танбалї. Даркор не. Моњии тилло кулчаю мева њам медињад.
Њамсоя. Рањи дарёро медонї?
Танбалї. Не.
Њамсоя. Рост рав, дар дуроњаи аввал тарафи рост гард, се дуроњаи дигар мебарояд, рост рав, дар чорумаш тарафи чап мегардї.
Танбалї. Ду се, чор… Як бало мекунем. 
Модар. Эњтиёт шав, писарам, боз ба об надарої, ки ѓарќ мешавї.
Танбалї. Не, об хунук. Аз соњил моњиро љеѓ мезанам. (Меравад). 
Модар. Бечора, бачем...
Њамсоя. Њоло њам эрка мекунед. Ин коратон дуруст не.
Модар. Дилам месўзад. Саргардон нашавад...
Њамсоя. То дарё як ќадам роњ. Пухта мешавад.
 
Бачањо байни худ “фуш-фуш” карда ба ќароре меоянд. Њама ба писараки фарбењ ишора мекунад. Ў аввал норозї мешавад. Дигарон ўро танњо монда тит шуда мераванд. Писарак нолишкунон ба роњ мебарояд.

Намоиши 2.

Пайроњае дар дашту теппањо. Наврасе, бо номи Танбалї 2 оњиста-оњиста равон аст. Каме ќафотар аз ў Танбалї – шиноси мо оњиста-оњиста ќадам зада меояд. Рафтори њарду  ба њам монанд.

Танбалї 2. Роњ гаштан намефора-аа-ад. Њаво ин ќадар гарм. Ташна мондам. Дар поён љўйчаи об будааст. Чунон об мефора-а-ад. Лекин ба поён фуромадан намефора-аа-ад.. Тоќаа-аа-ат мекунам… Њо, ана он љо дарахти соядор будааст. Дањ ќадами дигар. Лекин як ќадам мондан њам намефораа-а-ад. Њамин љо дам мегирам...
Дар байни роњ нишаста хобаш мебарад. Танбалї меояд.
Танбалї. Эњња, ин бача дар байни роњ хоб аст. Офтоб назанад? Њой, бача, ба ту чї шуд? Соз њастї, ё беморї?
Танбалї 2. Созам-у... Монда шудам.   
Танбалї. Фикр кардам, ки бемор шудї. Ман њам монда шудам. Хез, дар сояи ана вай дарахт шишта дам гирем. 
Танбалї 2. Ман дарахтро барваќт дидам, лекин хушам нест.
 Танбалї. Ман њам бехуш, лекин дар сафар ду кас бошем, бењтар.
Танбалї 2. Хайр, аз дастам гир. Меравем.
Танбалї. Те дастата.
Танбалї 2. Ман ба њељ кас даст надодаам ва намедињам.
Танбалї. Фањмидам. Ту дасти мана гир. Ана. Рафтем.
Танбалї 2. Ана ин гапи дигар.
Танбалї. Номат чист?
Танбалї 2. Яку чору сею ду – номи ман Танбалї - 2.
Танбалї. Эњња, ѓайри ман боз Танбалї будааст-да…
Аз дасташ кашола карда таги дарахт мераванд.
Танбалї 2. Ња, мо бисёр. Тухми аљириќ... Оњиста, дастама нашиканї.
Танбалї. Ин ќадар ту вазнин. Чї хўрда будї?
Танбалї 2. Њељ чи. Як табаќ гуштбирёну дутаяк нон бо ќандчой…
Танбалї. Њељ чї будааст. Хайр, дам гирифта-дам гирифта меравем. Ту намедонї рањи дарё куљо бошад?
Танбалї 2. Чї донам? Ман як одами гўл. Лекин бобоям мегуфтанд, ки њама роњњо ба дарё мебаранд.
Танбалї. Ба ман гуфтанд, ки аз дења баромадї, рост меравї, дар дуроњаи аввал тарафи рост мегардї, дуюму сеюмаша мегузарї, дар чорумаш тарафи чап мегардї.
Танбалї 2. Ман чї донам, кадомаш чандуму чанд гардиш њаст. 
Танбалї. Фањмо, ту њам мисли ман дарсгурезї…
Танбалї 2. Албатта.
Танбалї. Номат чї?
Танбалї 2. Њозир гуфтам-ку.
Танбалї. Э, ман бо њар чї майнама пур намекунам.
Танбалї 2. Ман аз танбалї як гапа такрор намекунам. Уф… Яку чору боз чї буд?
Танбалї. Э, ба ёдам омад… Яку чору сею ду – номи ман Танбалї - 2.
Танбалї 2. Ња, Танбалї- 2.
Танбалї. Лекин њама танбал шуда, ягон чиро надонем, ба мо кї ёрї медињад?
Танбалї 2. Корам чї?
Танбалї. Ња, ба умеди ту шудан мумкин не. Уф… Ана расидем. Хайрият...
Танбалї 2. Акнун нимта љурѓот  бошаду як нони гарм…
Танбалї. Бад намешуд.
Духтараке меояд. Баланд ва бо эњсос ухан меронад.
Духтарак. Ассалом, бародарњо. Шумо мењмони њазоруми дењаи мо шудед. Дењаи мо яке аз марказњои сайёњї дар вилоят. Ин пирўзї муборак шавад! Ба ин муносибат, ба шумо нону љурѓот њадя мекунанд. Марњамат, мусофирони азиз, хўретон!
Нону љурѓотро пеши онњо гузошта меравад.
Танбалї 2. Њуљум ба нону љурѓот!
Танбалї. Э, исто. Аввал дастњоро шустан даркор. Ту њозир биниатро мекофтї.
Танбалї 2. Рост. Бибиам мегўянд, ки аввал даст шустан даркор.
Танбалї. Дуруст мегўянд. Рафта об биёр…
Танбалї 2. Эњња… Хоб мебинї. Худаката чо кардаст?
Танбалї. Ман намедонам, ки об дар куљост.
Танбалї 2. Аз «шир-шир»-и об маълум, ки дањ ќадам он тараф љўйча.
Танбалї. Ту ин љоро наѓз медонистаї. Рафта об биёр.
Танбалї 2. Ман љояша гуфтам. Обро ту биёр.
Танбалї. Э, ман дар тамоми умрам, ягон кор накардаам, боз ба ту об орам?
Танбалї 2. Ман њатто як ќадам бењуда намондаам. Хозир, ваќте аз болои пули оби љўй мегузаштам, хостам нўшам, вале хушам наомад. Хез, рафта об биёр.
Танбалї. Э. не. Худат биёр.
Танбалї 2. Охир, ман љояша гуфтам. Об овардан тани ту .
Танбалї. Ман… чї хел овардани обро намедонам.
Танбалї 2. Тоќии маро чаппа карда ба он об гир, барои даст шустан мешавад.
Танбалї. Э, љўра, ман туро кашола карда монда шудам. Об овардан навбати ту.
Танбалї 2. Ту як кор кардї. Ман ду кор кардам: љойи оба гуфтам. Боз барои об овардан тоќии сарама додам. Акнун об овардан навбати ту. 
Танбалї. Не. Њоло сабр мекунем. Очаам маро кофтанї мебарояд, аз њамин рањ гузашта маро мебинад. Ана баъд об меорад.
Танбалї 2. Эњња. Дер мешавад. Хез, рав, об биёр.
Танбалї. Не, ту рав!
Танбалї 2. Ин хел бошад, ман ба ту рањи дарёро нишон намедињам.
Танбалї. Ман худам як бало карда пайдо мекунам. 
Танбалї 2. Биё, як шарт мекунем: хапу хомўш мешинем, касе аввал гап зад, рафта об меорад.
Танбалї. Ман розї. Як ду, се. Хап кардем.
Њарду гап назада мешинанд.
Писараке меояд.
Писарак. Салом, бачањо. (Њарду хомўш). Мењмонњо аз куљо омадаанд? Куљо мераванд? (Њарду хомўш). Мењмонњо чаро хомўш нишастаанд? (Њарду хомўш). Ин нону љурѓотро хўрдан даркор! (Њарду хомўш). Канї, марњамат кунанд! (Њарду хомўш). Э, замин садо мебарояду аз инњо не.
Писарак нишаста, нон шикаста, ба љурѓот зада, хўрдан мегирад. Њарду хомўш.
Ња, оби дањанатон мераваду, лекин дам намезанед. Ба фикрам, шарт кардаед. Ин  ба фоидаи ман. Ана, сер шудам. Рањмат ба каси хайркарда.
Писарак ангуштонашро ба боќимондаи љурѓот зада, як-як ба рўи танбалон молида меравад.  Њарду хомўш меистанд.

Пас аз чанд лањза сагчае омада љурѓоти зарфро лесида бо;имондаро мех;рад, аммо танбалњо хом;ш мемонанд. Ни;оят, ; ба лесидани љурѓот дар р;и танбалон шур;ъ мекунад, р;и танбали 2-ро лесида, ба рўйи Танбалї мерасад, забони саг ба да;они Танбалї медарояд. Танбалї тоќат накарда сагро меронад.

Танбалї Э, гум шав-е, саги бадбахт. Забонат ба дахонам даромад…
Танбали 2. Ана, ту шартро вайрон кардї, акнун рафта об биёр!
Танбалї. Уф. Ман ку об меорам, лекин ту даст шуста, чї мехўрї?
Танбалї 2. Э, ман бо ту љўрагї намекунам.
Танбалї. Ман аз љурагии ту барин бачаи танбали бефањми бесавод безор!
Танбалї 2. Мо њарду як хел.
Танбалї. Не, тамом. То ин дам як хел будем. Акнун дигар мешавам. Агар њамаамон танбалу нокора бошем, зиндагї бемаъно мешавад. Танбалї тамом. Рост пеши Моњии тилло меравам!
Танбалї 2. Моњиро дидї, маро њам фаромўш накун.
Танбалї. Мегўям, ки туро солиму чаќќону босавод гардонад, ба танбалию бекорї намонад! (Меравад).
Танбалї 2. Наѓз. Ба маќсад расидем.
Дигар бачањо меоянд ва хурсандона каф мекўбанд
Духтарак. Наќшатро наѓз иљро кардї.
Танбалї 2. Э, гум шавад танбалї.
Суруд ба мазмуни “Агар њамаамон танбалу нокора бошем, зиндагї бемаъно мешавад. Танбалї тамом”.
Мераванд.

Намоиши 3.

Соњили дарё. Садои мављи об. Танбалї дарёро дида, шод мегардад.

Танбалї. Ана, ба дарё расидам. Ура! Моњии тилло! Биё! Баро. Моњии тилло! (Ба дарё санг мепартояд). Э, ту дар куљої? Баро аз об!
Моњинав меояд.
Моњинав. Чаро дод мезанї? Чаро ба дарё санг мепартої? Моњиро мегурезонї.
Танбалї. Мебахшї, ман моњии тиллоро мековам.
Моњинав. Ин афсонаро ба ту кї гуфт?
Танбалї. Падарам моњигир буд. Бо моњии тилло љўра буд.
Моњинав. Фањмо. Ин орзуи њама. Вале моњии тилло ба назди касе меояд, ки мењнатї бошад, дарёро эњтиром кунад, дар ин кор устод шавад.
Танбалї. Ман моњигир нестам. Наметавонам.
Моњинав. Маълум: дастони моњигир дигар хел. Аз кадом дења меої?
Танбалї. Аз Ќалъаи сафед.
Моњинав.  Дарё дар назди дењаи шумо. Ту рањгум зада, дур омадї.
Танбалї. Ња, ба фикрам дар њисоб хато кардам..
Моњинав. Ту на танњо фанни њисоб, инчунин љуѓрофияро нахондї?
Танбалї. Не. Чї даркор љуѓрофия?
Моњинав. Љуѓрофияро меомўхтї, роња се баробар дур намекардї.
Танбалї. Се баробар? Гуфтам, барои чї роњ дур шуд… Мактаб равам, њама фанњоро наѓзакак мехонам.
Моњинав. Хайр, ман ба ту ёд медињам.  Кори душвор нест.
Танбалї. Ман на тўр дорам, на чангак…
Моњинав. Ман медињам. Ба хотири падарат. Ин тўри як моњигири пир буд. Каме фарсуда шудааст, вале моњї доштан мумкин,. Ана ин тавр. Ба об дур мепартої, баъд кашида мегирї. Фаќат моњиро натарсон…
Танбалї. Ташаккур.
Моњинав. Бо усули фифти - фифти. Нисфаш аз ту, нисфаш аз ман.
Танбалї. Хуб. Чунон моњии бисёр медорам, ки… 
Моњинав. Барори кор.
Танбалї тахти мусиќї тўр патофта мекашад, вале тўр холї.
Танбалї. И-и-и… Чаро моњии аблањ ба тўри ман намедарояд?
Бачањо.
Бо мењнати њалол ту
Мерасї бар камол ту.
Бо араќи дар љабин
Мењнат куну роњат бин.
Танбалї. Монда шудам. Бо шаст мегирам… (Шастро устувор карда як муддат назора мекунад). Як сари хобама гирам…
Хобаш мебарад. Шастро моњї кашида ба об меафтонад.
Бачањо омада њоли ўро дида механданд.
Бачањо.
Моњидорї осон нест,
Кори њар як инсон нест.
Танбалиро хоб бурдаст,
Шасти ўро об бурдаст.

Моњинав меояд.
Моњинав. Э, бача, шастро дор.
Танбалї (бедор шуда гарангона назар мекунад). Чї шуд?
Моњинав. Шастро каш! Моњї дармондааст.
Танбалї. Кадом моњї? Чї хел моњї?
Моњинав. Эњња, ту њоло њам хобї?
Танбалї. Шуд… Бедор шудам. Чї кор кунам?
Моњинав. Ба об даро. Моњии ба шастафтодаро бо даст дор! Аќаллан шастро дошта гир. Набошад, бо чї моњї медорї?

Танбалї бо тарс худро ба об мепартояд.
Танбалї. Уф…  Моњї рањо шуд. Шаст њам аз даст рафт. Об бурд. 
Моњинав. Афсўс. Танбал! Хоболуд. Наход, дар назди шаст хоб кунї?
Танбалї. Э, номи мана аз куљо фањмидї?
Моњинав. Кадом номата?
Танбалї. Танбалї гуфтї… ин номи ман…
Моњинав. Ман сифати туро гуфтам.
Танбалї. Эњ, ин дарди ман. Барои њамин номи ман Танбалї.
Моњинав. Хайр, шаст ба об рафт. Бо тўр моњї гир.
Танбалї. Санљидам. Моњии аблањ ба тўри ман намедарояд.
Мохинав. Тўрро дуртар парто.
Танбалї. Хуб. (Тўрро дур мепартояд. Оњиста - оњиста мекашад). Эхња, ба фикрам, нањанг даромадааст. Ин ќадар вазнин.
Моњинав. Нањанг дар бањр мешавад. То љон дорї, каш.
Танбалї. Хуб. Уф… дастам шикаст.
Моњинав (Нотбукашро фаъол карда). Тўр ба решае дармондааст. Ба об дарою моњиро бо дастат гир.
Танбалї. Хуб. Оо-оњ…
Ба об медарояд. Дасти холї мебарояд.
Моњинав. Чї шуд?
Танбалї. Моњї рафт…
Моњинав. Њељ гап не. Таљриба надорї. Боз тўрро ба об парто.
Боз тўрро мепартояд. Дар кашидани тўр азият мекашад.
Танбалї. Оооњ! Падарамро ман азоб дода куштаам!
Моњинав. Чї хел?
Танбалї. Барои моњї хўрдани ман, њамин ќадар азоб мекашидааст… Нав фањмидам. Барои ман шуда азоб кашида њалок шудааст…
Моњинав. Њама кор азоб дорад. Тўрро каш. Ман ёрї медињам.
Танбалї бо ёрии Моњинав тўрро кашида мебарорад, шастро низ.
Як моњї, як моњї ба шаст меафтад.
Танбалї. Урра. Моњї! Дар тўр.
Моњинав. Як моњии дигар дар шаст.
Танбалї. Ду моњї шуд!?
Моњинав. Барои бори аввал хуб аст. Муборак бод!
Танбалї. Ташаккур. Боз дањтаи дигар медорем.
Моњинав. Имрўз насибаат њамин дуто. Пагоњ зиёдтар моњї медорї.
Танбалї. Э, не-е… Њоло бисёр меќапем.  Ту чї, бас мекунї.
Моњинав. Ман ќариб сад кило моњї доштам.
Танбалї. Сссад ккккило? Пас, чаро ба ман фаќат дута иљозат?
Моњинав. Чунки ту њама бо њаракатхоят оромии моњиёнро вайрон кардї, онњо аз ту рамида рафтанд. 
Танбалї. Не. Бовар намекунам…
Моњинав (нотбукашро фаъол мекунад). Ана, дар оинаи комптер бин, обро то ќаъри дарё нишон медињад: дар ин атроф ягон моњї нест.
Танбалї. Барои чї?
Моњинав. Охир, аз ту рамида, љояшро иваз кард. Ва боз моњї дар соатњои муайян гардиш мекунад. 
Танбалї. Ввоњ, њамин компютер моњиро дар об нишон медињад?
Моњинав. Њам обро нишон медињад, њам пастию баландии ќаъри дарёро.
Танбалї. Моњидорї касби ба ман мувофиќ набудааст. Моњии тиллоро бинам, бас мекунам. Мепурсам, ки барои ман ягон касби наѓзи серпул ёфта дињад. 
Моњинав. Моњии тилло туро ба кору вазифа таъин намекунад, онро меомўзанд, њатто аз компютер метавонї боѓдорї, киштукорро ёд гирї.
Танбалї. Бо њамин компютер? Дар хонаи мо як компютер њаст, бекор хоб. Ман ба телефон бозї мекунам.
Моњинав. Аз интернети телефон њам илму њунарро меомўзанд. 
Танбалї. Ку, дењаи моро бин.
Моњинав. Ана дења. Оњњо, мебинї, Ќалъаи сурх ба дарё наздик аст, аз болотари дења як љўйча кушої, об худаш љорї шуда меояд. Дар ана ин чуќурињои атрофи њавлиатон чор-панљ њавзи моњидорї сохтан мумкин.
Танбалї. Аљиб…
Моњинав. Њавлиатон њамин?
Танбалї. Ња… Аљиб будааст…
Моњинав. Боѓи хуб, вале бе нигоњубин мондааст. Ин мевањои боѓи шумо доруи нодиранд, дар љањон ќимати гарон доранд.
Танбалї. Аљиб… Дарахтњои мо метавонанд боз ба њосил дароянд?
Моњинав. Ња. Аз компютер тарзи нигоњубини боѓро њам омўз.
Танбалї. Боѓро њам бо компютер обод мекунї?
Барзгар. Бале. Компютер њолати намию хушкии замин, вазъи нињолу киштро муайян мекунад. Фаќат онро хуб омўхтан лозим.
Танбалї. Аљоиб…Моњии тиллоро бинам, аз пайи боѓ мешавам.
Моњинав. Хайр. Бахт ёрат шавад. Ваќти рафтанам шуд.
Танбалї. Як моњї аз ту. Маслињат њамин буд: фифти-фифти. Бигир.
Моњинав. Насибат кунад. Пагоњ бисёртар моњї дорї, баъд мебинем.
Танбалї. Ташаккур. Духтари одил њастї. Модарам шод мешаванд.
Моњинав. Аз пайи боѓу роѓ њам шав. Илм омўз. Зиндагї дигар шуд.
Танбалї. Моњии тиллоро надидам, вале ту ёрї расондї. Ташаккур.
Моњинав. Моњии тилло орзу аст. Барои орзу амал кардан даркор, омўхтан, зањмат кашидан лозим. Он гоњ моњии тилло ба ёрї меояд.
Танбалї. Фањмидам. 
Моњинав.
Бањри моњии тилло
Дилро бидењ тасалло.
Дар пайи ризќу рўзї
Бояд бисёр омўзї.
Нашав бачаи саркаш
Мењнат куну зањмат каш.
Орзуњоят бехалал
Љома пўшад дар амал. (Моњинав меравад).
Танбалї. Рањмат. Хайр, Моњинав…
Модар ва њамсоя меоянд.
Њамсоя. Эњ, бачаи шумо бесавод, дар њисоби дуроњаю сероња хато карда, рањгум задааст. Аз изи пояш, ба ин тараф омадааст. Воњ, ана њамин бача худи писаратон.
Модар. Худоё, шукр, писаракамро зиндаю солим мебинам.
Танбалї. Оча! (Истиќбол мегирад).
Модар. Чї њол дорї? Тану љонат сињат аст? Азоб накашидї?
Њамсоя. Кори дунё бе азоб мешавад? Бинед, дар обу офтоб сўхтааст, дастонаш шахшўл, се кило хароб шудааст. Лекин мардак шудааст!
Танбалї. Маро кофта омадед? Чаро худро ташвиш додед? 
Модар. Охир дилам тоќат накард…
Танбалї. Ман азият накашидам.
Модар. Барои ман саломатии ту бас аст, бачем.
Њамсоя. Э, моњї доштан барои љавон коре нест. Ягон бистта ќапидї?
Танбалї. Афсўс, њамагї ду моњї доштам. Он њам калон не.
Њамсоя. Ба ростї? Баъди ин дигар  номи моњиро нагир. 
Танбалї. Рост.
Модар. Ду моњї барои одами бетаљриба хуб аст. Офарин. Пагоњ чорта мешавад, оянда зиёд шудан мегирад.
Њамсоя. Наѓз. Худо мадад расонад. Шояд ќарзи маро њам медињад...
Танбалї. Ман бояд боѓу заминро нигоњубин кунам.
Хамсоя. Оњњо, ин калимаро кадом фаришта ба дањони ту андохт?
Танбалї. Дўстони хуб ёфтам. Моњии тилоро њам пайдо мекунам. Оча, шумо дигар дар хонаи њамсояњо кори вазнин накунед. Дар боѓу гулзор роњат карда гардед. Замини киштро њам обод мекунам.
Модар. Худоё, шукр. Писари ман дигар шудааст.
Њамсоя. Танбаливу хобу бехуширо партояд, љонон йигит мешавад. Ман сад дарсад ба ин бовар дорам!

Намоиши 3.

Њайталї бо нишондоди компютер боѓ парвариш мекунад, замин кишт мекунад, дар мактаб низ хонданро идома медињад.
Модар, Њамсоя, Танбалї пеш мебароянд.

Њамсоя. Офарин, Њайиталї. Ана ин гапи дигар. Барои меваи доругии ин боѓ одамон аз шањрњои дигар меомаданд.
Танбалї. Њоло њам меоянд. Ин меваро аз номи модарам барои гирифтани рухсатнома ба кумитаи ихтироот ва патентњо супоридам. 
Модар меояд.
Модар. Хабари хуш. Рухсатнома ва патент барои ихтироот доданд. Ва боз аз се ташкилот барои мева дархост дода, пешакї як ќисми пулашро фиристодаанд. Марњамат.
Танбалї. Ташаккур, очаљон.
Њамсоя. Муборак шавад. Барои ин комёбї, ман њамон кўрпаи барои ќарз бурдаамро бе пул, њамчун мукофот ба ту бармегардонам.
Кўрпаро меорад.
Танбалї. Кўрпа чизи хуб аст, вале ман ба вай аз њад зиёд мењр баста будам.  Ташаккур, амак, шумо чашми маро кушодед, маљбур кардед, ки танбалиро дур кунам. Љавонмард бояд њушёру чаќќон бошад. Агар аз хобу танбалї даст намекашидам, ба њељ чиз соњиб намешудам.

Бачањо. 
Боѓи зебо боѓи кист?
Ин равзаву роѓи кист?
Кўл(и) оби мусаффо бин
Пур моњии тилло бин.
Аз Умару аз Алист?
Не! Њама аз Танбалист!
Модар гуфто…

Модар. Бачањо,
Танбал нагўед бачаро.
Мењнат карду чаќќон шуд,
Як марди пањлавон шуд.
Бањри модар ў љон аст.
Дилсўзу мењрубон аст.
Номаш додам Њайталї,
Њайталиљон Њайталї 

Њама.
Номаш гўем Њайталї,
Њайталиљон Њайталї.

Намоиши 4

Соњили дарё. Њайталї тўрро ба об партофта назора карда, каме гаранг мешавад. Чашмонаш ѓанаб мекунанд. Ба тўр Мо;ии тилло меафтад.

Моњї (таъзим карда). Эй инсон, ба ;онам ра;м кун. Ман Мо;ии тилло, шоњи моњиёнам. Маро озод бикун, њама орзуњои туро амал; мегардонам...
Танбалї. Э, Моњии тилло, дар оби дарё шодона шино карда гард.
Мо;ї. Наход ягон хо;иш надорї?
Танбалї. Бе ёрии ту њам нони худро ба даст меорам. Дасту по дорам, боѓу роѓ дорам, илм меомўзам, бо мењнат соњиби нон мешавам.
Мо;ї. Ба ту лозим набошад, барои фарзандонат талаб бикун.
Танбалї. Соњиби фарзанд шавам, ба он;о касбу корро ёд медињам. Нони мењнатї хеле болаззат аст, бо ягон чизи дигар иваз намекунї.
Мо;ї. Офарин. Ин суханат писандам омад. Як сирро ба ту гўям, њамон духтари моњигир њам ман будам…
Танбалї. Наход…
Моњї. Ман ба ту ёрии зиёд накардам, фаќат роњи расидан ба зиндагии хушро нишон додам. Шодам, ки ба роњи дуруст рафтї. Њаркї мењнат карду илму њунар омўхт, хушбахт гашт. Калиди бахт њамин аст.
Њайталї. Ташаккур, моњии тилло.
Моњї. Њамеша хушбахт бошї!  (Меравад).

Эпилог.
Сањнаи љоизасупорї ба ѓолибони озмуни биологњои љавони вилоят.

Овози Ровї. Њаркї илм омўхту мењнат кард, хушбахт гашт. Бо таљдид кардани се навъи меваи давої хонандаи синфи њаштуми МТМУ №8 Њайталї Салимзода ѓолиби озмуни вилоятии  биологњои љавон шуд. Мукофот – дањ њазор сомонї.
Њама.
Њар кї мењнат мекунад,
Осуда роњат мекунад.
Илму амал бошад агар,
Хушбахтї меорад самар.
Њайталї ба сањна мебарояд. Ба ў љоиза месупоранд.
Њама њамсолон месароянду шодї мекунанд. Моњинав њам дар либоси моњии тилло шодон омада даст меашонад.
Бачањо пеш меоянд, суруд мехонанд.

Њайталиљон, Њайталї,
Љўраи љон Танбалї,

Роњати љон, Њайталї!
Илми нињон, Њайталї!
Њам чорадон Њайталї!
Њаст њамадон, Њайталї!

Њайталї – љон, Њайталї,
Њайталї – љон, Њайталї,


Рецензии