Джума Куддус Шрек-7 сказка-пародия для детей
ШРЕК – 6
афсона барои бачањо дар талид ба филми машњури «Шрек» ва дигар ривояту афсонањои тољикї
(Бо суруду оинњои солинавї мусиќавї кардан мумкин аст)
Душанбе
2022
Иштироккунандагон:
Шрек
Фиона – духтари бой
Хар
Буз
Кали зирак.
Ба таваљљуњи љаноби оѓои режиссёр:
Истифодаи сужањо ва ќањрамони асарњои машњур дар санъат роиљ аст. Љавњари филми машњури Њолливуд «Шрек» – киноя ба сужа ва симои афсонањои машњур аст, ки гоњо масхара њам мешаванд. Барои он, ки асар хуб ќабул шавад, бояд ба асли асар ва ќањрамонњои он монанд шавад, яъне дар ин љо бовар кунанд, ки ќањрамон њамон Шрек аст. Мо низ чанд ќањрамони афсонањои халќиро мисли Кали зирак, бойи золим, буз ва ѓайра бо зарофат ба ин намоишнома ворид сохтем. Аз имконоти театр истифода бурдан боиси ѓайричашмдошт, гуворо, шавќовар гаштани воќеањо мешавад.
Намоиши 1.
Љангал, ботлоќ. Мусиќии филми Шрек. Шрек меояд. Фионаро дида пинњон мешавад. Фиона аз булбул илњом гирифта, суруд мехонад. Булбулро дар шохи дарахт актёр метавонад чун театри лўхтак ба њаракат дарорад.
Фиона.
Гули хушбўйи сањрову чаман ман,
Саропо гулфишону гулбадан ман…Гулбадан ман.
Насими форами субњи муаттар,
Сафобахшандаи дашту даман ман. Гулбадан ман.
Булбул њамнаво мешавад.
Арўси фасли зебои бањорам,
Љањонорову зеби анљуман ман.
Гулбадан ман, гулбадан ман, гулбада-а-а-а-ан…
Аз навои тўлонї ба шуши булбул њавои зиёд даромада, ў мекафад. Садо ва пош хўрдани чанд пари вай кофист.
Ѓулмаѓал. Шрек ва Фиона пинњон мешаванд.
Овози Кал. Каш! Каш! Камтари дигар.
Овози Хар. Наме-ша-ва-а-ад.
Овози Буз. Ман ёрї медињам.
Овози Хар. Уф… Хайрият.
Кали зирак Хару Бузро бо химча зада меорад.
Кал. Акнун ба ботлоќ! Зудтар.
Хар. Нав аз бори вазнин халос шудем. Ќариб куштї.
Кал. Зудтар, зудтар. Бузак, ба пеш!
Буз. Њамеша дар пешам.
Хар. Ќоќи шохчунгак ба кї даркор? Дев мана мехўрад.
Кал. Дев агар бошад, хара мехўраду хоб мекунад. Дар ин байн мо зуд дева баста мебарем.
Хар. Баъди бист соли хизмат маро ба дев медињї?
Кал.На дар сари ту аќл аст, на дар ин ботлоќ дев!
Хар. Њамин ботлоќ ба бой-бобо чї лозим?
Кал. Чарогоњ мекунад, духтараш Фионаро медињад.
Хар. Вай як аљина, феълаш бад. Ба ту чї даркор?
Фиона. Эњња… Аљиная њоло нишон медињам.
Кал. Ман бой шудан мехоњам. Дар ин љо дев-пев нест.
Хар. Дев њаст. Ноаён шатта мезанад.
Кал. Агар бошад, таёќшап мекунам!
Фиона Калакро аз пушт як мушт мезанад.
Кал. Воњ, ин кори кадом хар?
Буз. Ин кори хар не. Ин харсанг даст баровард.
Хар. Ин харсанг нест, дев аст.
Дев андак мељунбад. Кал хавотир шуда мехезад.
Кал. Боз кадом хар сангро љунбонд?
Буз. Њељ кас не, худи санг љунбид.
Хар. Ин кори дев.
Кал. Воњима накун. Замин љунбид.
Хар. Њозир як пуф кунад, парида меравї.
Кал. Заб воњима кардї!
Шрек ба тасдиќи гапи хар пуф мекунад. Шамоли сахт.
Буз. Ин аљинашамол аст.
Кал. Э, як шамоли оддї. Ин дара љойи шамолгузар.
Хар. Ин кори дев.
Кал (сангро бо банд мепечонад). Дев бошад, баста, ба боѓи њайвонот мефурўшам. Ман кали зирак.
Буз. Гўшти моро хўрда, устухонамонро ба саг медињад.
Кал. Дев аз оташ метарсад. Ман оташ дорам. Ку дев!
Шрек (тоќат накарда). Ана ман. Зўрат мерасад?
Кал. Ту кистї?
Шрек. Дев. Як хато кардї: устухонота худам мехўрам.
Кал (шамъро оташ медињад). Наздик наё.
Шрек(бо ангушт онро хомўш мекунад). Тамом?
Кал. Э-ње..
Шрек. Дигар њунар надорї? (Пуф мекунад). А-а-а-а!!!
Садои баланди гўшхарош.
Кал. Ёрї диње-е-е-ед! (Фирор мекунад).
Шрек. Бо ин њол маро дастгир мекардааст.
Меравад. Хар аз паси вай меояд.
Буз пинњонї аз ќафояшон омада гўш мекунад.
Хар. Мумкин аст як сухан кунем?
Шрек (ба атроф нигариста). Товба…
Хар. Э, бача, ба ман бисёр маъќул шудї.
Шрек. Ту ба ман гап мезанї?
Хар. Ња. Ман хари гапдонам. Ту ба ман ганда маъќул шудї. «Девона»-ш будаї.
Шрек. Чї-ї!?
Хар. «Њайвон» будаї!
Шрек. Чї-ї!!! Ман њайвон. Ман девона
Хар. Ња-да. Яъне, ки зўрї - Як дод задї - Кали зирак дума хода кард. Боз мегўяд, ки фармони Бой-бобо… Офарин ба ту.
Шрек. Метавонї рањмат нагўї. Бењтараш, пеши љўрањот рав…
Хар. Охир… ман љўра надорам.
Шрек. Барои чї?
Хар. Њамаашон хиёнат карданд: Ана, як љўраам Кали зирак буд, барои як бой-духтари аљина Фиона маро фурўхт. Бузи Кал њар рўз мефурўшад. Маро кал барои он ба ин љо овард, ки ту маро хўрї. Лекин ту нахўрдї. Пас, ту маро наљот додї! Биё, љўра шавем.
Шрек. Медонї, барои чї ту љўра надорї? – Гапњот бемаънї – «гаренї», «девона», «њайвон». Бо ман дустї кардан хоњї, њамин гапњота парто. Бачаи хуб шав.
Хар. Хуб. Ман ба шеър њам гап зада метавонам. Ана -
Мани маъсуму саргардон,
Миёни љумла бедардон,
Мисоли шамъ месўзам,
Зи дасти олами њиљрон.
Шрек. Рањмат. Лозим нест. Ман девам. Акнун ба ту љавоб.
Хар. Яъне, чї кор кунам?
Шрек. Гум шав! Безор кардї! (Наъра мекашад). Ва-а-а!!!
Хар. Ба таги дандонат об парто, ганда бўй кард-е.
Шрек. Бас. (Дањони ўро лањзае мебандад).
Хар.… нафасам гашт. Барои ту пудина ёфтан даркор.
Шрек. Чї!? Ту аз ман чї мехоњї?
Хар. Дўстии беозор.
Шрек. Гуш кун, хар, ба фикри ту ман кистам?
Хар. Ќорї Ишкамба.
Хар. Не, ман девам! Бо њељ кас дўстї намекунам!
Хар. Ту ба ман маъќул шудї. Номат чї?
Шрек. Шрек! – Яъне дањшатнок, воњима!
Хар. Наѓз. (Ба хонаи Шрек ишора карда). Э, кадом ањмаќ решаи дарахта шикоф кардааст.
Шрек. Ин хонаи ман.
Хар. Оњ… Аз зебоияш гапњои хубро гум кардам. Санги пеши дарат чї хел зебо. Эълон њам дорад. (Мехонад). «Даромадан манъ». Шрек, мењмоннавоз будаї-ку?
Шрек. Ба ман оромї мефорад.
Хар. Ба ман њам. Як хелњо чунон хира, ки мечаспанд, дигар халос намешавї. Њамин ќадар мефањмонї, намефањманд гапа. Мумкин њамроњат истам? Илтимос.
Шрек. Не.
Хар. Илтимос, розї шав, сањар об-кањак тайёр мекунам.
Шрек. Не!
Хар. Хайр, мефањмам. Ту маро намешиносї, ман туро. Ба танњої одат кардам.
Њама дар ављи хушњолї,
Манам аз шодињо орї,
Зи оби ѓусса менўшам
Зи сўзи сина мељўшам.
Овози њиќ-њиќи Фиона аз байни буттањо.
Фиона. Њиќ-њиќ... Чї бадбахтам.
Шрек. Ин љо кї њаст?
Хар. Аз овозаш - Фиона духтари Бойи золим.
Шрек. Фиона? (Буттаи зераш пинњоншударо канда мепартояд). Кї туро хафа кард?
Фиона. Шумо
Шрек. Дидї, хар?
Хар. Ман хари девона-ям, ягон каса хафа накардаам.
Фиона. Кал гуфт, ки об ботлоќа хушк мекунад, инља чарогоњ мешавад. Ман дар куљо ба сайри гул мебароям? Дар куљо дар овозхонї бо булбул мусобиќа мекунам?
Хар. Инаш рост. Ту Кали зирака хўр.
Шрек. Не. Бобоям Њенгилдев ба Рустами Достон савганд хўрдааст, ки мо одам намехўрем.
Буз. Бе-а-а. Ту Кали зирака намехўрї?
Шрек. Не. Мумкин не…
Буз. Бе-е-е… Дар он љо алаф бисёр. (Зуд меравад).
Хар. Хой, хабаркаш, куљо рафтї? Доред ўро.
Шрек. Мон равад. Маслињати халосиро кардан даркор.
Фиона. Ба ман гўш дињед. Як маслињат…
Шрек. Э, ту як тараф ист. Духтарча чї маслињат дорад?
Хар. Вай аз њама доно, бањояш панљ.
Шрек. Њамин лўндача?
Фиона. Њой, дев, ман устоди карате!
Шрек. Аввал ту њунарата нишон те.
Фиона. Нишастаро намезанам! (Аз гўшаш мекашад).
Шрек (механдад). Гўшам ќитиќ дорад. Ман бо духтар љанг намекунам. Айб аст-е.
Фиона. Хурсанд кардї. Биё, дўст мешавем!
Хар. Ту оянда инро аз аждањо озод мекунї?
Шрек. Ин гапа аз куљо тарошидї?
Хар. Китоб хондан даркор.
Фиона. Аслан ман туро аз Калак халос мекунам.
Шрек. Бо духтар бањс намекунам.
Фиона. Рости гап, маро албастї љоду кардааст. Хафа шавам, дев мешавам, шод бошам, одами хуб мешавам.
Шрек. Фањмо.
Фиона. Оњ, интернет мегўяд, ки Буз дар назди Кал аст.
Хар. Гуфтам-ку, вай бузї мекунад.
Намоиши 2.
Дар як гўшаи дигар Кали зирак ва Буз.
Буз. Бобои Шрек Њенгилдев ба Рустами Дастон ќасам хўрдааст, ки авлодонаш ба одамизод бадї намекунад.
Кал. Барои хабари хуб ана ба ту як дарза алафи тар.
Буз. Ман боз як хабар дорам. Бойдухтар Фиона аз ту хафа, ин ботлоќ ба вай маъќул будааст.
Кал. Бой-бобо барои њамин ботлоќро хушк кардан мехоњад, ки ба вай љин таъсир накунад. Ту худаша дидї?
Буз. Ња, як аљинаи ѓафсак. «Аз афти кал безор» гуфт.
Кал. Њама духтарњо њамин хел мегўянд. Дар кўњ љўй меканам, оби ботлоќ поён рафта хушк мешавад, баъд тўй…
Буз. Барои як аљина њамин ќадар љон меканї?
Кал. Ба Фиона кор надорам. Оба тарафи дења мебарам, шолї мекорам, ба пулаш чанд зан мехарам.
Буз. Мукофоти ман чї мешавад?
Кал. Дар тўй оши явѓонї мехўрї. (Меравад).
Буз. Тўй кай? «Оши явѓонї» чист? (Меравад).
Намоиши 3.
Макони Шрек. Фиона, Шрек, Хар.
Хар. Дидед? Кори вай хабаркашї. Буза хўр, Шрек.
Фиона. Не. Њоло вай даркор. Як њила мекунем.
Кали зирак дар гўш сими телефон меояд.
Кал. Дигар наметарсам аз дев! Бо санг пеши оба бастам. Мисли Фарњод љўй канда, ботлоќа хушк мекунам.
Хар. Њой, Кали зирак, Шрека дур дидї?
Кал. Не. Дев. Ќасами Њенгилдева фаромўш кардї?
Шрек. Не-ю. Ту охир, бадї мекунї. Аз хушкондани ботлоќ њама нобуд мешаванд.
Кал. Љойи бузчаронї мешавад. Деву аљина чї лозим?
Фиона. Шрек ва дигар деву махлуќњо аз ту бењтар!
Кал. Шумо афсонаро дўст медоред?
Њама. Ња-а…
Кал. Ташкил мекунам. Ана, Аљуз-кампир савори љорўбаш меояд.
Овози «њишт-њушт».
Фиона. Њамин?
Кал. Гурез, ки мурдї.
Фиона ба њаво санге мепартояд. Нолиши кампир. Љорўбаш меафтад. Фиона онро мешиканад.
Чанд симои бади афсонавї меоянд. Фиона бо карате мезанад. Шрек ва Хар њам ёрї медињанд.
Кал (ба Фиона). Њой, аљина, ту аз куљо пайдо шудї? Ба замини бой-бобо чї кор дорї?
Хар. Э, афандї, ин духтари бой-бобо.
Кал. Њамин аљина? Гум шав, хари аблањ.
Буз. Бе-е-е, рост мегўяд.
Кал. Фиона, ин љонканї барои туро ба занї гирифтан.
Фиона. Дар хоб мебинї! Њама дунё аз Калњо нест.
Кал (бахуд). Ёфтам, бо шеър гап мезанам.
Эй софтар зи об,
Эй бонуи сароб!
Эй боли орзу,
Эй, њамчу офтоб,
Субњат ба хайр бод!
Субњат ба хайр бод!
Фиона. Ай доѓи дили ман,
Эй дарди сари ман.
Аз ишќи гарони ту
Сўхт болу пари ман.
Субњат љазир бод!
Субњат љазир бод!
Калак. И-и-ї.Њой духтар, хоњї- нахоњї, мегирам!
Фиона. Аќаллан кал намебудї.
Кал. Барои дору пул даркор. Домоди бой-бобо шавам, масъалаи мўй њаллу валл мешавад. (Меравад).
Буз. Кал ба ман оши явѓонї ваъда кард. Вай чист?
Хар. Мани алаф-хўр, оша чї донам? Аз Фиона пурс.
Фиона. Аз равѓани бузи сиёњи шохаш кал мешавад.
Буз. Эњња, калак мана хўрдан мехоњад?
Хар. Заб љўра ёфтї! Боз ту њар хабара ба вай мерасонї.
Буз. Не, бо Кал љўрагї тамом.Бо шумо дўстї мекунам.
Хар. Фаќат бузї накун.
Буз. Ба шумо як хабара нарасонам, мекафам: Калак куњро меканад, ки об поён рафта, ботлоќ хушк шавад.
Шрек. Наход? Чаро вай ботлоќа хушк карданї?
Хар. Гуфтам – ку, инља чарогоњ мешавад.
Фиона. Вале ягон њила кардан даркор.
Хар. Фикр кунед. Њила бе дурўѓ намешавад.
Фикр мекунанд, вале њамдигарро маъќул намекунанд.
Фиона. Як фикри зўр омаду, аз Буз метарсам. Њама гапи моро нарезонда ба Кали зирак мегўї?
Буз. Не, бас кардам, дигар бузї намекунам.
Фиона. Хуб. Бигзор, Кал дар кўњ бо љўйканї овора шавад. Ин шарти падарамрошоњ Хусрав иљро кард.Калакбехабар, имшаб обро сар медињанд.
Буз (ба як тараф). Уф… хабаркашї кори баду нагўям, мекафам. Хайр, як бораки дигар бузї кунам.
Шрек. Канали кофтаи шоњ Хусрав куљост?
Фиона. Шаб, дар рўшноии моњ об акси шуоъ медињад.
Буз. Хайр, як бораки дигар хабар мекашам, баъд тамоми тамоми тамом. (Оњиста меравад).
Хар. Њой буз, куљо гум шудї.
Фиона. Ман дар гўши вай чип мондам. Њозир мебинем.
Шрек. Маълум: њоана, дар таги теппа.
Хар. Вале бояд Кал ба будани љўй бовар кунад.
Фиона. Тарњи роњро ман мекашам.
Шрек. Њамвор кардани роњ аз ман. Хошок лозим.
Хар. Ёфтани хошок кори ман.
Фиона. Ва Кал дилхунук шуда меравад.
Шрек. Баъд чї? Падарат ботлоќро хушк намекунад?
Фиона. Ба падарам пул даркор. Ин љоро ба макони сайёњї табдил дињем, пул меорад. Номаш «Дар мењмонии Шрек ва Фиона». Худат мењмонњоро пешвоз мегирї.
Шрек. Каллаи ту зўр будааст. Хайрият туро нахўрдам.
Хар. Рафтем ба љойи коњ. (Мераванд).
Намоиши 4.
Кал ва Буз. Давоми суњбаташон.
Кал. Љўй наменамояд-ку?
Буз. Шаб мебинї - дар рўшноии моњ об шуоъ медињад.
Кал. И-и-и, дигар ба кор хушам нест!
Буз. Ана, мањтоб баромад. Ана љўй, равшан менамояд.
Кал. Уф. Намехом чашмом дунёро бубинад, љўйи раќибро бинад. Дигар кўњ намеканам! Лекин ман оби љўйро бастам. Дигар дар ин љо њатто алаф намерўяд. (Меравад).
Буз. Пас, ман чї мехўрам?! Бе-е-е… Ман чї кор кунам? Бењтараш, пеши хар меравам.
Намоиши 5.
Манзили Шрек. Њама љамъ. Буз њам меояд.
Шрек. Рањмат. Бузи наѓз шудї. Ягон хабар накашидї?
Буз. Не-ю... Ин хабарро нагўям, мекафам: Калак бо ёрии Хар ба љўй ду санг монд. Дигар оби љўй намеояд.
Шрек. Эхња, санга ту мондї, харча?
Хар. Ња-ю. Чї донам? Калак зада-зада маљбур кард.
Шрек. Гунањгор инљаю мо гирди љањон Кала мековем.
Хар. Калак бало, бо шумо забон меёбаду боз ман ањмаќ мешавам.
Шрек. Дар њаќиќат шир-шири об кам шудааст.
Фиона. Бояд санги калонро аз сари љўйи об дур созем.
Хар. Як санг аз зер, якта аз боло. Якташа ба рост якташа ба чап кашидан даркор Ин санг миёнама шикаст.
Шрек. Санги болоро ман мебардорам, поёнаша ту каш.
Хар. Уф. Дидед, бе ман коратон буд намешавад.
Фиона. Рафтем.
Њамакаса зўр мезананд. Садои шир-шири оби равон.
Њама. Офарин! Об омад!
Паспардаи дигар мефарояд. Њама гулзор.
Фиона. Имрўз ид дорем. Маркази сайру саёњати бачањо кушода шуд. Марњамат, ба хонаи «Шрек ва Фиона»!
Хар ва Буз. Хуш омадед.
Шрек. Мо њамеша дар хизмати шумо, бачањо.
Њама раќсу шодї мекунанд.
Свидетельство о публикации №226011901127