Джума Куддус Стоп террор! Драма на тадж

Љумъа ЌУДДУС

STOP ТЕРРОР!

драмаи психологї – публитсистї

моњи июни соли 2024 дар театри
мазњакаи мусиќии ба номи
Камоли Хуљандии шањри Хуљанд
тањия шудааст.
Душанбе - 2024

Иштироккунандагон:

1. Ашрафи Мирхон
2. Мирхон (падар)
3. Румайсо
4. Дилшод
5. Санамбї
6.    Њазрат 
7. Абдулсамит
8. Поргї

Овози форами Зани ношинос аз телефон.

Дар сањнањои умумї сокинони дења, шањр, кормандони милитсия

Ёддошт:
Саъй кардем, тавассути адабиёти илмии мављуда оид ба роњњои гаравидани љавонон ба гуруњњои террористї ибрози назар созем.
Нозукии баррасии мавзуъ дар он, ки љараёни одамљалбкунии мубаллиѓонро бо эњтиёт, бо назари интиќод  кушодан лозим, ки боиси ташвиќи терроризм нашавад; омилњои гаравидани љавонон ба терроризм амиќ ошкор карда шавад, муаммоњои оилаву оиладорї ва муносибати ањли љомеа рў мезананд. Онњоро андак зикр кардан барои пешгирии ин љараёни баѓоят фољиаангез, њушдор додан ба нињодњои оила ва љомеа мусоидат мекунад.
Парвандаи љиноятњои ошкоршуда нишон медињад, ки онњо ба олами дурўѓини аз љониби мубаллиѓон тасаввуршаванда меафтанд, ки дар он њама ќойидањо бо фиреби назар сохта шудаанд. Аммо ин њолат гуноњи љинояткорро кам намекунад. Њар инсон бо иродаи худ амал мекунад ва љавобгарї бар дўши ўст. Бинобар ин, тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд, террорист, дин, мазњаб, ватан надорад…
Аз имконоти техникї – Интернет, шабакањои иљтимоии Телеграмм, видеонаворњо ва ѓайра истифода бурдан намоишро муосир ва хушнамуд месозад.

ПРОЛОГ

Сероња дар марѓзори дараи кўњї. Тамоми амалиёт ва ороишоти сањна ба љараёни андешањои Ашраф ва ду нафари фиребхўрда вобастаанд. Бинобар ин, манзарањои хоси дења дар кубик акс ёфта, гўё дар фосила тасвир мешаванд. Кубикњо ваќти зарурї тоб хўрда, њамон манзараро дар сурати тира, каљ, вожгун нишон медињанд.  Бо имконоти техникї, одамон њам гоњо дар вазъияти ноќулай - сар поёну пой боло, пой бе муттако - дар њаво, гардан дар банди дор, зери санги осиё… чун лўхтак њарф мезананд. 
Набзи дил. Ашрафи ѓамзада меояд.
Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз радио:
«Терроризм ва экстремизм яке аз проблемањои асосии имрўза буда, махсусан ;авононро ба ;араёнњои террористї сафарбар менамоянд. Созмон;ои террорист; бо истифода аз технология;ои муосири иттилоот; дар мафкураи ;авонони камта;рибаву ноого; ;оя;ои тундгароиро ;ой карда, он;оро ба ;атлу куштор, бар;ам задани суботу ором; дар мамлакат;ои гуногун ташви; менамоянд. Дар чанд соли охир бисту чор нафар љавонмарди тољик худкуш шудаанд…
Давлату Њукумат љињати муътадил нигоњ доштани вазъи динї дар мамлакат таассубу хурофот, тафриќаандозї, бегонапарастиву зиёдаравї ифротгарої ва амалњои террористии хусусияти динидошта ва омили ташвишовар ва нигаронии љиддї табдил ёфта истодааст… Солњои охир аз љониби баъзе шањрвандони Тољикистон дар њудуди дигар кишварњои љањон амалњои мудњиши террористї содир шуда, ин кирдори ѓайриинсонии онњо ба обрўйи давлати Тољикистон ва миллати тољик дар арсаи љањонї иснод оварда истодааст.
Вазъи мураккабу ташвишовари минтаќа ва љањон аз љумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтаќсимкунии дунё, яроќнокшавии бошитоб, «љанги сард», тањдиду хатарњои муосир – терроризму экстремизм, ќочоќи силоњ, љиноятњои киберї ва дигар љиноятњои муташаккили фаромиллї моро даъват месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирњои иловагї андешем… Фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ѓамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соњибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоќи њамидаи инсонї дошта бошанд…».

Намоиши 1.
Пеши назари Ашраф сањнаи љанљол бо занаш меояд.

Ашраф. Ман чї гуноњ дорам, ки падарат маро дар комиссия пешпо зад? Ман бояд дар кўњистон азоб кашида кор кунаму каси дар умраш гову гўсфанд, љаву гандум надида, аз фурўши он доро шавад?... Дипломам хуб, падарат нахост, аз мани ќишлоќї њазар мекунад. Пас, духтари вай ба ман чї даркор?.. Ман Бефањм!? Ман даѓал?! … Мана ба ту даѓалї! Меравї? - Чор тарафат ќибла! (Ёдоварї ќатъ мегардад).
Чї рўзи нањс! Вазифа нашуд, зан рафт, оштї шудан дигар маъно надорад! На ба гапи падарам гўш мекунам, на ба хусурам. Меравам! (Меравад).

Намоиши 2.

Овози ѓиљирросзанон кушода шудани дарвозаи вазнини оњанї.
Ба сероња Њазрати табъаш шод ва Поргї бо дили пурѓам меоянд.

Њазрат. Шукри Худованди азза ва љалла, ба озодї баромадем. Чаро хомўшї? 
Поргї. Эњ, Њазрати эшон. Намедонам чї кор кунам.
Њазрат. Оббо, Порги-бой, њамин ќадар маъвиза ба ту асар накард?
Поргї. Гумон доштам, ки аз мањбас бароям, мушкилї тамом мешавад. Аммо чї гўям? Ман ба кї даркор? Куљо модар, куљо хоњар? Њама аз ман безор…
Њазрат. Ту аз љавонї як гуноњ кардї. Њоло мебинї, ки мењри њама сохта аст. Њама, њатто модари туро таваллуд карда њам аз ту рўй мегардонад, аммо Офаридгор не. Худованд бахшоянда ва мењрубон аст. Маѓфират мекунад.
Поргї. Эњ, кош… Аммо њоло чї кор кунам? Куљо равам?
Њазрат. Худованд туро санљид, ба ту сабаќи талх дод. Барои модар, хоњару додар, зани ояндаат ту як гови љўшої, як ѓуломи пулбиёр њастї. Аммо ту барои кори бузурги Худо интихоб шудї. Ин дунё барои ту дўзах аст, он дунё бињишт мешавад.
Поргї. Њазрат, имшаб хоб дидам, ки ба як роњи дур равонаам, охираш равшан аст… Таъбири ин чї бошад?
Њазрат. Роњи дур ва охираш равшан – роњи Њаќ аст. Ба ин сероња нигар. Ин роњи тобони осонгузар аст, вале роњи ѓуломї, тарси доимї аз њар баду бало, ки бар сари ту меборад. Роњи рост пур аз санг аст, љўю љар аст, вале роњи наљот аст, бо нури илоњї мепайвандад. Дар хобат рањи дур сафар аст - ба Русия. Бародарони мо ёрї медињанд, ту барои худ зиндагии шоиста мекунї.
Поргї. Гапатон маъќул, њазрат. Вале… мисли афсона менамояд.
Њазрат. Афсона дар пеш. Афсўс, умр мегузарад, аммо ту ;аётаннабї ;е; коре накардї, ки сазовори ту – баргузидаи роњи њаќ бошад. Ваќте ба хонаат мерасї, дурустии суханњои маро мефањмї.
Поргї. Пешакї њамааш маълум. Як поргиям, аз матои ѓам…
(Мераванд). 

Намоиши 3.
Сероња. Ашраф меояд.

Ашраф. Ѓами Нисоро аз дилам баровардам. Зуд зани дигар мегирам, ки вая фаромўш кунам… Ана, бахт бо пойи худаш меояд...  Румайсо – духтари дењќон, чукрии тагисангї, донояк. Љон-љон гуфта, ба ман арўс мешавад.
Румайсо дар даст чанд китоб меояд.
Ашраф. Салом, парии љазира.
Румайсо. Салом, шоњбачаи љазира.
Ашраф. Шўхї мекунию таги дилат зиќ. Дилам ба ту месўзад.
Румайсо. Дардро танњо кашидан аз уќоб омўхтам,
                Зиндагї дар рўи дарё аз њубоб омўхтам.
Ашраф. Зиќ нашав, аз ин пас ман ѓамхори ту мешавам.
Румайсо. А, бача, мастї? Ба занат ѓамхорї накардї, ки наравад?
Ашраф. Ту аз куљо фањмидї?
Румайсо. Кўњ шамол дорад. Нисо – дугонаам, духтари хуб аст.
Ашраф. Лекин зиќоќ. Биё, розї шав, туро хушбахти дунё мекунам...
Румайсо. Эњња, дар дањани куњна гапи нав...
Ашраф. Румайсо, медонї, ки аз синфи дањум туро дўст медорам...
Румайсо. А, бача, то гирифтани Нисо дар куљо будї?
Ашраф. Хатои љавонї. Ту њам он ваќт хурд будї.
Румайсо. Њоло њам хурд. Заната гардонда биёру ин гапњоро мон. 
Ашраф. Мегўянд, ки ба Дилшод ошиќ шудаї? Дигар одам наёфтї?
Румайсо (бо њазл). Аз вай бењтараш нест: пањлавон, софдил. 
Ашраф. Як говбон-да. Фаќат аз пайи мол.
Румайсо. Њама дорої, дипломи ту њам аз њисоби говњо. Падарат њатто дар шаби хобаш говро мебинад. Худашон доим мегўянд.
Ашраф. Хайр, Румайсо, таклифи ман љиддї. Рўзи шанбе тўй…
Румайсо. Ман ба имтињони университет тайёрї мебинам.
Ашраф. Худам туро ба институт дохил мекунам.
Румайсо. Лозим не. Имтињонро дар маркази тестии ноњия месупорем.   
Ашраф. Хонда чї мешавї? Дар сукути кўњистон – муаллим.
Румайсо. Баъди хатми Академияи идораи давлатї дар мартаба баробар мешавем, њамроњ зањмат кашида, мењанро обод мекунем. 
Ашраф. Хайр, бодича. Ман дар барат меистам.
Румайсо. Гапи мард якто. Баъди шаш сол. 
Ашраф. Вале ишќи маро надонї, ѓалат мекунї…
Румайсо. Мо китоби куњнае њастем сар то по ;алат,
           Хонданињоро саросар хондаем, аммо ;алат.
           Бехабар будам, даре;о, аз усули дини ишќ,
           Хат ;алат, иншо ;алат, дониш ;алат, таќво ;алат.  (Меравад).
Ашраф. Ё тавба. Як саѓираи почаканда њам ишќи маро рад кард!

Намоиши 4.
Њамон љо. Телефони Ашраф фаъол мешавад, овози зане садо медињад, бо талаффузи хоси аврупоињо ба форсї њарф мезанад.

Овоз. Ашраф Мирхонов њастї? 
Ашраф. Ња. Шумо холаи Нисо? Ќањр карда рафт – паяш канда…
Овоз. Ба ман худат лозим.
Ашраф. Шумо кистед?
Овоз. Роњнами мулки нур. Ба ростї њидоят мекунам! Ба ту дилам месўзад. Ту илм дорию вазифа надоданд; байни говњои фермаи падар мондї. Зани љавони калонзодаат туро писанд накард, як духтари одї ишќи туро рад кард!? Вале бидон: «Ишќ рад гашт - руњ озод шуд». Ин аст шиори шайх Њасани Саббоњ.
Ашраф. Шумо дар куљоед?
Овоз. Ин муњим нест. Ту бо чашми дил бубин, бо гўши дил шунав; мору каждумро дар сурати одам бин. Дилозорї ќатли рўњ аст, вале руњ озод мешавад аз тарс. Аз бањри њама гузару назди мо биё.
Ашраф. Падару модарро партофта рафта наметавонам.
Овоз. Ту на аввалинї, на охирин. Гўсола ба умеди пистони гов аст, ту ба умеди кисаи падар. Озод бияндеш, бардурўѓ волидонро ситоиш накун. Ин дунёи љоњилия, дер ё зуд аз њама људо мешавї. Дил кандан аз дунёи фонї, аз сарвати бо хуни дигарон омада мушкил аст, аммо вобаста ба амалњоят дар зиндагї ё дар оташи дўзах месўзї, ё сазовори бињишт гашта, бо 72 њури бињиштї роњат мекунї. Ишкелњоро шикан ва роњи бињиштро дарёб! Туро мукофот, сарват, паризодњо интизоранд.
Ашраф. Ин чї роњ аст? - Террор аст?
Овоз. Касе моли дигаронро азхуд мекунад, террорист нест? Касе, ки бо сухан зањр мезанад, террорист нест? Каси дар умраш зироатро накиштаву аз фурўши он доро шуда террорист нест? Зане ки аз ѓурур бо пушту паноњи падари мансабдори сарватмандаш дили туро шикаст, террорист нест? Бо хирад дарёб фонї будани њаётро. Бо хирад дарёб бињиштро!
Ашраф. Дар њайратам.
Бо њайрат ба атроф менигарад.
Кубикњо дар назараш тоб хўрда, сурати зиштиро ифода мекунад.

Санамбї. Барои як аљина чил дара гаштем! Чил бозора гаштем, ки ба сари мо зўр шавї! – Не, ба мо хизмат кунї! Эњња… Чї кор кардї?! Дар ин хона чї кор њаст? – Хўру ѓел! Зиќида-зиќида, бачама мардикорї фиристодї, ки туро сер кунад… Бачама чунон ба ман хунук кардї, ки барои дорупулї як тин намедињад. Ќасам нахўр, ки њељ чиз нагирифтаї! Ту мегирию аз ман пинњон мекунї! Пас, куљо мешавад пулњои вай? Зани дигар гирифтагї? Дурўѓ нагў! Барои дурўѓњоят баракат надорї!.. Рост, зани дигар гирифтааст? Њамааш айби ту. Забонат зањр. Дили як мардака наёфтї! Хонаша алов мезанї?! Ихтиёрат. Рафтан гир. Ман дар Россия хар гум кардам!? Дар Россия пула корида мондаанд!? Ихтиёрат. Равї рафтан гир. Чор тарафат ќибла! Чор хари њангии худам бас. Ду сагбачаи ту намерасид. Зоидї, худатон калон кунеед! Њамроњат бар!  Тобу тоќати наберабонї надорам! (Ѓур-ѓуркунон меравад).

Мирхон  аз њавлї баромада бо телефон дар тамос мешавад.
Мирхон. Ассаломалайкум, раис… Ба умеди шумо… Ду мошин… Ташаккур… (Ба як тараф). Э, нозат аз сарат монад! (Бо каси дигар дар тамос мешавад). Раиси калон, як њафта барќ дихед, њар рўз дар айлоќ шуморо бедона-кабоб интизор… «Кабки зинда» њам... Падаратон тилло буданд… Шумо? - Бриллиант. Рањмат... (Телефонро хомўш карда). Э, дар падарат ... Худат шуллуки хунмак, падарат офимор… (Ба каси дигар). Ња, хонаат пури љав. Милисаи ќишлоќ, бо хар гову хар сарбасар... Дар дењи Булбул се тўй, ду мотам. Хонаи кампири Санамбї рав. Ман њам меоям... (Телефонро хомўш карда). Ба љанги келини Санамбї њам ман ќозї!? Раисии љамоата партоям? – Не, ферма касод мешавад. (Касеро аз дур дида, телефонашро фаъол мекунад). Њой, нархар! Дилшод! Гова назан! (Занги телефон; онро фаъол карда). Таёќат ходаи ќабрат шавад!.. Э, не раисљон... Ин ба каси дигар. Њаќи канал? – Њозир Ашраф рафта мекунад њал. (Телефонро хомўш мекунад). Ашраф њам ѓанимат. Кори наваш чї шуда бошад? (Телефонро фаъол мекунад). Ассаломалейкум, раис. Саломатї чї хел? О, њавои дења - дору, оби чашма - дору, домани куњ - санатория… Ња, коратон бисёр, писари ман њам дар паноњи шумо… Лаббай? Нашуд? – Се нафар аз ин мансаб ба турма рафт? Э, не-е… Худо нигањ дорад… Хуб… Ба шумо маълум… падарї кунед... Рўзи бозор биёед … (Телефонро хомўш карда). Бало занад, вазифа ба њама мешавад, барои бачаи дењќон не. Худам ба Ашраф мефањмонам...  (Меравад).

Идомаи оѓози сањна. Ашраф дар андеша, телефон дар даст. Набзи дил.

Овоз. Хўш, дунёи наздиконатро чї гуна мебинї?
Ашраф. Як олами сохтаю бофта, пур аз дурўѓ.
Овоз. Туро њељ кас ќадр намекунад. Њатто як духтари оддї њам.
Ашраф (бо тааљљуб). Ња... Инро њам фањмидед? Чї хел?
Овоз. Ќадри туро мо медонем: як њури бињиштї интизорат њаст.
Ашраф. Аљиб... Дар бињишт?
Овоз. Дар рўи замин. Фаќат як сухани ту кофист: ња, ё на…
Ашраф. Њм... Намедонам.
Овоз. Дилат мисли гул нозук аст, вале хор шудї. Падарат барои чорта гов ба сад кас хушомад мезанад, онњо ба падарат дўстанд? Мирхон барои як пул фоида ба зердастонаш љабр мекунад, хизматгузорон ба падарат дўстанд? Ягон гап шавад, саломашро алейк мегиранд?
Ашраф. Њм...
Овоз. Умрата барои говњо сарф мекунї. Њамин њам зиндагї шуд? Марди худо, бо кори бузург машѓул шав, бо кори бузург ном барор.
Ашраф. Марди худо… бояд чї кор кунад?
Овоз. Хўру ѓел. Дигар чї мемонад?
Ашраф. Агар љиддитар шавем…
Суроѓаи як маѓозаро менависам, 20 акомулятор мехарї. Аз нархаш зиёд ба коргоњи нав месупорї. Давомашро баъд мегўям. Гуфтугў тамом.
Хомўшї. Набзи дил.
Мирхон меояд.
Мирхон. Офарин, шери додош, њама кор буд шуд?
Ашраф. Њама буд шуд, њама ба маќсад расид. Ѓайри ман.
Мирхон. Боз чї шуд? Келин наменамояд.
Ашраф. Рафт. Тамоман рафт. Ба дилам зад. Ѓурураш намефорад.
Мирхон. Ту ба њамин ѓурураш ошиќ будї. Набошад, ќишлоќ пури духтар.
Ашраф. Хайр, акнун аз ќишлоќ мегирам.
Мирхон. Шайтона пеш кун. Падарарўсат дўсти ќадрдон, хафа мешавад.
Ашраф. Дўсти ќадрдонатон дина дар озмун зидди ман овоз дод.
Мирхон. Калонов ба овоздињї ба домодаш њаќ надошт. Ба ман фањмонд, ки туро кадоме бероња карда ба дигар вазифа дархост додааст.
Ашраф. Чї фарќ дорад?
Мирхон. Аз он вазифа ду кас ба мањбас рафт. Ў нахост, ки ту сеюм шавї.
Ашраф. Мехоњад, ки мо доро нашавему як умр ба вай хушомад занем.
Мирхон. Гапи бемаънї. Бо келин оштї шаву...
Ашраф. Не. Бе падари вай њам вазифа меёбам. Аз дења меравам.
Мирхон. Барои пули њароми ришва? Ман ба рафтанат дуо намедињам.
Ашраф. Умре ѓулом бошам? Барои чор гов ба чанд хар хушомад занам? Не!
Мирхон. Ба ту чї шуд? Туро кадом пашша газид?
Ашраф. Мана ѓулом кардед, писари маро њам ѓулом мекунед.
Мирхон. Астаѓфируллоњ, коргарњои маошхўр дорам. Фаќат ташкили савдо ба уњдаи ту – ба касбу дипломат мувофиќ. Нисфи даромад аз ту.
Ашраф. Барои ду танга дар ќишлоќ пўсида шинам? Мехоњам љањона бинам.
Мирхон. Ба ин кї халал мерасонад?
Ашраф. Шумо ва њамон келини ёфтаатон.
Мирхон. Хайр, ихтиёрат. Куљое дилат хоњад, рафта кор кардан гир.
Ашраф. Фањмо, писари кенља, аз зани дуюматон калон шуда истодааст. Ман даркор намешавам.
Мирхон. Ё товба... Чї љини каљалак туро зад?  Ансор њоло хурд. Вай њам аз ферма ќимоб. Фаќат аз баландии ферма ба кўњу дара назар карда расм мекашад. Њама умедам ба ту. Фаќат гуфтам, ки дар ферма кор кардану дар дења истодан нахоњї, туро маљбур намекунам. Ягон кори ба худат мувофиќ ёв, тавонам, боз ёрдам мекунам. Вале кори њисобу савдои ферма бар зимаи ту мемонад, маошата мегирї. Бо чўт њисоб мекунам, вале бе компютер намешавад. Илми ман инро намефањмад.
Ашраф. Хайр, майлаш.
Мирхон. Бо келин оштї шав, худам се зан гирифтам, азобашро медонам. Хатои маро такрор накун. (Меравад).
Ашраф (танњо). Фањмо...
Овоз. Ашраф, ту марди соњибирода њастї. Алайњи ѓазаб бархез, ѓазавот бикун.
Ашраф. Чї кор кунам?
Овоз. Корњои хурди оддї. Супоришро дар мессенљи «Дўст» ирсол мекунад.
Садои махсуси омадани СМС - паёмак аз телефон.
Ашраф (онро мехонад; сипас). Хуб. Ман ба кори бузург омодаам. Ман озодам, бо дилам кор мекунам. Ѓами Нисоро аз дилам баровардам. Хуб. Ман ба кори бузург омодаам. Ман озодам, бо дилам кор мекунам.

Намоиши 5.
Њамон љо. Ашраф ва Дилшод.

Дилшод. Дуруд ба љавони хушбурут!
Ашраф. Оњ, Дилшод, боз метавонї шўхї њам кунї?
Дилшод. Ба ман чо кардаст? Очам зинда. Болинам замин, ёрам нозанин.
Ашраф. Кадом ёрат?
Дилшод. Гули шукуфон, булбули куњистон – Румайсои љон.
Ашраф. Сусту фулуст нашав, мисли фохтак «фиррї» парида меравад.
Дилшод. Фиррї карда ба њотаи мо меравад.
Ашраф. Кош бахти ту дар ман мебуд.
Дилшод. Дар як киса «доллар», дар дигараш «евро». Боз чї лозим?
Ашраф. Сари бељанљол.
Дилшод.  Сари бељанљол фаќат дар гўр мешавад.
Ашоаф. Мирхон туро кор фармуда дашном медињад, вале ту хомўшї?
Дилшод. Кори чї? – говњо худашон алаф ёфта мехўранд, кори ман -  дар хавои тоза найнавозию машќи гўштин. Падарат боз ба ман пул медињад.
Ашраф. Њаќорат чї?
Дилшод. Барои камбаѓали ќарздор њаќорат њам мукофот.
Ашраф. Бепул афсона месозад, гурга ака мехонад, шаѓола додар?
Дилшод. Вай барои гўручўби падарам пул дод. Бояд баргардонам.
Ашраф. Одинаю Арбоб Камолем гўй? Мардикорї њам меравї…
Дилшод. Не, очам бемор. Баъд… Румайсо аз даст меравад.
Ашраф. Ту дар кори ферма на пули тўёна меёбї, на пули ќарзата.
Дилшод. Хайр, аз дастам чї меояд?
Ашраф. Ба ширкати ман як ёрдамчї даркор. Маоши наѓз мегирї.
Дилшод. Чї кор? Аз уњдааш мебароям?
Ашраф. Хўру ѓел. Бо мошини ман бор мекашї, мењмонро ба сайри кўњ мебарї, хоч мечинї, гул мечинї, шашлик мепазї.
Дилшод. Гап нест, вале раис-бобо розї мешаванд?
Ашраф. Падар нафањмад. Подабонита давом дењу гоњ-гоњ ба ман ёрї расон.
Дилшод. Маъќул. Чака парто. (Даст мефишоранд). Кор аз кай?
Ашраф. Њозир. (Суроѓаро менависад). Дар бозор ба ин дўкон даро, 20 аккомулятор маслињат шудагї. Биёр. Ин пули бор, инаш њаќќи ту.
Дилшод. Як сол њамкорї кунем, пули љињози арўс љамъ мешавад.
Ашраф. Оши тўйи коргарам дар гардани ман.
Дилшод. Њазор рањмат.
Садои мошини босуръат њаракаткунанда.
Ашраф. Ин мошини кї бошад? Башаст меравад
Дилшод. Ягон буќќа. Ба њамин шаст равад, рост ба љарї меафтад. 
Ашраф. Ба вай ишора кардан лозим. Ист!
Дилшод. Исто! Исто! (Давида меравад).
Овози Абдулсамит. Гум шав аз роњам!
Овози Дилшод. Он рараф љарї…
Садои тормози мошин.
Абдулсамит – љавони ќавибозу ва Дилшод меоянд.
Дилшод. Ман ба ту некї мехоњам.
Абдулсамит. Касе пеши мана гирифт, пеши ўро худо мегирад.
Ашраф. Мистер, ин бечора рост мегўяд, он тараф љарї.
Абдулсамит. Асбобњои мошин њама љоро нишон медињад. Девона нестам, ки миллионњоро монда худро ба љар партоям. 
Ашраф. Миллионњо насибат кунад. Дар љойи мо чї гум кардї?
Абдулсамит. Ай мусулмон, шарм дор, мулки худоро аз худ накун.
Ашраф. Ин дара як љузъи ватан аст ва мо инро иљора гирифтаем.
Абдулсамит. Бо бањонаи приватизатсия инњоро бепул ѓасб кардед. Шефи мо ќонунї мекунад. Ин љо ба мо маъќул. Об мебарорем, барои хориљињо њотел, шикоргоњ – сафарї, он рараф њавзи моњии тилло месозем. Миллионер мешавем.
Дилшод. Эњња, мо зиндаю дар боѓи мо шаѓол мегардад?
Абдулсамит. Фермаро тамоман мебардорем. Экологияро вайрон мекунад.
Дилшод. Эњња… Хестї, ки хобї.
Ашраф. Мумкин шинос шавем? Худат кистї?
Абдулсамит. Ман? И-е… Ту њамон Ашрафи Мирхони мо нестї, ё!?
Ашраф. Эњње, ту Абдусамит-ку.
Абдулсамит. Њамонам, ки доим ба ман «хондан даркор» мегуфтї. Аз курси дуюм илмро ба ту партофта рафтам. (Оѓўш мекушояд). Ту инља чї кор мекунї?
Дилшод. Падараш соњиби ин макон аст…
Абдулсамит. Њамту? Ин хел бошад, ба хотири њамдарсам аз даъво гаштам.
Дилшод. Рањмат.
Абдулсамит. Эњ, ту бо њамон илму дониш дар ин теппањои ќоќ мегардї?
Ашраф. Ин муваќќатї. Ту чї њол дорї?
Абдулсамит. Корам хориља ба хориља гаштан. Илми дигарро хондам. Бор мебарам, пул меорам, пул мебарам, бор меорам. Доллар аз њаво меборад.
Дилшод. Ман дар таги тути бе дона чой мемонам. (Меравад). 
Ашраф. Хуб.   
Абдулсамит. Ту чї, аз њисоби порую пахол дирам љамъ мекунї? Њайфи илму донишат. Ман мисли ту забондон мебудам кайњо дар он љо миллионер мешудам. 
Ашраф. Ферма аз они падарам. Ман ба кори дигар мегузарам.
Абдулсамит. Бечора аълочињо: њама корњои вазнин, дилдардњо, сардардњо аз шумо. Барои чор танга. Мани «се-хонак» дар як њафта маоши дусолаи туро меёбам.
Ашраф. Дилёб будї, бо одамони кордон шинос шудї.
Абдулсамит. Ња, дар Россия боркашї мекардам. Як бой-бобои шинос ним мошин бору дувуним миллион пулаша дод, ки ба хонааш барам. Дар роњ авбошон  њуљум карда, кўфтанд, кисањома “афшонданд”, вале ба бору пули ў нигоњ накарданд. Ваќте молу пула ба соњибаш додам, бо њайрат гуфт: “Инро њам ба сари дуздњо мезадї, бовар мекардам». Гуфтам, ки тољикам, ба амонат хиёнат карда наметавонам. … Шод гашту ба як дўсташ – сардори ширкати калон барои кор тавсия дод. Вай барои њалолкориам њурмат мекунад. Ту, биё, аз ин дараи танг баро, бо љамъияти бойбачањои мо њамроњ шав. 
Ашраф. Ба ин дара, чашма, сояи тути бе дона одат кардем.
Абдулсамит. Як љарию чанд чорпо будааст. Бехабар намон: ин љо њам соњиби нав меёбад, мо накунем, дигар кас хостел месозад, ба љойи бузу гов занњои нимурёни хориљї меорад. Бо мо биё, зуд бой мешавї.
Ашраф. Шояд. Њоло ки њаст, биё, ба як пиёла чой, дар таги тути бе дона.
Абдулсамит. Ман чоя бас кардагї. Пагоњ ба Хитой мепарем. Э, биё, њамроњ шав. Тарљумони мо мешавї. Барои ман тахт кардани њуљљатњо «ду кара ду».
Ашраф. Пагоњтар куљо будї? Як фикр кунем… 
Абдулсамит. Ин визиткаи ман. Телефоната те, аз он љо занг мезанам. Ман туро ба олами роњат даъват мекунам. Дунёро мебинї.
Ашраф. Ташаккур. Як пиёла чой нанўшида…
Абдулсамит. Чоя дар Шанхай мехўрем. 
Ашраф. Хуб. (Мераванд). 

Намоиши 6.
Як гўшаи дара. Абдусамит танњо. Телефонашро фаъол мекунад.

Абдулсамит. Салом, шеф. Њама гул… Дар се љойи дара камера гузоштам. Ба Ашраф гапама гуфтам. Маъќул шуд… Њоло дар фикр аст. «Мењмонро гирам»? … Онњоро аз дур мебинам. Њозир наздашон меравам.

Њазрат, Поргї меоянд. Абдулсамит меояд.

Абдулсамит. Салом, Њазрат. Як хизмат кунем? Мошин тайёр.
Њазрат. Салом. Дер кардї. 
Абдулсамит. Узри бисёр. Маслињат њамин хел шуд.
Њазрат. Фањмо. Ин кас додари мо. Ўро ба дењааш мебарї.
Абдулсамит. Хуб. Ин телефон аз шумо. Раќамњои раис якумаш. Гап занед.
Њазрат. Ба додар мењрубон бошед, дар мошин дам гиред, обмева дињед,
Абдулсамит. Хуб, Њазрат. Биё, бародар, исмат чист?
Поргї. Ман Поргї – и сиёњ дар матои сафед. Хато ба ин дунё омадаам.
Абдулсамит. Њамаи мо поргї. Њамааш хуб мешавад. Биё. (Мераванд).
Њазрат. Ассалому алайкум ва баракотуњу. Шукр... Фармон иљро шуд. Вай ба њама кор тайёр. Албатта бо таъсири маъвизањои мо. Бо он ду нафар боз кор кардан даркор. Яктааш ба умеди кору дипломаш, дуюмаш ба хешонаш. Чї ќадар бесаводу бадбахт бошад, – ба мо мувофиќ аст. Поргї баъди ягон моњ равад?..  Хуб, баъди се рўз. Коре мекунем, ки дар дења рўзи хуш набинад. Фаќат илтимос, барои љалб кардани як аблањ ќариб як сол дар мањбас нишастам… Мукофот чист? Бахайр аст.
Поргї ва Абдулсамит меоянд.
Поргї. Бародар мегўяд дар Маскав хона, зани љавон, мошин интизор аст?
Њазрат. Ња. Се рўз назди модарат шин, баъд гўй, ки мардикорї меравї.
Поргї. Хуб.
Абдулсамит. Њозир ба ошхонаи 1ба 1 меравем. Дами беѓам занед.
Њазрат. Хуб.
Абдулсамит (гўшакї карда). Њазрат, ман Ашрафи бойбачаро санљидам: ба дом афтидааст, лекин то охир не. Дипломдор ба мо дўст намешавад. Фаќат мехоњад ба хусураш фањмонад, ки бе ў њам кор ёфта метавонад.
Њазрат. Дар атрофаш кам чарх зан, ки диќќата ба худат љалб накунї.  Аз дур, бо телефонњои хархела гап зан. Худам месанљам.
Абдулсамит. Хуб. (Мераванд).

Намоиши 7.
Майдонча. Телефони Мирхон фаъол мешавад.

Мирхон. Бале… Дар дењаи ман террорист ба дунё намеояд. Инља бињишт. Бињишти наќда монда куљо меравад? Њељ чиз гуфта наметавонам. Чанд кас дард дорад, вале пурсабранд. Шумо аз кї гумонбар? Э, вай Дилшод як бачаи беозор, дилаш соф... Худам бо вай суњбат мекунам. (Меравад).

Дар гўшаи дигар Ашраф танњо. (Занги телефон).
Ашраф. Ёрдамчиам бо мошини ман рафт. Борро ба вай дињед. 
Овози Мирхон. Ашраф! Ашраф! Куљої?
Ашраф. Бубахшед, падарам даъват мекунанд.
Овоз. Авлод ба авлод падар мепарастем. Ин аст ишкели рушд. Буддо писар медошт, мисли ў аз њавасњои дунё дил меканд, Исои Масењ писар медошт, мисли ў худфидо мебуд. Бубин, ту бо як љањон илму дониш ѓулом шудї! Падарат метавонист дар пойтахт вазифаи хуб ёфта дињад, аммо пойи туро бо занљири љањл баст, ки бепул хизмат кунї. Хусурат њам ёрї надод. Фардо ту ин занљирро ба пойи фарзандат мебандї, ки аз ин говхона дур наравад. Моем, ки њама ишкелњоро мешиканем! Волидонро ба худо супор ва ин занљир бишкан! 
Ашраф. Дар назарам њама фанд аст: Њама чиз дар назарам зишт менамояд.
Дар назараш кубикњо тоб хўрда сурати зишт мегиранд.
Овоз. Бидон, љањондорон бо шиорњои озодї, демократия, адолати иљтимої, инќилоби гулњо, дунёро вайрон карданд.
Ашраф. Рост. Њама дунё сохтакорист, вайрона.
Яке молу яке давлат бихоњад,
Яке шўњрат, яке зањмат бихоњад.
Яке ободии мулк, валекин
Яке њангомаву сарват бихоњад.
Яке кори њалолу сидќу инсоф,
Яке хобу хўр, роњат бихоњад.
Яке ёри накўву покдоман,
Яке бадзотиву шањват бихоњад.
Яке осоишу ободии дањр,
Яке шўру шару њайбат бихоњад.

Овози зан. Шаб мепарї. Чипта тайёр. Туро хонаи роњат, чўљаи парї интизор.
Ашраф. (Ба телефонаш менигарад). Ња, чипта омад.
Овоз. Бегоњї борро ба сохтмон бар. Ин супориш барои санљиш.
Ашраф. Хуб. Дилпур бошед. (Телефонро хомўш карда). Кор љиддї…
(Телефони Ашраф боз фаъол мешавад). Лаббай…
Овози шодонаи мард. Мирхонов? Хабари хуш: ба вазифаи иќтисодчии корхонаи нав тасдиќ шудї. Каме болотар аз дењаи шумо. Омада, роњхатро гир.
Ашраф. Ташаккур. Ба вазифаи ваъдашуда овоз нарасид?
Овози мард. Ба ту ягон њоло таљриба намерасад. Дар ин коргоњ пухта мешавї: кор дар љўш, маош зиёдтар, мукофотпулии хуб дорад. 
Ашраф. Ташаккур.  Пагоњ меравам… (Телефонро хомўш карда). Шањлољона ёд кардам. Ўро мебинам. Э, не-е… Чаро ин вазифа барваќттар нашуд? Пагоњ ман дар Маскав мешавам. Баъд Нисоро мебарам. (Раќам чинда, дар тамос мешавад). Нисо, биё, оши оштиро дар Маскав мехўрем. Имшаб меравам, вазъиятро тинљ карда, туро мебарам. Тайёр шав. Телефонро ба духтарам дењ…
Овози кўдак. Дадаљон. Дар куљої? Кай меої? Туро ёд кардам…
Ашраф. Ба наздикї, Парї… Нисо, мон духтарам гап занад… Хуб, давоми суњбат дар Маскав. (Алоќа ќатъ мешавад). Вале аз чї бошад, таги дилам сиёњ.

Намоиши 8.
Дар ду гўшаи муќобил Њазрат ва Поргї дар даст телефон.

Поргї. Салом Њазрат...
Њазрат. Салом. Хўш, вазъият чї хел?
Поргї. Гапи шумо шуд: таѓом дашном дода рафт, њамсояњо дарашонро ба рўям бастанд, њатто ба навбати пода иљозат надоданд. Фаќат очаам ... мењр дорад.  Аз куљое арўс ёфтааст. Њафтаи дигар тўй карданї. Гуфтам, ки аввал Расия рафта, пул љамъ мекунам, баъд тўй.
Њазрат. Ба ту духтар намедињанд, арўсшавандаи ту Ѓунчагул аз ноњияи дигар, аз ту чор сол калон, як бор шавњар карда људо шудааст; њушаш ба њавлии калони падарат. Ба ту доим даѓалї мекунад, ки ўро як шапалоќ занию дубора мањбас равї, бо сухан очаатро мекушад, ба њавлї соњиб шуда, бо ягон бурдангал кайф карда мегардад... Бехабар намон..
Поргї. Эњње... Чї кор кунам, Њазрат?
Њазрат. Чипта ба номат њаст. Шом мепарем. Ба фурудгоњ биё.
Поргї. Хуб, Њазрат...  (Мераванд).

Намоиши 9.
Румайсо дар даст китобу дафтар меояд.

Румайсо. Салом, акаи Ашраф. Аз имтињони якум гузаштам.
Ашраф. Муборак шавад.
Румайсо. Ташаккур.
Ашраф. Румайсо, як хоњиши бародарона.
Румайсо. Ба бародарии шумо эътимод надорам. Вале гап занед.
Ашраф. Дар конфронс дар бораи терроризм маърўзаи хуб кардї. Агар донї, гўй, тарѓибгарон кињоро барои ба дом афтондани худ интихоб мекунанд?   
Румайсо. Онњое, ки афсурда;оланд, бесавод, камфањманд, ё диплом доранду љањонбинии васеъ надоранд, аз атрофиён норозиянд, нохост пайрави шайхе шудаанд. Ё онњое, ки ;аму ;усса доранд, хеши наздикашонро аз даст додаанд; ба стресси шадид дучор шудаанд; мушкили;ои шахсї ва оилавї доранд.
Ашраф. Бо чї бањона онњоро ба худ мекашанд?
Румайсо. Бањона бисёр. Мегўянд: «Ту интихобкардаи осмонї, ту марди Худо, барои корњои бузург офарида шудї. Наврасонро бо бози;ои кабел; дар Интернет, ки назораташон душвор аст, ба љонибдории худ мекашанд. Њатто бо як таъбири хоб ба худ мекашанд. Мегўянд - «Дар хоб роњи дури равшан, пур аз оташ – вохўрї бо иш;и аслї – бо Худо, сафар ба кишвари нур аст. Ба сафар баро, Россия ё Туркия бирав. Бо ;иссиёти ; боз; карда, ба сафи худ мекашанд. Љавонњои соддаи бесавод худро шери майдон њис мекунанд. Дар мањбас њам ;авонони ѓамзадаро ба љињод ;алб мекунанд. Мубаллиѓонашон бо ин ;адаф њатто гуноњи хурде карда ;укми њабс мегиранд, то тавонанд ма;бусони дилшикастаро табли; кунанд.
Ашраф. Муњољирони мењнатї чї? Онњо аллакай дунёдида, баркамоланд.
Румайсо. Мубаллиѓон ба эњсоси му;о;ирони ;абрдидаву нобарор бозї карда, барои адолати и;тимо; ба љињод даъват мекунанд. Дар ;аёти муњољири љабрдида шахси бегонае пайдо мешавад ки дар бораи сарнавишти ў пешгўї намуда, бовар мекунонад, ки вай «интихобкардаи осмон» аст ва бояд бо роњи аслї равон шавад. ;омеа ва хешони наздикашро ба ;абрдида чунон муарриф; мекунад, ки душман мешаванд. Шиносо; дар интернет осонтар аст. Шиноси нав ба ќурбонї д;сти боэътимод ва доно, муаллими роњбалад мешавад. Ба савол;ои душвор ;авоб;ои пешакї омодакарда доранд. Аксар ва;т чунин фанд медињанд: «Бо азиятњо Ў туро месанљад. Умр мегузарад, аммо ту ;аётаннабї ;е; кор накардї".
Ашраф. Ягон аломати равшани каси ба дом афтода њаст?
Румайсо. Ѓамдор, камгап, аз зиндагї норизо мешаванд.
Ашраф. Чї тавр фањмидан мумкин, ки њамсуњбат мубаллиѓ аст?
Румайсо. Гапаш норавшан, маф;ум;о духўра, ба адли илоњї даъват мекунад, асли нияташро намефањмед. Инро «Лингвистикаи дур;;» ё «Чил-дурўѓ» меноманд.
Ашраф. Роњи халосї аз ин «чил-дурўѓ» њаст?
Румайсо. Барои санљиш, ба фикрашон зид бароед, Мавзуъро иваз кунед, роњи њалли худро гўед. Дар Россия ба телефони садњо љавон, њатто духтарњои мактабхон паёмак фиристода ба террор даъват мекунанд, пул ваъда медињанд. Онњо ба волидонашон мегўянд, онњо ба милитсия.
Ашраф. Ба тањдид гузаранд, чї?
Румайсо. Тањдидњо кам иљро шудаанд: милитсия зуд дастгир мекунад.
Ашраф. Њамин љўраам Дилшод дамдузд шудааст, бо асрор гап мезанад.  Доим аз чизе дар хавф. Нафањмидї ба вай чї шудааст?
Румайсо. Гуфтам-а, ту бародарвор гап намезанї. Маќсадат ўро сиёњ кардан.
Ашраф. Не, дар њаќиќат… 
Румайсо. Вай ба ман мисли акаам, ман дар фикри хондан.
Ашраф. Як саволи дигар. Ба фикрат, маро њам метавонанд, интихоб кунанд?
Румайсо. Чаро не? Диплом дорї, зиндагиро намефањмї. Вазифа надоданд, зани чанд сол ошиќ шуда гирифтатро пеш кардї, боз як духтари камбаѓал иш;и туро рад кард. Њамаро бад дидї…
Ашраф. Хайр, шуд. Киноя накун…
Румайсо. Хайр. Саломат бошї (Меравад). 
Ашраф. Вале дар гапаш андак њаќиќат њаст. Наход ин ќадар содда бошам? 
Дилшод меояд.
Дилшод. Омадам, шеф. Биё, гуфтї...
Ашраф. Ња. Ба сохтмончиён акомулятору мева бурдан лозим. Бор дар мошин. Шом, пас аз маљлис ба «Колян» расон.
Дилшод. Хуб. 
Ашраф. Њозир... (Ба кисааш даст мебарад).
Дилшод. Њар ваќт ба кисаат даст барї, шод мешавам.
Ашраф. Ин калид. Ана ин њаќќи корат.
Дилшод. Њазор рањмат. Илоњї, кисаат њељ ваќт холї нашавад. (Мераванд).

Намоиши 10.

Сероња дар марѓзор.  Дар як гўша болои кубик бо тасвири теппае ва навиштаљот бо њуруфи форсї «Эрон» Абдулсамит пайдо мешавад. Занги телефон.
Дар гўшаи дигар Ашрафи парешонхотир меояд.

Ашраф (телефонро фаъол карда). Лаббай.
Абдулсамит. Салом, дўстам. Созї?
Ашраф. Оњњо, Абдулсамит њастї? Ташаккур, созам.
Абдулсамит. Дар куљої?
Ашраф. Дар Хуррамдара њастам. Чї њол дорї?
Абдулсамит. Хеле олї. Дина дар Покистон ба як миллион созишнома имзо кардам. Бор баъди як њафта мерасад. Њоло аз Эрони бостон салом мегўям.
Ашраф. Наѓз. Муносибатњои дипломатию тиљоратї бо Эрон хуб шуданд. Кори шумо њам барор гирад.
Абдулсамит. Савдои ман њамеша дар ављ. Дар он љо кабкњо мехонанд? 
Ашраф. Ња. Мехоњї гўш кунї? Ана…
Абдулсамит. Эњ, ватани мо бињишт…
Ашраф. Кората буд кардї, биё…
Абдулсамит. Медонї, имрўз номи ман дар тамоми дунё машњур мешавад.
Ашраф. Наход? Дар Эрон бо тиљорат машњур шудан душвор.
Абдулсамит. Савдои ман дигар.
Ашраф. Ягон кашфиёти илмї кардї?
Абдулсамит. Аз ин зўртараш. 
Ашраф. Исто, ягон бало сар накунї? Ба савдои ту бовар надорам.
Абдулсамит. Номи маро аз сархати хабарњои љањон мешунавї.
Ашраф. Ба фикрам, ту ба дом афтодаї. Абдулсамит, баргард.
Абдулсамит. Ман одами одї нестам. Ман интихобшудаам аз љониби осмон.
Ашраф. Бародар, аќлат дар љояш?
Абдулсамит. Ба ростї, гумон надоштам, ки ин кор имрўз ба зиммаи ман меафтад. Вале ман ба ин тайёрам. Ту њам бо њамин роњ меравї.
Ашраф. Муносибатњо байни давлатњои мо хеле хуб шуданд. Коре накунї, ки дубора байни халќњои бародар низоъ ангезї. Аз ин бало рањо шав.
Абдулсамит. Роњи бозгашт нест. Дер шуд. Давоми суњбат дар бињишт.
Ашраф. Аз оќибати корат андеша бикун.
Абдулсамит. Дигар ин ањамият надорад. Дидор дар ќиёмат.
Садои таркиш
Ашраф. Эњ, Худо… Чї кор кардї, Абдулсамит!?

Дар паспардаи сањна навори таркишњо нишон дода мешавад.
Овоз аз радио. ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нати;аи ду таркиш, ки р;зи чоршанбе дар наздикии ;ои дафни фармонде;и соби;и ;исми махсуси Сипо;и посдорони ин;илоби Ирон ;осим Сулаймон; ба амал омад, беш аз 103 нафар ба њалокат расида, зиёда аз 170 кас захмї шуданд. ДОИШ масъулияти ин таркишро ба дўши худ гирифт. ;осим Сулаймон; яке аз фармонде;оне буд, ки алай;и ин гуру; дар Сурия ва Иро; ;ангидааст…
Вазорати иттилооти Эрон ;узъиёти таркиш дар Кирмонро эълон карда, гуфт, ки та;иягар ва ду иштирокчии он ша;рванди То;икистон будаанд…

Румайсо. Эњ, войи ман! Войи Эрон! Войи Тољикистон...


Намоиши 11.

Майдончаи дења. Мардуми дења бе эълон љамъ мешаванд хомўшона сар хам мекунанд, бо ѓазаб ба як нукта менигаранд. Мирхон суњбат мегузаронад.

Овоз аз радио. Аз суханронии Президенти Љумњурии тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон:  «Дар дањ соли охир дар мамлакат 6680 љинояти дорои хусусияти экстемистиву террористї, аз љумла 86 амали террористї ва суиќасд ба он ошкор ва ба ќайд гирифта шуда, 11 њолати амали террористї ва суиќасд ба он пешгирї гардидааст. Солњои охир аз љониби баъзе шањрвандони Тољикистон дар њудуди дигар кишварњои љањон амалњои мудњиши террористї содир шуда, ин кирдори ѓайриинсонии онњо ба обрўи давлати тољикон ва миллати тољик дар арсаи љањонї иснод оварда истодааст. Тибќи маълумоти мављуда дар се соли охир 24 нафар шањрвандони мо дар дањ кишвари дунё ба амалњои террористї, аз љумла дар анбўњи одамон таркондани худ даст задаанд. Њол он, ки худкушї ва инсонњоро куштан гуноњи азим ва хилофи таълимоту талаботи дини мубини ислом мебошад».
Мирхон. Мо алайњи њамлакунандагони худкуш эътироз мекунем. Ватани мо ободу озод, бињишти рўи замин. Љавонњои мо бењтаринанд, њазорњо нафар мехонанд, кор мекунанд, ба ватан дар сафи артиш хизмат мекунанд, дар майдонњои кору варзиш Тољикистонро машњур мекунанд, дар дигар кишварњо низ бо номи нек тањсил ва кор мекунанд. Дар Россия њам тољикони муњољир дар вазифањои баланд кор мекунанд, ба мукофотњои олї, унвони Ќањрамони Россия сазовор шудаанд. Афсўс, ки чанд нафар ба иѓвои мубаллиѓони созмонњои террористї гирифтор шуда ба номи тољикон иснод оварданд. Онњо дар ватан аз ягон чї норизоянд? Не. Ин як беморї, як дом аст. Ана, љавонњо Ѓарбро ситоиш мекунанд. Вале он љо њам як ќисми мардум аз сиёсати давлатњояшон норозиянд, он љо њам як гурўњ љавонон ба дастањои террористї мегараванд? Имрўз мардум аз њама зиёд дар Амрико, Фаронса, Лањистон тазоњурот мекунанд, аммо давлат дигар намешавад. Ќатлу куштори оммавї бештар дар Шарќ, Осиёву Африќо мешавад, инфиљорњоро дар масљиду бозор мекунанд, то зиёдтар мардум њалок шавад. Њол он, ки тибќи ислом, ба љуз офаридагор ягон одам њуќуќ надорад, њаёти инсонро ќатъ созад. Сарвари давлат гуфтаанд, «террорист, дин, мазњаб, ватан надорад… вале мо њама вазифадорем, ки аз мушкилоти љањон огоњ бошему фарзандро дуруст тарбия кунем … (Садо  паст шуда идома меёбад).
Садои набзи дил. Кубикњо дар назари Ашраф тоб мехўранд.
Ашраф (ба худ). Сарам гаранг шуд. Кист он, ки маро идора мекунад? Кї?
Мирхон. Љавонњои беирода кори ба дил мувофиќ наёбанд, зану хушдоманаш љанљолї, падараш норизо бошад, маъюс мешаванд, бо ду танга ба дом меафтанд, донистан намехоњад, ки луќмаи муфт танњо дар мушќапак мешавад. 
Ашраф (ба худ). Мисли ман. Ё ин ишора ба ман аст? Рафтан даркор…. 
Мирхон. Чї хел одами љавон ба љони худ рањм накарда, «маргталаб» мешавад? - Ба асабаш таъсир мекунанд. Аз фикраш гардад, ќафо гашта намемонанд. Мисол, љавони дар метрои Санкт-Петербург таркиш карда маргталаб набудааст, фаќат маводи таркишро бурдааст, вале онро аз фосилаи дур тарконданд. 
Ашраф (худ ба худ). Ин гапи нав. Санљидан даркор…
Мирхон. Кї террорист мешавад? Оне, ки аз як нобарорї, аз як танбењи баъзе роњбарњо «мешиканад», муќобилат карда наметавонад.
Санамбї. Баъзењо мисли шумо асал хўрда забона ширин кунанд-да.
Мирхон. Ширин гап занї, кор намекунед, баъд хонасалот мешавед.
Санамбї. Мисли шўи рањматиам гап мезанед: бисмиллои гапаш њаќорат буд.
Мирхон. Оббо, мурдаро њам ѓайбат мекунї, Санамбї…
Санамбї. Ана, бо келинат соз гап мезадї, ќањр карда намерафт.
Мирхон. Оббо. Як муноќишаи оддї байни љавонњо. Худам келина меорам. Њозир... (Бо телефон дар тамос мешавад). Нисо, ман туро келин намегўям: ту ба љойи духтарам. Ману падарат бародарњои ќиёматї. Ман натиљаи кори комиссияро медонистам… Шуд. Гўши Ашрафи падарќусура мекашем. Њамаша њаллу вал мекунем… Мошин фиристам? Хуб, њозир барої, то шом расида меої. Оши оштї тани ман. Биё, духтарам. (Ба њозирин). Ана, масъала њал.
Санамбї. Ба оши оштї моро њам фаромўш накунї.
Мирхон. Хуб. Бояд љавонњо хонанд, њунар омўзанд кор кунанд, фаќат ба доми фиреб наафтанд. Мушкиле бошад, ёрї медињем.
Њама. Ташаккур. Саломат бошед.
Занги телефон. Мирхон дар тамос мешавад.
Мирхон. Ња, баромадед? Наѓз кардед. Наберама сахт ёд кардам. Дар назди ферма пешвоз мегирем. (Суњбаткунон меравад).
Гўшаи дигар. Ашраф танњо. Аз интернет маълумот мељўяд.
Ашраф. Ана ин маълумот дар бораи худтарконии Љалилии ќирѓиз дар Санкт-Петербург. (Мехонад). «Вай маргталаб набуд, вале бо дастгоњи фосилавї минаро тарконданд»… Ў аз ин хабар надошт. Худоё, чї кор кардам? Имкони аз супориш даст кашидан њаст?
Телефонаш фаъол мегардад.
Овоз. Супориш иљро шуд?
Ашраф. Пас аз дањ дакиќа бор ба љойи даркорї мерасад.
Овоз. Офарин. Туро соњили бањр, арўсњо интизор. Далер бош…   
Ашраф. Хуб. (Телефонро хомўш карда). Худоё, чї кор кардам? – Дўсти ноогоњамро ба дами марг фиристодам.
Набзи дил. Ашраф зуд телефонро фаъол мекунад.
Ашраф. Дилшод! Дар куљої?
Овози Дилшод. Пас аз ду даќиќа мерасам.
Ашраф. Њоло дар куљої?
Овози Дилшод. Ммм… дар ростии фермаи падарат.
Ашраф. Истед! Зуд аз мошин фароед!
Овози Дилшод. Њозир ба роњи рост бароям, газ дода, зуд мерасам.
Ашраф. Не, не! Зуд аз мошин фарою дур шав. Зудтар! Мошин метаркад! Зуд фаро! Дур шав!
Овози Дилшод. Фањмидам.
Набзи дил. Садои таркиш. Санамбї, Румайсо, дигарон меоянд.
Санамбї. Худоё, як мошин дар назди ферма таркид! Мирхон аз њуш рафт. Занаш аз гап монд. Хайрият, ки дар ферма коргарон набуданд. Фаќат як мошини рањгузар зарар дид. Дар он зани љавону як духтарча будааст. Зинда ё мурда буданашон маълум нест. Ба духтур бурданд.
Ашраф. Не-е-е-е!
Румайсо. Ин кори кї бошад?   
Санамбї. Мошин аз Ашраф, ронанда Дилшод будааст.
Румайсо. Худоё….
Санамбї. Як зан њамаро бероња мекардааст. Охир ёфта дастгир карданд… Аз њамин ноњияи худамон будааст. 
Дилшоди аз дуд сиёњшудаву либосаш нимсўхтаро даст баста меоранд. Милисионер назди Ашраф меояд.
Дилшод. Ин чї корат буд, Ашраф?
Румайсо. Ба ту чї шуд, Дилшод? Наход, ки…
Ашраф. Не, Румайсо. Ором шав. Ман гунањгорам. Ман зану кўдакамро куштам… Худамро куштам… (Дастонашро мебардорад).
Милисионер. Чанд рўз шуд, дар љустуљўем. Њељ гумон намекардем, ки ту, писари раиси мањалла, домоди як шахси муътабар, ба ин роњи касофат медарої. Садќаи њамин хел падар шавї. Ба ту чї намерасид?
Ашраф. Ба доми фиреб афтодам…
Милисионе. Ња, ба дом афтодї, аммо њар инсон барои њар кирдори худ љавобгар аст.
Ашраф. Дер фањмидам, хеле дер… Он зани гумроњкунандаро ёфтан лозим.
Милисионер. Он зани таблиѓгар тањти назорат буд. Барои он зуд дастгир накардем, ки иљрокунандаи таркиш – туро аниќ кунем.
(Милисањо зан – соњиби овози телефонро дастгир карда меоранд).
Ашраф. Њамин аст?
Милисионер. Њазёни як зани савдоиро аз падар, аз њама боло гузоштї. 
Њарсеро даст баста мебаранд.

Намоиши 12.
Кубик бо манзараи љангал ва навиштаљоти «Россия» тоб мехўрад.
Абдулвосит ва Њазрат дар даст автомат меоянд.

Њазрат (шарбат медињад). Нўш, Марди Худо, баргузидаи осмон.
Поргї. Рањмат.
Њазрат. Ваќташ омад, ки рисолати худро иљро мекунї. Ту барои њамин амал баргузида шудї. Далер бош. Мукофот мегирї. Дар ин дунё ва он дар дунё. Туро ба љойи даркорї мебаранд.  Ту бо силоњ душманњои худро нобуд мекунї,
Поргї. Ким-чї хел. Дастам меларзад.
Њазрат.  Боз нўш. Барои машќ ба дарахтњо тир андоз. Файр! Тасаввур намо, ки ин дарахт не, душмани ту аст. Файр! Ин њамон аст, ки туро бо туњмат ба мањбас шинонда буд. Файр! Инаш њамон пулис, ки туро дар мањбас азоб медод!  Файр! Инаш њамон, ки дар мањбас нони туро аз косаат зада мегирифт. Файр!
Поргї (бо дили нохоњам). Итоат. (Бо тарс тир мепарронад). 
Њазрат. Офарин. Инаш оне, ки баъди мањбас туро дар ќишлоќ дашном дод. Файр! Ба решаи њама онњое, ки бахти туро сўхтанд, оташ зан. Файр! Файр!
Мераванд. Поргї ба ќафои сањна тир мепарронад.
Овози Њазрат. Нест бод душман! Файр! Файр!

Навори амали террористї дар Россия намоиш дода мешавад.

Садо аз радио. 22 марти соли 2024 та;рибан соати 20:00 ба ва;ти Маскав дар кохи консерти Крокус Сити Холл (Красногорск) њамлаи террорист; рух дод. ;амлагарон ба одамон оташ кушода, толори тамошоро оташ заданд. Дар ин ;амла камаш 144 нафар, аз ;умла чор к;дак, кушта ва 551 нафар ма;р;; шуданд. Масъулияти ;амлаи террористиро бахши афѓонистонии созмони байналмилалии террористии «Давлати ислом;» — «Вилояти Хуросон» бар ;;да гирифт.  Дар Русия 24 март р;зи мотами милл; эълон карда шуд…

ЭПИЛОГ
Мардуми дењр љамъ мешаванд.
Гуфтор аз радио. Суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон дар љаласаи Созмони Милали Муттањид:
Њодисањои нангину дахшатноки дар наздикии шањри Маскав рухдода њар яки мо, махсусан падару модаронро бори дигар њушдорї медињад, ки ба тарбияи фарзандон эътибори боз њам љиддї дињанд. Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд наврасону љавононро аз таъсири чунин гурўњу њаракатњои харобкору дањшатафкан эмин нигоњ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи миллати тољик, давлати сохибихтиёрои тољикон ва падару модари худ иснод оваранд.
Терроризм ба ягон дин, мазњаб ё миллат хос нест. Мо бояд ба ;ањолат маърифатро муќобил гузорем… ба хотири таъмини амният дар минта;а ва ;а;он, барои аз байн бурдани омил;ои дастгирии сиёс;, низом; ва молияв;, тавассути ;абули тадбир;ои муштарак чораандеш; намоем!

Парда.


Рецензии