Ну хара шу. хачвия

«Ну хара шу…»

Солњои 30-юми асри ХХ дар сохтмони азими канали обёрии Вахш дар вазифањои муњандисию роњбарии бахшњо касони русзабон буданд ва њар команд барои тањсин шунидан кўшишњо мекард.
Кулўхбой, марди солори мењнатдўст, супориши сардори бахш Иванро аз тањти дил иљро карда хоњиш кард, ки ба вай бањо дињад. Иван шояд зиёд банд буду ваќти зиёд надошт, як чашм давонду гуфт: «Ну, харашо» ва зуд аз пайи кор ба саргањи канал рафт.
Кулўхбой сухани сардор «Ну, харашо»-ро дар майнааш чандин бор тоб дода тањлил карду њайрон монд. Ба хулоса омад, ки сардор «Нуњ хара шў» гуфт. Нафаре набуд, ки маслињат ё шарњу баёни онро пурсад. Ва њеч нафањмид, ки ин супориш ба чї хотир бошад. Ноилољ аз гирду атроф нуњ харро љамъ карда дар љўйи калони шафати замини пахта шуст. Худаш њам оббозї карда гирифту боз Иван-амакро даъват карда овард.
Иван-сардор аз кори Кулўхбой дар њайрат монда «Ну, чорт!» гуфту даст афшонда рафт.
Кулухбой њайрон шуд, ки боз чорта хара шустан лозим будааст.
Иван- сардор асли масъаларо фахмида хеле хандид ва барои гайраташ ба Кулухбой арзи спиос кард.


Рецензии