Ишки муйсафед ба зани чавон
(;а;вия)
Кулўхбойи пир ва љавонзани зебои ороставу пероста.
Кулўхбой. Сад шукр, ки бахти ман тофт! – Дар сари пирї нохост аз эълони газета хондаму туро дидаму дар 6 сония дил бой додам.
Љавонзан. Не, бобо. Бахти мани бечора бедор шуд, ки дар симои шумо Њотами Тойро дидаму дар панљ сония ошиќ шудам. Ман аввал гуфтам: Намурад ишќ!
Кулўхбой. Ман масти ишќи охирини даври пирї шудам.
Љавонзан. Ман бори аввал ошиќ шудам: то ин ваќт ишќро бомба мефањмидам.
Кулўхбой. Зинда бод ишќ, ки на пир мегўяд, на љавон.
Љавонзан. Бале. Шумо барои ман як љавони 18-сола њастед.
Кулўхбой. Зиндагї бо ту, љонам, њаёти абадї аст! Бигўй, чї хизмат кунам?
Љавонзан. Будани шумо, пайдо кардани шумо бароям бахти абад аст.
Кулўхбой. Оњ.љонам! Барои ќавї шудани муњаббат, бигў, хизмате кунам...
Љавонзан. Хайр. Ман аз шумо сї сол љавон. – Ба њар солам як њазорї ширбањо...
Кулўхбой (шодон). Хуб љонам… Ќалини як арўс.
Љавонзан. Вий, чї хел наѓз. Боз тўй дар дења, барои хешон - 180 нафар…
Кулўхбой. Хуб љонам…
Љавонзан. Шумо чї хел одами наѓз… Чунин шавњарро як умр орзу мекардам.
Кулўхбой. Оњ, љонам… Мехоњам фаќат ханда кунед.
Љавонзан. Оњ, чї орзуи нек. Шумо заршинос. Бо ман шоњона зиндагї мекунед.
Кулўхбой. Таманнои дили ман њамин.
Љавонзан. Шумо дуои Пир дињед бас, њама кора худам иљро мекунам.
Кулўхбой. Хуб љонам, маликаи дили ман …
Љавонзан. Пасандози барои рўзи мабодо љамъкардатона дињед, як бозори Корвону мераваму худамро маликаи њаќиќї мекунам.
Кулўхбой. Хуб љонам… Лекин кафану гўручўб чї хел мешавад.
Љавонзан. Бепарво бошед. Гап дар мурдани шумо. Хамаша ба дараљаш ташкил мекунам.
Кулўхбой. Меравем ба њавлї?
Љавонзан. Њамин хавличатона ба номам гузаронед, шуморо шоњи дилам гуфта, боло њафт ќабат кўрпача мешинонам.
Кулўхбой. Хуб љонам… - овози Кулўхбой хеле пирона, яъне базўр баромад.
Љавонзан. Нафаќатона њар моњ ба ман дињед, шуморо њар рўз љавонтар мекунам.
Кулўхбой. Њм… - ба љойи љавоб садои дилрешкунандае баромад.
Љавонзан. Носа партоеду ба пули сарфашуда ба ман атр харед…
Кулўхбой. Њмм… - пасттар шуд садои пир.
Љавонзан. Чї хел одами наѓз. Агар љонатонро ба ман дињед гўям, ќабул мекунед?
Кулўхбой. Мњ… - пир сулфида-сулфида бо ишораи сар тасдиќ кард.
Љавонзан. Чи хел наѓз! Ба ростї? … Ба шумо чї шуд, шоњи дили ман?
Кулўхбой. Пас аз ин шартњои ту, ба ман љон чї лозим? Чунин зиндагии аблањона, ѓуломї, патаки пайтобаи зан шудан чї лозим? Муру мон гўй-да…
Љавонзан. Офарин, пири хирадманд. Ба мани љавону зебо шумо - кундаи пўсида, киштии дар бањри умри дароз фарсуда чї лозим? Бо ин ќаду ќоматам, њамаи мардњои асил садќаву бандаам мешаванд. Шумо раведу аз рўзи фардои ќиёмат андеша кунед. Шумо чию дар бозори ишќ савдо кардан чист? Кишшш… Следующий…
Тањияи Љ. Ќуддус
Свидетельство о публикации №226020700662