Исёни Иблис. Скетч

Љумъа Ќуддус
ИСЁНИ ИБЛИС
Аљоиботи мардуми замон
(скетч)

Љамъомади ;а;онии дев;о. Иблис ба минбар мебарояд.
Иблис. Дўстон! Ман - деви девон Шайтон ибни Иблис, барои он шуморо ба анљумани љањонї љамъ кардаам, ки аз ањволи бади мо хабар дињам: Инсон дигар шуд, китоб мехонад, доно шудааст, њамеша дар зикру андешаи нек аст ва мо дигар наметавонем бо васвасаи одї ба корњои нек, мењру садоќати одамон ба њамдигар, ба мењнат монеъ шавем. То ваќте одам гуноњ мекунад, нерўи мо, насли мо зиёд мешавад. Вале ;удрати њукмронї бар инсонро аз даст дињем, гурусна мемонем, мемирем. (Нолаи девон). Вале бо оњу нола рўзї насиби мо намешавад. Мо ваќту иродаро аз одам медуздем, ки барои дарёфти маънии зиндагї фурсат наёбад, фармони моро мисли баррача иљро кунад.  Љинњои фидої, пеш бароед.
Фармудањои Иблисро љинњо дар сурати муболиѓанок иљро мекунанд.
Якчанд љини хунукшамоил мебароянд.
Иблис. Шумо афти хунукатонро бо ранг пардоз дода одамонро мафтун кунед, ба рўзгорашон ворид шуда њуши он;оро бо чиз;ои дупула банд кунед. Роњи якум: њирси доро шуданро дар дили њама чунон љой кунед, ки барои сарват бо њамдигар душман шаванд, пулро ба љойи хайру саховат барои хариди мошинњои гаронбањо, замину корхонањои хурду калон сарф кунанд; шиор партоед: «Касе 2 мошин надорад, одам нест, гадо аст». Њама ;арз гиранду ;уломи бонк шаванд, барои соњиби пулу мол шудан дигаронро пахш кунанд, аз кори нек дур шуда Худоро фаромўш кунанд.
Љин-бону (ба љинчањо). Пардоз шарт нест: дили одамї суст аст, остини дасту поро калта, пеши бару ќафоро намоён кунед, мардњо бе њушу вовайло мешаванд, занњову духтарњо ба либоси шумо пайравї мекунанд. Ва худашон шумораи  љинчањои моро зиёд мекунанд! 
Љин пул меорад, чанд марду зан халтањо дар пушт омада меафтанд.
Якум (хаста)“Ќариб миллион шуд”...
Љин. Баланд гап занед. Шарм надоред. Дар љойи мо камбаѓалї айб нест мегўянд.
Якум. О-об... Мурдам.
Љин. Нимаша ба ман те, об медињам.
Якум. Не-е... Як ќулт об...
Љин. Ба камбаѓал об нест, рав, оби зањбурро нўш
Якум. Њайф шуд чор зани љавонам. Об...
Дуюм. “Миллион шуд”...
Љин. Оббо. Њамин њам сарват шуд? 
Дуюм. О-об... Мурдам.
Љин. Дањякаша те, оби “Файзобод” биёрам.
Дуюм. Не-е...
Љин. Хайр, њо ана он љо оби љўй.
Дуюм. Њайф шуд ќасрњову мошинњоям...
Сеюм “Аз як миллион гузашт”...
Љин. Боз андак мељунбондї, аќаллан якунимта мешуд...
Сеюм. О-об... Мурдам.
Љин. Нимташа ба ман дењ, оби чашма меорам.
Сеюм. Не-не-не...
Љин. Медонам, ки не мегўї. Ба “не”-ят “Не”!
Сеюм. Мурдам... Њайф шуд пулам...
Иблис ќарсак мезанад.
Љиндухтарон ва чанд марди пир мастона меоянд. Занњои ранчида ба сари онњо мушт мекўбанд.
Љиндухтар (дастгирї мекунад). Зан! Сахт зан!
Иблис ќарсак мезанад. 
Иблис. Офарин. Касе эрод гирад, гўед: демократия њамин. Дар интернету телевизиони моњвораї навори љинчањои урёнро нишон ди;ед, ки љавонњо ба онњо дил баста, оилавайрон шаванд. Ва аз бевафоии љин дар чоњи ;ам афтанд, ба њељ чиз эътимод накунанд.
Љинчањо якбора нимурён мешаванд..
Иблис. Наѓзу… о, ин хели бад не-да…
Љин-бону. Бобо, шумо аз дунё ќафо мондед. Остонаи асри 21 аст!
Иблис. Наѓз. Байни одамон равед. Љинхоро вайрон накунед.
Љинчањо. Њай-њай. Пир шудї, бобо?
Иблис. Э, гум шав-е… Лекин наѓз. Дар ;ар ма;оза муси;ии иблисонаи мо садо ди;ад. Тўю маросимро ба зиёфати серхарљ, мастї, мусиќии баланд, љанљолу хархаша ва хунрезї табдил дињед, ки мардум маънои аслии ин маърака, дўстиву тифоќиро фаромўш кунанд!
Љини кампир бо нидои шодї меояд, љавонон аз пасаш медаванд.
Иблис ќарсак мезанад. 
Љин бо чанд пиру љавон меояд, бангу шароб медињад, њама меафтанд.
Иблис ќарсак мезанад.
Иблис. Тарабхонахои шабона созмон дињед, љиндухтарон, бо љунбон-љубон аз наврасон то пиронро ба шўр оред. Занњоро ба чаќ–чаќу ѓайбат моил созед, бовар кунанд, ки шавњараш содиќ нест, ва барои ќасос ба њар кас хиёнат кунанд. Шиораш чунин шавад: «Бадани ман – кори ман».
Амали Љинњо. Занњо бо оњувоњ меоянд ба љинњои пир назар мекунанд.
Љини пир меояд, аз пасаш љавонзанњои нимурён, як сухан доранд.
Занњо. “Ту аз манї... Хиёнатро намебахшам! Ба њељ кас намедињам...
Занњо ба њам дармеафтанд. Љин ба њоли занњо механдад.
Иблис ќарсак мезанад.
Иблис. Ба мардњо ташвиќ кунед, ки му;аббатро дар кўча ****д, зани сеюму чорум гиранд, ба онњо низ мошин, хона, мебел харанд, ишќро бо пул ченак карда њама муќаддасотро фаромўш кунанд.
Амали Љинњо. Мардњо пеш-пеш, ду зан аз ќафо, пул чош медињанд.
Љиндухтар ду љавонро оварда, ишора мекунад, бояд духтар мебуданд. Љавонњо бо корд амал карда майкаи занона мепўшанд.
Иблис ќарсак мезанад.
Љинчањои лабашонро ѓафскарда бо љавонњои бемормонад меоянд
Љинча. Касе аз сад маъшуќа кам дорад, мард нест! Биё пешам!
Љавонњо барои вай њамдигарро кўфта ѓамбемор мешаванд.
Иблис ќарсак мезанад.
Иблис. А;ли кўдаку наврасро ба телефону компютер пайвандед, ба бозињо ташвиќ кунед, ки барои хонишу дарс ва;т пайдо накунанд, эњтироми калонњо, падару модарро фаромўш кунанд, ба омўзиши илму фан, ихтисос ва корњои неку савоб ваќт наёванд.
Духтарчаву писарчахо дар даст телефон мегузаранд, ба њељ кас нигох намекунанд, ба монањо бархўрда меафтанд, вале телефонро аз даст надода хеста мераванд.
Иблис ќарсак мезанад. 
Иблис. Барои Демократия њолатро чаппа мекунем: Љиндухтарон ба наврасон бигўянд, аслан бояд духтар мебуданд , ба духтарњо гўянд, ки бояд мард таваллуд мегашт, љинси худро бо љарроњї дигар кунанд, зан ба зан издивољ кунаду мард ба мард ва фарзанд ба дунё оварда натавонанд ва пас аз чанде насли солим аз байн равад. 
Арўсу домод бо дўстон меоянд. Ба хамдигар ширинї мехўронанд. Домод тоќат накарда арўсро шаппотї мезанад. Арўс ўро бо лагад мезанад. Хама њамдигарро мекўбанд
Иблис. Љинњо, ба сари абарќудратњо даромада васваса кунед, ки ба ќатлу куштор машѓул шуда сулху салоњро фаромўш кунанд; њамљинсгароиро дар љањон љорї кунанд, ки насли солим нест шаваду лашкар бе аскар монад. Дигар корњоро махфї мекунем.
Фуш – фуш мекунанд. Љини пир ба тан костюм, ба гардан галстуки шапарак баста мўяшро чун аврупоиён ороста пеш меояд.
Љини пир. Барои пирўзии демократия дар љањон инќилоб мекунем! Инќилоби гулњо, пулњо. Инќилоби рангаи бо хуни одам сурхшуда…
Мусиќї дањшатнок мегардад.
Иблис. Дар як шабонар;з бисту чор соат њуши мардумро бо ахбор, табли;и ма;сулот, хидмат;о ва умед;ои бардур;ѓ бомбаборон кунед, ба њар падидаи нек як хабари иѓвоангез илова кунед, ки мардуми доно 24 соат дар шабонарўз аз расонахои хабарї људо нашаванд, навмед шаванд, мурѓи илњомашон мурда, аз фикри баланд, аз илму амал дур шаванд.
Љинњои калон ба њамдигар тањдид карда бо ангушт ишора мекунад. Садои тиру тўпу танк, дронњо.
Иблис ќарсак мезанад.
Иблис. Офарин! Аз натиљаи амал њисоботи аёнии боварибахш дињед.

Њисоботи љинњо тањти мусиќии иблисона.

Њама одамони љабрдида бо гиряву тавба рўйи сањна меоянд.
Љинњо ба њоли онњо хандида ќарак мезананд.


Рецензии