Бахор меояд
БАЊОР МЕОЯД…
Боз бањор мерасад, мисли санами лоларухи хандон баноз-баноз ба ишваю ноз, бо гули бойчечаку навои њазордастон ово медињад, ки ман омадам! Вале гоњо аз ташрифаш пушаймон шуда, бо шамолу барфу борон кайфи бисёрињоро мепаронад.
Бањор меояд, њатто барфи дермонда аз шарм хароб мешавад, аммо бархе касон на парвои сармову гармо мекунанд, на парвои азоби виљдон, мисли мавсимњои дигар кандану бурдану хўрдан мегиранд.
Моњи аввали бањор хонањо аз нури хуршед гарм мешавад, вале батареяи оби гарми манзил њамоно сард мемонад! Ва талабномаи шабакаи гармидињї барои пардохти пули оби гарм омадан мегирад.
Бањори тавбашикан меояд, баробари эњёи табиат, пур аз гулу булбул шудани дашту даман, дили нављавонон пас аз сардихои зимистон ба љўш омада, бо телефонњои мобилї ба дўсту шиносу ношинос паёмакњои ошиќона фиристода, хазинаи хонаро хароб, хазинаи ширкатњои телефониро хеле зиёд мекунанд.
Бањор меояд, љавонмардони асил дар ин фасли растохези рўњ аз зиндашавии табиат, дамидани сабза, љастухези барраю бузѓолањо шод гашта, аз якбора оѓоз шудани корњои бешумори кишоварзї серташвиш шуда, бо бањонаи пайдо кардани ёрдамчї аз модарон хоњиш мекунанд, ки чил дару манзилро гашта, арўси хушќаду ќомати зебои, неруманде интихоб кунанд, ки як даст ба кори хољагї бошанду як даст барои ёри дилхоњи камозор.
Бањори хуљастапай ба њама њар хел таъсир мерасонад: духтарони 18-сола ба бар либоси идонаи остинкўтоњ, аз хонањои дар сардињои зимистон намкашидаву дудзада баромада, худро ба боѓњои истироњат, кўчањои пур аз гулњои бањорї ва одамони шоду хурсанд зада, мисли булбул суруда, фаќат як чиз мехоњанд: гули сари сабади хонадон будан, ёри шањсавори мошини сафед будан.
Бархе нављавони 18-сола, баракс, дар ављи бањор худро ба кунљи хонаи бобої зада, дар кўњу дарањои танг макон ёфта, аз одамон пинњон шуда як чиз мехоњанд: њељ кас аз будани онњо огоњ нашаванд. Чунки мавсими аскарбарї (облава) сар мешавад.
Бањори хуљастапай барои мўру малах њам ваќти растохез аст: медонанд, ки масъулини кишоварзї ба шикори малах дер сар мекунанд, чун лашкари чингизї пурра ба хуљум мегузаранд ва то омода шудани онњо аз љаву гандуми фаровон бањрањои калон-калон мегиранд.
Бањор меояд, дарахтбурї сар мешавад: чун одати ниёгон баъзе ќавмњо ба муносибати таваллуди писар дарахт мешинонанд ва агар писар калон гашта аблањ шавад, он дарахтро бурида њезум мекунанд. Дар баъзе љойњо маљбуранд охирин дарахти калони њавлию љару лаби љўйро буранд. Ва аммо шукри фарзандони навтаваллуд, ин бањор дар кўњу сањро боз ба умед навнињолони зиёде мешинонанд.
Бањор борои болоравии дониши волидон мусоидат мекунад: барои дар љамъбасти чоряки сеюм ва чоруми хониш дар мактабњои тањсилоти умумї, 8-10 хол гирифани љигаргўшаи камсаводашон дар иљрои супоришњои хонагии бачањояшон ѓайрат карда, тавассути дастурњо ва интернет масоили мушкилтарини математика, физика, химия ва ѓайраро амиќ омўхта, њаллашонро ёфта, устоди фан мешаванд.
Бањори шодї меояд, ташвишњои волидонро зиёд мекунад. Онњо ба марказњои тестии имтињонсупорї рафта, барои фарзандони худ касбу кори «баобрў» интихоб мекунанд ва сари худро ба сад дар зада равзанае мељўянд, ки писари камсаводи бехуши бепарвофалакашонро ноаён ба «ќатора»-и бахту барор савор кунанд.
Бањор ташвиши масъулини донишгоњњо низ зиёд мешавад: љавонони ба ном донишљўйи дарсгурезро барои дарси мардонагї омухтан ба аскарї гусел мекунанд.
Бањор мерасад, бозори чатру савдои атру фанди муштарї ављ мегирад, рўзњои истироњати наврўзї бо зиёрати табиат, дави аспу шасти хар, зиёфатњо - шустушўи пулњои муфт ављ мегирад ва њамёнњоро сабук мегардонад.
Бањор меояд…
Свидетельство о публикации №226033100094