Чумъа Куддус. Нури Истиклол драма

Љумъа Ќуддус





НУРИ
ИСТИЌЛОЛ

(мазњакаи дедективї – публитстї)


Дар озмуни Вазорати фарњанги љумхурї
бахшида ба 35-солагии Истиќлолияти давлатии
Тољикистон сазовори љоизаи аввал шудааст.













Душанбе
2025





Иштироккунандагон:

1. Эсо.
2. Мўсо.
3. Латофат.
4. Њангома.
5. Фирўз.
6. Сабрина.
7. Соќї.
8. Шоира.
9. Сано.
(Аксари иштирокчиён 35-солаанд).

Дар сањнањои умумї сокинони дења, наврасон њастанд.





























Намоиши 1.
Ошхонаи калони бе оро дар як ноњияи дурдаст.
Аз чап даромадгоњ, мизу курсї ду дафтар. Эсо меояд. Дар дафтар ќайдњо мекунад. Супориш мегираду сангу хок супориш медињад.
Занги телефон. Эсо... (гўш мекунад, сипас раќам мечинад). Гизала, ба Шараф се мошин хок. Ба Шариф як мошин санг.
(Занги телефон). Ба Санг се мошин хок. Ба Сафол 1 мошин санг. 
(Занги телефон). Э... Фушки Рупук, ин хоки Ватан аст, арзон нафрўшам. Санги Ватан аз гавњару марљон боло... Пули мошину бензина њисоб бикун… Хайр, ба ту садаќа… Гизала, ба Фушки Рупук якта хок.
(Занги телефон). Эсо. Лаббай… Рафт… Хок рафт? Њозир. Гизала! Ту, чї кор кардї? - Ба Шараф се мошин хок. Ба Шариф як мошин санг гуфтам… Ту баръакс кардї... Мошина эсу-ису кашола накарда, санга ба ягон беваю бечора дињед… Офарин, ба ятимхона бар. Худо баракаташа аз љойи дигар медињад.
(Занги телефон). Ба Кафтарпар дута хок. Ба Куњандиз якта санг. Худо гўй, корњои бетонї бисёр шавад, њама сангњо меравад.
 (Занги телефон). Хайр, баъд чо кадаст? Муовини вазири саноати кўњї?.. Ба ман чї?.. Барои ман чї хуб аст?.. Чї ёфтаанд? Њоло махфї? Э, не-е… Мо дар хизмат. Њозир меравам. (Занг мезанад). Гизала, њама техникаро барои ба Дизак бурдан тайёр бикун. Гап њаст. (Мебарояд).
Мўсо меояд. Ба атроф бо диќќат нигариста, хотирљамъ шуда, паси мизе мешинад. Тавассути гўшии нињонї бо касе суњбат мекунад.
Мўсо. Бо на;бњои «Анзоб»-у «Ша;ристон», «Чорма;зак»-у «Шар-шар» аз хатари а;ба;о роњат дар як рўз ба ноњия расидам. Роњњо њамвор.
Овоз. Ќумтепаю бункери сиёњро ёфтї?
Мўсо. Базўр ёфтам. На ќумтеппа њаст, на анбори сиёњи бетонї. Њама љо боѓу роѓ, биноњои баланд. Номаш шањраки “Нури Истиќлол” шудааст.
Овоз. Мисли тарѓибгари њукумат гап назан. Одамњота ёфтї?
Мўсо. Ња, љабрдида, оќипадар, аз вазифа рондањоро љамъ кардам.
Садо. Натиља аз мањорати ту вобаста.
Мўсо. Лекин њамин ќишлоќи дурдаст чї ањамият дорад?
Садо. Дар он љо чизе ёфтаанд, коргоњи азим сохтанї. Намехоњем онњо обрў гиранд. Мавзуи хатари экологиро њам бардор. Дар маводи тарканда “Феерверки хитої” навис.
Мўсо. Фањмо.
Садо. Масъала барои ба љанљол кашидан: соли 1987 дар То;икистон 60% ањолї то;ик буда, байни 100 кишвар бо 87 IQ дар зинаи 64–ум ќарор дошт. Баъди истиќлол аврупоињо онро тарк намуданд, 150 њазор кас ќурбон шуд, як миллион каси баланд-айкю ба мардикорї рафт, имрўз теъдоди то;икон ба 81,3% расид. Муайян кунед, ки IQ чї ќадар коњиш ёфт. Ин сањњомони хориљиро дилхунук мекунад.
Мўсо. Чаро њатман бояд паст шавад?
Садо. Бист соли охир дар љањон 2 IQ, дар Шарќ 4 IQ поён фаромад. Бо айкюи паст сохтани коргоњи замонавї бемаъност. Суњбатро сабту пахши мустаќим кунед. Хулосаро сањњомон мебароранд. Љадвали нишондоди кишварњои љањонро медињам.
Дар экран ;адвали кишвар;о бо сат;и IQ аз соли 1987 (замимаи 1).

Сано ба Мўсо чой оварда суњбат мекунад. Шоира ва Эсо суњбаткунон меоянд.
Шоира. Дар ятимхона фањмидаму гуфтам, ки як марди асил њаст!
Эсо. Дар ятимхона? Ман чї корнамої кардам?
Шоира. Як мошин санг њадя кардед! Шумо ятимпарвар, некдил.
Љавонмардо, љавонмардї биёмўз,
Зи мардони љањон мардї биёмўз.
Эсо. Э, ња… Вай мошин бењуда наравад гуфтему…
Шоира. Гуфтам, ки танњо шумо маро дастгирї мекунед…
Ќимати мард на ба симу зар аст,
Ќимати мард ба ќадри њунар аст.
Эсо. Э, не. Э, ња-а, мо њамеша шуморо дастгирї мекунем.
Шоира. Пешакї њазор рањмат.
Эсо. Ба шумо хок лозим, ё санг?
Шоира. Шумо лозим. - Ман таљрибаомўз, хатмкунандаи донишкадаи соњибкорї ва хизмат. Бояд се моњ дар ошхонаи шумо таљриба омўзам.
Эсо Ња, ин хел?
Шоира. Кўдакистон њам наздик, ба модари танњо мувофиќ.
Эсо. Шумо аз шавњар људо њастед?
Шоира. Ќариб…
Эсо. Душвор… (Дар андеша).
Шоира. Розї нестед?
Эсо. Забони хориљиро донї, якбора ба кор мегирам.
Шоира. Таљрибаомўзии таълимиам дар хориља гузашт. 
Сано назди онњо меояд. Эсо ба ў ањамият намедињад.
Эсо. Шуд. Аз њамин соат ту офисиянкаи мо.
Шоира. Рањмат-у… Вазифаи ман каме дигар: хизматрасонии оммавї. Мисол, бахшида ба Рўзи муњофизати кўдакон дар ошхона ятимони ноњияро табрик мекунем. Шумо кори хайр мекунед…
Эсо. Эњња... ин ошхона уќа фоида намеорад, ки тўй дињам…
Шоира. Харољот аз њисоби созмон, љойи маърака лозим. Маъракањо зиёд мешаванд, даромад зиёд мешавад. Шумо машњур мешавед. 
Эсо. Муфт соњиби обрў мешавам, гўй?
Шоира. Пули иљора нагирифтан хуб кор аст. 
Эсо. Ман розї.
Шоира. Фаќат вазифаи маро дар «офис-менељмент» нависед.
Эсо. “Маликаи ќалби ман” мешавад?
Сано (сулфаи сохта мекунад). Уњу, уњу...
Шоира. Дар англисї “корбари офис” мешавад.
Сано. Ин чї бало… Салом гуфтем.
Њељ кас ба ў ањамият намедињад.
Шоира. Ошхонаро камтар оро додан лозим.
Эсо ва Сано баробар гап зада, њолати хандаовар месозанд.
Эсо. Марњамат, худатон шинос шаведу бањо дињед….
Сано. Тобонгул, лаќабам Ѓулсунбї…
Эсо. Ошхонаи раќами яки маркази ноњия…
Сано. Покиза рўфтагї, шустагї, об задагї...
Исо. Маданията дидї–я? Ялаќќос мезанад…
Сано. ... ошхонаи пойтахт номаъќул кардааст....
Исо. Ба ин ;о одамњои маданї меоянд…
Сано. Дина духтурњо омаданд, ки пашшањо ѓавр карданд…
Исо. … аз пойтахт меоянд...
Сано. … якта намонда куштам...
Исо. … судяву прокурор бо мењмонњояшон меоянд...
Сано. … шаб мисли хар хўрда, њамаро ифлос карданд.
Исо. … Хўрок бамазза, дар рўи миз намемонад…
Сано. … Аз шапо–шапашон хўрок ба замин рехт, ба гов додам.
Исо. …Пеш аз њама, интизом, тартибот…
Сано. … харигарї карданд, чор косаву пан; табаќ шикаст.
Исо. … кора сахт гирифтан даркор…
Сано … сахти мурданї, ду сомонї њам чойпулї надоданд…
Исо. Э, дар ;оѓат бало. Мемонї, гап занем?
Сано. Худатон гуфтед, ки кори аввалинат њисобот.
Исо. Дар пеши мењмон не–да…
Сано. Њамин мењмон? Чї, аз боло?
Исо. Не…
Сано. Аз поён бошад, чї иќа хушомад мекунї?
Исо. Аз поён њам не.
Сано. Фањмидам, шэфи нави дили «мусор»-ат...
Исо. Минбаъд ин кас шефи ту …
Сано. Фањмидам. Гов нестам. Сўзоки ;они ман…
Исо. Э, чия фањмидї?!
Сано. Муши берун муши даруна пеш мекунад...
Исо. Уф…
Сано. Бовар дорї ба арўсат? Зуд ба ягон бурдангал мефурўшад!
Исо. Э, бас кун–е! Одам–подам набудї!
Шоира. Ман њамту бо корхона шинос шудам.
Сано. Корам нест, лекин бо ин худозада хор мешавї.
Исо. Э худата гум кун.
Сано. Ба ман кор лаб задаст. Њаннони нос суроѓ дорад. Мегўяд «Фаќат шину ба дањанат нос парто, реклама мешавад».
Исо. Барои он, ки ;оѓат баста шавад.
Сано. Эњња, мана њофизї биё, гуфтанд. Ваќти арўсбуророн «зинда» мехонї гуфтанд.
Исо. Њоло чї, «мурда» мехонї?
Сано. Чї донам? Њамин хел гуфтанд.
Шоира. Бе фонограмма хон гуфтагистанд.
Сано (нохост даргирифта). Аз ту ње; кас напурсидааст! Туро ќозї нагирифтем, пупсик. Мардака дар шањр ќањат зад, ки думи ина гирифтї?
Исо. Эъ… Эъ бева, зунуката гир.
Сано. Њоло ту намурдї, ки бева шавам…
Шоира аз онњо дуртар меравад. Эсо бо «шув–шув» зорї мекунад.
Исо. Ин одама аз боло барои «шпионї» равон кардаанд. Ягон камбудї ёвад, ќаврамона мекананд. Наёфт, мо ќаври вая меканем.
Сано. Хайр, да ман чї?
Исо. Аввал аз ту сар мекунанд…
Эсо. Э–ња! Ошхона аз ту, пулу фоида аз ту. Да ман чї?
Исо. Ана, барои њамин, дањ сомония гиру дањаната ќулф зан!
Сано. Њм… Боз якта.
Эсо. Охирин тангањома ѓорат мекунї. Ма, пан; тангаи 20–дирама.
Сано. Боз як дањсомона гуфтам. Ба бачањо яктагї хот–дог мерасад.
Эсо. Эњ, пулро ба ман тею лаќќидан гир, носер…
Сано. Э, хайр, чор самбўса мешавад. Ана, зунукам гирифт.
Эсо назди Шоира меравад. Зан механдад.
Гўшии нињонї ба Мўсо амр медињад.
Овоз. Ба њама вазъият – нест кардани њуљљатњо, шоњидон омода шав. Як занро ёвар гир. Њамон безебакаш бењтар. Ба ќадрат мерасад, аз ошу самбўса сер мешавї. Дар паси ту љањон меистад. Шартњо њамон…

Шоира. Шартњо маъќулу… Саноя хафа накунед. Коргари хуб аст.
Эсо. Э, вай пайтобаи пойи шумо. Њамин рўз дафъаш мекунам.
Шоира. Не, не, не. Вай ба ман даркор мешавад.
Эсо. Ваќти корї - 24 соат; хонаву дар, шўю бача намегўї; кай занг задам, рўз ё шаб – дар “шест секунд” њозир мешї...
Шоира. Эњња, шаб аз хона ду ќадам бароям, сад доллар медињанд.
Эсо. Хайр, пеши “доллар-тияк” рав, ин;а корхонаи ;амъиятї...
Шоира. Дар аризаам «Не» гуфта нависед, љойи дигар равам.
Эсо. Хуб, майлашу… кор њамина талаб мекунад.
Шоира. Аз субњ то соати 11 шаб. Чї коре бошад, фурсат меёбем.
Эсо. Розї, муњтарам, офис - мене;ер.
Шоира (оњиста). Ин мард кист? Хеле зиёд нигоњ мекунад.
Эсо. Ин ягон бекори алкаш...
Шоира. Ин ошёнаро ба офисњо таќсим мекунем, ќабулгоњи шумо, мулоќотњо барои ширкатњо, машваратњои созмонњои байналмилалї…
Эсо. Ман ин ќадар пул надорам.
Шоира. Пулро ман меёбам. Ба номи худам пулро аз бонк мегирам.
Эсо. Ќабул. (Падарвор аз китфаш оѓўш мекунад).
Сано. Вий! Мемурам! Духтура ;еѓ занед...
Эсо. Ќавркан баъди пешин меояд.
Сано (якбора ором шуда). Якта об намедињед?
Эсо. Оби «Ѓиљовак» дар пешат. Пулаша тею хўрдан гир...
Сано. Оњњо... Як думкалтая дида мана хор кардї…
Мўсо (об медињад). Ман медињам. Марњамат. Бо пули ман.
Сано. Вооњ… Вай дар рўйи ман мањтоб дид, ту офтоб дидї?
Мўсо. Инсони некманиш.
Сано. Ё наузанбиллоњ. Некї аз ман кам мебарояд. Ту кї?
Мўсо. Мўсо, аз созмони башардўстонаи «Дўсти халќ».
Сано. Вилоятї?
Мўсо. Байналхалќї. Пуламон аз хориља бо доллар меояд.
Сано. Наѓз… Алами Эсо-я аз Муса мегирам. Бо чор самбуса.
Мўсо (аз дур синча карда). Инњо кистанд?
Сано. Деваш – Эсо, директор, парияш коргари нав, ба љойи ман.
Шоира (ба Мўсо ишора карда). Ин мард шубњанок менамояд.
Эсо. Њозир мефањмем. (Ба Мўсо). Ба ту хўрок оварданд?
Мўсо. Ња... Лекин ба ман шумову ин бону даркор...
Эсо. Инаш – Сано, намешавад?
Мўсо. Ман аз пойтахт. Бо мардуми дења мањфил мегузаронам. Барои иљораи як-ду кабинети ин љо иљозати шумо даркор.
Эсо. Маљлис? Аз њукумат иљозат дорї?
Мўсо. Бале. Ана. (Њуљљат нишон медињад).
Эсо. Аз маќомоти…
Мўсо. Ана…
Эсо. Аз вай…
Мўсо. Ана…
Эсо. Аз њо, ана вай…
Мўсо. Ана, боз аз 12 љойи дигар 13 гувоњнома.
Эсо. Хуб.  Розї.
Мўсо. Мувофиќи пешнињоди ин бону, дар толори ошёнаи аввал ба мо дар назди тиреза ду офиси калонро бо гипсокардон људо кунед.
Эсо. Эњња, камаш бист њазор пул лозим.
Мўсо. Хеле камтар. Нисфашро ба њаќќи кироя зам мекунам.
Эсо. Дигарашро ман аз рањматї бобом гирам?
Шоира. Он тарафашро ман ду офиси дигар мекунам. Аз хонаам пардањо меорам, бо латтањои ороишї мисли афсона мекунам. Нарасад, аз бонк ќарз мегирем, фоида фифти-фифти таќсим мешавад.
Эсо. Фоида аз куљо мешавад? Аз маљлиси њамин одам?
Мўсо. Семинари мо як моњ давом мекунад.
Шоира. Мо њар рўз ду чорабинї мегузаронем: идњо дар пеш, 30 корхона љашни 30 ё 25-солагї доранд. Ба онњо љойи хуб лозим. Барои сайёњони хориљї дар њавлї як њавзча меканем, ду хайма, се чайлаи хасї месозем… Наќшааш дар ман њаст.
Эсо. Ба ман ана њамин хел ёвар лозим буд. Ку, њунаратона бинем.
Маслињат карда мераванд.

Намоиши 2.
Толори ошёнаи якум ба офис, даромадгоњ, фойэ таќсим шудааст. Дар байн компютер. Аз толори ошёнаи дуюм садои мусиќї ва шеърхонии бачањо.
-Рўзи Истиќлол меояд њаме,
Даври истиќбол меояд њаме.
Аз пайи љањду талоши бењисоб,
Шуњрату иќбол меояд њаме.

Љилваи парчами мо – Истиќлол!
Фарањи њар дами мо – Истиќлол!
Маќсаду матлаби мо – Истиќлол!
Бењтарин мактаби мо – Истиќлол!
Эсо, Шоира, баъд Сано меоянд.
Эсо. Толори зебо шудааст, мисли хориља. Лекин бачањо як шўхї кардаанд: дар баландї навиштаи “Ш + Э = сурати дил” часондаанд.
Сано. Худат бо кран часпондаї. Ошхона љойи ин хел ќилиќњо нест!
Шоира. Тафсираш хуб аст.
Сано. Чї хубї дорад? Шоира + Эсо баробари ишќ.
Шоира. Не. “Шараф + Эњсон = мењри инсон.
Сано. Э, не-е...
Шоира. Дар пеши толор насб кунед. Дар маъракаи пагоњина байни дил сурати сањњомро мегузорем. Дар дигар маврид њам истифода мебарем.
Эсо. Ташаккур барои њамдигарфањмї. Мо дар хизмат.
Шоира. Занњои оши бурида, нони тобасанги, чаппотї-пазро ёфта меорам. Аз њисоби шартномањои нави мо маош дињед.
Эсо. Хуб.
Шоира (занги телефон). Лаббай. Ташаккур. Суратњоро мебарам. (Ба њама). Макети Хонаи миллї ба ширкати сайёњї маъќул шуд. Мењмонњоро  сањар ба ширчойхўрї меоранд. Сано, ширчойи аљоиб пухта метавонї.
Сано. Очама очаш дар ширчой-пазї машњур буд.
Шоира. Маошат алоњида мешавад...
Њама мераванд.

Намоиши 3.
Мусиќии хавфнок. Мўсо пеш меояд.
Мўсо. Одам зиёд бошад, фољиа калон, ба фоидаи ман мешавад.
Мўсо интихобкардањояш – занњо, љавононро пешвоз гирифта ба курсињо, як гурўњро ба толор, њамроњи тамошобинон мешинонад.

Мўсо. Аввал бо дањ калима худро шинос кунед.
Латофат. «Орзуњо расо дорам, дасти норасо дорам. Латофат.
Њангома. Орзуњо расо дорам, дасти норасо дорам. Њангома.
Сабрина. Орзу надорам: фикре омад, иљро мекунам. Сабрина.
Фирўз. Ман Фирўз – фарњангшинос, феълам наѓз, дўстдори таърих.
Мўсо. Хуб. Акнун мо бояд «эй кю» - суръати зењнро санљем. Ба саволњо љавоб дињед. Муњлат барои фикр кардан панљ сония. Фањмо? Сар кардем: «Як мошин дар пан; даќиќа як ќуттї мебарорад. Ба сад мошин чанд даќиќа ваќт лозим, ки сад ќуттї бароранд»?
Латофат. Панљ даќиќа.
Њангома. Эњња, дар панљ даќика очаат туро таваллуд мекунад.
Сабрина. Ќуттиро аз чї месозад? Калонии мошинњо чї ќадар?
Мўсо. Аз тахта. Мошинњо калон, баробари трактор.
Латофат. Коргоњ бо чї гардон мешавад, ё барќ, ё солярка?
Мўсо. Бо ангишт. Вале ваќти шумо тамом шуд.
Латофат. Зуд аз кор мебарояд: Эсамбой болои ангишт ду тонна санг партофта, ду њазор фоида нагирад, хунаш вайрон мешавад.
Мўсо. Хайр… Ба њар њол, фикри шумо чист?
Њангома. Фаќат сохтмони завод як сол кашол меёбад.
Латофат. Барои сохтани завод майдони кушод лозим. Сад мошина дар ку;о мемонї, ки занг назананд, дар офтоб мурватњояш об нашавад?
Мўсо. Ин муњим нест. Хайр, тепапањоро њамвор мекунанд...
Латофат. Кали Эсо, ;онаша медињаду ин теппаро не; Кўри Самад тахтаи ка;и арзона дар Сибир байни тахтањои хуб монда пул мекунад;
Њангома. Бензини Эгам тоза нест, мошинњо зуд вайрон мешаванд.
Латофат. «Бепушт» бошад, андозу барќ хонабардўш мекунанд.
Мўсо. Саволи дигар. Нархи як кило орд 4 сомонї. Халтаи орд аз он ду сомонї кам. Нархи як халта орд бо халтааш чанд мешавад?
Латофат. 202 сомонї.
Њангома. Эњња, Фушки Рупук бо бањонаи роњпулї як халта орда ба 300 сомонї мерасонад. Набошад, ба зани сеюмаш аз куљо тилло меёбад?
Мўсо. Фаќат љавоби саволро гўед: Дар кўл гули «кўза» шукуфта, теъдодаш рўзе ду баробар зиёд мешавад. Дар 48 рўз њама сатњи кўлро мепўшонанд. Барои пур кардани ними он чанд рўз лозим мешавад?
Њангома. Ягонта: говњои соњиби кўл Мирак њамаашро мехўранд.
Мўсо. Уф... Дар дар як метри мураббаъ пуштањои дења 20 гиёњи давої мерўяд. Аз он ба њисоби миёна ду бемор шифо меёбад. Аз гиёњи давоии дањ гектар замин чанд бемор шифо меёбад?
Латофат. Ягонта. – Рупук тепањоро шахсї карда бузњоша мечаронад.
Мўсо. Уф… Дар дења аз сад оила 30 - тоаш нопурра. Муњољирони мењнатї њар сол дањ оиларо пурра мекунанд. Дар чанд муддат њама оилањо пурра љуфт мешаванд?
Њангома. Баракс, њар сол оилаи нопурра зиёд мешавад.
Мўсо. Чаро охир?
Латофат. Бачаи пулдор аз шањр зани дуюм меорад. Зани якум људо мешавад, зани дуюм баъдтар меравад. Ба љойи як зан ду зан бева мешавад.
Мўсо. Дар њисобот чї нависам? - Дар кўњистон ягон пешравї нест? - Кўњу камар ба чанд кас таќсим шудагї, иљозат намедињанд.
Латофат. Лекин ваќте падари мо меояд, дами њамашон мегирад…
Мўсо. Падари шумо кї?
Латофат. Падари њамаи мо. Эмомалиљон Рањмон.
Мўсо. Ња, фањмо. Шумо чашми дили маро кушодед.
Латофат. Њангома бало. Бо гап дили кўрро њам меёбад.
Њангома. Дили кадом кўра ёфтам, ки ту мондї?
Латофат. Њоли баъд мегўям.
Мўсо. Оянда ба кадом мактаб рафтанї?
Латофат. Ба донишкадаи мардикории Россия. Ягон «лоха» баќап карда, хона месозам, ду бачама тўй мекунам. Њофиза аз Душанбе меорам.
Мўсо. Бо маќсади баланд кардани айкю пагоњ дарс мегузаронем.
Њама. Ташаккур. (Мераванд).
Садо аз гўшаки нињонї. Корат бад не. Вале натиља…
Мўсо. Саволњо ба мардуми эњсосї мувофиќ не, вале чанд камбудї «ёфтанд». Ин нишони IQ нест?
Садо. Аммо бо чунин IQ самолёт сохтан ѓайриимкон гўй. Латофат соњиби 130 балл шуд, аз академик болост. Аммо њатто маълумоти олї гирифтанаш багумон. Дар оила ягон кас њатто омўзишгоњро хатм накардааст. Хунгарм аст, ба доми ишќ афтад, IQ њайф мешавад. Хайр, инаш барои мо бењтар: эълон мекунем, ки дар кишвар IQ – баландон њастанду аз истифода набурдан нест мемонанд.
Мўсо. Бо квотаи прездентї дохил шуда метавонад…
Овоз. Ба ин намерасад. Бо гуруњи осебпазир суњбат гузаронед.
Мўсо. Хуб.  (Алоќаро ќатъ мекунад).
Сано (меояд). Имрўз кор тамом?
Мўсо. Ња. Ин њаќќи кори шумо.
Сано. Ташаккур. Бори аввал ин ќадар маош мегирам.
Мўсо. Њоло бисёр мегиред. Ман шуморо хор шудан намемонам.
Сано. Саломат бошед.
Мўсо. Шумо ба ман бисёр даркор мешавед.
Сано. Чї хизмате бошад, мо тайёр.
Мўсо. Пагоњ ба мањфил инњоро даъват кунед.
Сано (рўйхатро мегирад; норозї). Ња… Хуб. (Мераванд).

Овоз аз радио, сомонањои иљтимої, гузориш аз корњои Шоира.
Овоз. Њар рўз дар “Толори Шоира” барои бачањо тадбирњо созмон медињанд. Соњиби ошхона Эсо Эгамзод Њотами имрўза аст...
Мусиќї ва шеърхонии бачањо аз толори боло.
- Шукрона Ватан обод,
Мурѓи дили мо озод.
Тољик ба тамоми дањр
Шодона занад фарёд:
Рўзи зафар – Истиќлол!
Нури назар – Истиќлол!

Овози сомона. Маъракањои хайрия зиёд шуданд. Эсо Эгамзод дар суњбат гуфт, ки барои халќи худ як сомонї сарф кунем, баракаташ ду баробар шуда бармегардад. Аммо аз ин кор мо дањ баробар бештар фоида дидем. Љойи мо ба созмонњои сайёњї маъќул шуд. Коргарони мо Шоиста, Сано, ошпазони номї хеле мењнат мекунанд.
Сано, Эсо, Шоира меоянд. Шоира ба Эсо гулдаста медињад.
Шоира. Ин гулдаста аз бачањо ба шумо. Ба ин шеър диќќат дињед:
(Шеърхонии бачањо аз боло)
Домони Ватан хон аст,
Рўяш намаку нон аст.
Њар чашмаю дарёяш
Андар баданаш љон аст.
Озод Ватан бошад,
Боѓу чаманам бошад.
Аз домани хоки он
Нони дањанам бошад…
Эсо. Оњ, чї хел наѓз. Чени дили ман! (Ашки шодї мерезад). Рањмат.
Сано. Оббо, дигар буруташа табар намебурад. Ман њам меёбам. 
Шоира. Барои ситоиш ташаккур, лекин маоши ман баланд нашуд.
Эсо. Дањ дарсад аз фоида чї? Аз худ наравї? Маоши баъди як сол.
Шоира. Не. Ман њамагї се моњ чун таљрибаомўз кор мекунам.
Эсо. Баъд чї?
Шоира. Маслињатњо бисёр. (Бо телефон гап зада меравад).
Эсо. Эњња, баъд маро писанд мекунад? Зудтар љунб, Эсо.
Сано. Ин бало-духтар чунон воњима дорад, ки гўё хў;аин ў бошад.
Эсо. Шоира аз кораш меёбад, ту аз садаќаи як хориљї. (Меравад).
Сано. Оббо аку... Худињо ба ќадрам нарасидед, хориљињо мерасанд.

Намоиши 4.
Мўсо ва даъватшудагон ба мањфил.

Мўсо. Дар бањс фаъол бошед. Касе ѓолиб шуд, ба Аврупо барои омўзиш меравад. Чаро сатњи IQ –и мо нисбат ба Аврупо кам аст?
Соќї. Онњо ташвиш надоранд, давлат ѓами хондану коргоњи ояндаашонро мехўрад.
Латофат. Дар мо њам њаст, вале каси дупула вазифа мегираду каси Айкю-баланд не. Диплому вазифаро харидан мумкин, Аќлро не.
Мўсо. IQ 7% кам шуд:. Шояд дар Тољикистон њам. Чаро?
Њангома. Мо бахтро дар ишќ мебинем, Ѓарб дар илме, ки сарват меорад. Мо кайњонро хок мебинем; онњо дар хок завод сохта сарват љамъ мекунанд.
Соќї. Њадафи мо соњиб шудан ба як дўстдоштаамон; ѓарбиён сад солро ба наќша мегиранд, ки тамоми ;ањон ба онњо хидмат кунад. -
Мўсо. Дар Шарќ пас аз 16-солагї 4 IQ поён рафт. Чаро?
Њангома. Дар Африќо ва Њабашистон 75%, Осиёи ;анубї 50%, дар Њинд 12 миллион ноболиѓро ба шавњар медињанд. На тањсил, на кори аќлонї. IQ фирор мекунад? Ва Шарќ вассали Ѓарб мондан мегирад.
Соќї. Ѓарб барои рушди Шарќ маблаѓи зиёд сарф мекунад.
Сабрина. Дењќон дар замин зањмат кашида, ду танга мегирад, аврупоии дар умраш пахтаро надида аз фурўши он миллиардњо мегирад.
Соќї. IQ баланд–да.
Мўсо. Аќлро истифода накунанд, вай занг мезанад, нобуд мешавад! Таваккул кардан лозим! Аз ин рў, дар Ѓарб аксарият айкю-баланд. 
Сабрина. Сабаб – хушзоткунї - дар Аврупо, ИМА нест кардани беморони табобатнашаванда, безурёт кардани авлоди талбандаю мањбаснишин буд. Дар Олмони фашистї яњудиён, камаќлу беморонро ахта карданд. Ин кор чандин сол дар Аврупо њам идома ёфт.
Фирўз. Ана, дар чист сирри баландии айќю дар Ѓарб!
Сабрина. Барои як маъюб чандин кас бепул хизмат мекунанд.
Мўсо. Биёед, ба олами солимњо баргардем. Онњо зиёдтаранд.
Соќї. Ѓарб мегўяд, ки ободию озодии ;а;он бар д;ши ;ст,
Фирўз. Вале кї Шар;ро ;улом кард? – Ѓарб. Ду ;азору сесад сол юнони;о, арабу турку му;ул, аврупоињо торо; карданд. Тиллои чандинасраи Бухоро баъди инќилоб ба Маскав рафт. Имрўз њам...
Мўсо. Дар Шар; wisdom researchers – хирад аз таљрибаи рўзгор њаст, вале кам шудани IQ ба инсоният хатар дорад. (Ваќте љараёни бањс ба манфиати ў нест, чун модератор мавзуъ ва њадафро дигар мекунад).
Њангома. Хирад аз калонсолон, љавонњо барои IQ талош мекунанд.
Мўсо. Ба фикри шумо, рушди писарњо суст, ё духтарњо?
Соќї. Аз духтарњо. Духтарњои Шарќ.
Сабрина. Таро Шарифии эронї дар Англия 162 аз Эйнштейн 22 IQ зиёд гирифт. Њабашї Сањила Иброњим ба ќатори 50 навраси донотарини ;ањон ворид шуд. Навраси Эритрея ;амол Абрања назарияи математикии навро ихтироъ намуд.
Соќї. Гап дар бораи кулли Шарќ меравад. Арабњо, њабашњо...
Сабрина. Дар Аморати мутта;идаи араб Занњо мехо;анд ру;и канизї аз байн равад. «Р;зи зан;о», мањфили мошинронии «;изоли араб» њаст.
Соќї. Ту љабрдидаї, падари вазифадорат шуморо партофт, хору зор кард. Ту метавонї ба љабрдодагонат посух дињї.
Сабрина. Посухи ман – ѓолибият дар озмунњо, диплом, сарват.
Соќї. Ва шавњаре, ки хушбахт намояд-а.
Сабрина. Мардњо тавонанд, худашонро хушбахт кунанд...
Соќї. Ман падарата бо зани наваш, љойи кораш оташ мезадам.
Сабрина. Ва ту бо ин аќлу фаросат даъвои айкюи баланд дорї?
Соќї. Чо кардаст ба аќли ман?
Сабрина. Кўрї намебинї? – Оилавайронї дар Ѓарб њам њаст.
Мўсо. Аќидаро ба якдигар бор накунед. Ба гуногунфикрї риоя кунед.
Соќї. Ња, толерантность. Дашном надињад. Ман њам аної не.
Њангома. Сабрина, ту духтари тинљ, соњиби сад IQ, лекин доим зиќї.
Сабрина. Зиќ не, хавотир: њафт ќадами ояндаи њар одама мебинам.
Соќї. Дар ќадамњои ман чї мебинї?
Сабрина. Њеч чиз, ѓайри... толерантность. (Хандаи умум).
Њангома. Сабрина, њама зиндагиат аз маоши худату модарат аст?
Сабрина. Нону насиб азалї. Барои њамсоя ба маѓозаи интернетї дархост додам, маѓоза 10 дарсади фоидаро ба ман дод. Боѓи бобома дар кўњ барои занбўри асал иљора додам, баъд худам соњиби занбўр шудам. Барои гиёњи давої дархост дорам. Ѓолиби озмун шудам. Мукофот доданд.
Латофат. Ту доної, албатта ѓолиб мешавї. Боз пул мегирї.
Соќї. Бо як озмуну як занбўри асал њама сер намешаванд. Барои рушди халќ Иќбол мегўяд: “Ин мулк як инќилоб мехоњаду бас”.
Њангома. Инќилобњо зиндагии мардумро хуб накарданд, маргу ќашшоќї оварданд. Ваќте рўзгор тинљ аст, њама ризќ пайдо мекунад.
Соќї. Дили духтар - дили кафтар, талхакаф мешавад.
Сабрина. Дар инќилоби гулњо бештар мардњо мурданд. Чї лозим?
Латофат. Мо ба чашмамон дидем. Дигари пушти сарамон набинад.
Њама. Дуруст. Инќилоб-пинќилобаш лозим не. 
Мўсо. Ором. Панљ даќиќа танаффус. (Пеш мебарояд).
Овоз. Бењунар. Љамъбаст кунед. Пагоњ маъракаи калон мешавад. Кони калони мис ёфтаанд. Намехоњем инњо обрў гиранд. Гўед, ки фоидаи завод ба Чину Россия меравад. Як таркиш шавад, сањњомон ба шубња афтода, корро ќатъ мекунанд.
Мўсо. Хуб. (Ба худ). Соќї ва Сано ёвар мешавад.

Аз боло садои шеърхонї ва мусиќї. Њама ба он одат кардаанд.
Ватандорист – Истиќлол,
Ватансозист – Истиќлол.
Ватанро дўст медорем,
Ватанбонист – Истиќлол.

Соќї меояд, маслињат мекунанд, меравад.
Шукрона Ватан обод,
Мурѓи дили мо озод.
Тољик ба тамоми дањр
Шодона занад фарёд:

Рўзи зафар – Истиќлол!
Нури назар – Истиќлол!
Сано замзамакунон меояд.
Сано. Рўзи зафар – Истиќлол! Нури назар … Э, салом, мистер.
Мўсо. Санољон, ин маоши шумо. Инаш илова аз худам.
Сано. Рост будааст: “Ишќи нав роњат, ишќи куњна дарди сар” - талаб, паст задан! Кош барваќт меомадед, ки аз Эсо халос мешудам...
Мўсо. Пагоњ љамъбасти мањфил аст. Як сюрприз мекунем.
Сано. Оњ, чунон сюрпризе мехоњам, ки аз он Кали Эсо сўхта мурад.
Мўсо. Ман феерверки хитої меорам – салют. Шумо бо дигар чизњо дар толор љой мекунед. Бо ишораи ман ин мурватро тоб медињед, чцун салют оташаки гулранг парида ба сари њама ситораи зарин мерезад.   
Сано. Аљоиб мешавад. Ба сари ман њам?
Мўсо. Тилло-реза мерезад. (Меравад).
Сано (ба баста назар карда). Кадомаша дар куљо монам?
Фирўз шитобон мегузарад.
Сано. Ин наврўидњо медонанд. Бачаљон, њаминњоро хонда фањмон.
Фирўз. Хуб. Тротил - маводи тарканда.
Сано. Ња, не, ин “фраерверк” – бозича. 
Фирўз. Бо англисї бозича, ё барои бачањо нанавиштаанд. (Меравад).
Сано. Ба чизи дар кино дидаам монанд. Ягон бало набошад? Мўсо ким-чї хел дар ташвиш. Дар кумурхона пинњон мекунам. Вай бетонї, мустањкам. (Мебарад).
 
Намоиши 5.
Эсо бо телефон суњбаткунон ба даромадгоњ меояд.
 (Занги телефон). Салом. Фаќат мошинњои калона гирифтед. Хайр, бо хурдаш кори бечорагимона кам-кам давом медињем. Њаќќи мо чї мешавад? Не-е… Ин хел бошад, хоккашия тамоман ба Гизала мебахшам. Ошхона лозим нест? Ња, аз пойтахт ошпаз меоранд? Майлаш.  (Занги телефон). Рупукфаќат бо мошини майда. Э, барои ту, бойбача арзон. (Занг мезанад). Гизала, ба Дуќад якта хок. Ба Пештоќ якта санг. (Меравад).

Идомаи мањфил.
Мўсо. Истиќлол ба мо чї дод? - љанги шањрвандї, яксаду пан;о; ;азор кушта, 1 миллион гуреза, беш аз 10 миллиард доллар зиён овард.
Сабрина. Љанг аз берун идора мегашт. Имрўз Тољикистон тинљ аст.
Мўсо. Ба асли зиндагии мардум нигаред. Оё Айкю-баландњои тољик дар сатњи љањон ба ягон чиз муваффаќ шудаанд? Дар љумњурї чї?
Фирўз. То;икњои муваффаќ дар хори;а зиёд: Леонид Рейман писари олими то;ик Додо;он То;иев, вазири коммуникатсияи Россия, сарвари ширкати бонуфузи МТТ «Межрегиональный транзиттелеком» шуд. Доктори илми тиб, Равшанбек Собиров вазири рушди и;тимоии Ќирѓизистон шуд. Дилафрўз Хоникбоева ба њайати кориии президенти ИМА ;о Байден ворид шуд. Дар То;икистон 40 соњибкори миллионер, дар Россия сад миллионери то;ик њастанд. Диловар Муњиддинов соњиби калонтарин ширкати «Транс-Евразия», дар Фархор мактаби сеошёна, маркази тиббї, бемористон ва таваллудхона, 15 километр роњи мошингард сохт. То;ирони Исфара дар Аргентина, Ветнам, Њиндустон, Перу, Колумбия боѓи мева бунёд кардаанд; ба Россия аз Амрико чормаѓзу бодом, аз Ветнам равѓани кастона меоранд.
Мўсо. Ин тиљорат аст. Ба мо нерўи аќлонї даркор.
Њангома. Саидмурод Соќиев аз Данѓара устоди донишгоњи Новосибирск, офарандаи барномаи компьютерии «Пифагор» аст, ки дар Россия, Украина, Беларус насб шуд. Сино Гулчинов дар донишгоњи Калифорния дар ИМА бахши барќи мошинро такмил медињад…
Латофат. Ангубини Муњаммадрасул, соли 1999 дар Душанбе таваллуд шуда, бо ањли оила дар 9 солагиаш ба Нидерландия рафт, соли 2020 донишгоњи онро хатм кард, дар Аврупо равоншиноси муваффаќ аст.
Фирўз. Дар фарњанг низ то;икони муваффаќ бисёр.
Мўсо. Чаро дар Тољикистон ин муваффаќият нест?
Сабрина. Ин ба вазъи умумии иќтисод алоќаманд аст. Мо нефту газ надорем.  Кишварњои кўњии дур аз уќёнус барои рушди зиёд имкон надоранд. Олимони нодир дар њама соњањо зиёданд, вале дар ватан будањоро мо нодида мегирем.
Мўсо. Аз нисф зиёди Швейцария кўњ, вале доротарин кишвар аст.
Њангома. Вай дар маркази Аврупост, ба њама кишварњои роњњои хуб дорад. Аз асри ХVIII сиёсати бетарафї интихоб кард, вале ба њама љангљўён пул ќарз дода, аз пули хориљињо пул фоида гирифта, роњи оњану заводњо сохтанд. Ањолї 10 миллион нафару бонк 750 адад. Фаќат United Bank of Switzerland $62,2 млрд. Credit Suisse $ 51,5 млрд. дорад.
Сабрина. Сеяки тиллои ;ањон дар Швейтсария поккорї мегардад, аз ин $321 миллард фоида мегиранд. Паниру соатњои дастии “Сима”, “Лонжин”, “Омега”, “Филипп Патек”, “Зенит”-ро сад сол аз арзиши аслии худ њазор карат гаронтар дар ;ањон фурўхтанд. 
Фирўз. Кишварњои атроф дар оташи ;анги дуюми ;ањонї сўхтанд, вале Швейтсария супоришњои њарбии Олмон ва Италияро и;ро карда фоида гирифт. То;икистони аз љабња њазорњо километр дур буд, вале сесад њазор кас ќурбон шуд, нонашро ба фронт фиристод. Пас, кї бой шавад?
Соќї. Ба њар њол, аќли Швейтсарињо баланд: то 30–солагї издивољ намекунанд, як – ду фарзанд таваллуд мекунанд. То 15 сола њамагї 15%. Мисли мо таваллуд мекарданд, ањолї аз сад миллион мегузашту ба њар сари кас ба љойи 80 њазор њамагї 8 њазор долларї мерасид.
Њама. Инаш рост.
Фирўз. Вале аз фоизи пули муфт омада илољ меёбанд. 
Мўсо. Шумо дар ин љо ќашшоќиро чї хел эњсос мекунед?
Сабрина. Њељ хел эњсос намекунам. Дар Њиндустон њазорњо миллионер, коргоњњо, маъбадњои калон њаст, вале 10-15 миллион талбанда шаб дар кўча хоб мекунанд. Дар ин љо чунин нест.
Њангома. Љанги шањрвандї харобињо овард, вале мо ба шарофати Пешвои миллат аз солњои 2000–ум рў ба сўи рушдем, ба ќатори дањ кишвари хушахттарин дохил шудем. Ин нишони баланд будани айкю аст!
Мўсо. Хуб, ватандўстон. Аммо њадди ќашшоќї дар як рўз сарф кардани камтар аз 2 доллари ИМА аст. Оилањо бањисоби миёна 6-7 нафаранд, барои ин меъёр оилањо бояд 500 доллар моњона гиранд.
Соќї. Аз куљо? Ба ин ањвол то кай тоќат мекунем?
Сабрина. Шумо чї маслињат медињед?
Соќї. Инќилоби гулњо; иваз кардани њукумат бо интихобот, ё худро ба нодонї зада тоќат кардан. Њафт даќиќа барои андеша.
Њама чой нўшида андеша мекунанд.
Мўсо. Њангома, Латофат, шумо лидери гуруњ њастед, супоришњои мо мањорати шуморо баланд мекунад ва лидери љомеа мешавед. Солњои 90-ум дар дењаи шумоён чанд каси ба њукумат мухолиф буд. Онњоро мешиносед? Њолашон чї хел?
Њангома. Ња, Сабур, Собир, Њаннон, Сувайда, Њумайро… 
Латофат. Савза, Сурхаков, Кабутов. Бо кору бори рўзгор овора.
Мўсо. Имрўз њам мухолифанд? Шояд “толибони хуфта” бошанд?
Њангома. Дилам гувоњї медињад, ки не.
Мўсо. Санљед. Гўед, ки мухолифин меоянд, агар ёрї дињед, вазифањои калон мегиред. Бинед, чї мегўянд?
Њангома. Бо телефон гап мезанем.
Мўсо. Мешавад. (Ба як тараф). Ба телефонашон садобардор њаст.
Меравад. Њарду телефон мекунанд. Эсо меояд.
Соќї. Як душмани истиќлол њам ин кас. Биёед, дили ўро мефањмем.
Эсо. Салом. Шароит хуб аст? Камбудї бошад, узр.
Мўсо. Коршиносон мехоњанд бо шумо саволу љавоб кунанд.
Соќї. Шумо бо ин ошхонаи бефоида худро ноумед њис мекунед?
Эсо. Ња, ошхона фоидаовар нест. Зиндагї аз њисоби ширкати «Хоки Ватан»: ду хонаи дуошёна, 12 кўдак дорам. Ду духтарам дар вилоят, ду писарам дар пойтахт, як писарам дар Олмон мехонад. «Хоки Ватан» њамин ќадар медињад. Шукри њамааш.
Соќї. Мегўянд, истиќлоли мо аз берун њадя шудааст.
Эсо. Не. Ин њадяи Коваи оњангар, Томирис, Спитамен, Катан, Шањболи Хатлон, Деваштич, Абўмуслим, Муќаннаъ, Тоњириён, Саффориён, Сомониён, Восеъ, аљдодони мост. Бобома бобош дар шўриши Восеъ иштирок карда буд, падарам барои истиќлолият љонбозї кард, ман њам наврас будаму ёрї додам.
Соќї. Шумо инќилобчии истиќлолият будаед.
Эсо. Кам-кам: њамроњи мўйсафедон куштањоро дар дафтар сабт карда, дар замин љо мекардем. Ана њамин љанги бародаркуш бо њазорњо куштањо њадяи хориља буд. Инро баъд дар бисёр давлатњои дигар дидем, ки дањњо сол боз созиш карда наметавонанд. Халќи мо ба шарофати ин марди худодод президенти кишвар Эмомалї Рањмон зуд фањмид, тинљ шуд, њама якдигарро бахшид. Њоло љонишини ман писари собиќ мухолифи силоњбадаст аст. Бо њам љону љигарем.   
Мўсо. Вале шумо кону ошхонаро бо пул харидед. Пас, чї фоида аз истиќлол? Бе он њам харидан мегирифтед.
Эсо. Истиќлол намебуд, дар њамин талу теппањо маљбур пахтакор мешудаму номам «Пахта-ѓулом» мебуд. Истиќлол буд, ки соњиби хоки Ватан шудем. Пеш гўё аз мо буд, вале дар дасти мо набуд, ихтиёраш дар дасти Маскав буд. Пул бошаду дар сандуќ истад, гўё, ки нест, мепўсад. Вале ба кори халќ сарф кунї, аз худ дарак медињад, нур медињад.
Сабрина. Оњњо, ин маќоли миллионерњои амрикоист.
Эсо. Мо њам мехонем, дар семинарњо иштирок мекунем.
Соќї. Чораи бењбудии зиндагии халќро дар чї мебинед?
Эсо. Сулњу осоиш бошад, зиндагї хуб мешавад. Ана, тинљї ки њаст, олимони мо њамроњи мутахассисони хориљї ба ин дењаи дурдаст омада боз як кони калонро ба кор дароварданд. Вай панљоњ сол пеш маълум будааст, вале Маскав бо бањонаи кам будани захираи он барои истифода бурдан рухсат намедод. Ман њам бо ширкатам ба ин сохтмони азим ворид мешавам. Зиндагии њамаи мо хеле бењтар мешавад.
Соќї. Мо магар айкюи кофї дорем, ки сарвати худро соњибї кунем? Фоидаша боз Русияву Чин мебинанду мо ду даст дар бинї мегардем.
Эсо. Дила васеъ гир додар. Њар кас ризќи худашро мехўрад. Бо техникаву илми Чину Россия мо конро зуд ба кор медарорем. Ин доди худо аст, аз зери хок аст, боло барорем, фоидааш ба њамаамон мерасад.
Њангома. Ба мо њам?
Эсо. Албатта. Курсњои кўтоњмуддат мешавад, мехонед, дар ним сол касбњои навро ёд мегиред…
Мўсо. Кофист. Узр, ки шуморо ташвиш додем.
Эсо. Пас аз дарс ба як пиёла чойи мо марњамат. (Меравад).
Њама. Рањмат, акаи Эсо.

Мўсо дуртар рафта бо Садои нињонї паст-паст љанљол мекунад. Чанд посухи ў шунида мешавад: «Ин берун аз наќша шуд. Худаш омад. Эњтиёт мешавам»…   

Намоиши 6
Даромадгоњ. Шеърхонї аз толори боло.
Дар ма;зи ;ону тан,
Андар ву;уди ман,
Чун р;ди мав;зан,
Ме;;шад ин сухан
Ватан, Ватан, Ватан!
Хоку ;авои ту,
Обу самои ту,
Сид;у сафои ту,
;он башадам ба тан,
Ватан, Ватан, Ватан!
Шоира меояд, суњбати телефонї карда механдад. Эсо рашк мекунад.
Шоира. Чао, чао...
Эсо. Чї иќа гап мезанад? Бўсаи њавої мекунад! Гўё хўљаин вай аст. Ресторан -  аз ман, хўљаин Шоира; пул-пули ман, обрў мегирад Шоира. Пас, ман кистам? Лох?
Шоира. Салом, шеф.
Эсо. Давру даврон дорї-да. Вай кист, ки бўсаи њавої мефиристї?
Шоира. Супоришгар. Ин... муомила аз рўи касбам. Бояд дили њамаро ба даст орам. Як бўсаи њавої аз ман, як даромади иловагї аз шумо...
Илме, ки дар он амал набошад,
Љуз арбадаву љадал набошад.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Ќадри ту яке њазор гардад.
Эсо. Чунон муомила мекунї, ки гўё хўљаини ресторан бошї.
Шоира. Онњо бояд њис кунанд, ки ман дар гапам устуворам.
Эсо. Хайр, ман раис гуфтан гир.
Шоира. Медонанд, ки ман фаќат маъмурам. Пул ба суратњисоби шумо, мегузарад, њаќќи ман њамагї 10 дарсад.
Эсо. Пас, чаро фаќат бо ту чаќ-чаќ мекунанд?
Шоира. Чунки ин ташаббуси ман, муштариёнро ман ёфтаам.
Эсо. Не, бо ман њам гап занад. Ман пула ду баробар мекандам. Ту аз пушти сари ман гап мезанї. Кї медонад, дар таги дилат чї?
Шоира. Дар сари ман фикри бо ин чорабинињо имиљ сохтан. Вале дар сари шумо чї фикр аст, Худо медонад. (Ба телефон) Э, не, Љоник, узр. Ин ба каси дигар дахл дорад. Бе шумо намешавад...
Эсо. Нав фањмидї? Бе ман ягон корат намешавад.
Шоира. Не, ин ба шумо не. (Ба Эсо). Шуморо њурмат мекунам.
Эсо. Њурмат накуну рўзата бин.
Шоира (ба Эсо). Не, ин гап ба раис дахл дорад.
Эсо. Раиси ноњия? Салом гўй. Раис, салом...
Шоира (Ба Эсо). Не, раиси ширкат. (Ба телефон). Ин кас шефи мо, акаи Эсо, инсони бошараф, бекина. Ба љойи... падар... бародар, хоњар...
Эсо. Э, не-е... ба љойи...
Шоира. (ба Эсо). Э, истед. Рашку наѓмањот ба ман маъќул не.
Эсо. Ба ман њам.
Шоира (ба Эсо). Ин гап ба вай... Љоник, не бошад, не. Як њуштак кашам, бист спонсор меояд... Ќонунњои Тољикистон њомии ман.
Эсо. Ин гапа ба кї гуфтї?!
Шоира. Ба њардуятон.
Эсо. Ин кї буд?!
Шоира. Сањњом барои рўзи хатмкунандагон. Дасти маро мехоњад.
Эсо. Ман њам мехоњам.
Шоира. Номаъќул кардааст.
Эсо. Кї?
Шоира. Вай.
Эсо. Пас аз манї.
Шоира. Не. 
Эсо. Тамоман не?
Шоира. Тамоман не.
Эсо. Набошад, чорабинии имрўзаро манъ мекунам.
Шоира. Шартнома доред. Чорабинї пулакї аст.
Эсо. Даромади ман аз сангу хок. Барои ту ба ин љамалѓа розї шудам. Лекин ту на ил–ал–азим шудї, на ул–ал–азим.
Шоира. Ман таљрибаомўзї омадам. Кўдакамро бояд калон кунам.
Эсо. Хайр, таљрибаро бар сари кали ман омўхтї? Тамом.
Шоира (занги телефон). Ин супоришгари мањфили имрўза. Чї гўям?
Эсо. Гўй, ки маърака намешавад.
Шоира. Худатон маслињат кунед. (Телефонро медињад).
Эсо. Додар. Ба ин пул маймун ба офтоб намебарояд. 50% илова кунед. Маъмур Шоира не, Сано мешавад... Пулаша дињед, Сано... суруди зинда мехонад,  раќс њам мекунад... Не бошад, не. Инља хонаи ман...
Шоира. Заб кор кардед... Аз фоидаи зиёд мондед.
Эсо (ба Шоира). Мана, гир... Мурда-мурда меояд.
Шоира (телефонро гирифта). Лаббай... “Лаби дарё”? Хуб, њозир.
Эсо. Эњња! Лаби дарё? Инаш њам баумед?
Шоира. Уф... Тарабхонаи “Лаби дарё” ба кї маъќул не? (Меравад).
Эсо. Њо, офат... Сахти бад гирифтам? Хостам ин зорї кунад...
Сано меояд.
Сано. Салом. Фањмидед? Ману Мўсо баъди тўй ба хориља меравем.
Эсо. Дар хориља ба ту пухта мондаанд?
Сано. Ња! Як писару як духтар таваллуд мекунем...
Эсо. Бо њамин?
Сано. Хайр, чо кадаст? Ё худои ман... На кал аст, на кўр.
Эсо. Уф. Барои ќасдгирї њарчї гуфта мелаќќї.
Сано. Не. Вай чунон мењрубон, гапњояш бамаънї, бўсааш ширин...
Эсо. Хайр, бас, бўсашинос. Корам чї? Шў кунї, кардан гир. Ман ба ту аз дилсўзї ёрї медодам. Аз пайи кор шав.
Сано. Ња, дер шуд. Хона рафта барои шавњарам хўрок пазам.
Эсо. Њамин љо ошхона, пухтан гир картошка - партошката.
Сано. Картошка-партошкая шумо хўред. Барои шўям љигаркабоб, дилбирён мепазам. (Љунбон-љунбон меравад).
Эсо. Хайр, бало ба паси њамааш. Пирию хартозї гуфтаанд. Ба ин масъалањо нуќта. Аз пайи тарбияву хонондани фарзандон шудан лозим. Бо кони мис машѓул шудан даркор. (Меравад).

Намоиши 7.
Давоми намоиш аз мањфили Мўсо.
Мўсо. Њангома, Латофат, натиљаи тањќиќот чї шуд? 
Латофат. Хулоса, њама воќеаи гузаштаро мисли хобу хаёл фаромўш кардаанд. Як девбод омаду рафт, дигар њафт пуштамон набинад мегўянд.
Њангома. Мегўянд онњое, ки дар хориљаанд, кару кўранд, гумон доранд њоло њам солњои 90-ум аст. Љањон дигар шуд, мо дигар шудем.
Латофат. Дигар ба афсонањои демократия њељ кас бовар намекунад. Агар аќли њозираамон мебуд, њељ кас моро гумроњ карда наметавонист.
Њангома. Мегўянд њамон ваќт њам ягон кори ношоиста накардаанд, фаќат ноилољ худро тарафдори онњо њисоб мекарданд, чунки бо бањонаи “Касе бо мо нест, коммунист аст, фронти халќї аст” сар мебуриданд… худо он рўзњоро нишон надињад
Латофат. Агар ба мубориза хестан лозим бошад, бар зидди ана њамон иѓвогарон хеста бо пойпўшамон зада пеш мекунем.
Њангома. Дар масъалаи толибони хуфта ва гаравидан ба гуруњњои террористї мегўянд, ки љавонони нодидаро ба дом афтода метавонанд, вале онњоро не. Онњо демократияро дидаанд, ин зањрро чашидаанд.
Латофат. Боз гуфтанд, ки барои пешгирии љавонон ба экстремизм пеши тарѓиботи мухолифони дар хориља бударо гирифтан лозим.
Сабрина. Террористон касони бесаводанд, ки эътиќоди сахти љоњилона доранд. Аз ќотили Муњаммад Анвар Содот, президенти собиќи Миср пурсиданд, ки чаро Раисљумњурро куштї? Гуфт: «Барои он, ки секулор (љонибдори низоми дунявї) буд. Суол карданд, ки маънои секулор чист?» Гуфт: «Намедонам». Ваќте аз ќотили Фараљ Фуген, мутафаккири барљастаи мисрї низ чунин суол карданд, посух дод: «Барои он, ки кофир буд». Пурсиданд: «Аз чї донистї, ки кофир буд»? Гуфт «Аз китобњояш». Гуфтанд: «Кадом китобњояшро хондї»? Гуфт: «Њељ кадомро. Ман савод надорам».
Мўсо. Ѓарб барои Шарќи исломї миллиардњо доллар ёрї медињад, вале дар бисёр кишварњо мусалмонон даст ба амали террористї мезананд.
Соќї. Мамлакатњои исломї дарди сари њама љањониён шуданд.
Фирўз. Истед. Ба саволи ман посух дињед: Аз онњое, ки Љанги якуми љањонро оѓоз карданд, як мусулмон буд? - Набуд. Аз онњое, ки Љанги дуюми љањонро оѓоз карданд, як мусулмон буд? - Набуд.  Аз онњое, ки 20 млн сокини Австралияро куштанд, як мусулмон буд? - Набуд. Аз онњое, ки дар Љопон ба Хиросима ва Наказаки бомабњои атомї партофтанд, як мусулмон буд? - Набуд.  Аз онњое, ки дар Амрикои Љанубї зиёда аз 100 миллион сурхпўстонро куштанд, як мусулмон буд? – Набуд. Аз онњое, ки дар Амрикои Шимолї зиёда аз 50 миллион сурхпўстонро куштанд, як мусулмон буд? - Набуд. Аз онњое, ки беш аз 180 млн африќоињоро рабуда ѓулом карданд ва 88 дарсадашон мурданд, як мусулмон буд? - Набуд. Ѓайримусалмон амали террористї кунад, љиноят аст, агар мусулмон кунад, террорист аст?!
Мўсо (мавзуъро дигар мекунад). Он мухолифини собиќ аз љиянњошон дар хориља хабар доранд? Онњо чї њол доранд?
Њангома. Њоли саг: Пезиденти ИМА Трамп пули барои иѓвогарии онњо људокардаро бурид. Аврупо пул доданї, вале аз ин бечорањо амали сиёњи бештар мехоњад.
Латофат. Як љияни Сурхаков дар Аврупо бо як зани 75-сола издивољ кардааст, ки чанд миллионашро мерос мегирад. Он зан умри дароз дид ва дар васиятномааш навиштааст: “Азизам, Сурхализода, рањмат, ки солњои охири умрам маро шод кардї. Сарватамро ба хазинаи хайрия гузарондам. Ту бароят кори мувофиќ меёбї”.
Мўсо. Инро аз куљо фањмидед? Шояд фейк аст?
Њангома. Аз интернет хондам.
Мўсо (ба гўшаки нињонї). Дар бораи мо њама чизро медонанд. 
Садо. Вазифаат маълумоти зиёдтар гирифтан. Ором шав.
Мўсо. Хуб. (Ба назди шунавандагон бармегардад). (Ба њама). Бояд ќоим шавем, ки ба Аврупо баробар шудани мо мушкил.
Сабрина. Тољикистон дар як кор ба кишварњои мутараќќии аврупої баробар шуда наметавонад: забон ба сулњу даст ба љанг; дар забон бо худову дар дил бо Иблис; дар сиёсат њам доллар љустан; никоњи бесадоќат; ишќи озоди њамљинсњо; бомбаандозї ба сари халќњои дигар; ба иѓво кашидани як халќ алайњи халќи дигар; дар дили љавонон бедор кардани вањшоният нисбат ба инсон ва ѓайра. Њусни одобу ахлоќ, мусулмонии њаќиќї њам дар Тољикистони мо њаст.
Мўсо. Хуб ватандўстед. Истиќлол чї дод, дар китоби дарсї њаст: дар харитаи љањон пайдо шудани Тољикистон, баромадан аз бунбасти роњњо, амнияти энергетикї, озуќаворї, саноатикунонии кишвар, эњёи забон, расму оин, њамкорї бо кишварњои љањон. Мушаххас ба шумо чї дод?
Сабрина. Бењтараш, пурсед, ки мо ба Истиќлол чї додем?
Мўсо. Аниќтар мекунам: бигўед, ки чаро мо ќашшоќем?
Фирўз. Дар Аврупо маош зиёд, харољот њам: фаќат барои хўрок дар Франсия соле 5562, Исроил 5275, Австралия 5421, Италия 4933, Германия 4650, Канада 4623 доллар сарф мекунанд, дар То;икистон 728 доллар.
Соќї. Чунки нест – да…
Њангома. Не. Хўроке, ки он љо 20 доллар нарх дорад, дар ин љо 20 сомонї, яъне 10 баробар кам аст. Њатто нон ќимат: аз 1,23 то 2.07 евро, дар мо 5 сомонї – яъне 7 баробар арзон.  Нархи миёнаи 1 метри квадратии манзил дар То;икистон 600 доллар, дар Англия 3 400$, дар Франсия – 4 000$, дар Швейцария 6 900$. 
Фирўз. Моли кишоварзии њарсолаи мо бо нархи бозори мо 1,5 млрд евро, бо нархи бозори Аврупо 30 млрд € мешавад.
Соќї. А бача, мо дар кишвари миллонерњо ќарор доштаем-ку?
Мўсо. Каду хуб, аммо аз кам хўрдани гўшту моњї IQ кам мешавад.
Сабрина. IQ чї хел истифода мешавад? - барои даромади пулї 57 %; барои мансаб 34%; барои дониш 7 %; ба фоидаи дигарон 1,9%; барои рушди умум бе фоидаи шахсї 0,1%.  Барои рушди умум танњо 0,1%. Њељ.
Мўсо. Вале фоидааш ба њама мерасад.
Сабрина. Илон Маск миллиардер шуд, атрофаш пур аз ќашшоќон.
Мўсо. Дар Ѓарб зиндагї баланд, дар Шарќ не. Худкуширо бинед...
Соќї. Мардум аз ќашшоќї худкуш шудааст.
Њангома. Ин беморї аст, њар 40 сония дар ;ањон як кас, соле 800 њазор одам худкушї мекунад, аз он фаќат 235 њодиса дар ;умњурии мост.
Соќї. Ќашшоќї аст. Ба ин чї тоќат кардан мумкин?
Сабрина. Агар омили худкушї ќашшоќї мебуд, дар Африќо ва љануби Осиё худкушї оммавї мегашт. Вале худкушї бештар дар Аврупо, Амрико, ;опон доро аст. Дар байни мо аз сад њазор нафар 2,5 кас худкуш аст, дар Швейцарияи доро 11,3 кас - чоруним баробар зиёд. Дар Норвегия кишвари хушбахттарин, 4,6 баробар зиёд.
Њангома. Дар интернет омадааст, ки аз сад њазор нафар дар Грен¬ландия 82.32, Россия 26.55, Литва 25.76, Словения 19.58, Эстония 17.26, Венгрия 16,68, Белгия 15.43, Финляндия 15.00, Хорватия 14.77, Япония 14.3, Австрия 13.91, ИМА 13.7, Полша 13.4, Исландия 13.3, Франция 12.1, Швеция 11.7. Германия 10.56 кас худро куштааст.
Сабрина. Пас, худкушї на ба дорої дахл дорад, на ба Ай ќю? Мардуми мо хеле тањаммулпазир аст.
Соќї. Вале як ќисми мардум норизо аст. 
Сабрина. Сокинони ягон давлат 100%  аз њукумат розї нест, то 15 дарсади мардуми њар кишвар норозист, вале исён намекунанд, бо њукумат њамкорї доранд.
Соќї. Мухолифони мо дигар, љиддиянд, ба њамдастї ниёз доранд.
Сабрина. Кї будани онњо маълум аст, халќ љонибдорї намекунад.
Фирўз. Онњо обрўи худро рехтаанд.
Мўсо. Кифоя. Мањфили омўзиширо ба љанљол накашед.

Намоиши 8.
Даромадгоњ. Шеърхонї аз толори боло.
- Дўст дорам кўњсорат, эй ватан,
Њам навои чашмасорат, эй ватан.
Равнаќу ављу барорат, эй ватан,
Осмони беѓуборат, эй ватан!
Пос дорам ќатраи оби Ватан,
Гарди хоки резаи нони Ватан.
Шод дорам зиндагї дар доманаш,
Сабзумрам дар сари хони Ватан.

Сано ва Эсо меоянд.
Сано. Хабари нава шунидед? – Шоира мањфили манъкардаи шуморо дар Ресторани “Лаби дарё” гузаронд. Дар маърака раиси ноњияву намояндаи вилоят њам омаданд. Ба Шоира бањои баланд дода, як маркази нав кушода доданд.
Эсо. Хайр, ба ман барин касон хушомад зада мегардад.
Сано. Не, нафањмидед: худаша раиси маркази фарњангї – фароѓатї таъин кардаанд. Номаша “Кохи Шоира” гузоштанд. 
Эсо (дилашро дошта). Инаш чатоќ...
Сано. Боз як хабар: шавњари Шоира оштї шудааст.
Эсо. Уф... Баумед нашав, шўйи ту барнамегардад.
Сано. Ман шўйи нав дорам: вай Мўсољон аст. Мо хориља меравем.
Эсо. Уф... Дору биёр... Кардиамон дар мизи кориам.
Сано. Ќавркана љеѓ занам – чї?
Эсо. Оббо. Кар њам заду... Якта дору те.
Сано. Гир. Ман мисли ту сангдил не. (Дору медињад.) Эњ, ба корам дер шуд. Мўсољон хафа нашавад… (Меравад).
Эсо. Мурад Мўсоят. Инњо аз кадом гўр пайдо шуданд? (Меравад).
Мўсо (пеш баромада; ба гўшаки нињонї). Маро бењуда ба ин љо фиристодї. Мебинї, ањвол дигар аст, лашкар ворид кардан маъно надорад – мардум омода нест. Пайравони собиќ, ки ба умедашон будед, аз он идеяњо даст кашидаанд. Гуфтанд, ки агар љињод кунанд, зидди тарѓибгарони демократияи нав, яъне зидди мо мекунанд. 
Садо. Ба фикрат, чаро мардум гуфтаи туро намекунад?
Мўсо. Чунки аз љањон бехабар нестанд. Аз инќилоби гулњо, бањори араб, фишор ба мухолифони сиёсї дар Аврупо, ИМА, бохабаранд. Ба ваъдањои њаёти бењтар, демократиябозии мо бовар надоранд. Террористон обрўи моро рехтанд. 
Садо. Ту он љо чї кор мекунї? – Саёњату дилхушї дар ватани аљдодї?
Мўсо. На. Зодгоњамро ёд надорам, дар дусолагиам аз ин љо бурданд. Њадафи ман ба исён омода кардани мардум аст.
Садо. Исён куљо шуд?
Мўсо. Дар Брюссел аз тарѓиботи шумо гумон доштам, ки зодгоњам як гўшаи фаќир, мардум пурѓазаб, як гўгирд занї, њама дармегиранд. Аммо инљо аз шањракњои пешрафта фарќе надорад. Шабу рўз марказњои савдою фароѓат дар хизмат, њама чиз дастрас, телевизиони моњвораї дар хонаи њама њаст. Моро кару кўр мењисобанд, ки хубињоро намебинем.
Садо. Аз дастат ягон кор наомад. Таркиш кунед, ки сањњомон аз бунёди кони мис, волфрам, висмут дилсард шаванд. Ин барои пул кандан наѓз.
Мўсо. Ман ин корро карда наметавонам. Ин худкушист.
Садо. Каси дигар таркиш мекунад.
Мўсо. Ў кист?
Садо. Алоќа тамом. Алвидоъ.
Мўсо. Худоё. Љамъбаст карда пинњон мешавам. Дар анбори ангишт...
Назди иштирокчиёни мањфил бармегардад.
Соќї. Фаќат бо наску каду давлату иќтисод пеш меравад?
Сабрина. Аниќ, чашмат хира аст, бо айнаки ман нигар, бо барномаи чоруми хукумат, саноат тараќќї кард! Тиллою нуќра, алюминий њар сол даромади зиёд ба буља меоранд. Ана солњои охир чанд кони мисро ба истифода доданд. 
Њангома. Рост. Дар паси хонаи бобоят кони калони мис ёфт шудааст. Ба кор дарояд, истењсоли мис соле ба 50 њазор тонна мерасад.
Соќї. Э, не-е. Мошинњои Эсо аз он љо ќуму шаѓал мекашонанд. 
Сабрина. Завод њам месозанд, ки хокаро ба металл табдил медињад.
Мўсо. Аммо зарари экологияш хеле зиёд аст.
Сабрина (ба интернети телефонаш назар карда). Нархи як тоннааш имрўзњо ба 9500 доллар шудааст, то охири сол ба 10 000 доллар мерасад, соле ба буља ним миллиард доллар даромад медињад. 
Соќї. Вале њама замину об зањролуд мешавад.
Њангома. Ин ќадар ту бадбин? Душман чизе гўянд, такрор мекунї. Нон надоштем, аз камбаѓалї љор мезадед! Соњиби тиллову нуќра шудем, аз зањри атрофи кон зањр гуфтед. Мис ёфтем, ба љойи шод шудан, боз њамин туњмат.
Латофат. Аз даромади кону завод шањри нави муосири Истиќлол бо тамоми сохтори муњофизатї мешавад, ки душманњо сўхта муранд.
Соќї. Аз њама бало бохабар будед, чаро то имрўз аз кон гап назадї?
Њангома. Ин сирри давлатї. Кї медонад, душманњои миллат чї мехоњанд.
Мўсо. Вале ваќте айкю кам аст, њама фоидааш ба хориља меравад.
Сабрина (ба интернет нигариста). Хабари аљиб: Бо ву;уди он, ки дар ;анги шањрвандї 150 њазор кас њазор кас ќурбон шуд, аврупоиён моро тарк карданд, якуним миллион љавонони доно ба муњољират рафтанд, то;икон 84% сокинонро ташкил доданд, дар То;икистон сатњи IQ паст нашуд, дар ;адвали нав бо 87 айќю дар байни 193 кишвар ;ойи 73–умро ишѓол карда, аз 120 кишвар пеш гузашт”.
Њама. Урра...
Мўсо. Ин маълумот аз интернет аст?
Сабрина. Бале. Ана бинед.
Дар пањлуи рости сањна љадвали нав бо сат;и IQ аз соли 2017 (замимаи 2).
Мўсо (њайрон). Бахайр аст. Дар ин натиљагирї  шумо њам наќш доред. Машѓулиятњои мо анљом ёфтанд. Сертификатњоро меорам. (Меравад).
Фирўз. Вале ман ба ин њам њам розї нестам...Бояд болотар бошад.
Соќї. Як сюрприз дорем. Диќќат кунед. Њозир феерверк мешавад.
Мусиќии хатар. Мурватро тоб медињад. Таркиш дар наздикї.
Њама. Ин чї?!
Фирўз. Таркиш. Маълум буд, ки вай тротил аст на бозичаи феерверк.
Латофат. Дар поён таркид...
Њангома. Дар анбори ангишт...
Њама мераванд. Сипас як-як пайдо мешаванд.
Эсо. Хонаам сўхт. Анбори ангишт таркид. Њарчанд холї буд...
Сабрина. Тинљї. Дар анбори ангишт тротил таркидааст. Безарар, фаќат рўйи Санавбар сиёњ шуда бинии варам кардааст.
Латофат. Бинии муаллим Мўсо њам варам карда, ришаш сўхтааст. Милисањо њардуяшонро бурданд. 
Сабрина. Соќиро њам бурданд. Аз аввал ба вай дилам пур набуд. Мегўянд, ки њамааш кори Мўсо будааст...
Гуруњи бачагону наврасон бо раќсу тарона меоянд.
-Офтобат шуълаафшон,
Осмонат ахтаристон.
Ахтари ман дар фазоят.
То;икистон, То;икистон.
Мазраи сарсабзи де;;он,
Хоки зархези Зарафшон.
Сарзамини родмардон,
То;икистон, То;икистон.
Зери ша;боли ту растам,
Дил ба дунёи ту бастам.
То ту ;астї, бо ту ;астам,
То;икистон, То;икистон.
Сабрина (аз телефонаш мехонад). Хабари хуш: Комбинати мис ба кор шуруъ мекунад. Маъмурият њамаро пагоњ ба ифтитоњи коргоњ даъват менамоянд. Меравем?
Њама. Урра. Албатта меравем. (Месароянд).
Шукри Исти;лолу сарвар мекунем,
Шукри ободии кишвар мекунем.
Шукри он зоте, ки моро ;аст кард,
Шукри бому хонаву дар мекунем.
Давлати мо давлати сул;офар аст,
Давлати озод дар ба;ру бар аст,
Нест ин ;о аз хазонї ;еч ёд.
Мисли ;аннат сабзу ;ам муаттар аст.


Рецензии