А. Чехов. Артисти хор. тарчума

Антон Чехов


ЊОФИЗИ ХОР
мазњака

Тарљума ва инсенировкаи Љ.Ќуддус, Мафтуна, Б. Ќурбонзода

Иштироккунандагон:

Паша
Маша
Ќалпоќов
_____________________________________________________


Ёддошт барои корандони театр: Бо дарназардошти одоби адабиёти охири асри 19 аврупої ва азбаски жанри асари бузургвор Антон Чехов новелла аст, ў ба симоњо ва характерњо мухтасаран ишора мекунад, хеле кам гунањгор мекунад, андак дашном медињад ва давоми онро хонанда тасаввур мекунад. Аммо талаби театри асри 21 – асри кушодагўї - кушодани њама симоњо, асли моњияти характер, тарљумаи њолу сарнавишти онњо, ифшои масъала ва њаллу фасли он аст. Бинобар ин, асли њоли бисёр персонажњо, корњои паси парда пинњон мондаи онњоро театри муосир ифшо мекунад, ки тамошобин дар театр њангоми идроки љавњари образ ва амали онњо - љавонњои барно, пирони доно, бонувони ошиќнавоз ва бойбобоњои ишќњои серпул - ба муаллиф бовар кунад. Бинобар ин, матн зиёд шуд, вале њамон чизест, ки аз гул-гуфтањои Чехов сар кашидааст ва бовар дорам, ки равони поки А.Чехов аз мову шумо шодмон хоњад шуд.   
Муаллифони намоишнома.


















Бўстонсаройи Паша. Пешавон. Ба суруди ишќие, чун «Ай лав ю» аз филми «Титанник», аз хонаи дарун садоњои шодию хурсандии хоси ошиќон илова мешавад.
Сипас ошиќон дар оѓўши њамдигар ба пешайвон мебароянд: Ќалпоќов дар тан майка, дар пой попўши хонагї, дар даст ќадањи шароб, Паша бо лунљ;ои фарбењи сурхак, дар биниаш доѓи кунљитак, кокулчањои болои пешониаш тарафи боло, дар тан либоси тунуки њарир. Њарду масти ишќ.

Ќалпоќов.  Азизам, Паша! ту гули якто, гули зебо, гули ноздонаи ман. Ин шароби арѓувонї барои бахти ту дар зери бинї ќурбон мешавад.
Паша. Нўши љон кунед, ишќи аввалину охиринам.
Ќалпоќов (нўшида). Каме фач будааст. Пагоњ бароят коняк меорам.
Паша. Ба ман лозим не. Фаќат ишќ бошад, хонаи дил обод шавад.
Ќалпоќов.  Ќурбони дилат. Кош њама чунин дил медошт. Ана ин гўшвор чун сурати дили ту. (Такдим мекунад).
Паша. Ташаккур. (Ба гўшаш мебандад). Зебид?
Ќалпоќов.  Хеле зебо. Нўњ њазор…
Паша. Оњ-њо! Дарси ишќро такрор мекунем.
Ќалпоќов. Не. Њоло њаво дам. Камтар тасфаш фарояд.
Паша. Ба дилатон задам?
Ќалпоќов. Э, не-е. Камтарак дам гирем.
Паша. Чї мефармоед?
Ќалпоќов. Њељ чиз. Њамту шинем, роњат мекунем.
Паша. Хуб. Мешинем.
Садои занги дар.
Ќалпоќов. Кї бошад?
Паша. Хаткашони почта аст будагист, ё њамсоязан, барои намак… Дигар пеши мани бечораи сарсахт њофизи хор кї меояд?
Ќалпоќов. Ња-а…
Паша. Шумо куртаатонро мепўшидед?
Ќалпоќов. Албатта… Бењтараш ба хона медароям, ки маро набинанд.

Ба хона даромада курта мепўшад. Паша назди дар рафта, бо марде кўтоњ сўњбат карда, зуд ўро гусел мекунад ва бармегардад.

Ќалпоќов. Кї будааст?
Паша. Њамсоязан. Пагоњ зодрўз дорад. Даъват кард. Њардуямонро.
Ќалпоќов Маро дид?
Паша. Сањар дида буд.
Ќалпоќов. Мегўї, ман њам равам?
Паша. Чаро не? Хайр, як дастмонача туњфа… ду њазорааш мешавад.
Ќалпоќов. Майлаш…
Дарро боз мекўбанд.
Паша. Ин номарасони почта будагист.
Ќалпоќов. Хайр, бин. Ман ба хона медароям. Сирри дўстон пўшида.
Паша. Дуруст мекунед, дўстам.

Ќалпоќов ба хона медарояд, Паша назди дарвоза рафта, бо марде фуш-фуш мекунад. Бармегардад. Аз љайбаш номаро гирифта, намоишкорона дар даст медорад.
Ќалпоќов. Хаткашон.
Паша. Ња, ана нома дод. 
Ќалпоќов. Пашаљон, гули наздона, хона даро, пазмон шудам. 
Паша. Хуб љонакам. Эээ… Боз касе омад…
Дарро мекўбанд.
Ќалпоќов. Инаш боз кї? Њамсоя омад, почтачї омад…
Паша. Зани њамсояи поён будагист. Инаш аниќ, барои намак.
Ќалпоќов. Хуб. Гусел куну, дара мањкам куну, рост ба наздам биё. Мехоњам туро чун гули настаран дар зимистон, чун ошиќи бањор…
Куртаашро кашида партофта ба хонаи дарун медарояд.
Паша назди дар меравад. Њамроњи зани ба ў ношинос Маша бармегардад.
Маша. Мумкин?
Паша (Мехоњад пеши ўро гирад).. Шумо кї? Нашинохтам.
Маша (зада ба пешайвон мебарояд). Ман шуморо мешиносам.
Паша. Ммм… Ба шумо чї лозим?
Маша. Шумо.
Паша. Ман? Шумо кї? 
Маша фавран ;авоб надод, пеш рафта, ба гирду атроф, ба пешайвон нигарист, гўё аз хастагї ё бад будани саломатиаш рост истода натавониста, нишаст; баъд лабони рангпаридаашро дуру дароз љунбонда, чизе гуфтанї шуд.
Маша. Ў њамин љост?
Паша. Кї?
Маша (бо чашмони калон кушодаи ашколудаш љониби Паша менигарад). Шав;арам бо шумост?
 Паша. Чї хел шавњар? Худоё, шафќат бикун. Аз тарсу њаяљон дасту поям шах шуд. Шумо чињо мегўед? Кадом шавњар?
Маша. Шавњари ман... Ќалпоќов Николай Петрович.
Паша. Ња-а? Намедонам ўро…
Бо дањшат љониби дари хонаи дарун менигарад. Дари нимроѓ оњиста пўшида мешавад.
Ќалпоќов дар як кунљи хонаи дарун, саросема либос мепўшад; мехоњад аз тиреза барояд, вале панљарааш оњанин будааст. Ноилољ рўйљои катро ба сараш мегирад, паси дар пинњон шуда, гўш мекунад.
Маша. Чаро дастону лабонатон ба ларза даромад?
Паша. Не... не, хонум... Ман ором. (Бо дасташ як дасташро, баъд лабашро медорад). Ман ором... Намефањмам. Мм-ман ягон шав;ар-павњарро намешиносам.

Лањзае хомушї. Маша бо р;ймолаш лабони рангпаридаашро молид, барои бартараф кардани ларзиши дил лањзае нафасашро ниго; дошт.
Маша. Худоё, ќувватам дењ… Дилам мекафад…
Паша (бе;уръат, чун шах бењаракат, бо ;айрату тарс ба ; менигарад). Худоё, наљотам дењ. Дилам аз кор мемонад.
Маша (;отеъона, бо табассуми а;иб). Хайр, мег;ед, ки вай дар ин ;о нест?
Паша. Ман... намедонам дар бораи кї мепурсед.
Маша (бо нафрат ва ѓазаб). Шумо нафратангез, палид, њабис, маккор, зишт...
Паша. Худоё… Бо зањри забонатон маро мекушед.
Маша. Бале, шумо нафратангез. Хеле шодам, ки ни;оят инро ба шумо гуфтам!
Паша (ба худ). Худоё, агар тани ло;ари ман нимурён намебуд, ба рўям хокаи сафед намезадам, кокулчањои болои пешониям намебуд, метавонистам пин;он кунам, ки ман зани айёши сабукпой нестам. Дар назди бонуи ношиносу пурасрор истодан чї ќадар да;шатнок ва хи;олатовар аст.
Маша. Чиро пинњон мекунї? Наметавонї. Агар тани ло;арат нимурён намебуд, ба рўят хокаи сафед намезадї, кокулчањои болои пешонияш намебуд, метавонистї пин;он кунї, ки ту зани айёши сабукпой нестї. Дањшат аст, хи;олатовар аст рўбарўи зани фосиќ истодан.
Паша. Шумо аниќ, ба љойи даркориатон омадед?
Маша. Ња. Шав;арам ку;ост?..
Паша. Ман аз куљо донам шўи шуморо?
Маша. Аслан парво надорам, ки вай дар ин љо њаст, ё нест. Фаќат бояд гўям, ки дар љойи кораш исрофи маблаѓњо ошкор шудааст. Њоло Ќалпоќовро љустуљў мекунанд... Уро дастгир кардан мехоњанд. Ба мањбас мањкум кардан мехоханд. Ана, шумо чї кор кардед!
Паша. Э, соз-соз гап занед. Аз тарсу њаяљони туњмат њељ чиз нафањмидам.
Маша. Мефањмед, (аз ;о бархест, бо ;ая;он дар ;у;ра ;адам зада, махсус љониби дари хонаи дарун шунавонда сухан меронад). Дар љойи кораш исрофкорї шудааст. Фармон доранд, ки имр;з ;ро ёфта дастгир кунанд. (Гиря мекунад ва бо ин њам Пашаро паст мезанад).
Паша. Корам чї? Товба… (Ба худ) Бо гиряву нола њам маро та;;ир мекунад, ба дилам нохун мезанад.
Маша. Ман медонам, ки ;ро к; ба чунин ањволи да;шатнок расонд!
Паша. Ин ба ман чї дахл дорад?
Маша. Палид, маккор, аљинаи мазор! Махлуќи нафратангез, танфурўш! (Лабонаш аз нафрат печида, биниаш чин мешавад). Шумо маро хонасалот кардед...
Паша. Э, соз-соз гап занед. Ман њељ чиз намеањмам…
Маша. Гўш кунед, зани пасти њаќиртар аз муш! Калтакалос! Ман нотавон шудам, ту њозир тавоної. Аммо ;аст касе, ки ману фарзандонамро њимоя кунад! Худои одил! Худо ;амаро мебинад! Ба њар ашки ман, барои њама шабњои бехобиам љазои туро медињад! Ваќташ, ки омад, суханњои маро наѓзакак ба ёд меорї!
Боз лањзае хомушї.
Паша (кунду карахт, бешуурона, бо ;айрат менигарад). Ин чї мехоњад?
Маша (ќадам зада, дасту ангуштонро ќирс-ќирскунон мефишорад; ба худ). Њоло ист, пишаки љангалї.
Паша (ба худ). Ин љалољинкампир ягон балоро сар карданї. Чї кор кардан мехоњад? – Ягон амали дањшатнок. (Ў дасту пояшро меёзонад,). Бењуда имшаб хоби бад надида будам. Оќибаташ бахайр шавад.
Маша. Чї кор кунем?
Паша. Худо барои туњмат њам љазо медињад.
Маша. Туњматро ба ту нишон медињам, аљинаи мазор.
Паша. Шумо дар бораи кї гап мезанед? (Ангуштонашро мушт мекунад). Шўйи шумо кї?
Маша. Хушдори шумо - Ќалпоќов Николай Петрович.
Паша. Оњ… Ман ўро намедонам.
Маша. Аниќ?
Паша. Не… Не…
Маша (бо ;азаб). Шумо дур;; мег;ед! Ба ман ;амааш маълум!
Паша (суст шуда). Ман њељ чизро намедонам, хонум.
Маша. Ман шуморо кай;о боз мешиносам!
Паша. Хайр, баъд ч;? Моро бисёрињо мешиносанд. Ман хофизам, њофизи хор.
Маша. Њофизи хор?
Паша. Ммм… дар Хори симфонии театр њамсаро њастам.
Маша (оромона) Ман медонам, ки як мо;и охир ;ар р;з бо шумо буд, дар театр не, дар хонаатон менишастед!
Паша (ногоњ ба љояш нишаста, мегиряд). Ба назди мо ме;мони зиёд меояд, ман касеро ма;бур намекунам. Ба каси озод - рафтори озод! «Вольному воля».
 Маша. «Вольному воля!?» - Озодї барои фисќу фуљур? Ње, аз саратон сабил монад чунин озодї! Ба шумо такрор мекунам: исрофкорї, љинояти азхудкунии пули давлат ошкор шудааст! Дар хидмат пулро барои дигарон бењуда сарф кардааст! Ба хотири шумои фосиќ... ба хотири шумо маљбур шудааст, ки ;иноят содир кунад. Г;ш кунед. (Назди Паша меистад; бо оњанги ;атъ;). Шумо ягон принсип надоред, тан;о барои ба дигарон бад; расондан зиндаг; мекунед! Маќсади шумо њамин! Аммо ба худатон иќрор карда наметавонед, ки шумо то кадом дара;а пасту разил шудаед, ки дар вуљуди шумо ягон нишони инсон; бо;ї намондааст! Намегўед, ки вай зану фарзанд дорад... Агар суд ўро ба Сибир бадарѓа кунад, ману фарзандонаш аз гуруснагї мемирем... Инро фањмед! Вале ро;и на;оти ;ву мо аз фа;ру шармандагї њаст. Ва ин роњ дар дасти шумост! Агар имрўз 90 њазор рубл замонат гузорем, ўро суд намекунанд. ;амаг; 90 њазор рубл!
Паша (оромона). Чй, 90 њазор рубл? Ман... Намедонам... Ман нагирифтаам.
Маша. Ман пул наметалабам. Шумо пул надоред. Хоњиши ман дигар...
Паша. Чї, љони маро мехоњед?
Паша. Љонатон аз саратон монад. Медонам, ки ошиќон одатан ба шумо барин касофатњо љавоњироти гаронбањо туњфа мекунанд. Он чиро, ки шав;арам ба шумо додааст, барои замонат ба суд баргардонед.
Паша (чиррос зада). Хонум, он кас ба ман њељ чиз надоданд! Ман нав ба вазъият сарфањм меравам.
Маша. Пулњои вай ку;о шуданд? Ќалпоќов дороии ману худаш ва боз пули давлатро исроф кард... Њамааш куљо шуд? Г;ш кунед, ман аз шумо тавалло мекунам! Ман ба ;азаб омада, ба шумо гап;ои нохуш гуфтам, аммо бахшиш мепурсам. Шумо ба ман нафрат доред, медонам, аммо агар заррае ра;му шаф;ат дошта бошед, худатонро ба ;ои ман гузоред! Аз шумо зорї мекунам, љавоњиротро ба суд баргардонед!
 Паша. Вий... Кадом љавоњирот?! Ман мехоњам ба шумо ёрї дињам, вале, Худо љони маро гирад, ба ви;донам ќасам, он кас ба ман њељ чиз надодаанд.
Маша. Ба виљдонатон ќасам? Шумо виљдон њам доред?
Паша. Э, ња, дарвоќеъ, дуруст… (хи;ил шуда). Он кас ба ман ду чизак туњфа карда буданд. Агар хо;ед, ман онро ба шумо меди;ам, агар хо;ед...
Паша як ќуттии ;евони оришотро пеш кашида, аз он як дастмонаи тилло ва ангуштарини ё;утдор баровард.
Паша. Бифармоед! Лутф кунед.
Маша (сахт хафа шуда, че;рааш ларзид). Ба ман ч; меди;ед!? – Ман сада;а наметалабам, он чиро талаб мекунам, ки ба ман тааллу; дорад... он чизе, ки аз касабаи њароматон суиистифода карда, аз шав;арам... он марди бечораи бадбахт кашида гирифтед... Шоми пан;шанбе, ва;те шуморо бо шавњарам дар бандар дидам, дар гарданатон њалќаи калони тиллои алмосдору дастмонањои гаронбањо доштед. Барои њамин, дар пеши ман наќши барраи бегуноњро бозї кардан фоида надорад! Охирин бор мепурсам: ба ман замонати шавњарамро медињед ё не?
Паша. Ба худо, ки шумо ќизиќ будаед.
Маша.  Ќизиќ њам гап шуд?
Паша. Бовар кунед, ман аз Николай Петрович Ќалпоќчаеви шумо ѓайри чалаи арзону дастмонаи борик њељ чиз надидам. Он кас танњо пирожнии ширин меоранд.
 Маша. Пирожнии ширин... К;дакон дар хона гушна, нони х;рданї надоранд, аммо вай ба ин ;о пирожнии ширин меовардааст… Хеле ширин буд?
Паша. Бад не… Пирожни да… Бамаза…
Маша. Дигар ягон чизи бамаза набуд? Њама боќимонда фачу бемаза буд?
Паша. Э, монед-е, шарм надоронед…
Маша. Ваќти он корњо шарм намедоред?
Паша. Айч... Шумо даѓал…
Маша. Хулоса, шумо баргардонидани зару зеварро ;атъиян рад мекунед?
Паша. Оњ…
Маша посух нагирифта, ба ;ояш нишаст ва дар бораи чизе фикр карда, ба як ну;та нигарист.
 Маша. Акнун чї кор кунам? Агар навад њазор рубл нагирам, аввал Ќалпоќов мемирад, баъд ману к;дакон. Чї кор кунам? – Ин бадзотро кушам, ё пешаш ба зону занам?
Рўймолчаашро ба чашмонаш пахш карда, гиря кардан мегирад.
Паша. Ин Аљузкампир чї кор карданї?
Маша (дар байни гиряњо кам-кам сухан меронад). Илти;о мекунам!.. Шумо  шав;арамро бероња кардед, дузди моли давлат кардед, акнун на;от ди;ед... Шумо ба ; ра;м надоред… Вале бача;о чї? Бача;о ч; гуноњ доранд?

Дар тасаввури Паша к;дакони хурдсол дар к;ча аз гуруснаг; гиря мекунанд. Худи Паша њам гиря кард.
Паша. Хайр, ман ч; кор кунам, хонум? Дилам ба кўдакчањо месўзад. Њоло шумо мегўед, ки ман бадзотам ва Ќалпоќчаевро ѓорат кардам?
Маша (ислоњ мекунад). Ќалпоќчаев не - Ќалпоќов…
Паша. Хайр, Пайпоќов, Чайќобов - чї фарќ дорад?
Маша. Ќалпоќов.
Паша. Хайр, њамон. Дар пеши Худо ќасам мехўрам, бовар кунед, ман аз он кас – ягон фоида надидаам... Дар дастаи хорсароёни мо фаќат Мотя хушдори бой дораду халос. Рўзии њамаи мо, дигарон – нону оби квас. Николай Петрович Ќалпоќчаев, бубахшед, Ќалпоќов… - одами дипломдор, табъашон нозук. Хайр, ќабул кардам. Мо охир, наметавонем ;абул накунем. Вазифаамон њамин.
Маша. Ман аз шумо љавоњирот мепурсам! Ба ман алмосу гавњари гаронбањо ди;ед! Пешатон гиря мекунам... худамро паст мезанам... Рухсат дињед, пеши поятон ба зону занам!
Паша (аз тарс дод зада, даст ме;унбонад). Лутфан! Лозим не. (Ба як тараф). Оњ, ин зани рангпаридаи хушсурат, ки сухани худро хеле наљибона баён мекунад, мањз барои ѓурураш, баланд кардани шарафи худ ва паст задани ман, мисли сањнаи театр, дар њаќиќат, метавонад дар пеши пойи ман ба зону истад.
Маша. Ман туро мешиканам, мањв мекунам.
Паша (нами чашмонашро пок карда). Хуб, ба шумо меди;ам он чиз;оро!  Бифармоед. Фаќат, лутфан, донед, ки онњо аз Ќалпоќчаев нестанд...
Маша. Ќалпоќов…
Паша. Ќалпоќчаев!
Маша. Ќал-по-ќов! Ин ќадар шумо кунду карахт.
Паша. Э, барои шумо Ќалпоќ. Барои ман як Ќалпоќча… Њар як хушдоре доштам, ки ду баробари Ќалпоќчаи шумо буд.
Маша. Ња-а… Ана гап дар куљо.
Паша. Донед, инњо туњфаи мухлисони дигарам.
Маша. Наѓз, ошиќњоятонро мухлис меномед?
Паша. Чї тавре ки хоњед, ќабул кунед...
Маша. Як мухлисатон тољир Балочаев буд… То шўйи ман…
Паша. Не, вай то шиносої бо Чаќќонов буд.
Маша. Балочаев хеле бой буд.
Паша. Пул дошт… Шумо инро аз куљо медонед?
Маша. Њамсояи таѓои шўйи хоњари шавњарам буд. Чаро бой-боборо бо Ќалпоќови бечораи ман иваз кардед?
Паша. Аввал ин, ки ўро Нидоев иваз кард. Чунки Балоев ѓайри пул дигар њељ чиз надошт. На одоб, на фарњанг…
Маша. Ба шумо одобу фарњанг њам даркор?
Паша. Аќаллан ваќти бўса носи дањонашро шўяд…
Маша. Оњ, дилам бељо шуд. Дилам ба шумо сўхт.
Паша. Дуюм, чаро хаёл мекунед, ки бой бошад, дасткушод мешавад? Мумсики мурданї буд. Ўро шўйи шумо не, Пайпоќчаев иваз кард.
Маша. Пайпоќчаеви шуморо намедонам.
Паша. Шумо бисёр чизњоро намедонед. (Ќуттии болоии љевони ороишотро пеш кашида баровард, гарданбанди њуќќадори ёќут бароварда, пеши бонуи ношинос монд). Ана ин гарданбанди ёќутдор - Пайпоќчаев.
Маша. Пайпоќчаев барои чї шуморо тарк кард?
Паша. Ман ўро тарк кардам. Чунки мурданї кўфт.
Маша. Кўфт? Барои чї?
Паша. Барои он, ки Ќалпоќчаев диламро бурду ў рашк кард… Инаш аз Ќўшќорчаев.
Маша. Ќушќорро њам худатон тарк кардед? Чаро?
Паша. Чунки Балогардонов диламро бурд.
Маша. Њамаашон одамњои дуруст…
Паша. Ба ман њамеша «одамњои дуруст» дил медињанд. Ман њам одамњои дурустро ќабул мекунам.
Маша. Шумо чї бузургї доред, ки њамаашон ба шумо дил медињанд?
Паша. Як чї дорем, ки шумо надоред? – Дили соф, дили пурмењр. Дили ишќпарвар. Чунки ман диламро бахшида метавонам. Мисли шумо нестам, ки эњсосамро дар чордевори уњдадорињои аблањона мањкам карда пўсонам! Барои он, ки њар рўз як гапро тўтивор такрор намекунам: «Ин биёр, вай биёр. Ин нест, вай нест. Пул адо, нон адо, дил адо». Њамин тавр не?
Маша. Хайр, чї кор кунам? Мисли шумо хушдорњо надошта бошам.
Паша. Донед, њама чиз, ки дар хона тамом шуд, ишќ њам тамом мешавад. Ана барои чї мардњо пеши мо, њофизони хор меоянд. Ман талаб намекунам, даъват намекунам, худашон зорї карда меоранд.
Маша. Ња? Онњо хеле зиёд будаанд…
Паша.  Чанд ангушт доред? – Дањта? Ба чоруним зарб занед. Боз рўз то рўз илова мешаванд. Чунки ман бебањоям, гули яктои боѓи ишќам, гавњари ноздонаам...
Маша. Ин гапи дурўѓи ањмаќонаро кадом хараш гуфта буд?
Паша. Шўйи шумо.
Маша. Уф…
Паша. Агар шумо бонуи бошараф, зављаи ќонунии Ќалпоќчаев бошед, ;ро назди худ ниго; дошта тавонед. Ман ўро ба наздам даъват накардам, худаш давида меояд. Агар ман ќабул намекардам, назди Мотя мерафт, ё назди Фотя, ё Авдотя…
Маша. Чаро шумо бояд бори ин ќадар мардони ширинихоњро бардоред? 
Паша. Ман њам дард дорам, ман њам аламдор.
Маша.Чї дард?
Паша. Ваќте њаждањсола будам, ишќи аввалинам маро партофта рафт, зани пир, вале бой гирифт… Дарди дилро дарди нав мебурад. Маљбур шудам, бо ишќи нав диламро зинда кунам. Барои ишќи нав марди нав даркор.
Маша. Марди бегона њељ гоњ доруи дил намешавад, захмњои нав мезанад. Баъди ишќи зўракї, эњсоси сохта бо марди бегона дил бењузур, сар вайрон, њолат бадтар мешавад. Дурўѓ аст, ки дардро дард мебураду ишќи сўхтаро муњаббати нав. Давои ишќи нокомро дар оѓўши дигарњо наљўед – бо ин шумо бори дигар дилатонро мешиканед, руњи покро ба шайтон мефурўшед. Ваќте лабатро каси дигар мебўсад, дилатро чї эњсос фаро мегирад? Њисси палид шудан, маѓзоба шудан, љўроби ифлоси ањмаќе шудан, пасмондаи нарѓўле шудан, аљинаи мазор шудан…
Паша. Бас!..Шумои «пок-до-ман» инро аз куљо медонед?
Маша. Китоб хондан лозим.
Паша. Дурўѓ мегўяд китобатон. Бењтараш илми маро ёд гиред.
Маша. Безорам аз ин илматон.
Паша. Ихтиёр доред. Агар хоњед, гиред, вале ќасам ба худо, аз шавњари шумо ягон чиз надидам.
Маша. Оњ, ба зону меистам. Моро наљот дињед.
Паша. Гиред, бой шавед! Фаќат ба зону наистед. Наљот дињед, худатонро, фарзандонатонро, шавњаратонро.
Маша. Ташаккур. Лекин… (фиќ-фиќ карда гириста). Њоло њам кам... Инњо базўр панљоњ њазор мешаванд. Замонат – 90 њазор.
Паша. Уф… (Беихтиёр аз ќуттичаи дигар боз чанд марљон, ангуштаринњо, дастмонањо, як соати тилло, ;уттии заррини сигор ва тугмаи тиллоии остини курта мегирад). Ин аз Шоќайроќов. Ин аз Шотайлоќов. Ин аз Лохов, ин аз Мохов, ин аз Тупоренко. Ин аз Пикаренко…Тамом! Дигар њељ чиз надорам... Кофтуков карда бинед, дигар ягон хас намеёбед.
Маша. О;…
Бо дастони ларзон зару зеварро ба руймолаш печонда тугунча мекунад ва њарфе нагуфта, њатто ба нишони видоъ сарашро хам накарда, баромада меравад.
Паша. Товба… Рањмат њам нагуфт, њатто ба нишони видоъ сарашро хам накарда рафт…
Дари хонаи шафатро оњиста кушода, бо эњтиёт назар карда, Ќалпоќов омад. Ранги рўяш парида, бо асабоният сар ме;унбонад, г;ё навакак як доруи хеле талх хўрда бошад, ашк дар чашмонаш медурахшад.
Паша ба ; ;амла кард.
Паша. Шумо ба ман чї зару зевар оварда будед?!
Ќалпоќов. Э, исто…
Паша. Лутфан, аз шумо мепурсам, бигўед, кай?
Ќалпоќов. Тилло – чирки даст.
Паша. Вале ман инсонам. Диламро сўњон карда мебахшам. Њар дафъае, ки шуоро мебинам, як ќатра хунам, як пораи дилам кам мешавад.
Ќалпоќов. Дили ман њам.
Паша. Ба ман кай 90 хазор овардед?
Ќалпоќов. Худоё! Вай дар пеши ту гирист, худро паст зад, хор кард...
Паша (дод мезанад). Аз шумо мепурсам: ба ман кай чї ќадар љавоњирот овардед? – 90 њазори давлатро дуздида чї кор кардед?
Ќалпоќов. Хаёлат, танњо худат хушрўї? Тоќа ту гавњари ноздонаї. – Иќааш ба Мотя рафт, иќааш ба Фотя, ба Авдотя, ба Шарлотта, ба… Чанд ангушт дорї? Дањта? Ба панљуним зарб зан. Боз чанд арўсам зиёдатї мемонад.
Паша. Худоё, ба чї кас дил додаам.
Ќалпоќов. Дили чї дорї? – Партов. Њарчї росту дурўѓ гўянд, бовар мекунї. Худоё, зављаи ман – зани бошараф, покдоман... Ва чунин одам мехост дар пеши ин сабукпой ;атто ба зону занад!? Ман ;ро ба ин њол расондам! Ман ўро ба ин љо овардам. Ман гунањгорам. Ту њам…
Паша. Ман чї гуноњ дорам?
Ќалпоќов (сарашро дошта нола мекунад). Не, барои ин гуноњам ;е; го; худро намебахшам! Намебахшам!
Паша. Ором шавед… Фикри онро кунед, ки тамоми сарвати маро занатон гирифта рафт. Њар ангуштарину дастмона бо хуни дилам ба даст омадааст. Њар кадомаш – як лахти дилам… Њайфи сарватам. Њайфи дили пора-пораам.
Ќалпоќов (бо нафрат). Э, рав-е. Аз ман дур шав, арўси бадбўйи чилву панљ нархуки ањмаќ! Аз ту њазар мекунам! Њашарот!
Њазаркунон дур шуда, аз дар мебарояд.
Мусиќии ишќи барбодрафта.
Паша. Кошки аз Пайпоќчаев људо намешудам. Вай аз занаш наметарсид. Њоло њам дер нашудааст.
Дарро бо оњанги хуше мекўбанд. 
Паша (ашки чашмонашро хушк карда). Њозир... Ин кадомаш бошад? Оњ, ин овози Сарсонов, ё Бесаров… Ман њозир…
Бо табассуми зўракї ашкњояшро поккунон, шитобон меравад.

Эпилог.
Њарсе баргашта меояд. Механданд.

Паша. Бовар кардед? Мо Антон Павлович Чехови дилшиносро ба ёд оварда, каме њазл кардем, ки шуморо аз баъзе ногуворињои ишќ огоњ кунем.
Маша. Равони поки Антон Чехов шод бод. Замони ў одоб нозук буд, симоњои фањшро бо ишорањо баён мекарданду мардум мефањмиданд.
Ќалпоќов. Дар асри 21 мо хеле дурушт мегўем, ки ба њама одамон - пиру љавон, бонувони ошиќнавоз, бойбобоњои ишќхоњи серпул таъсир расонад.
Паша. Зиндагии мо, занњо, дар оилаи худ гуворост. Мо танњо барои шавњарамон яккаву якдона, гули ноздонаи хаќиќї њастем.
Њама. Њамдигарро дўст доред. Ишќро эњтиёт кунед. Шоду хушбахт бошед.

Суруди Гугуш садо медињад: «Дили дивуне… мегу нару… аз хуне»…


Рецензии