Весса Блюменбаум. Мухаббати асил

Весса БЛЮМЕНБАУМ. Мухаббати асил. Тарчумаи Ч. Куддус

Бист сол пеш ў ба як ќарори муњимтарин омад.
Замоне номзад дошт. Бояд пас аз бозгашт ба хона издивољ мекарданд. Аммо кор дигар шуд. Ў барнагашт ва дигар ўро надид. Танњо номаи кўтоњи бе суроѓа фиристод: "Бубахш, маро интизор нашав». Ва ўро фаромўш кард. Ваќти фикр кардан њам надошт: бояд хона месохт, љои навро обод мекард...
Имрўз, бори аввал дар бист сол, он духтари зављааш нашударо ёд кард. Андешид, ки њаёти ў чї гуна гузашт, аз таќдир розист? Шояд кайњо шў кардааст, фарзанд њам дорад. Ўро фаромўш кардааст. Ё то њол ў дар ёдаш ва дўст медорад... Аммо њоло ин ягон ањаммият надошт.
Мехост умед кунад, ки вай нињоят, бахти худро ёфтааст.
Охир, худаш бахт ёфт, ба дигаре ниёз надорад: ними танаш, муњаббаташ, сарнавишти волои ўст.
Чашмони калони кабуд замоне ба чашмони ќањваранги ў бо умед менигаристанд. Чунин мепиндошт, ки онњо ба љони ў менигаранд, то умќи дилаш мерасанд. Як калима њам нагуфтанд - танњо як кафи дасти нарм ба рухсораи ў гузошта шуд. Лабњои пурраи њассос ба лабони ў расид. Ва он чашмон буданд - калон, ифоданок, кабуд, бепоён, мисли кўли љоду...
Ва ў дар он ѓарќ шуд. Гўё дар љангал, дар мижгонњои сиёњи ѓафс гум шуд.
Хушбахтии бепоёни муњаббат бо њама зебоии њайратангезаш ифшо гашта, њардуи онњоро маст мекард.
Онњо, љавонњои нуздањсола аз он лаззат мебурданд; дар он ѓарќ мешуданд, саховатмандона эњсосро ба њам мебахшиданд.
Вале мефањмид: ин абадї давом карда наметавонад. Дер ё зуд зиндагї онњоро људо мекунад. Охир ў номзад дорад, бояд издивољ кунад... Њарчанд, фикр мекард, ки эњсоси ў нисбат ба вай монандтар ба дўстї аст, вале ин љо, дар кўњистони камодам булбулаки дилаш аз ишќ чањ-чањ мезанад...
Не, ба њар њол, ў бояд бармегашт! Мувофиќи наќша зиндагї мекард: кор, тўй, оила, кор... Њама њамин тавр. Шояд на чандон хушбахтона... Аммо љуръат намекард дар бораи чизи дигар фикр кунад.
То даме, ки шабе байни мењрубонињо, њасрати ноаён шунид:
"Мехоњї, њамеша чунин бошад?"
Чашмони љоду ба ў нигаристанд.
Ў нигоњашро гурезонд.
"Њамеша чунин намемонад..."
"Мемонад!" боэътимод љавоб дод ў. – Њамааш мешавад, агар ту хоњї. Ман шўхї намекунам. Ман љиддї мегўям!"
Ў хандид: "Рост?" – ва даст афшонд ў. - "Фаромўш бикун! Мо дар куљо зиндагї мекунем? Дар љангал? Ман туро ба хона бурда наметавонам!"
"Бигузор дар љангал! Дар ин љо зиндагї карда тавонистем, дар љангал њам азоб намекашем, шак накун! Гову чанд гўсфанд мегирем..."
Боварии ба љасорат наздик дилашро бурд. Ў њис мекард: боз андаке ва ў бо ќанотњои он мижгони дароз парвоз мекунад... Ба њама љо, њатто ба канори дигари замин... Аммо тарс ва шубња ўро то њол таъќиб мекарданд:
"Вале ба њар њол... Њардуямон куљо бояд равем?"
Лабњои фарбењак дањонашро бо бўса мўњр заданд.
"Ба љое ки мо хушбахт хоњем буд!.."
Рўзи дигар мисли њамеша муќаррарї гузашт, аммо шаб њама чиз бо исрори боз њам бештар такрор шуд. Ў боз ба мавъизаи пурњаяљон дар бораи он ки чї гуна онњо новобаста ба њама гуна њолат, бояд якљоя бошанд, гўш дод. аз љумла, он, ки аз тарс хушбахтиро гум мекунї.
"Сода нашав! Ту марди калон шудї, аммо хеле бељуръат. Ин њардуи моро нобуд мекунад! Медонї, аз тарс чї њосил мешавад? Не? Бидон: дилњои шикаста, орзуњои дар дил монда, сарнавишти сўхта. Танњої ва њасрати бахти гумгашта дар оила. Њељ кас ба ту маро иваз намекунад! Туро њам ба гумон аст касе иваз кунад. Вале якљоя бошем, метавонем хушбахт шавем. Аз њар каси дигар хушбахттар! Маро фањм: њоло мо чиро бой медињем? – Охир, њоло ту издивољ накардаї, оила барпо накардаї... Дар ќаъри дил орзу мекунї, ки бо ман абадї бимонї. Ту аз ман бењтар мефањмї: мо ба њамдигар даркорем. Вале ту метарсї, ки ба ин иќрор шавї!.. Рост мегўям?"
Ў сар љунбонд ва њайрон шуд:
«Рост... Аммо»...
То ними шаб бањс карданд. Ў фиѓон кашид, ки ин девонагист, орзуњои пучи хаёлї, ки ба нокомї мањкуманд. Дар бораи тарси худ гуфт. Дар бораи бисёр мушкилињо ва нохушињои оянда гуфт. Аммо бењуда. Шайтонаки дидакабуд ѓайри сухан воситањои муассири дигари боваркунониро њам медонист.
Шаби сеюм њама чиз њаллу вал шуд.

***
Дар айвончаи хонааш нишаста, бо табассум рўйдодњои он соли дур мондаро ба ёд овард.
Ў њељ гоњ аз интихоби худ афсўс намехўрд, аммо имрўз худро хеле хубтар њис мекард. Ў нишаста тамошо мекард, ки наздаш мурѓи калони марчон бешитоб ќадам мезанад.
Њаво соф буд, на абр, на шамолак. Ба назар чунин менамуд, ки оромї, ризоият њаворо њам фаро гирифтааст.
Ќањрамони дар давоми рўз мондашудаи мо дар гармии нарми офтоби шом роњат дошта, бехабар ѓанаб кард.
Ў хоб дид, ки ба њар њол баргаштааст.
Ана, аз кор омад, занаш пешвоз гирифт, хўроки шом пухт... Ў ба хона даромад... Аммо шод набуд. Дар паси девор кўдакон дод зада, барои таќсим кардани чизе љанљол мекарданд. Ва ў нишаста, ба холигї чашм дўхта, орзу кард, ки аз ин хонаи лаънатии аслан барояш бегона фирор кунад.
Ў мефањмад: зану фарзандонаш бегуноњанд. Фаќат дилаш бо онњо нест.
Ў шавњари бад ва падари бад аст ва аз ин ба худаш нафрат дорад. Аз дурўѓ нафрат дорад, аммо наметавонад ба оилааш њаќиќатро бигўяд. Ба гумонаш, занаш тахмин медонад, ки ў аслан ба моњидорї намеравад...
Худоё, чї ќадар мехоњад фирор кунад!.. Аммо њоло дер шудааст: ў оила дорад. Албатта, ў метавонад талоќ дињад, аммо баъд бояд алимент пардохт кунад, њадди аќќал гоњ-гоњ аз кўдакон хабар гирад...
Пас, ягона чизе, ки ў метавонад анљом дињад, сабр ва бо азоб интизори мулоќоти махфии навбатї шудан аст.
Ў боз кўшид халос шавад. Фирор кунад. Ба њар бањо. Бо њар бањона. Ба он љо, ба макони муќаддасе, ки танњо ба ду нафар маълум аст ва ўро орзуи нињонии гуноњолудаш интизор аст, орзуе, ки барои расидан ба он њатто аз малика фирор мекунад.
Танњо он љо ў метавонад воќеан хушбахт бошад. Танњо он љо метавонад зиндагї кунад, на ин ки вуљуд дошта бошад, танњо рўз кўр кунад. Танњо он љо метавонад худаш – инсони комил бошад, каси дигарро вонамуд накунад. Танњо он љо метавонад муњаббати асили худро бинад. Ўро ламс кунад. Бо ў аз як њаво нафас кашад.
Дар он љо ў боз мешунавад, ки онњо бояд якљоя бошанд. Ба ў чашмони пурмењр бо садоќат менигаранд, бо ѓаму мењрубонї рухсораи ўро навозиш мекунанд... Ва ў боз чизеро нофањмо ѓур-ѓур мекунад ва мегўяд, ки њељ чизро таѓйир додан мумкин нест ва бояд тоќат кунад. Ў аз ин зиндагї дер боз дилгир аст ва хаста шудааст... Аммо бељуръат аст. Ба тарси худ нафрат дорад, аммо бо он илоље надорад, њамаро азоб медињад: худашро, ањли оиларо, муњаббаташро... Худоё!.. Чаро ў пештар розї нашуд - ваќте мисли бод озод буд? Њоло дер шудааст... дер шудааст...
Лабњои нарми зан бо эњтиёт ба лунљаш расид. Ў гармии онро њис кард ва бедор шуд.
Њамон чашмони кабуди дар хоб дидааш ба ў назар карданд. Табассуми њамон лабњои гарм. Ангуштони аз мењнат дуруштшуда нармак гули доѓи бинии ўро ламс кард.
"Дар чењраат њузне дидам, барои њамин бедор кардам!"
"Ташаккур", - лаб љунбонд ў. "Хоби дањшатнок дидам."
Як пиёла шири гарми нављўшида пеши рўяш пайдо шуд.
"Каме бинўш. Шояд гулўят хушк шудааст."
Ў пиёларо гирифт ва њарисона нўшид. Баъд нафасашро рост кард.
Дар њавои тозаи шом ва оѓўши гарм боќимондањои дањшат - он њаёте, ки њељ гоњ рўй надодааст - об шуданд.
Ў оњиста-оњиста ба худ омад.
Ў набояд байни виљдон ва муњаббат дудила мешуд. Ў набояд касеро фиреб медод, набояд ба касе хиёнат мекард. Бахти ў дар љое нест, ки бояд пинњонї ба сўяш равад. Вай њамин љо, дар пањлўяш. Бахти кабудчашми ў.
«Фикри он, ки моро чї интизор буд, дањшатнок аст», — нињоят гуфт ў. - Агар он ваќт истодагарї, љасорати ту намебуд... Ман њамеша ба љасорати ту ќоилам. Ту аз орзу кардан наметарсї. Вале он ваќт ман аз бовар кардан ба орзуи дили худам метарсидам...»
Мижгони дарозаш аз њаё поён шуданд. Сояи он ба рухсораш афтод.
«Мефањмам... Ман њам он ваќт метарсидам. Боз чї хел сахт! Аммо таслим ба тарс маънои аз даст додани туро дошт ва ин маънои аз даст додани њама дунёро дошт.»
«Фикр мекунам, ки ман сазовори муњаббати ту нестам... Ва ту чї хел ошиќи ман шудї?»
- Ошиќ нашудан ба ту ѓайриимкон буд. Ту љавон, хеле зебо будї! Њарчанд бо гузашти солњо бењтар мешавї.
Мард табассум кард:
«Ту њам торафт дилрабо мешавї. Мо њоло дар айни ављи камолот њастемм!» Ваќте барои фурўхтани гўшт ба шањр рафтем, як зан ба ман часпид...
«Ва як мард ба ман!..
Хомўшии љангалро хандаи софи беѓаши ќариб кўдакона вайрон кард.

Онњо якдигарро оѓўш карда чунон наздик нишастанд, ки ба назар њулул шуданд, як нафар менамуданд. Тайи солњои њамзистї, ду нафари аввал гуногунфеъл ба як нафар табдил ёфтанд. Як љон, як нафас барои њарду.
Онњо њељ гоњ дар бораи кї саркалон будан бањс намекарданд. Амири ин оилаи хурд узви сеюми он буд - муњаббат. Ишќ дар ин хона аввалин шуда бедор мегашт охирин шуда мехуфт. Албатта, мисли пештара тасфон набуд, вале бо мурури замон амиќ, фањмо, бохирад шуд.
Баъзан, ваќте лозим меомад, ки чизе харанд ё фурўшанд, онњо муддати кўтоње љангалро тарк мекарданд. Аммо љањони одамон онњоро ба худ намекашид. Њарчанд онњо аз сокинони шањр зоњиран фарќе надоштанд, онњо кайњо робитаи худро бо шањр гум карда буданд ва бозгашт ба хона, ба лонаи љангалашон барояшон ављи бахт буд.
Ва њоло дар айвонча нишаста сўњбат мекарданд.
"Чї ќадар хуб!" гуфт ў ба ваљд омада. "Чї хомўшї! Касе дар атроф нест. Ин орзуи ормонии бисёр касон аст!"
"Ин орзуи онваќтаи ман буд: Танњо ман бошаму ту. Хонаи худамон, чорво. Ва дигар њељ чиз даркор не."
"Он замон..." ў андешамандона такрор кард. "Гўё дирўз буд: аввалин вохўрии мо, љавонї... Шабњои аввалини мо...  Аммо бист сол аст, ки ман бо садои тапиши дили ту хоб меравам. Ва њар шаби мо мисли асал ширин аст! Асали оруи љангалї"
"Њамин тавр њам аст! Мо дар моњи асали абадї њастем."
Њарду хомўш шуданд, дигар гап лозим набуд. Онњо аз ишќ кам гап мезаданд. Вай бе сухан, ором дар мењрубонињои њарду падид мегашт. Дар чашмонашон. Дар њар як њуљайраашон. Ў ба чењрае нигарист, ки њар рўз медид. Дар бист сол ќариб таѓйир наёфтааст. Чењраи зебо, абрўвони сиёњ бо рухсораи комил то охирин нуќта ба ў ошно, то ба дараљаи дарднок шудани дил мањбуб...
Ў ба он чењра нигарист ва чунин нигоњи содиќ ва мењрубонро дид.
Чанд даќиќа хомўш ба якдигар нигаристанд, сипас бо бўсаи дурударози пур аз ваљд якдигарро оѓўш карданд.
Дар љангал пардаи торикї мефуромад.
Ў пояшро ки шими љинси кабуди кўњна дошт, сила кард.
"Хона медароем", – гуфт ў оњиста. – Таъоми шом тайёр мекунам. Медонї, бароямон чї гирифтам? Асали љангалї! Санљидам. Хеле ширин аст!"
"Ту аз он ширинтарї!"
Онњо аз љой хаста, бе шитоб сўи хона рафтанд. Ба љое шитоб надоштанд. Кайњо дунёро фаромўш карда, аз њар даќиќаи њаёти оромонаи худ лаззат мебурданд, аз љавонї њам набошад, аз камолот, зеро њар кадом пур аз нерў буд.
Ба зудї тирезаи хонача аз нури чароѓ равшан шуд. Зохиран бо ишќ, њамоњангї ва худи хушбахтї медурахшид. Рўзе онњо ба орзуи худ бовар карданд ва навмед нашуданд. Њар сањар бедор шуда, аз рўзи нав шодї мекарданд ва њар шом, ваќте худро дар бистар меёфтанд, аз шаби нав шодї мекарданд. Ин бист сол аст давом дорад ва барои ќањрамонони мо рўзу шабони зиёди хушбахтона, мисли асали оруњои вањшї ширин дар пешанд. Ин аст самари муњаббати асил…


Рецензии