Чорасози ба кори худ бе чора

Чорасози барои худ бе чора

Раммолу гармкунаку хунуккунакњо мувофиќи рекломи худашон, ба дарди њама чора меёбанд, оќибати корро, албатта бо як миќдор пул, муайян карда санги ба сари мизољ омадаро бо љорўби хаёлї зада ба сайёраи дигар мефиристанд, њатто барои тафтиши коргоњаш омадани нозири андозу муфаттиши милисаро њам бар ивази пули њангуфт пешакї гуфта, пеши роњи онњоро низ мебанданд. Дар утоќи кории онњо чанд асбобу олоти ќадимаву муосир мављуд буда, пеши њар кори ба муштарї номувофиќро мебандад ва бинандаро ба олами љину афсона мекашад. Чунин њаст ё нест, аз он, ки боѓи онњо шукуфон буда, мизољњояшон кам намешаванд, маълм, ки сирре доанд.
Вале њама аз он дар њайратанд, ки ин чорагари дигарон давои худро њељ пайдо карда натавонистанд. Як мисоли равшан Мирова Наргис - сокини 35-солаи ш.Душанбе мебошад. Медонад, ки ба сари корафтодаи бечорааш пас аз чанд сол чї меояд, вале муайян карда наметавонад, ки ба дари худаш кай корманди милиса даст мезанад.
Ана њамин тавр, як рўзи равшан дар подароњаи сарнавишти як зани ихлосманд шод ќадам зада, моњу рўзу соати хушбахтшавиашро мегуфт, ки нохост ба хонааш кормандони ШВКД дар ноњияи Шоњмансур мењмон шуда, ўро дар сари фолбинї дарёфтанд. Огоњї доданд, љарима бастанд. Минбаъд њам ба фолбин маълум нашуд, ки роњи нозирон аз куљо то ба куљо мегузарад. Муддате омўхтанї шуд, вале касе дасташро сафед накард. Худаш ба худаш пул дињад, чї? Мизољони нав омаданду Наргис пажуњиши шербачањои милисаро ба ваќти дигар монд.
Мувофиќи маќоле амал кард, ки милиса ба як љой ду бор намеравад. Вале кормандони милитсия мантиќро «фаромўш» карда, ваќте мењмонї рафтанд, ки Наргис дар пайроњаи бахти  миљозаш саргардон буд ва аз омадани нозирон бехабар монд. Њангоми азназаргузаронии манзили ў картањои гуногун, корд, расми шањрвандон ва дигар предметњои барои фолбинї истифодашванда њамчун далели шайъї дарёфт гардиданд.
Нисбати Мирова Н. бо моддаи 482 КЊМ Љумњурии Тољикистон  протоколи маъмурї тартиб дода шуда, барои чораљўї ба суд ирсол карда шуд.
Арванд


Рецензии