Чумъа Куддус. Вожахои мехр ва газаб
Вожањои мењр ва ѓазаб
Њамсояи љавони мо аљаб хислат дорад: дар кўча намоён шуда, њоло ба њавлиаш нарасида, ба дашноми бачањояш шуруъ мекунад. Маро дида як навъ узр хост:
- Мебахшед-да, муаллим. Мехоњам бачањоям тарбияи хуб гиранд.
- Хуб гўї, хуб мешаванд, - маслињат додам ман. - Ба фарзанд сухани хуш гўед, ба шумо ќарин, азиз, љону љигар мешавад.
- Ман њам мехоњаму... барои ситоиши фарзанд ягон калимаи наѓз намеёбам.
- Дар фарњанги мо калимањои хуб хеле зиёд: Азизакам! Љонакам! Асалакам!
- Ин маълум. Ягон кораша таъриф кардан хоњам, сухан намеёбам.
- Бигў: Офарин, офтобаки ман! Хеле хуб, Мањтобакм ман! Ин корат а;оибот, ширинакам! Ин рафторат олиљаноб, Париљон! Хеле хуб, пањлавончаи ман!!
- Бачањои ман гўлу сода, лаванд. Мисли духтари њамсоя чаќќон не.
- Њар кї њар хел бартарї дорад. Вале шумо ин хел муќоиса накунед. Баракс, гўед: Писараки ман супер! Духтари ман зеботарин! Ифтихор дорам, ки падари ту њастам! Ягон кас мисли ту бачаи ќобил нест. Чї хеле, ки ;аст;, барои ман азизї…
- Дурусту.. афту ќилиќи хунукаша бинам, гапи хубро фаромўш мекунам…
- Кўдак - кўдак аст: медавад, мељањад, гоњо рўйи хок меафтад. Ба вай бигў: аљаб ту зебої, писарљон! Зебої аз ту намуна мегирад, духтарам! Ту муъ;изаи мої. Барои ман ягон кўдак аз ту зеботару донотар, нест. Гапњоят оќилона. Овозат ширин!
- Овозаш баланд, аммо доим зуком. Ба ягон кор шавќу надорад.
- Калонтар шавад, љисмаш пурќувват мешавад. Њоло дастгирї карда бигўед: Ба ман саломатии ту даркор. Хандаю шодии ту бахти ман. Як њарфро ёд гирад, ситоиш карда гўй: Комёбии нав муборак бод! Падари хушбахтам, ки туро дорам.
- Э, дар забонаш фаќат хаќорат. Овозаш гўшхарош. Ба очааш рафтагї.
- Забонро кўдак аз волидон ёд мегирад. Бигўй: Забони булбул дорї! Бо забони ту фариштањо сухан мегўянд. Бо ин забони ширину калимањои пурамаъно ба њар орзуят мерасї. Мо хамеша мададгорат.
- Э, офарин, муаллим, будааст-ку, - тан дод њамсоя. - Одами хондагї дигар.
- Суханњои зеборо барои фарзанд – инсони кўчаки заиф дареѓ надоред. Шумо калимањои пурмењрро такрор кунед, фарзандатон њам хушзабон мешавад.
- Њатман. Ин суханњоро дар коѓаз навишта дар чанд љойи хона кашол карда мемонам. Ба очеш њам мефањмонам, ки фаќат сухани ширин гўяд…
Њамин дам писарчаи панљсолаи њамсоя ба чўбаке мисли аспак савор шуда аз чапари њавлї баромад ва нўги чўбаш ба танаи беди канори љўй расид. Ду барги зардшудаи он афтод. Инро дида, њамсоя бо ѓазаб як чўби калони бедро шикаста, шамшервор гирди сараш тоб дода ба сари кўдак тохт ва дар як лањза овози баландаш кўчаро пур кард:
- Ње, падарнаълат! Бесоњиб! Дайду! Саѓираи шумшук! Сархўр! Худозада! Безот! Њаромї! Безорї! Саг! Хар! Хари њаром! Хук! Љербуќќа! Эчкамар! Тухми аљириќ!
Ва дањњо дашноми дигар, ки ба фарњанги мо бегонаанд.
Бењтараш, гўшамро мањкам кунаму нашунавам, ки нохост чунин дашномњо ба луѓати забони мо ворид нашавад... Чї гуфтед?
Свидетельство о публикации №226060400897