Суфи Начмиддини Кубро хам барои ватан чангид

СУФЇ шайх Наљмиддини Кубро њам барои ватан љангид

Дар таърихи халќхои Осиёи Миёна аксари ваќт сарварони рухонї ба мардумон барои љанг алайњи истлогарони кишвар фатво намедоданд. Ва инро бо он асоснок мекарданд. ки онњо барои замин мељанганд, вале замин аз Худост.Сцуфиён одатан дур аз корхои рўзгор, аз мухаббат бо Худо талошхо доштанд.
Аммо дар байни онњо низ нафаре будааст, ки алайхи истилогарони муѓул бархеста, мењанро бо тани худ њитфз кардааст. Дар хусуси ин рафтори беимислу монанд Мавлоно Абдуррањмони Љомї дар асараш навиштааст.
Шайх Наљмиддини Кубаро - Абулљанноб Ањмад ибни Умар, лаќабаш Кубаро (1145, Хива — 1221, Гурганљ). Аз он чунин лаќаб кардаанд, ки дар љавонї, ки ба тањсили улум машѓул буд, бо њар кї мунозираву мубоњиса кардї, бар вай ѓолиб омадї...
Дар Миср, Табрез ва Њамадон тањсил кард, ба Хоразм баргашт ва ин тариќатро мунташир гардониду муридони бисёр бар вай чамъ омаданд ва ба иршод машѓул шуд.
Чун куффори татор (лашкари муѓул) ба Хоразм расиданд, Шайх асњоби худро љамъ кард, ки зиёдат бар шаст нафар буданд. Султон Муњаммади Хоразмшоњ гурехта буду куффори татор пиндоштанд, ки вай дар Хоразм аст ва ба Хоразм даромаданд.
Шайх баъзе асњоби худро чун Шайх Саъдиддини Њуммавї, Шайх Разиуддин Алии Лоло ва дигарон талаб дошту гуфт:
– Зуд бархезед, ба билоди худ равед, ки оташе аз љониби Машриќ барафрўхт, ки то наздик ба Маѓриб хоњад сўхт. Ин фитнаест азим, ки дар ин уммат мисли ин воќеъ нашудааст.
Баъзе аз асњоб гуфтанд:
– Чї шавад, ки Њазрати Шайх дуое кунад. Шояд, ки ин бало аз мусулмонон мундафеъ шавад.
Шайх фармуд:
- Ин ќазиятест мубрам, дуо дафъи он наметавонад кард.
Пас асњоб илтимос карданд:
- Аспон омода. Агар њазрати Шайх бо асњоб мувофиќат кунанд, то дар мулозимати эшон ба Хуросон мутаваљљењ шаванд.
Шайх фармуд:
- Ман ин љо шањид хоњам шуд ва маро изн нест, ки берун равам.
Пас асњоб мутаваљљењи Хуросон шуданд.
Чун куффор ба шањр даромаданд, Шайх асњоби боќимондаро бихонд... ва ба хона даромаду хирќаи худро пўшид ва миён мањкам бубаст. Ва он хирќа пешкушода буд, баѓали худро аз њар ду љониб пурсанг карду найза ба даст гирифт ва берун омад. Чун ба куффор муќобил шуд, дар рўи эшон санг меандохт то он ѓоят, ки њеч санг намонд. Куффор вайро тирборон карданд, як тир бар синаи мубораки вай омад, берун кашиду бияндохт ва бар он бирафт.
Гўянд, ки дар ваќти шањодат парчами кофиреро гирифта буд, баъд аз шањодат дањ кас натавонистанд, ки вайро аз дасти Шайх халос дињанд. Оќибат, бо он парчами вайро бибурданд (ба хок биспурданд).
Њазрати Мавлоно Љалолиддини Румї ишорат ба ин ќиссаи Шайх карда, гуфтааст:
Ба яке даст майи холиси имон нўшанд,
Ба яке дасти дигар парчами кофар гиранд.


Рецензии