Чавонзани шарки бо озодихои гарби
Садњо сол аст зани шарќї бо ахлоќи њамида симои хоси дурандеш, покдоманро нигоњ медорад. Вале баъзењо аз содагї, ё доної ин ќойидањоро зери по мекунанд. Ана, Шањрзода барои шикоят аз сарнавишт ба дафтари кории газета омадааст.
- Аз писарам дилпур будам, вале духтарамро аз санљиши ДНК гузарондам…
Модари љавон, 24-сола. Соњибљамоле нест, ки дар сурудњо ситоиш кунанд, аммо бадак њам не. Ќадаш якуним метр, мисли духтари 16-сола. Дар тан куртаи одии тољикї, дар сар рўймоли хурде, дар лабон табассум. Фаќат дар пояш калўш… Шарњ дод, ки њоло кораш расондани бор аз анбори ширкат ба дуконњои дењоти дурдаст. Њаво боронї, роњи байни дењот пур аз лой. Аммо даромадаш хуб…
- Хулоса, ба ДНК-и шавњарам рост наомад. – Нигоњи тааљљубомези маро дида шарњ дод: - Ња, падараш дигар кас. Вале шўям мехоњад кўдаконро аз ман гирад.
- Шумо аз шавњаратон ду сол пеш људо шудед, аммо духтаратон сесола…
- Шўям зуд-зуд ба Россия командировка рафта ду-се моњ мегашт. Он дафъа зиёд истод. Бепул мондам. Модарам ёри медињанд. Вале соњиби тан чї мекунад? Ба ширкати мол таќсимкунак рафтам. Љойи холї нест гуфтанд. Баромадам.
Њаво гарм буд, роњ дароз. Мошини фасоне истод, гуфт, ки то марказ мебарад. Не, гуфтам, гапи мардум ганда. Ронанда марди мўйсафед будааст. Вазъи маро фањмида, дубора ба офиси ширкат бурд. Бо хоњиши ў маро ба кор гирифтанд..
Бори вазнин аз китфам афтод. Мўйсафед бароям мисли хеши наздик, Хољаи Хизр намуд. Дар бозгашт мошинро ба як ќахвахонаи сарироњї гардонд… Ваъда дод, ки маро аз шавњарам гирифта ба никоњаш медарорад. Аммо… пас аз як моњ шавњарам омад. Вале Хољаи Хизри ман фавтид. Дилаш задааст…
Дар давраи таваллуди духтарам аз хонаи очем омада, шавњарамро бо зане дидам. Ба суд ариза навишта људо шудам. Хонаву кўдакон бо ман монданд. Шўям медонад, ки њардуяшон аз ў нестанд, вале мехоњад кудаконро аз ман гирад.
- Гуфтї, ки «аз писарам дилпур будам», ки аз ўст?
- Нек, дилпур будам, ки аз вай нест: як рўз пас аз тўй ба командировкаи думоња рафт, ман бемори занона будам. Вай омад, ки ман њомиладор… Гап дар ин, ки шавњарам бо ду њамдарсаш бо ман баробар шинос шуданд. Њарсеяшон маро мехостанд. Фаќат шавњарам пешдастї карда хостгор фиристод… Ваќте ў ба командировка рафт, њамкурсаш ба ман гилаи бисёр карда, бо мошини падараш тарафи Варзоб бурд. Зорињо кард, ки маро аз шавњарам људо карда мегирад…
Ваќти бозгашти шавњар, њамкурсаш гуфт, ки кўдаки батни Шањризод аз ўст. Вале шўям ўро зада пеш кард. Хешонаш њам орият карда, зуд ба ў зан доданд. Хулоса, ў медонад, ки фарзандони ў нестанд, вале кўдаконро гирифтан мехоњад.
- Чї хел фахмид, ки аз ў нестанд? ДНК чї шуд?
- Осон. Бо њамон зане, ки дар сари «љиноят ќапидам», издивољ кард. Аммо дар ду сол кўдак нашуд. Ба духтур рафт. Фањмонданд, ки зан бегуноњ аст. Худат безурёт…
- Њадафи ў аз гирифтани фарзандони шумо чист?
- Маро боз ба худ вобаста кардан мехоњад. Вале ман аз пулаш њам безор, аз кўдакбониаш њам. Чаро бояд моњњо дар хона танњо бо кўдакон, интизори шўйи «њастак-нестак» бошаму вай бо зани дигар майишат акунад? Чаро ман танњої кашаму вай зани дигар гирад? Э, ман нав фањмидам, ки дунё чї будааст? Ман шавњар кардам. Зани вай кўдакони маро бонї мекунад, ману вай дар Маскав тиљорат мекунем. Ман њам бахт мехоњам. Шодї мехоњам. Ана вай…
Дар телефон аксњои Шањрнози дар либоси мўди охир соњибљамол, бо марди пире дар наздашон «Љип», дар боѓи гулњо даст ба даст сайр мекунанд. Њарду хушбахт…
Ана, њамту... Куљо шуд Шарќ? ќонунњои ахлоќ? Љанбаи ѓарбї аст магар? Мисли ситорахои кино, бо озодии мутлаќ, бо њуќуќ барои хушбахт шудан?
Оё ин мавод дар ин шакл дар љаридаи мо дарљ мешавад? «Зани ѓайритипї, сабукпо-яш» намегўянд? Вале инро ба Шањрзода фањмонда мешавад?
Љавонзани шарќї, модари кўдакдўстдори љабрдида хушбахт будан мехоњад.
Котибулњуруф Љ.Ќуддус.
Свидетельство о публикации №226062500208
