Чумъа Куддус. Шикасти иффати шарки. кисса

ШИКАСТИ ИФФАТИ ШАРЌЇ
(ќисса)

Сарнавишти ин бонуи љавон сахт мутаассир кард, муддати зиёд онро чун њодисаи ѓайримуќаррарї ва берун аз одобу ахлоќи шарќї навишта натавонистам. Аммо пас аз шунидани таърихи чанд зани дигар, вай чун давоми силсила ба якборагї пеши назарам падид омад. Сабр зани шарќї беохир, ба њама мањрумиятњо тоќат мекунад, аммо гоњо як сухани бељо боиси шўру исён мегардад.
- Аз шумо як хоњиш… Як хоњараки моро хушбахт кунед. - Як шиноси деринааш бо Назиф дар суњбати телефонї хоњиши аљибе кард. – Мисли як амалиёти тиббї… як укол… Шабнам дањ сол боз оиладор аст, аммо бефарзанд. Љанљол калон шуда, шўяш мехоњад зани дигар гирад, вале  њељ кас розї нест. Як моњ духтур ба духтур гаштему табобат кардем. Як духтур гуфт, ки ин љуфти муносиб хеш, гуруњи хунашон як, агар аз хуни дигар бошад, фарзанд мешавад. Њаќќи ширкати «Насл» хеле гарон будааст. Баъд кї медонад, ки вай тухмаи кї? Алкаш аст, соќ аст, танбалу дайду аст?
- Чаро ман бояд кунам? – дар њайрат шуд Назиф.
- Шумо соњиби фарзанд, гуруњи хунатон дигар. Баъд… шумо зиќ нашавед, Шабнам си-сола, вале мисли як духтарчаи 18-сола. Њатто ба мўяш ошиќ мешавед. Дилаш нозук, ѓайри шўяш марди дигарро надидааст, ба каси тавсиядодаи духтур њатто наздик шуда натавонист. Шумо чењраи гарм доред, мувофиќ меоед. Фарзанди шумо њам бачаи хуб мешавад, бо гуруњи хуни шумо таваллуд шавад, мегўем, ки дар «Насл» сунъї бордор кардем.
- Вале охир ман 55-сола… Ягон љавонтар набуд?
- Ман фаќат шуморо чун марди хуб мешиносам. Духтарак аз дењаи дурдаст, њама якдигарро мешиносанд. Гап бисёр мешаваду оила вайрон. Шумо дунёдида, сухани гарм доред, як сол боз муљаррад. Ман нагуфтам, ки никоњ карда гиред. Оилаша вайрон намекунед. Фаќт як укол...
Ду бонуи зебо назди Назиф омаданду хона нур гирифт, дар фазо руњияи болида бо њаваси гунањолуда пањн гашт. Эњсоси гуноњ сари Шабнамро хам карда буд. Барои аз вазъияти ноќулай баровардани занњо Назиф нимшўхиву нимљиддї гуфт:
- Дар назди худову ин бандагонаш ќасам мехўрам, ки њарчї аз дастам ояд, барои хушбахт кардани ин бону, аниќтараш як духтарчаи соњибљамол иљро мекунам, ин пари зод ва фарзандашро умре дорам дастгирї мекунам. Гуфтї, ки дил надињам, вале касе ба Шабнам дил надод, ё мард нест, ё одам, ва ё аз ин олам. Албатта, Шабнам маро дўст нахоњад дошт, ба љињати синну сол, аммо эњтиром мекунад чукн як дўсти мењрубони калонсол. Афсўс, агар аќаллан дањ сол дертар таваллуд мешудам…
- Шуд. Фаќат як укол. Панљ даќиќа ваќт. Ман бароятон ќањва мекунам.
- Уф… Аќаллан 20 даќиќа… Ягон чиз паз. Тухмбирён аќаллан.
Назиф ба духтарак, ки рухи зебояш гањ сурху гањ сафед мешуд, чой дод.
- Ором шав, дўсти зебоям. Мефањмам, ки ба ин ќарор омаданат осон набуд.
- Танњо барои хотири фарзанд…
- Ва аз тарси он, ки шавњарат зани дигар нагирад.
- Ња… Гуфтанд, ки шумо чор фарзанд доред… Вале ба ман сохтани як кўдак мушкил шуд.
- Агар ќошу ќавок гиронда бетарафона шиштан гирї, ба мард мушкил мешавад. Ё хамин ќадар баднамудам, ки аз назар кардан метарсї? Дилат нахоњад…
Шабнам бори аввал ба чењраи Назиф бодиќќат назар карду оњи сабук кашид.
- Сурати шуморо дар газета дидаам. Мехоњам писарам мисли шумо шавад.
- Пас, бо чењраву дили кушод, бо табассум ба истиќболи бахт биё: бахти модар шудан, бахти оилаатро нигоњ доштан, келини  дўсстдори  холаат мондан.         
Бонуи љавон бори аввал чунин суханонро мешунид. Дар дилаш љасорат пайдо шуд. Ихтиёри худро ба марди ношиноси дар як лањза азизгашта вогузошт.
- Ман барои њамин омадам…
- Мехоњї писарат шўху бебоку љасур шавад?
- Мехоњам.
- Пас, фаъол бош, барои  шодии кўдаки оянда шод бош, барои чаќќаонаку дилёб шудани писаракат фаъол бош…
Бо ин сухан ба дили Шабнам оташаке зад, ки вуљудашро урўзон кард. Ба гўшаш суханњои нарму таскинбахш гуфт. Ситоишаш кард. Дарвоќеъ самимона, арзанда буд.
Замину осмон дар пеши чашмони Шабнам чарх зад, гўё ба олами дигаре афтод, аз худу аз љањон бехабар шуд, њамаро фаромўш кард, танњо кўдаки ширине дар пеш дид, ки бо шодмонї почак мезад.  Вай пай набурд, ки беихтиёр дасташро ба гардани ў гузошт ва њамоно гўё мор газида бошад, зуд дастонашро људо карда поин партофт. Мард бо нармї дастони занро ба китфи худ гузошт ва ба гўшаш пичиррос зад: "Як кадам ба орзу гузоштї. аз шахри орзухо аз писарат дур нашав, ба кишвари бахт биё..."
Ин шеваи гуфтору чунин рафтори нарму зебо барои Шабнам нав буд, аљиб, гуворо, гарм... Бори аввал худро писандида, шоиста дид.
Ваќте Назаиф ба ў пул дод, Шабнам њайрон шуд.
- Чаро? Ман бояд ба шумо пул дињам...
- Ин барои роххарљї. Ту аз дур омадаї. Мехоњам ваќти рафтуомад мушкиле надошта бошї. Хайр, барои духтарат тўњфа хар. Ў танњо туро интизор аст.
- Худоё, шумо ѓами ўро њам мехўред?
- Мо, охир дўстони наздик шудем...

Бо маслињати духтур, амалиёти «љарроњї» боз ду маротиба такрор шуд.

Пас аз њашт рўз натиља маълум мегашт. Дањ рўз гузашт, вале хабаре нашуд. Назиф гумон кард, ки маќсад њосил шуду барои пинонкорї ба ў хабар надоданд. Пас аз чанд рўзи дигар беихтиёр ба Зебо занг заду ањвол пурсид.
- Натавонистед, - даѓалона сар кард ў. - Дигар баумед нашавед. Шабнам дигар намеояд. Духтур гуфт ки «домод» пир аст, марди 25-30 сола даркор. Шумо бисёр шиносњо доред. Якта љавонаша ёфта дињед, коривай бечора буд шавад. Ваќт кам.
Назиф ранљид. Аз пир гуфтани дўсти хубаш не, аз оњанги гуфтори вай, ки гўё љинояте кардааст. Њарфке назад.
Зебо телефонро хомўш карду занги дари хона баланд шуд.
Шабнам бо њаёву сари хам, бо дили пурумед омада буд. Телефон надошт, бехабар омад. Чї хушбахтї! 
Дар суњбати охир маслињат карда буданд, ки хубаш танњо ояд ва бе сатр. Бо ин либос ба чашми њамсояњо зуд намоён мешавад. Шабнам дар тан курткаву шими «љинс» дошт. Амонатак ба курсї нишаст.
- Духтари холаат гуфт, ки дигар намеої, - тааљљуб кард Назиф…
- Ман ўро дигар надидаам. Фаќат бо телефон гуфтам, ки … гўдак нашуд.
- Ташаккур барои омаданат. Маро хушбахт кардї.
- Чї кор кунем? – бо табассум, каме навмедона пурсид Шабнам. Ба Назиф чунин намуд, ки ў чун дўсти наздик эњтиром дорад, бовар дорад, умед дорад.
- Духтари холаат гуфт, ки бароят як марди љавон пайдо кунам.
- Инро духтур талаб кард, - бо сари хам тасдиќ кард бону.
- Ин корро ташкил кунем? - Шабнам хомўш монд, танњо китф дарњам кашид. Назиф инро аломати ризо шуморид. - Хуб. Як шогирд дорам. Ишора њам кардам.  Занг мезанам, њозир меояд.
Њарчанд Назиф ваъда дода буд, ки дил намебандад, аз ин њолат дилаш сиёњ шуд, бо хотири озурда телефонро кушода раќам чиндан гирифт. Вале Шабнам аз курсї љаста худро пеши ў партофт ва пояшро оѓўш карда зорї намуд:
- Не, не. Ѓайри шумо њељ кас даркор не! Шояд… ин дафъа мешавад. 
Аз ду эњсоси ба њам зид дар як лањзаи кўтоњ, гузариш аз зиќию навмедї ба њаяљону шодї, дар чашмони мард об њалќа зад. Духтаракро рўи даст бардошт.
- Чї тавр баъди ин ба ту дил надодан мумкин? Ман аслан намехоњам, ки хатто пашшае дар биниат шинад…
Муносибатњо гарм шуданд. Назиф ба дўсти ширини ногањониаш софдилона маслињат дод, ки барои эњтиёт бо шавњараш наздикї кунад. Вале аз посухи Шабнам њайрон шуд.
- Ў намехоњад. Ман њам. Маљбурам хушомад занам. Вале ў шом аз кор меояду рўйи кати њавлї тањтўл мекунад, њамон љо хоб меравад. Ба хона назди ман дарояд, љанљол сар мешавад. Ман аз гапњояш безор шудаам.
- Чї гапњои баде ба як бонуи зебои дилкаш гуфта метавлонад?
- Эњ… Ба зани бефарзанд мушкил. Очааш њамеша насињат мекунанд, ки навмед нашавед, ин насибу таќдир аст, келина хафа накун. Вай аз аввал њам уќа гапи хуб надошт, вале дар пеши онњо бачаи наѓз мешавад. Танњо, ки монем, фаќат як гап дорад: «Оѓўши зани безуриёт яхистон аст, чашми зани бекўдак нур надорад». Ман дўзандаам, хушдоманам мегўяд, ки бароям либоси зебо дўзам, ки ба вай маъќул шавам. Вале ў гуфт: «Дар тани зани безурёт либоси нав кафани ранга аст»…
Њарчї тавонист, Назиф оромаш кард, ки ин њама дуруштињоро фаромўш кунад. Гуфт, ки ў зеботарин занест, ки то њол дидааст. Агар дар Њиндустон мебуд, бењтарин наќшњоро ба ў месупориданд. Махсусан, тамкин, њаёи ў шоистаи тањсин аст… Ба Шабнам ана њамин сухани нек намерасид. Ором шуд. Худро инсони комил эњсос намуд.
Ба забон нагуфтанд, вале њарду ба дил ќарор доданд, ки новобаста ба номувофиќатии синну сол метавонанд расман издивољ кунанд. Њарчанд аз тарси ошкоршавии њол, дер-дер медиданд, муносибатњои пурмењр чанд моњ давом ёфт.
Аммо њадаф амалї нашуд. Шабнам боз ноумед шуд. Рўзе хотирпарешон омад, узр пурсид, ки як - ду моњ омада наметавонад.  Шавњараш рашк мекардагї шудааст, сахт гирифтааст. Ва боз падараш ногањон дилбемор шуд ва ў бояд нигоњубинаш кунад.
Назиф хеч чора надошт, ба зиддят нишон додан њаќ надошт. Ваъда њамин буд. Танњо гуфт:
- Шабнам, дўстам, њаёти шахсии ту, дигар мисли пештара нахоњад шуд. Худат дар ин бора љиддї фикр бикун. Албатта, ман пир шудаам, шояд сабабгор манам, ки фарзанд нашуд… Бехтараш, ягон марди љавони сазоворро интихоб бикун. Ту арзандаи зиндагии хушбахтона њастї...
Шабнам ба ў гўш надод, намехост вохўрии деринтизор, фазои муносибатњояш бо Назиф, ки мисли нима-бародари мењрубон, нима-амаки ѓамхор, нима-шавхари дилољонї, дўсти бењтаринаш азиз гашта буд, ѓубор гирад...
Аммо дертар дар бораи суханони ў фикр карда, ноумед шуд. Магар Назиф аз ў дилсард шудааст? Чаро зуд розї шуд. Дидорњои пинњонї дер давом карда наметавонист.  Бояд чорае меёфтанд. Охир њарду умедњо доштанд. Вале зан пойбанди никоњи шавњар буду Назиф чун дўсти ростќавл, барои печидатар нагаштани сарнавишти Шабнам чорае пайдо карда натавонист. Гохо ба ќарори ќатъї меомад, вале Шабнам на телефон дошт, на ба манзили ў рафтан имкон дошт. Суроѓаашро њам намедонист.
Сари худашро њам гаранг карда буданд. Хоњари Назиф чанд ваќт пеш барои ў як дугонаашро хостгорї карда буд. Назиф ба хар бањона издивољро ба таъхир андохт, то дили Шабнам наранљад.  Шабнам наметавонист аз шўяш оромона људо шавад; намехост хешиии модару холааш ба душманї табдил ёбад. Аммо ин номуайянї эњсосоти онњоро гармтар мекард.

***
Тавре ки мисли як филми пурњаяљон ногањон оѓоз шуд, њамон тавр, ногањон ба поён расид. Аз Зебо фањмид, ки Шабнам љуръат пайдо намуда, аз шавњараш ба волидон шикоят кардааст. Ваќте онњо ба домод маслињатњо додаанд, ў хашмгин шуд, шикваи бештар аз безурётии занаш кард ва на зиндагии оромона ваъда дод, на талоќ дод, вале зуд ба муњољирати Русия рафт. Оќибати оиладории онњо номуайян мондааст.
Падари Шабнам бо розигии хушдомани Шабнам, духтарашро њамроњ бо келини худ ба хонаи ќудояш, ба шањри дигар бурду дар як корхонаи он кор ёфта дод. Гумон дошт, ки то таваллуд кардани келинашон, дар муњити дигар, Шабнам то андозае ором мешавад ва њиљрати шавњарашро камтар эњсо мекунад. Ба ў иљозат надоданд, ки телефони худро дошта бошад, боз «вайрон» нашавад.
Кор ваќти Шабнамро зиёд мегирифт, ташвишњои нав ба њаёти ў навгонии зиёд ворид намуд, бо одамони зиёд дучор мегашт, вале мушкилоти рўњї-равонии ўро бартараф карда натавонист. Гоњ-гоњ бо телефони янгааш бо Зебо сўњбат мекард. Ва њар дафъа аз њоли Назиф мепурсид. Мегуфт, ки ваќте бармегардад, муносибати онњо ба куллї таѓйир меёбад. Назиф њам пайѓом фиристода ба ў умед мебахшид.
Аммо бозгашти Шабнам ба таъхир афтод.
Дили беѓараз кушод: ба духтархолааш Зебо нохост пўкида монд, ки Ќузрат ном як љавонмард, мудири шуъбаи коргоњ ба Шабнам дил дода, ањволи ўро фањмида, «дилёбї» карда, ваъда додааст, ки њатман соњиби фарзанд мекунад. Ў баробари Назиф мењрубону сухандон нест, аммо њар рўз дар бараш буд, гапњои ширин мегуфт, баумед мекард, ки тори сар мебардорад, ба ќайди хонааш мегузаронад, хушбахт месозад. Шабнам, ки њамеша дар фикри фарзанд буд, дар ин муддати танњої борњо муносибатхояшро бо Назиф аз пеши назар гузаронда, аз нобарорињо ноумед шуда, гумон кард, ки њукми духтур дуруст буд: сабаби фарзанд нашудан шояд солхўрда будани Назиф аст. Њарчанд мардони калонсолтар аз ў соњиби фарзанд мешаванд. Суханњои пизишк дар гўшаш, дилаш, тамоми вуљудаш акси садо медоданд: «Мувофиќи илми тиб, марди то 49-сола метавонад кори туро буд кунад. Бењтараш 42 сола бошад, ё аз ту љавонтар»!!!
Дилаш ба Назиф сўхт. Аслан њоло њам дар фикри он буд, ки аз ў фаќат фарзанд ёфтан мехоњад. Ба ин хотир ногањон ба њаёти ў ворид шуд. Медонист, ки Назифро бояд дубора зан дињанд ва танњо ба хотири буд шудани кори Шабнам ин корро дур партофтааст. Њарчанд њоло. Кош он замон маќсад њолил мешуд.
Назиф оќибат ба ќароре омад, ки Шабнам дар шањри бегона метавонад таљрибаашро давом дињад. Дигар барои ў осонтар шудааст. Охир танњо як фикр дорад: соњиби фарзанд шудан. Чаро бояд дўсти беѓаразашро ба ташвиш гузорад. Охир ў њама чиро дорад, озод аст. Ва издивољ кард, фаќат на бо он зани 42-сола, ки хоњараш хостгорї карда буд, балки бо љавонзане, ки кайхо боз шинос буд.
Ана ин хабар Шабнамро «кушт». Махсусан ваќте фахмид, ки зани нави Назиф аз ў њамагї се сол калонтар аст. Пас, гап дар синну сол набуд. Вале мухимаш, дари умед баста шуд.   
Дигар сабабе намонд. Ёрдамчиеро мисли Ќузрат кай, чї тавр пайдо мекунад? Охир сахт мехоњад, солаш ба тавсияи духтур мувофиќ,.. Шояд, ки ў... Бале, фаќат ба хотири фарзанд ёфтан…
Ду моњ гузашт, вале боз бе натиља. Болои ин, як сањар зани љанљолие пайдо шуда омаду талаб кард, ки аз шавњараш даст кашад.
- Мо расман људо нашудаем. Вай як фиребгари гузаро. Бо се духтарам маро ба ќайди хонааш нагузарондааст. Аз апааш метарсад. Ва агар ту писар зойида ба он хона дарої, хонаро њамроњи ту месўзонам.
Шабнам муносибатро бо Ќузрат канд, фањмонд, ки њамааш ба хотири фарзанд буд. Ќузрат чап гирифт, садњо гунохашро ёфта маљбур кард, ки занаш шавад, ё аз коргоњ равад. Назиф њељ ваќт чунин рафторро ба худ раво намедид.
Шабнам ба холадухтараш бо телефон дар тамос шуда, њасрат кард:
- Боз як бор шаттаи зиндагиро хўрдам. Ман дар чї хаёлу фалак дар чї хаёл? Агар як кўдак мешуд, ба ман њеч кас даркор набуд на шўйи вай, на каси дигар. Ба Назиф расонед, ки дўстиамонро давом медињем. Розиям зани дуюмаш шавам. Танњо ў маро мефањмад, танњо бо ў ман худамро инсони комил эњсос мекунам…

***
Зиндагї филмсози нотакрор будааст. Роњи бозгашти Шабнам ба хона тавассути пойтахтбуд, аввал духтархолаашро дидан хост, барои маслињати љиддї бо ояндааш бо Назиф. Аммо Зебї дар беморхона буд. Шабнам зуд он љо шитофт. Нав дар бораи дўсташ мепурсид, ки ба палата хешовандони дигарашон барои дидани Зебо омаданд. Аз омадани шабнам хурсанд шуда, ўро њамроњ ба дења рафтанд. Шабнам танњо ишора кард, ки пас аз ду- се рўз бармегардад ва...
Аммо дар хонаи падар рањи ўро хушдоманаш мепоид, аз падараш иљљозат пурсид ва келинашро ба хонааш бурд. Падар аз муносибати сарди домод огоњ буд, аммо ў чї гуфта метавонист? Нахост бо як калима робитаи хешутабории хуби онњо ќатъ шавад. Шабнам њам дудила шуд, нахост падари дилбеморашро ташвиш дињад, љуръат накард эњсосашро рўйирост баён кунад. Гумон кард, ки мисли њарваќта миёни ваю шавњараш вобастагие намонда, ваќт њамаашро њал мекунад. Вай бо гардани бо занљир баста ба хонаи шавњараш рафт.
Назиф ба таќдир таслим шуд, аммо њељ наметавонист Шабнамро фаромўш кунад. Зани наваш љои ўро нагирифт. Дилаш аз ёди Шабнам шем мегашт. Маълум шуд, ки муњаббати охираш номуайян дар муќоиса бо зани никоњї тамоман чизи дигар аст. Онт эњсоси пуршўрро гум кард.
Дўстони собиќ танњо мехостанд бо вохўранду беѓаразона сўњбат кунанд. Аммо чї гуна метавонад дидор беѓаразона бошад, њарду бовар карда наметавонистанд.  Як дидор метавонист њамаро дигар кунад.
Аммо шавњари Шабнам аз Русия баргашта омад. Дар бораи кор ё даромади ў чизе маълум набуд. Намудаш, либосаш таѓйир ёфтааст, аммо суханаш њамон тавр даѓал мондааст.
- Ман барои зангирї пул љамъ мекардам. Ту хизматгори модарам мешавї.
Дили Шабнам сактаи хурд гирифт. Ба падараш нагуфтанд; додараш харољоти доруву табобатро пардохт. 
Пас аз он ки Шабнам ба худ омад, шавњараш давом дод:
- Агар ту безурёт намебудї, то њол, ки дар Русия будам, ту аќаллан якта мезойидї…
- Ин ишора ба чист? - Дили Шабнам афтод.  – Чї, дар бораи ман ягон чизи бад  шунидаї?
- Дар бораи ту?! Ту ба кї даркор? Ба њељ кас! Фаќат мани бадбахт, бояд азоби безурётии туро кашам.
Хун ба сари Шабнам зад. Оњ, чї ќадар мехост ба ин тањќирњо посух дињад, ба ў њаќиќатро аз сарнавишти худ, мењрубонї ва инсонияти дигаронро гўяд, аз тањќирњои ў шикоят кунад... Аммо, ба чашмони холии шавњар нигариста, фањмид, ки сухан ба ў бефоида аст.
- Хуб, Ман розиям, ки зани дигар гиред.
- Розигии ту даркор не. Масъала њал аст.
 - Хайр, шуморо ташвиш намедињам. – Шабнам баромаданї шуд.
- Э, баъзан одам юндуќобаро њам мехўрад. Як дафъаи дигар…
Банди дили Шабнам сўзиш кард, аммо бояд вазифаи хамсарии худро иљро кунад. Либоси нав пўшид. Аз зебосанамњои филмњои њиндї фарќе надошт. Аммо боз њамон суханњои дилшиканро шунид:
- Ин чї? Либоси нав дар тани зани безурёт - мисли кафани тоза!
- Уф... маро барои гуфтани њамин љеѓ задї?
- Оѓўши зани бефарзанд мисли ях сард аст, чашмони зани бефарзанд холї, бе нур аст. Аммо вазифадорам карда холаат…
- Аз суханњои хунуки ту нимаљон шудаам.
- Ба сухани наѓз сазовор шудан даркор, зойиданат даркор.
- Шояд шумо гунањгор бошед?
- Чї-чї? Дар дахани куњна гапи нав? Аз куљо? Кї ёд дод? Ягон бало дорї??
Ва ногањон муште зад ба рўйи зан. Аз бинии Шабнам хун рехт. Тамоми љањон дар пеши чашмонаш торик шуд.
- Гап бас. Њамин шаб бояд њомила шавї… Биё!
- Рафта хуни биниамро шўям...
Шабнам рафт. Барнагашт. Шавњараш фикр кард, ки ќањру ноз дорад. Ногањон модараш ба хона даромад. Вай ин љуфтро доим назора менкард, ба дигаршавии писараш бовар надошт, аз чизи баде дилаш дароак медод. Бо изтироб гуфт:
Хез ба оѓил даро. Шабнам чї номаъќулие карда истодааст.
- Кошки мураду љонам халос шавад.
Шабнам кўшиш, ки худро овезад, аммо онњо зуд ўро пайдо карда наљот доданд. Ба беморхона бурданд. Ташхис вазнин буд: сактаи дил, харобшавии асаб.
Бо исрори падар ва ваъдаи ба милитсия арз накардан, домод ба осонї талоќ дод.
Шабнам муддати тўлонї муолиља кард, хаста шуд аз дунё, аз њама пинњон мешуд, намехост, ки њатто Назиф ўро дар чунин њол бинад. Орзуњои чанде пеш доштааш ба назараш афсона менамуд. Бо шавњараш, кўшид њамаро фаромўш кунад. Нахост касеро ташвиш дињад…
Љавонї кори худро кард. Доруву даво хеле оромаш карданд. Нисфи танаш об шуд, вале хусни табиияш барќарор гашт, аз синнаш љавонтар менамуд.
Њама бо зиндагии худ машѓул, њатто ошиќони дилхоњаш ўро фаромўш карданд. Назиф барои табобати ў тавассути Зебо пул фиристод. Аммо барои Шабнам ин хеле кам буд. Назиф намедонист, ки ба ў чи гуна рафтор кунад, ки ба сарнавишташ халали бештар ворид насозад. Зебо њам намегуфт, ки ў дар куљо табобат мегирад. Њама фикр мекарданд, ки њамин тавр бењтар аст.
Вале Шабнам аз хабари писар таваллуд кардани зани нави Назиф махсусан ѓамгин шуд. Ба худ гуфт: "Ин писари ман буд. Афсўс, ки ў писари маро навозиш намекунад, суханони некро на ба ман, балки ба зани дигар мегўяд...
Љањон пур аз воќеа. Чанд маротиба ба хонаи падараш хотгор фиристоданд, аммо Шабнам аз издивољи "кўр-кўрона" даст кашид нахост бо завќи хушдомани оянда ва розигии модари худаш шавњар кунад. Муддате озодї талаб кард. Вобаста ба њолати рўњї-равонии фарзанд, ихтиёрро ба худаш гузоштанд. Вале тањти назорат буд
Љавону солор, њар гуна касон пайдо шуданд. Баъзењо ваъда доданд, ки ўро табобат мекунанд, фарзанд таваллуд мекунанд; бархе исрор мекарданд, ки бефарзанд њам бошад, издивољ мекунанд.
Акнун, бо ќоидањои нав, ки дар шахру шањракњои тахдаштї кайњо маъмул гашта буд, ў метавонист бо довталабон дар љойи љамъиятї вохўрда сўњбат кунад.
Шабнам акнун медонист, ки дар гулшани муњаббат аз касе кам нест, њаќќи интихоб дорад, охир озод аст. Чењрањо ва буриши рўйим баъзењоро дида, фавран аз идомаи мулоќот худдорї мекард. Бо маслињати духтур, вай бо хостгорони љавонтар ва албатта, зебо вохўрд, аммо њељ яке аз онњо ба дилаш љо нашуданд, мисли шамол аз онњо дур шуд.
Ба холадухтараш Зебо арзи дил кард:
- Љавонњо зиёд, аммо суханони онњо кушанда. Мегўянд: "Бе телефон мегардї очаву падару бародару хоњар намегўї. Танњо ба ману модарам гўш мекунї... - Ва як калима њам аз муњаббат нест.
Зебо ўро мефањмид, гарчанде ки вай на њамеша розї буд.
- Дуруст аст: љавонњо фаќат дар бораи худ фикр мекунанд, талабшон сахт: бо њамин сабабњо аз зани аввалашон људо шудаанд. Акнун гўё аќлашон даромадааст. Ту бояд донї, онњоро бо Назифи 55-сола ё њатто Кузрати 40-сола муќоиса накун. Онњо таљрибаи рўзгор, дониши хуб доштанд, Назиф марди љањонгашта буд. Бењтараш ягон каси калонсолтарро интихоб кунї.
- Калосолтараш худаш пайдо шуд. Як бобои аз 60-сола боло ваъда дод, ки бо ширкати Nasl фарзанддор мекунад, њар ќадар маблаѓ лозим бошад, медињад. Аммо ў хеле даѓал, ба ман мисли канизак муносибат кард, фаќат фармон медињад. Мисли ними ними Назиф мехрубон нест. Ў њам аз озмун нагузашт.
- Ту, моргазида чанд каса «санљидї»?
- Ангуштони њарду дастат намерасад…
- Тамоман дигар шудаї. Иффати шарќї, ахлоќи неки ту куљо шуд? Њатто ба рўйи марде нигоњ карда наметавонистї.
- Он ќоидањоро танњо барои он сохтанд, ки маро бадбахт кунанд, умре хору зор бошам, умре тањќир бинам? Ваќте худро ба дор кашидам, кї аз ман миннатдор шуд? Иффати ман ба кї лозим шуд?
- Хайр, аз ин озодии хаёлї хеле хушбахт шудї?
- Андаки дигар монд. Љустуљўи бахт давом дорад, - гох љиддї мегуфту гох њазл мекард шабнам. Ин иборахо аз гуфтањои назиф буданд. - Хушбахтии ман дар куљое пинњон аст. Ва ман худам бояд номзади сазовори худро љустуљў кунам... Ваќте пайдо кардам, зани порсову покдоман ва ахлоќи воло хоњам шуд...

Котибулњуруф Љ.Ќуддус      


Рецензии

С 3 по 5 июля состоится Литературный фестиваль в Этномире. В программе – семинары известных поэтов и писателей, поэтический конкурс, посвященный Году единства народов России, книжная выставкая-ярмарка. Приглашаем принять участие →