Хона бизнес

ХОНА – БИЗНЕС
ё мусобиќа дар ќаллобї

Кулўхбой пас аз анд соли муњољирати мењнатї дар Россия, Ќазоќистон, Латвия ба зодгоњ баргашту аз дидани биноњои зебои навсохти пойтахт ба ваљд омада, савганд хўрд, ки Душанбе аз ягон шањри аврупої кам нест. Ва орзу кард, ки соњиби њуљрае дар пойтахт бошад.
Ронандаи таксї аз нархи хонањои навсохт гап кушоду Кулўхбой њисоб кард, ки барои як хонаи калон пулаш мерасад. Њоло навбат гираду дар давоми як-ду сол сохтмони бино тамом шавад, пас аз ду сол фарзандонаш мктаби миёнаро дар дења хатм карда, ба донишкадањои пойтахт дохил мешаванду њамин љо зиндагї мекунанд.
Ба фурўшгоњи яке аз ширкатњои сохтмонї омада маслињат карданду шашсад њазор сомонии наќдро барои њуљрае дар ошёнаи њаштум супорид. Маъмурони ширкат бо тантана ваъда доданд, ки дар давоми як сол анљом меёбад. Аммо…
Аммо ду фарзанди калониаш мактаби олиро ботанатана тамом карданду сохтмони он бино дар ошёнаи дањум бозмонд. Аввал гуфтанд, ки крани борбардори баландро интизоранд. Баъд сад бањонаи дигар ёфт шуд. Бо маслињати як дўсташ маљбур шуд хонаро арзонтар аз пули додааш фурўшад. Аммо… маълум гашт, ки он хона пеш аз ў ба номи чор кас ва пас аз пулро супоридани ў боз ба номи се каси дигар навишта шудааст. Ошёнаи њаштум, ки њаст, хонаи сохтанашударо пешакї ба њашт муштарї фурўхта аз њаво беш аз 5 миллион сомонии наќд рўёндаанд. Дар ин байн роњбари ширкат дигар шуда, њеч кас масъулиятро ба гардан нагирифт.
Бечора Кулўхбой ба хулоса омад, ки чанд сол љону љафо канда пул ёфту бо дасти худ ба коми нањанг партофт. Маљбур шуд ба маќомоти дахлдор мурољиат кунад. Онљо аз бисёр гапњои нав бохабар шуд.
Раёсати ВКД дар шањри Душанбе чанде пеш аз боздошти собиќ роњбари ширкати «Љамол басир» Содиќ Одинаев хабар дод, ки бо ваъдаи манзили истиќоматї беш аз 160 нафарро фиреб дода, њамчунин, як манзили истиќоматиро аз 3 то ба 7 нафар ба фурўш монда, љиноятњои ќаллобиро содир намудааст. Њаљми умумии зарари расондаи ў ба шањравандон наздики 50 млн сомониро ташкил медињад. Чанде пеш муштариён аз ширкати «Салмон-иншоот» дар шањри Душанбе шиква кардаанд, ки ширкат њам як хонаро ба чанд кас фурўхтааст.
Маќомоти ВКД чанд нафарро бо чунин иттињом дастгир карда њатто ба мањбас равон намудаанд, вале ба дигарон сабаќ намешавад. Пули муфт мисли магнит мекашидааст.


Рецензии