Тумор алайхи БДА хачвия

ТУМОР АЛАЙЊИ КОРМАНДОНИ БДА?
хачвия

Одамон зудбовар бошанд, бозори фиреб ављ гирад. Диданд, ки дар кадом бахш шикоят ё хавфи мардум бештар аст, туморро дар њамон бахш месозанд. Њарчанд, љодугарї ва фолбинї тибќи Кодекси ;иноятї дар То;икистон манъ карда шудаанд, бо ;арима ё таъќиби ќонунї ;азо дода мешавад ва дини мубини ислом њам чунин амалњоро манъ мекунад, баъзењо барои њалли мушкилоти худ ба онњо мераванд.
Ба гўши Кулўхбой њам овозае расид, ки фолбинњои балогардон зидди њушёрии кормандони БДА тумор сохта, дар шакли нишон-бейљик таќдим медоранд. Назди як шиносаш рафта чунин тумор хариданї шуд. Одами сода, гулпурсї карда дастур гирифт. Фолбин фањмонд, ки туморро дар сари дилат даруни бейљик гузошта мошин меронї ва ягон пулиси роњ туро намедорад. Агар мабодо корманди БДА ишортчўбашро бардошт, наздикаш рафта салом мекуниву як дастро рўйи дилат – болои бейљик мегузорї. Њамоно вай ба ту дўсти љонї шуда, роњи сафед мехоњад.
Фолбин таъкид намуд, ки бояд имону ихлос дошта бошї, вагарна он бефоида аст. Сипас бо ифтихор ба ёд овард, ки чанд сол пеш њатто тумораш чун "ќотили" COVID-19 хизмат мекард. Бадии кор ин, ки аз хориља бейљик-нишони зидди вабо оварданду бозори моро касод карданд. "Блокатори зиддивирусї"-и японї бо номи Virus Shut Out дар дорухонаву бозорњои Ху;анд 10 - 15 сомонї арзиш дошт. Дорои диоксиди хлор буда, мисли ракета вирусро 1,5 метр пеш аз ба инсон расидан нобуд мекардааст. Мо гуфтем, ки ин даво дуруст нест. Хадамоти давлатии тандурустї пас аз тањќиќ муайян кард, ки вай на хлориди натрий, на худи хлор, на хлориди калсий. Аммо баъд вояи зидди COVID-19 зиёд шуду бозори тумори моро шикаст.
Хулоса, Дењќонбой соњиби тумор шуду бо ихлос мошин ронда њар ваќт корманди БДА-ро медид, даст пеши бар монда, туморро молиш медод. Аммо бо вучуди ин, ба даст афтода, љарима супорид. Њамоно назди фолбин рафта арз кард.
Фолбин фањмонд, ки ин тумор дар дохили шањр амал мекунад, берун аз он дигар тумор лозим. Вале боз як масъала њаст: он корманди БДА, ки берун аз шањр туро дошт, аз ман тумори алайњи тумори ронандагон гирифта буд. Мисли пањпод зидди тумори туро аз бейљикат шинохта безарар мегардонад ва ризќи ўро  таъмин мекунад.
Арванд


Рецензии