Касоси ятим аз бойи мумсик

Ќасоси ятим аз бойи мумсик
(дар асоси ривояти мардумї)

Як бойи мумсик њар сол чанд хизматгор гирифта кор мефармуду ба њар музди корашонро намедод. Ў мегуфт:
– Ман аз авлоди шайхи бузурге њастам, бояд ба њар сухани ман итоат кунед, бояд номамро ба шикаст нагиред, Њазрати Шайх гўед. Худам, зављаи мукаррамаам, њар моли дар њавлии ман бударо мубораку мутабаррак шуморед.
Њарчанд хизматгорони муздур эњтиёт мекарданд, бой њар як сухани ононро хато бароварда бањонае барои напардохтани муздаашон меёфт:
– Пишакамро “пишт” гуфтї!... Сагамро тарсондї... Ба остонаи ман сахт пой кўфтї! Занамро “бой–бибї” нагуфтї!.. Маро њамту бой–бобо гуфтї!..
Бо ин бањона музди мењнати солонаашонро надода меронду ќарздор њам мекард:
– Ман ба он хотир љазо фармоям, ки дунёи охиратат равшан шавад. Дуои мани шайхзода мегирад, вале љазои додаи ман гуноњњои туро сабуктар месозад. Ту бояд ба ман рањмат гўйї.
Аслан аз кадом шайх зода шуданашро худи бой њам намедонист. Боре дар хоби рўзона дидааш хоб дида буд ва шукр мекард: “Њамааш бо хости Худо, аз давлати илоњист”. Вале њангоме ки шайтон васваса карда, њаваси харомхўриву шањват ронданро меовард, тамоми муќаддасотро фаромўш карда мегуфт:
– Шайтон њам махлуќи худо, аз нур офарида шудааст, гоњо гапи њаќ мегўяд.
 Касе ки аз ќаллобии ў огоњ мегашт, дигар ба хизмати ў намеомад.
Як рўз ятимбачае ба дари бой омад, аз тањти дил хизмат карда на музд талаб кард, на пўшок, сањар барваќт мехесту шаб беваќт хоб мекард, бегоњ кафши ўро мешусту ба вай оби тањорат медод. Ў фарзанди касе буд, ки чанд сол хизмати бойро карда, музд нагирифта, бемор шуда, аз олам норизо рафта буд.
Љавон њамроњи бой ба масљид мерафт ва намоишкорона худро чун хизматгори содиќи бой маълум мекард. Ятимбача диќќат дод, ки баъзе касон ба мардум њар гуна хурофотро пањн карда, онњоро бероња мекунанд. Мардум ба онњо бовар мекарданд. Баъзењо аз бовари мардум истифода бурда эълом менамуданд, ки хоби рањмонї дидаанд ва бо тафсири он маќоми баланде пайдо мекарданд.
Чанд моњ гузашт. Бой ба зани љавони навгирифтааш гуфт:
– Чаро ин ятимбача ба мо ин ќадар аз сидќи дил мењнат мекунад? Дар дил ягон маќсади бад дорад. Ба фикрам, дилаш ба ту кашол.
– Э, дањонатонро об гардонед, – гуфт зан. – Як тор риши сафеди шумо аз сад љавони бепул ба ман авло.
– Рањмат, – дар дил шод шуд бой. – Набошад, худат пурс, чї мегўяд? Њатман аз худат њам пурс…
Њамон шом занак аз бача пурсид:
– Ту аз тањти дил хизмат мекунї, вале ягон бор њаќ талаб намекунї. Сабаб чист?
– Ман ятими бекасу кўй, – гуфт ятим, – ба ман молу пул даркор нест, бой–амакам дар сари љойнамоз дар њаќќи ман дуо кунанд, бас.
– Боз ба ман дил надода бошї? – Ба хотири ишќ мардњо њар кор мекунанд.
– Шумо якто њастед, – гуфт ятим. – Мењри ман – мењри мурид ба Пир аст, зављаи пири ман барои ман модари ќиёматї мешавад.
Бой, ки пинњонї суњбатро гўш мекард, аз ин суханњо шод гашта гуфт:
– Фариштањо аз забони ту сухан гуфтанд. Фаќат хоњиш мекунам, сабаби ихлос бастанатро бигўй ва ному насаби аслии худро ошкор соз.
– Ќиблагоњам муриди сайидони Шероз буданд, – гуфт ятим. – Як шаб Њазрати Хизр ба хобам даромада хабар доданд, ки ба мартабаи бузургї расидаї – муриди набераи Шайх Афзал шудї.
– Кї будааст вай набераи Шайх Афзал? – пурсид бо њасад бой.
– Хољаи Хизр сифатњои ўро гуфт: доро, сахї, дасткушод аст, дар таги гўши чапаш хол дорад. Ман њама он сифатњоро дар шумо мебинам, фаќат холи таги гўши шуморо надидаам, ки зери риши сафеди ѓуллї пўшида шудааст. Вале њангоми шом дар партави ѓуруби офтоб вай мисли тилло медурахшад.
Бойбобо аз шодї ќариб дилкаф шуд, гулўяш ѓиљовак баста, овоз дар гўлўяш дармонд ва аз сухан монд. Сарашро тарафи рост хам, манањашро каљ карда ба занаш ишора кард. Зани бой риши ўро ба дур тараф људо карда холро нишон дод.
– Ана холи гуфтаи Хоља Хидир – бобо.
– Њай–њай, њай. Бой–боборо рўйи даст бардошта гардед, кам аст.
– Рўйи даст чї, тораки сар бардошта мегардем, – њазл кард зани бой.
– Дидї, занак?! – шодон гуфт бой. – Њар ќадар ба ту гуфтам, нафањмидї. Ба ин љавон рањмат гўй, ки чашми туро кушод.
– Чашми мана шумо барваќт кушодед. Вале ба гапњои ин љавон бовар надорам. Чандон бой њам нестед.
– Бой–бибї, он пир гуфт, ки дере нагузашта, ин кас хеле сарватманд мешавад.
– Њар бойигарї ки насиб кунад, нисафшро ба ту мебахшам, гуфт бой.
– Э, не–е, бойбобо саромсема нашавед, – гуфт зан, – дањякаш бас…
– Хуб, ман розї, – бо сарвати набуда њисобї карданд зану шавњар.
– Ба ман њељ чиз лозим не. – гуфи љавон. – Ман холисона хидмат мекунам. Фаќат мехоњам, ки мардум аз будани шумо ва сифатњои шумо огоњ шаванд.
– Хеле хуб. Шом пас аз намоз дар масљид худат эълом мекунї.
Он шом дар масљид пеш аз намоз бойбобо гуфт:
– Ин љавон аз Шероз аст, авлиё аст, муридии маро дар хобаш ќабул кардааст.
Љавон тасдиќ кард ва хобашро бо аносири нав орост:
– Дар хобам пири мањосин сафеди сафедпўш омада гуфт: «Дар Њирот яке аз бузургони ислом аст, ки аслу насабаш ба авлоди паёмбар мерасад, ба вай Њазрати Зулљалол назар кардаанд. Вай авлиёи замон аст, дар таги гўшаш хол дорад. Муридии ўро ќабул кунї, давлати абад ёбї»… Бинобар ин, субњ надамида бархестаму роњи ин шањрро пеш гирифтам. Бой–боборо чунон дарёфтам, ки Пири сафедпўш дар хобам гуфта буд. То њастаму њаст, дар хидматаш меистам.
Бой–бобо ба тасдиќи сухани хизматгораш, холи таги гўшашро нишон дод.
Ин сухан ба њама форид, махсусан, ба бой. Мухлисони бой рўз то рўз зиёд, мартабаи бой баланд шудан гирифт. Баъзењо ба нияте садаќаи љория карданї шуда, пул ё чорвояшонро ба бойбобо бахшида дуояшро мепурсиданд. Ваќте танњо мемонданд, бой–бобо бо тарс мегуфт, ки ягон бузургї намебинад. Хизматгор бовар кунонд, ки одати авлиёњо њамин аст.
Ятимбача гоњо баъди намоз мегуфт, ки аз ѓайб садое омада дар мартабаи баланди динї будани бой–боборо хабар додааст. Ихлосмандон хулоса карданд, ки бойбобо одами одї нест ва минбаъд барои дастбўсии бой–бобо ба навбат истода, гоњо байни худ љанљол мекарданд, ки бояд аввал ў дасти бойро бўсад. Бой–бобо аз шодї фарбењ шуда, либоси фохир мепўшид, вале аз он ки њар кас ўро мебўсид, зуд зуд бемор мегашт.
Дар ин байн дар шахри Њирот зукоме пањн шуд, ки шахси гирифтор чанд рўз сулфа мекарду љон ба њаќ месупорид. Њар рўз садњо нафарро ба хок месупориданд. Бой–бобо њам бемор шуда, чанд рўз дар хонааш хобид, гўшаш тамоман кар гашт. Рўзи љумъа бой–бобо ба китфи хизматгор такя карда ба масљид рафт. Одамон зиёд буданд. Сулфаи бойбобо кам шуд, вале сараш андак чарх мезад, тамоман сусту нотавон ба назар мерасид. Савобхоњон дастонашро бўсиданд.
Љавон пас аз адои намоз ба минбар баромада мањзунона хабар дод:
– Ай умматони пайѓамбар ва бандагони худо, ба мо аз ѓайб хабар омад, ки пас аз се шаб бой–бобо љон ба њаќ месупоранду руњашон рост ба љаннат меравад.
– Э, вой! Мо бе шайх чї кор мекунем? – мардум дар њайрат афтода љониби бой–бобо бо афсўс назар кард. Бой, ки чизе намешунид, бо њасрат сар љунбонд.
Хизматгор оњанги суханро дигар карда, изњор намуд:
– Бале, дидани чунин авлиё дигар ба мо муяссар намешавад. Вале ин ба мо як имкони беназири расидан ба Њаќ мегардад: њар тори мўй, њар як риштаи либоси бой–бобо, њазрати шайх табаррук аст. Дар њар хонае нишоне аз ин кас бошад, ба он манзил файзу баракат медарояд, њаркї нишоне аз эшон дорад, дарњои бињишт ба рўяш кушода гардад, фардо, ваќти ба дорулубаќо рафтан роњи панљсадсолаи бињиштро тай кунад. Ваќт аст, ки аз эшони табарруки мутабаррак нишоне гирем. Њар кас њаракат кунад, ки аз ин кас нишоне гирад – барои охират тўша гирад…
Худи хизматгор барои тасдиќи суханаш, саллаи муллоро чанг зада гирифт.
Аљаб шўре бархест… Мардум њама ба мулло дарафтода, љомаю яктањ, кафшу мањсияшро кашида гирифтанд. Бойро на либос монд, на риш, на мўйлаб, на мижа, не мўйи сар, мисли гунљишки паркандаи суп–сурх шуд. Бо як њоли зор ба хонааш омад, ки занаш нест, бо алам ба рўйи хона дароз кашида хоб кард. Занаш аз њавлии њамсоя омада, дар рўйи хона як марди лучи мўйкандаю ришкандаро дида тарсид. Ўро љин гумон кард, калтаки калонро гирифту хуб кўфт.
Доду фиѓони бой ба осмон расид, шикамѓелак зада батакрор мегуфт:
– Ман шавњарат! Ман шавњари ту!
– Шавњари ман ришу фаш, љомаю салла дошт!..
Зан ўро бештар калтаккорї кард. Охир аз кўфтан монда шуду бой воќеаро бо алам њикоят кард.
– Ман гуфта будам, занак, ин ятимчаи бадбахт ягон маќсади бад дорад.
Баъди се рўзи ин воќеа бойи золим мурд. Гуфтаи љавон рост баромад гуфта, њама намозгузорони масљид ба љанозаи бойбобо омаданд.
Ятим бойро гўронду аз зани ў њаќќи хизматашро рўёнда гуфт:
– Коре кардам, ки муш дар њаќќи саноч накард!


Рецензии