Насиби зан 2. Дари бахт баста?

Насиби зан 2.
Дари бахти ман баста аст?
Ёдам меояд, ки шом буд. Дарвозаи зебои наќшкоришуда о;иста кушода мешавад. Ба он арўси нав меояд. Санду;чаи хурде дар даст дорад.
Шонзда;сола будам... Замину осмон аз ман буд. ;амсинф;оям дар бораи имти;он, китобу орзу;ои оянда гап мезаданд. Ман бошам, либоси ар;с; п;шида, аз дари хонаи бегона даромадам.
Калонњо мегуфтанд: «Шав;ар кардї – дари бахтат кушода шуд». Ва ман бовар кардам.
Надонистам, ки баъзе дар;о ба р;йи одам кушода намешаванд... балки ;ро аз як зиндаг; ба зиндагии дигар бурда ма;кам мекунанд.
Хушдоманам мувофиќи анъана, бо њазл гуфт:
- Биё, келин, ба манзили бахт даро. Ин хонаи калон, ин љавони нозанин, ин њавлию боѓу роѓа бо њама шодињо, рўбучинњо, пухтупазњо, кору бори олам ба ту бахшидем!
Ба атроф бо њайрат менигарам.
- Њайрон нашав, гирён нашав, - гуфт зане. - Њоло омўхта мешавї.
Шав;арам дар рўйи њавлї монду маро занњо ба хона дароварднд. Њама ба ман мисли оњуи нави боѓи њайвоноти шањр менигаристанд. Шавњарам пас аз соате ба модараш «Ман кор дорам», гуфту берун рафт. Хељ кас ба ў ањамият надод. Фаќат модараш пастакак таъкид кард:
- Барваќттар баргард. Акнун ту танњо нестї. Арўси нозанинат интизор. Чил дара гаштем, чил бозора гаштем, чил хирвор бор гирифта тўй кардем, ки њузураша бинем. Ана, соати бахт фаро расид.
Он шаб занњо боз соате њамроњам нишастанд. Баъд рафтанд. Хона холї шуд. Модари мондашудаи домод ба хонаи худаш рафт. Гуфт, ки андак фишораш баланд шудааст. Домод дертар меояд
Он шаб то са;ар бедор мондам. Хобам набурд. Аз ташвишњои хонаи модари ўгай халос шудам, ки як хушбахтї буд. Ба дару девори хона нигаристам. Ба девор ниго; кардам. Ба тиреза ниго; кардам. Ба либоси ар;сиам ниго; кардам. Ваќт суст мегузашт
Фикр мекардам: «Фардо ;амааш хуб мешавад». Хобам бурдааст.
Субњ барваќт хеста њавлї рўфтам. Хушдоманам бо сари баста сардакак салом карду чизе монанд ба табрик гуфту рафт. Хеле дертар шавњарам омад. Тамоман ба домоди хандони дирўза монанд набуд. Ѓазаболуд. Ширакайф.
Гуфт:
- Аз шаби аввал шикоят кардї?
- Не, кї гуфт? – њайрон шудам.
- Гап нагардон! Дамата гир. Забоната меканам!
Муште ба сарам зад ба биниям расид. Хунам рехт.   
- Алови чашмата гирифтан даркор! – гуфт ў аз дидани хуни ман шод гашта. – Гап гардондї, хуната мерезам…
Бо ќањр нимѓурма гуфт:
- Ман ќўйчї – чўпон. Барои моли мардум љавобгар. Кайе ки бекор шудам, хона меоям. Фахмидї?
- Нав фањмидам…
- Ана њамту, - бо муште «навозиш» карду гуфт:
- Ман њозир хара тўќум мекунам, «љињози» чўпония бор мекунам. Ту ёд гир. Минбаъд ин вазифаи ту.
«Мошинаша» омода карду шояд аз мо шарм дошт, ки берун кашола кард.
- Бин, њо ана вай Ќир – кабинети кории ман. Љоњу љалоли ман. Холо унља њам меравї. 
Отабек баъди кўчаро гузаштан, ба хар савор шуда љониби ќўњ рафт. Њељ кас ба љанљолу корњои вай сухане нагуфт. Мани гирёни дањону биниам пур аз хун танњо мондам.  Ман куљо омадам? Њамин аст хонаи бахт? Ё ѓалат кардаму ба дари дигар даромадам? Дари бахт баста дидам…    
Боз худамро ором кардам, ки фардо наѓз мешавад.
Аммо «фардо» мисли рўзи аввал шуд. Фардои ман баъди сол;о низ наомад. Њоло гумон дорам, ки фардо ;еч го; ба хости ман хуб намешавад.
 Хеле дер фањмидам, ки шавњарам ќиморбоз аст, дасташ ба латуќўб одат кардааст. Кош мегуфтам, имшаб наояд, то сањар ќимор бозаду њамаашро бой дињад.
Хоњараш тарсонд, ки шояд туро њам дар ќимор бой дињад. Аз инаш тарсидам. Њарчанд бовар надоштам, ки ин корро мекунад, шабњо дари хонаро ќулф зада хоб мекардам. Агар бо касе њамрох баргардад, мекўшидам, ки чою нонро ба дасташ дињаму зуд ба «ќалъа»-и худам баргардам.
Танхої бароям бехтар аст. Кош наояд. Шабњои дигар њам наояд. Ин бароям бахт намеорад.
Аз њикояти Њурмат Шокирова


Рецензии