Шикояти мардикор. хачвия
њаљвия
Кулўхбой дар муњољирати мењнатї ба соњибкори рус, ки сари миз бо њисобу китоб андармон буд, шикоят кард:
– Шумо ба Ќандак аз ман се баробар зиёд њаќ медињед. Ин одилона нест! Ман аз вай зўртарам, корњои вазнинро ман иљро мекунам.
Соњибкор ба тиреза нигоњ карда гуфт:
– Мошине омада истод. Ба назарам, алаф мекашонанд. Барою фањм!
Кулўхбой баромад, пас аз чанде баргашта гуфт:
– Рост, хошок мекашонанд.
– Аз ку;о? Шояд аз марѓзори назди дењаи Семёнов бошад?
– Намедонам.
– Раву фањм.
Кулўхбой боз рафту омаду гуфт:
– Ња, аз алафзори Семёнов.
– Нафањмидї, хошок аз дарави якум аст ё дуюм?
– Намедонам.
– Раву фањмида биё!
Кулўхбой баромаду баргашт.
– Дарави якум!
– Бо кадом нарх мефурўшанд?
– Намедонам.
– Пас, раву аниќ карда биё.
Кулўхбой боз рафту баргашт:
– Раис! Њар дарзааш пан;оњ рубл.
– Оё арзонтар намедињанд?
– Намедонам.
– Чї меистї? Раву фањмида биё...
Њамин ваќт Ќандак даромада њисобот дод:
– Раис! Аз марѓзорњои Семёнов алафи дарави якумро мекашонанд. 50 рубл талаб карданд. Ман як бастаро 40 рублї савдо кардам. Мехарем?
– Бале! – гуфт шодон соњибкор ва ба Кулўхбой рў овард:
– Акнун фањмидї, чаро ба Ќандак аз ту се маротиба зиёдтар пул медињам?
Свидетельство о публикации №226090100426