Насибаи зан 3. Ишк ва карта

Насибаи зан 3. Ишќ ва ќимор.

– Шав;арат боз ба ;имор рафтааст? – хабар медоданд, одамони дуруст.
– Рафт. Ч; кор кунам? – навмед мешудам ман. – Пешгирї карда натавонистам. Чизе гўям, маро мезанад…
Баъзан ягон гапам маъќул нашавад тањдид мекард:
- Дамата гир, ки зани дуюм мегирам…
Зуд розї шудам. Зоро, ки латукўбаша бо зани дигар таќсим кунаду ба ман камтар расад. Гуфтам:
- Майлаш, гиред. Маро пиру фартут кардед, аз ман сер шудед.
Фањмидам, ки кайњо гирифта будааст. Њоло, ки розигии маро гирифт, бемалол шабњо дигар љой мерафт. Аммо либос;ояшро оварда медод, ман шуста дарзмол мекардам. Њайрон будам, ки бо вай чї хел муносибат мекарда бошад. Рашкам омад, гумон кардам, ки зани љавону зебост, барои њамин, куртаашро намешўяд.
Як р;з дар бозор зани калонсолро дидам, ки дар дасташ асоба;ал, базўр роњ мерафт. Худоё, тавба аз ин рўз, гуфтаму роњ додам. Вале вай ба ман нигариста, асо зада пешам омад. Гуфт:
- Че;раат шинос менамояд, хоњар… Э, ту зани Отабек ;аст;?
– ;а, - гуфтам бо тааљљуб.
Зан бо таа;;уб ба ман нигаристу гуфт:
– Офарин ба ту!
– Барои ч;?
– Барои сабру то;атат.
Ман ;айрон нашудам. Кирои офарингўї будам. Ман њам ўро шинохтам. Ўротеппа шањри калон не… Ўро чанд сањар дар бозор медидам. Бо ѓурур, заминро миннатдор карда ќадам мезад. Он ваќт асо надошт. Дар пањлуям њамеша зане ёфт мешуд, ки аз ѓайбати ў дахонаш шакарак мебаст. Гуё бой-бибї аст, аз њисоби шўйи сеюмаш. Њељ каса назараш намегирад. Лекин аз шаст гузаштаасту мардаки зўр мехостааст, ба ў маъќул шавад, мехаридааст. Вале мехоњад, ки мардњо мисли саг хизматаш кунанд.
Ман фаќат донистам хостам, ки вазъияти ин зан чї хел бошад? Ќањрам омад, ки маро бо њамин кампири маъюб иваз кардааст.
Гулпурсї кардам.
- Шумо аз аввал бо асобаѓал мегардед?
Зан табассуми талх кард.
- Не, дар умрам чї будани чўбдасту асоро намедонистам. Шўйи ту мана ба ин њол расонд.
- И-ї, чаро? Магар зад?
- Эњња, занаду ќандаша хўрад. Ман катта-занам.
- Набошад, аз мењрубонии зиёд… 
– Э, аз сараш монад мењрубонияш! Маро бо фиреб кардан, ѓорат карданњо асабонї кард. Як сум ди;ад, да; сомон; карда кашида мегирад. ;иморбоз аст. Як чиз меди;ад, чанд баробар бармегирад.
Баъд ба пояш ишора кард.
– Поям шал шуд.
- Охир, назада бошад, чаро?..
Зан калонгирона такрор кард:
– ;уръат надорад занад. Маро катта-зан мегўянд. Аммо одамро фа;ат бо мушту лаѓад намешикананд. Асаб ;ам одамро мешиканад.
- Ё тавба…
– Дар хонаи худам хўљаин шуда чунон асабамро х;рд, ки поям шал шуд. Њозир аз духтур омадам. Як моњ боз дорую дармон мекунам, њеч чиз таъсир намекунад. Маљбур бо асоба;ал мегардам.
Њоло чї хел муносибататон?
– Э, «пошўл на..!» гуфтам. Дер фањмидам, ки барои пулам пеши ман меомадааст…
Зан хандид. Ман њам. Ин хандаи ду зани дарддида буд; хандаи вай бештар ба гиря мемонд, чунки танаш дард мекард. Хандаи ман самимитар буд, чунки њоло фаќат љонам дард мекард. 
Баъд он зан о; кашид:
– Мег;янд, боз бо як зани дигар шинос шудааст. Аммо вай ;ам ;ро «пошёл...» кардааст?
– ;а.
– Дуруст кардааст, - гуфтам ман.
– Чаро?
– Охир, иш;и вай ;имор аст.
Зан ба чашмонам нигарист.
– Яъне?
– Занаш ќарта.
;арду боз хандидем.
– Ман бор;о карта;ояшро даронда, партофтам. Гуфтам, бас кун. Ин хона аст, ;иморхона нест. Агар г;ш мекард, аз ишќи ќартамву ќимор даст кашида метавонист, имр;з ин ;адар одам аз ; шикоят намекард.
– Модараш ягон кор накард? ;амоат? Ма;омоти дигар?
- На. Ило;ашро ;е; кас наёфт.
Зан асоба;алро ба замин гузошта бо алам гуфт:
– Медон;, бадбахтии ман чист? – Ман дар хонаи худам будам, аммо ором; надоштам. Хайр, њамин хел хам мешудааст. Мо ду ;урбонии як ;иморбозем.
- Одаме, ки ;иморро аз хама чиз, аз зану фарзандон боло мегузорад, дар асл ба марраи ќимор пулро намегузорад, балки зиндагии одамони наздикашро мегузорад. Бо њаёти пайвандонаш ;иморбозї мекунад.
- Афсўс, дер фањмидам. Дар умрам бори аввал ањмаќ шудам.
Зани ба гуфти худаш катта-зан, асо дар ба;ал бо сари хам рафт. Њарчанд ба асобаѓал чандон такя намекард. Ў ба назарам маъюби бечораи пажмурдаю паршикаста намуд.
Акнун фањмидам, ки чаро ваќтњои охир ќариб њар рўз, ѓайри шабњо ба ќартабозии пинњонї рафтанаш, ў дар хона аст. Валк ман аз эњтиёт пули дар хона бударо наѓзакак пинон мекардам.
Мавридро мувофиќ ёфта, талабу илтиљо кардам, ки кори њаромашро бас кунад. Аљиб, ки ин дафъа асабї нашуд, даст набардошт. Хеле фикр кард, гуфт:
Ягон илољ мекунам, ки аз ин дард халос шавам. Ња ин як дарди бедваво… 

аз хикоёти Хурматой Шокирова


Рецензии