Насибаи зан 5. Курбонии такрори

Насибаи зан 5. ;урбонии такрор;.

Дари манзиле дар бинои нави бисёрошёна. Зебо гуё бо гардани баста назди он меояд. Оњ мекашад ва ба андеша фурў меравад. Дар пушти дар хеле истод. Бо изтироб ба худ гуфт: «Ман медонам, ки чаро инљоям. Чї сарсахтам… Номарде дар љавонї фиреб дод. Имрўз худам ба хонаи фиреб меоям. Зиндагиам мисли филмњои давомдор шудааст».
Ба ёдаш чанд лањзаи њаёташ омад.

Са;ни ;авлии омўзишгоњи музофотї, фазои тира. Зебои 17–сола – донишљўи соли аввал бо Салими 26–сола дар костюми домодї.
– Йигити хушрў шудї, – гуфт бо тааљљуб духтар.
– Ин либоси домодї, – гуфт бо ѓурур ва асрорангез Салим.
– Вий…  Ман чаро бехабар?
– Аз хона маљбур карданд. Арўс – љиянашон.
Зебо гўё муште ба дил хўрд, вале зоњиран оромиро вайрон накард.
– Ммм Хххайр, муборак шавад, акаи Салим.
– Лекин бо ту ишќи пинњониро давом медињем. 
– Чаро? Ту фаќат аакаа. Ба ту бахти сафед. Ман њам шўй мекунам.
– Ту наметавонї. Худата шарманда мекунї
– Эњња, алллакай се кас ошиќ шудаанд. Яктааш муаллими љавон…
– Наметавонї. Чунки ту зани ман шудї.
– Чї хел зан? Мо њамту мисли акаву хоњар...
– Шўят дар рўзи якум зада–зада пеш мекунад! Чунки ту зан њастї.
– Кай!? Мо мисли акаву хоњар будем. Ба хонаи њамсоя барои китоб мерафтам. Мусиќї гўш мекардем… Хайр, гуфтї дўстат медорам.
– Дар њаќиќат, дўстат доштам, зебояк, софдил, мењрубон. Ман хостам аз дасти ман наравї.
– Акаи Салим, ман ягон дугонаву холабачаи њамѓул надоштам. Ба хонаи шумо њамчун њамсоя мерафтам, гоњ модарат ягон чи хоњиш мекард, гоњо ту… Мани саѓира махсусан баъди шавхар кардани духтари холаам бисёр зиќ мешудам, ту бо  суханњои зебо, маслиатњои оќилона дилбардорї  мекардї. Ва мо њамту дўст шудем. Акаву хоњар.
– Ња, худат меомадї. Бўсањо… Оѓўшњо… аз ёдат рафт?
– Хайр, мегуфтї бародарвор оѓўш мекунам, бўса њам… мисли аакаа. Кай маро…
– Ту бемор будї, ман ба ту дору додам, укол кардам. Баъд… тоќат накардам. Ту нафањмидї... 
– Худоё, ба ёдам меояд. Табам баланд буд…

Як сол пеш. Хонаи Салим. Ў ба Зебо як даста китоб људо карда медињад.
– Ана, ќариб њама китобњои барои синфи 10 њаст.
– Холаам гуфт, ки маошашонро гиранд, пулаша медињанд.
– Лозим не. Байни њамсоягарї аз ману аз ту нест. Ту мисли хоњари радной… Ќариб як сол боз мо дўст… – Сабук оѓўш мекунад. – Ду ручка њам аз ман туњфа.
– Рахмат… Шумо одами наѓз.
– Ту њам ба ман маъќул. (Мебўсад). Чаро дастонат меларзанд?
– Камтар шамол хўрдам. Мегузарад.
– Ввоњ таб дорї. Ман дорую уколи «сумбаткам» дорам.
– Лозим не.
– Холаат дер аз кор меояд. Аптека мањкам мешавад. Кї укол мекунад? Биё, ман худам.
Ў Зебои резапайкари хурдљуссаро озод бардошту бо ханда ба хона даровард.
– Лозим не, ака…
– Мо акаву хоњар–ку… Ин дору табро паст мекунад.
– Сарам гаранг шуд.
– Њељ гап не. Инља хоб бикун. Укол кардан даркор…
– Лозим не…
– Ду сол пас зављаи дўстдоштаи ман мешавї… Ту бемори занона шудї?
– Акаљон… Шарм медорам.
– Наѓз. Ба балоѓат расидї. Рўзи тўй наздиктар шуд…
Салим дарро мепўшад.
Хотимаи руъё.

Сањни омўзишгоњ. Давоми суњбат.
– Ана барои чї баъди он беморї ман дигар шудам. Ту доруи хоб додї… ва… Чаро? Ман чї гуноњ доштам, ки… И–иии… 
– Ту ба ман маъќул будї. Њозир њам.
– Ох мардњо. Дар сар фаќат як фикр доред. Мани ятими бекас туро ака гуфтам. Њоло кўдак будам, на ишќ доштам, на шањват.
– Ман туро зан карданїи будам.
– Медонистї, ки модарат маро келин намекунад. Оќибати мани ятимро фикр накардї? Ман… и–ииии–ї
– Кори шудагї шуд.
– Салим, ин номардї. Ту аз бемории ман истифода кардї… Доруи хоб додї…
– Гуфтам–ку: ту маъшуќаи ман мемонї. Зан барои хона, ту барои дил…
– Фаќат худата фикр мекунї. Не. Мисли дигар духтарон шав;ар мекунам…
– Не гўйї, ба њама мегўям. Мардуми мо њамеша занро гунањгор медонанд. Њељ кас туро зан намекунад. Туро «маъшуќаи Салим» мегўянд.
– Тт–туро ака хондам. Њеч бовар намекунам.
Зебо ашк лар чашмон, гирењ дар дил рафт, вале бо њар ќадам нерўяш каму дилаш танг шудан гирифт. Суханњои Салим дар гўшаш чун раъду барќ такрор шуд:
– Њама занро гунањгор медонанд. Туро маъшуќаи Салим мегўянд… маъшуќаи Салим! маъшуќаи Салим! Маъшуќаи … – Вуљуди Зебо гўё дуд кард, баъд оташ гирифт. –  Чї хел ба рўйи холаам нигоњ мекунам? Мардум маро масхара мекунанд. Аз ин гузаштаи шум фирор мекунам. Бояд аз ин љо равам. Куљо равам? Ба шањр… Ба пойтахт… Он љо як зани шинос дорам. Њамдењаамон буд, ба ман дилсўз буд…

***
Як ошхонаи хурде, ки бештар шаробу пиво медињанд. Зебо њамроњи чанд љавону духтар дар хизмати миљозон. Ў зани шиносашро наёфт. Дар истгоњи бозори шањр аз занњои савдогар кор пурсид, ба њамин ошхона оварданд.
Зоњиран дарду ѓамашро фаромўш кардааст. Табассум мекунад. Ба миљозон духтари хурдакаки шириншамоил маъќул. Бо супориши роњбарашон Мањмуд ном љавон, корманди ошхона, њамеша дар бари ў меистод. Ваќте муштарии масте табассуми чуќур карда, ба Зебо нигариста шах мешавад, он љавон пеши духтарро мегирад, ё пивои фармударо худаш ба мизи он муштарї мебарад.
Ва ў чанд бор дид, ки ин духтарчаи шўхи арбадаљў ваќти танњої ба хаёл фурў рафта, зиќ шуда, гоњо ашк мерезад. «Ку як дили шод дар ин љањон?», – мегуфт ў ба худ. Ва мекўшид њељ ваќт Зебо танњо намонад, супоришњо медод, суханњои нек мегуфт. Ваќте миљозони масти ба матлаб нарасида љанљол кунанд, бо сабру тамкин онњоро ором мекард, ё оњиста аз зери китфаш гирифта мебаровард.   
Ќариб њар рўз баъди пешин, ваќте миљозон кам мешаванд, њатман як–ду љавон арзи муњаббат мекунанд. Яке аз ваъдањои зиёд сар кард, вале Зебо ќатъиян рад кард, ки њоло кўдак аст.
Дуюмї – љавони кўтоќади кундамиён аз мошину ќасри падар гап сар намуд, ки Зебо бо бањонаи омадани муштариён, гапи ўро бурида рафт. Љавони калтача њам бо кор банд шуду пас аз се соат Зебо назди ў омад, зани калонсолеро нишон дода, хоњиш кард: «Бо мошинат ин кампиракро ба хонааш расон»… Кундамиён гапи гуфтаашро фаромўш карда нророзиёна ѓур–ѓур кард:
– Мошин медоштам, дар ин бало–хона умрама њайф мекардам?
Зебо бо ханда, мошинтаърифкуниашро ба ёд оварда, аз ў дур шуд.
Лекин ваќте як љавони ќоматбаланд аз ишќ њарф зад, Зебо хомўш монд. Бори дуюм њам чунин шуд. Љавон гумон кард, ки духтар розист ва модарашро овард. Зебо чун пешхизмат ќаламу коѓаз наздаш омад. Модар чунин супориш дод: 
– ба љойи шаробу кабоб навис: Як духтараки майдањаки навдида, номаш Зебо–љон, барои келин шудан.
Зебо нохост гўё њушёр шуд.
– Афсўс, Зебо њоло кўдак аст, нав 16–сола, дадаш љанг мекунад… – Дарвоќеъ, 14–сола њам мегуфт, касе шубња намекард.
– Охир, писарам гуфт, ки розї њастї, – њайрон шуд зан.
– Зебо ягон њарфи ўро намефМањмуд…
Љавон хунвайрон шуда, рафт. Аз модараш гап шунид.
Љавони зебои дигар коргоњи модарашро ситоиш кард ва духтар хост ўро бинад.
Дар мулоќоти модар Зебо гўё сахт ба њайрат омада гуфт:
– Аљаб коре. Ба мани шавњардор хостгор чї даркор?
– Охир гуфтї, ки розї, модарамро биёрам, гуфтї розї…
– Ња. Шўям дар Россия. Њафтаи дигар меояд. Ба ў як кори наѓз ёфта дињед…
Модар писарашро соддаи бефањм гуфта рафт. Љавон хост духтар шаппотие занад. Вале дасташ дар њаво дармонд. Мањмуд, муњофизи ихтиёрї, шоњиди ин суњбат шуда, ишора кард, ки шеф њамин љост. Ў корманди даѓалро њамон лањза аз кор меронд.
Оњиста–оњиста а худи Мањмуд ин духтар маъќул шуд.
– На шў дорї, на кўдакї, ба њаждањ аромадї. Худат ба инњо мењр доштї?
– Ягон майда.
– Бачањои хуб буданд–ку?
– Њар рўз як духтара гаранг мекунанд, «бойбачањои фукчухтак» њар духтарро объекти лаззати худ мебинанд.
– Набошад, барои чї розї шудї бо модараш суњбат кунї?
– Ман ќасос мегирам, – гуфт духтар.
– Ќасос барои чї?
– Маро як мард ањмаќ кард, ман инњоро ањмаќ мекунам. Аввал, мехоњам донам, ки мењри инњо љиддї аст, ё не. Баъд, медонам, ки очааш мани камбаѓала бинад, келин намекунанд.
– Яъне, ту умуман, шавњар кардан намехоњї.
– Агар чени дилама ёвам…
– «Чени дили ту» – чї хел аст?
– На камбаѓал, на бой, як чордевор дошта бошад, хоксор, ором, аз паси њар бева надавад. Ќадаш… – Ў сифатњои Мањмудро гуфт. 
– Ту маро дар назар дорї, – пурсид Мањмуд. – Аз ман њам ќасос мегирї?
– Э, не–е. Лекин ту ба ман маъќул…
– Боз «шайтонаки» забонат хонд.
– Не, рост. Њамеша халос мекунї, мисли акаам.
– Хуб, «хоњар». Медонї, шўят дар барат бошад, њељ кас ба ту чаќа намешавад. Вале як бор ба ин ботлоќ пой монї, халос шуда наметавонї, њайф мешавї.   
Ба Зебо сухани Мањмуд писанд омад. Бо ишораи сар тасдиќ кард. Мањмуд орому ботамкин сабаби зиќиашро пурсид ва Зебо софдилона аз фиреби акахондаш њикоят кард. Мањмуд зиќ шуд, дилаш аз ў монд. Фикр кард, ки модоме як замон маъшуќаи касе буд, пас бева аст, барои сабукпой будан сад дарсад имконият дорад. Вале муддате ўро бо диќќат омўхт. Дид, ки њарчанд ба Зебо бисёр мардњо пулу ваъдањо дода ба хамхобагї даъват мекарданд, бо њазл ё бањонае худро халос мекард. Вазъият чатоќ шавад, чун њамеша, Мањмуд байни онњо медаромад.
Њарду ба њам унс гирифтанд. Дар байни онњо Ањад ном љавони калонсолтар даромад. Аз занаш људо шуда ба Маскав рафтанї шуд. Зебо ўро ака мегуфт. Пешнињод кард, ки њамроњ раванд. Духтар ки дар инљо касе надошт, дар фикр зад. Ба худ гуфт, ки Ањад ўро зан намекунад, аммо онљо кори серпул меёбад, зинндагиаш хуб мешавад. Аммо боз шубња мекард, ба хушбахтии осон боварї надошт.
Мањмуд шоњиди ин суханњо шуда, њис кард, ки бинои бахти хаёлиаш њоло фурў меравад.
Боз як кас ба њаёти Зебо мудохила кардан хост. – Аз куљое Салим пайдо шуд. Шод шуд, ки Зеборо ёфт. Аммо духтар бепарво ва бо нафрат ба ў нигарист.   
– Росташро гўям, бо аммадухтари очаам рўзам сиёњ аст. Хеле љустуљў карда тцро ёфтам, ки достони номамоми ишќамонро давом дињем…
Аммо Зебо ба ягон сухани ў бовар накард. Салим фањмид, ки Зебо он духтари содаи зудбовар нест. Фиреби ў дилашро шикастааст.
– Хайр, њоло њам шў накардї–ку? – Ба истењзо гузашт Салим. Магарам ки маро интизорї.
– Њова, хостам аввал ба акаам шавњаршавандаамро нишон дињам. – назди Мањмуд овард. – Шинос шавед, – акаи Мањмуд, розї њастед?
– Ммм… Соз…
Дами Салим ба дарун зад.
Мањмуд хавотир шуд. Тарси аз даст додани ў љуръат бахшиду ба ў гуфт:
– Инаш кї?
– Њамон акахонди фиребгарам Салим. Тасодуфан дидем.
– Фањмо… Йигити хуб менамоиву… худат бахтатро сўхтї…
– Ба надикї тўямон мешавад, – гуфт ѓолибона Зебо. – Тўй да биё, ака.   
Салим бо дили шикаста «хуб» гуфту бе хайрухуш рафт. Зебо њам дилашро дошта, дар курсї нишаст. Мањмуд хайрхоњона даст ба китфи ў гузошт.
 – Ман баъди наќли худат ба акахондиву хоњархондї бовар надорам. Вай мисли ишќи муваќќатии фиребу найранг. Барои майишат. Ту ба муносибати љиддї сазоворї.
– Рањмат барои дилфањмї ва дастгирї. Маро наљот додї.
– Гўш кун, Зебо, биё љиддї гап занем. Ту љавонї, вале ин зарбањо туро боаќлу доно кардааст ва ту пок мондї. Ту сазовори муносибати љиддї њастї, сазовори оилаи хуб њастї.
– Ташаккур…
– Зимистони хунук наздик, шароити хонаи иљораат хуб не. Дар ин майкада туро ѓам медињанд. Биё, бо модарам шинос кунам. Зављаи ќонунии ман шав, њамроњ дар хонаи мо зиндагї мекунем. 
Духтар ба фикр фурў рафт.
–Дер ё зуд шў кардан лозим. Фаќат аз фиреб метарсам. 
– Аввал ЗАГС мекунем… Дигар чї фиреб мемонад?

***
Хонаи одї дар пойтахт. Мањмуд Зеборо ба модараш шинос кард. Зарина ба чашмони духтар нигариста гуфт:
– Зебо, ширинрў. Аммо дар чашмонат њузн дорї. Аз чист?
– Ятимдухтарам. Њоло ба шањр омўхта нашудаам.
– Њамааш њамин? Хубаш, рўирост гўй. Чаро нохост аз ноњия омадї? Чаро нохост хонданро партофтї? Ягон душман дорї? 
Зебо ѓамгин шуд, вале зоњиран бепарво гуфт:
– Душман буд, њоло нест.
Ў ќиссаи худро баён кард. Модари Мањмуд ўро фањмид.
– Аз танњої, бекасии ту истифода кардааст. Вале ман туро келин мекунам. Њамаро фаромўш карда, зиндагии поку њалол сар мекунї.
– Ташаккур.
– Ман барваќт аз падари Мањмуд људо шудаам, худам танњо бори оиларо мекашам. Дар шањр хеши бисёр надорам. Ту њам ѓайри холаат касе надорї. Тўйи калон намекунем. Љињози арўсї дар хона њаст. Холаатро њам ташвиш намедињем. Туро калон кардааст, њамин љињози ўст. Дар њамин хона чор кас як зиёфат мехўрему шумоёнро никоњ мекунем.
Хафтаи дигар њашт нафар ду соат сари дастурхон нишастанду дуо доданд.   
Зебо шод гашт, ки Худованд ба р;йи вай дари ра;маташро кушод. Ин модар на;отбахши ўст, гузаштаашро ба ёдаш овардан намехоњад.
Модар дар танњої бо писараш гуфтугўи љиддї карда талаб намуд, ки масъулиятро  бештар кунад:
– Сарнавишти Зебо дар дасти ту. Занро марди њаќиќї зани хубу солења мекунад. Вай њоло кўдак аст, ѓамхораш бошї, эњтиромаш кунї ва сахт гирї, њеч гоњ ба роњи бад намеравад. Мањмуд ваъда дод, чунки даврвоќеъ ўро дўст дошт. 
Баъди як сол соњиби писар шуданд. Азбаски љисми Зебо хурдакак буд, кўдакро бо усули љарроњї гирифтанд. Писаракаш Азиз – чун як себи дукафон нусхаи бибиаш буд. Зарина чун хоњари шафќат дар бемористони таваллудхона кор карда, шоњиди бисёр холатњо гашта буд. Аз таљриба хулоса кард, ки Азиз аз хуни ўст, њалолї аст. Эътимодаш ба келин афзуд ва њарсеяшонро дўст дошт.
Аммо… Вале...

Азиз чун њама кўдаки навзод, њамеша дар љараёни рушди љисмонї, инљиќї мекард, нохост чиррос зада гиря мекард. Баробари ташвиш, бедорхобињо, барои доруву дармон пул даркор шуд. Зебо њоло кор намекард.
Маоши Мањмуд ба худаш базўр мерасид. Ў пешхизмати одд; буд, пайваста ба та;;ири мизо;он ва эроди сарвар дучор мегашт. Э;соси нотавон;, камбудии молияв; ба руњу равонаш фишор овард. Он кайфияти шодию сурур, ки пас аз издивољ бо Зебо оѓоз ёфт, пас ним соли аввал барњам хўрда, акнун ризќрасони њатмї ва ягонаи зану фарзанд будан, фишорро бештар намуд. Махсусан ваќте кўдак зуд – зуд бемор мегашт ва аз бедорхобињо Зебои худаш мисли кўдак шамол хўрда зуком мешуд, љонаш ба лаб расид. Талаби њаррўзаи «пул–дору–нон–дору» формулаи бадбахтии ў шуд. Ва ў тасаллоро дар ара; ёфт, то аз во;еияти талх фирор кунад.

Модар аз кор баргашту шишаро аз дасти писар кашида гирифт.
– Бас кун, Мањмуд! Охир ту зан дор;, к;дак дор;! Ба љойи ин касофат ба писарат шири махсус харида биёр. Наход р;зи дароз ара; х;р;?!
Мањмуд, бачаи эрка, гила сар кард:
– Ман кї? – Як пешхизмати одд;! Пул надорам! Ин занак нон мехоњад, либос мехоњад, к;дакаш р;зи дароз гиря мекунад, ма;зи сарамро х;рд!
Зебо пешнињод кард:
– Биёед, ўро ба духтур барем, ё ба мулло бурда хононем, шояд соз шавад.
– Ягонтааш фоида накард, – оњ кашид модар.
Шаб к;даки яксола пайваста гиря кард: дандон бароварда, таб кардааст. Мањмуди маст аз хоб бедор шуда, ба ;азаб меояд.
– Худоё, ин сагбача кай хоб меравад?! Р;зи дароз дар кор асаб;оям хароб, шаб дар ин хона ором; нест!
Дод зада к;дакро бо гањворааш бо пой тела додан хост, Зебо сари ваќт танашро сипар кард.
– Ором шавед. Охир кўдак аст.
– Як кўдака хап даронда наметавонї?
– Хеч кас наметавонад. Модаратон њам гуфтанд–ку дар ин давра њамаашон гирёнчак мешаванд. Шумо њам њамин хел будаед..
– К;дакатро гум кун аз пеши чашмам, набошад шатта мехўрї!
Зебо кўдакро ба о;;ш гирифта бо гиря гуфт:
– Писари худатон, аз пеши падар куљо меравад? Дандон мебарорад. Ба ;ойи кумак кардан дод зада бедор мекунед!?
Мањмуд Зеборо бо пой зад.
– Э, ман аз дасти тую к;дакат девона шудам! Дукаса рўзи маро сиёњ кардед. Хамин к;дак намешуд, ман ором зиндаг; мекардам!
Модар бохабар шуда омад, аввал писарашро насињат кард. Баъд ба келин њам эрод гирифт.
– Бачаро нигоњубин карда наметавонї! Гир вая, ба ошхона бар. Ба њавои тоза барор. Мон шавњарат камтар хоб равад, пагоњ рўзи дароз кор мекунад.
– Дигар рўзњо мебаровардам, лекин имрўз, охир, таб дорад. Ду шаб аст худам хоб накардам…
– Дору хар, кўдакро табобат бикун!
– Аптекачї дору надод, гуфт, ки аввал 300 сомонї ќарзи пешинаро те. Кай пули доруро медињед?
– Гап нагардон, – асабї шуд хушдоман. – Ба сари ман дод назан.
– Э, ту ;аёти маро с;зондї! – аламашро ба сари Зебо фурў рехт Мањмуд.
– Ман сўзондам, ё шумо?
– Э, њаёти туро барваќт сўзонда буданд! – гуфт Зарина.
Шаби нањсе буд, ки њама хаставу асабонї буданд. Њеч кас тан додан намехост. Њатто Зарина, ки бо туњмат аз шавњар људо шуда буд. Мавзуи бањс ба дигар тараф рафт.
– Шумо ваъда додед, ки ба ёд намеоред, – дилашро дошта гила кард Зебо.
– Дамата гир! Бо њамон нархарат гаштан мегирифтї, бачаи мана гаранг намекардї.
Мањмуд, ки аз араќ сардарду њушаш карахт гашта буд, нохост эсоси фарзандиаш боло гирифту ба кумаки модар бархест. 
– Бас! Ба очам гап нагардон!
– Вий… Бачаи шумо мана гаранг кард. Ба ман чї лозим буд оиладорї, кўдакбонї. Ба наздикї маро як кас ба Россия бурдани буд…
Рашки Мањмуд зиёд шуд.
– Њоло њамин хел? Вай Ањад набуд? Шояд бача њам аз вай бошад?
– Не, афсўс, бача аз шумо.
– Се тало;! Гум шав ба назди Ањад бо ;амин к;дакат!
Дигар риштаи гапу мантиќ гум шуд. Њама хафа шуданд. Зебо аз њуш рафт.

Суб;. Мањмуд хоб аст. Зебо бо чашмони аз гиря ва бехобї варамкарда кўдакро ба аробачааш љой дода, либоси кўчаравакашро пўшид ва бо хушдоман хайрухуш кард. Зарина њоло каме ором гашта, аз такдири Зебо ва наберааш андеша кард. Рањмаш омад. Худи ў њам чанд сол бо писарчаи дусолааш Мањмуд дар кўча монда буд. Суд онњоро дар хонаи шавњар маскун намуд. Ва оќибат, хона ба ў расид.
– Куљо меравї?
Зебо навмедона китф дарњам кашид.
– Кори намешудагї шуд, шариат и;озат намеди;ад, ки зану шав;ар бошед. Лекин ту љойи рафтан надорї. Ба хотири набераам њамин чо мемонї. Дар бораи талоќ ба њеч кас гап назанед. Лекин Мањмуд барои ту пул надорад. Ту худат кори наѓз кофта ёв.
– Дар куљо? Ман ягон ихтисос надорам. Магар ба ошхона…
– Не, он љо як балохона шудааст. Ин либос;оро мону шиму майка п;ш, худата оро дењ, рангубори мана гир. Эълон медињем, ба хона;ои одамони серпул барои нигоњубини кўдак, љомашўї, рўбучини хона, хўрокпазї хизматгор лозим. Кор мекунї ва ќарз;оятро медињї.
Худаш бо телефони худаш кор љуст. Зуд пайдо карда гуфт:
– Корат омад кард: ин мардро мешиносам. Гоњ–гоњ ўро мањс мекардам. Бе зан. Дасткушод. Њафтае се рўз меравї, кори ту – хонарўбї, хурокпазї, љомашўї. Рўзе чор соат банд мешавї. Боз се–чорта њамин хел кор ёфта тавонї, зиндагиат хуб мешавад… 
Бо марди корфармо маслињат кард, ки дуњафтаина њаќќи кораша ба корти бонкии ў гузаронад. – 300 сомонї. Мард розї шуд. Зарина хоњиш кард, ки пас аз чор соат љавобаш дињад, то ба кўдаки навзодаш шир дињад…
Худи Зарина либоси мувофиќ интихоб намуда, ба рўи келини собиќ каме сурхї молид, ба хонаи корфармо бурд. Чанд бино онтарафтар будааст. Таъкид кард, ки дилёбї кунад, хафа накунад. 
Љоник дар хонаи Зарина мањс мегирифт ва боре дар он љо Зеборо дида буд. Хушдоман ўро чунин шинос кард: «Љиянам, бо як кўдакаш сарсон. Ягон кор ёфта наметавонад…
Ва њоло мард шод гашта, зуд маблаѓи гуфтаашро фиристод…   
Дар њаќиќат, мард хеле мерубону дастакушод будааст. Гуфт:
– Омадани туро намедонистам, барои њамин, худам аз сањар њама корро кардам, хона тоза, хўрокро аз ресторан овардам. Либосњоро шаб шуста будам. Имрўз кори ту – њамроњи ман нишаста таъом хўрдан.
– Охир ин чї хел мешавад? Шумо пул фиристодед… Ман бояд кор кунам.
– Солдат спит – служба идёт, – мегуфтанд њарбиёни рус. – муњиммаш, ту дар хизмат њастї. Ман марди танњо, фарзандон аз пайи кори худ овора. Дўстонам кам. Имрўз якшанбе, бояд истироњат кунем. Њамроњи ман чой нўшидан њам кор… Либосата сабук карда, бишин.
Зебо њайрон монд. Мард сабук аз оринљаш дошта, курткаашро кашид ва духтарчаро паси миз шинонд. Зебо иштињо надошт. Мард нимњазлу нимљиддї гуфт:
– Агар њамроњї накунї, шартномаро ќатъ мекунем, пулро бармегардонем.
– Хуб–хуб. Фаќат шумо хўрдан гиред, ман хизмат мекунам.
– Не, дар инља ман хизмат мекунам. Бо як бонуи зебои љавон нишастан бароям роњат аст… 
Як пора гўштро ба табаќчаи ў гузошт. Кола рехт.
Зебо чанд ваќт боз мерубонии шавњарро гум карда буд, дастурхонаш њам хароб буд, аз гиряи кўдак иштињояш њам баста буд. Шод гашт, аз кола нўшид. Аммо дилашро як эхсоси ногувор фаро гирифт. Аз мушоњидањои дар ошхона кардааш, ин мењрубонї танњо як сабаб дорад… Ва мард гўё инро фањмида оромаш кард.
– Мо аз ин пас дўстони љонї. – баъд бо њазл илова кард. – Барои кабоб хўрданат  ба ту њаќќи алоњида медињам…
Зебо посух надод, вале ба рўяш сурхї давида зеботар шуд. Мард мусиќии орому гуворое монд, ба раќс даъват кард…
Зебо њайрон монд, худро дар дуро;аи номус ва ;арздор; эњсос кард.
Ваќте соњибхона ўро хангоми раќс оѓўш кард, бо тамкин ва оромона рад карда, гуфт, ки аз бемории писараш дилаш зиќ аст.
Мард њам оромона таъкид кард:
– Ту ба ман маъќул шудї. Биё рўирост гап занем. Шартњои маро иљро кунї, ;арзи табобати писаратро њам меди;ам. Худатро њам алоњида розї мекунам.
– Ман шавњар дорам…
– Шав;ар? Вай як майзадаи бекор будааст, ки њатто худашро таъмин карда наметавонад. Холаат гуфт, ки талоќдода, кайњо туро бо кўдакат рондааст…
– Не–не.
– Хайр. Хўроката нахўрдї, њамроњат бар. Ин ширинї барои кўдакат. Ду соати дигари кориат монд. Дертар биё, либосњоро ути мекунї.
Зебо мисли тир аз камон љаста баромад. Мард фурсат наёфт, ки таомро ба дасташ дињад. Ў бо чашми ашкбор аз он хона баромада рафт, ки ба хушдоманаш аз он корфармо шикоят кунам. Вале ч; дид? – Зарина аз зуд омадани ў њайрон нашуд.
– Наѓз кардї барваќќтар омадї. Азизљон хап намекунад. Шир те. Ана бин, бо пули Љоник аз аптека дору овардам, ними ќарзаша додам, боз мурѓ овардам. Њамро шўрбо мехўрем.
Љоник аллакай ба ў телефон карда буд. Зан оромона, мисли дугонаи роздон гап зад: – Ту њамагї якуним соат онљо кор кардї. Боз дувуним соат ваќти корї дорї. Љоник гуфт, ки шом барои утї кардани либосњояш равї. Шарти кор њамин. Ба ў аз шавњарат гап назан. Ту, охир, муљаррадї…
Зебо дигар њайрон нашуд. Фањмид, ки онњо бо якдигар маслихат кардаанд. Дарк намуд, ки ба як кўчаи сарбаста афтод. Хастањолона хоњиш кард:
– Мумкин, ман худам кор ёвам?
– Албатта. Ваќт дорї, њафтае чор рўзи дигар бекор њастї. Вале чї кор?
– Дар як идораи хурд фаррош лозим будааст. Ду соата кор. Њафтае ду рўз...
– Наѓз. Бо як љойи кор шикамат сер намешавад. Барои ту либосу палос даркор. Вале дон, барои њамсояњо ту келини ман. Соати панљ бояд дар хона бошї… 
Зебо ба хонаи Љоник рафт. Бо гардани баста. Дар пушти дар хеле истод. Бо изтироб ба худ гуфт: «Ман медонам, ки чаро инљоям. Чї сарсахтам… Номарде дар љавонї фиреб дод. Имрўз худам ба хонаи фиреб меоям. Њаётам мисли филмњои давомдор шудааст.
Ва;те ба хона рафтам, чї дидам? Мањмуд ва модараш шод, бо пули «мењнати»–и ман нон мехаранд, ;арз;оро меди;анд, доруи писарамро харида овардаанд ва ба ман њарфи баде намег;янд. Гўё ман як каси бегонаам. Вале охир, гапи хушдоманам рост: «Ту бева, фаќат иљоранишин». Ба он;о дигар номуси ман маъное надорад. Тан;о пули ман лозим буд. Ин кори Мањмуд номардї буд? Аз кори Салими лаънатї чї фарќ дорад? Ман ќурбонии дубора шудам? Лекин барои вай ман аллакай бева будам. Ва бояд аз ў розї шавам, ки дидаву дониста беваро зан кард, соњиби фарзанд кард.  Барои ман саломатии писарам лозим... Ва ман бо пойи ларзон, дили мурда, чашмони пурашк дубора омадам.
Шояд Зарина бо телефон хабар дода аз њолати равонии Зебо хавотир шуда хабар дод, ки мард бе занги дар онро кушода, аз дасти мењмони маљбурї сабук кашида ба хона бурд… Дар рўйи миз таъом кам, бештар шаробу обмева буд. Ва мусиќии гуворо…
Љоник ба назараш мисли кўдак намуд. Кўдаки пиршудаи зуккахўр.
Худи Зебо кор љуст. Ба зане дар корњои хона ёрї дод – хавлї мерўфт, либос мешуст, ба кўдакаш нигоњубин мекард. дар як офис фаррошї кард. Вале даромади онњо ба туњфањои иловагии Љоник баробар намегашт. Ў бевосита ба Зарина мегуфт, ки Зебо соати чанд ояд. Ва хушдоман аз Зебо хоњиш мекард, ки ба коргоњаш – назди Љоник равад. Хељ кас дар хусуси ягон кори бад ёдовар намешуд. Хизмат аст, кор аст.
Чунин кўдакони пиршуда боз пайдо шуданд. Яке аз дигаре бадтар. Марди чилсолае њам кори офис гуфту ба худаш часпид. Хонаи алоњида дошт, муљаррад будааст. Талаб кард, ки никоњ кунанд. Зебо гумон кард, ки шояд ин никоњ барои буридани талоќи шавњараш кумак намояд… Аммо то никоњ нарасид. Як зани чилупанљсолаи чорпањлў пайдо шуда, ўро зада аз хона баровард. Ва тањдид кард, ки боз пайдо шавад, аз худаш гила кунад.
Як масъаларо хост бо хушдоманаш маслињат кунад. Фаќат надонист чи тавр баён намояд.
– Хола, як муйсафед гуфт, ки агар дар њолати ќањр ё мастї талоќ гуфта бошад, њисоб намешавад.
– Ту ба њар хару саг сиррата нагўй, – оташин шуд Зарина. – Боз вай гуфт, ки бо ў никоњ кунї, њалола мешавї. Ња?
– Не, не…
– Гуш кун, духтар, дар бораи писарам ягон кас ягон чиз нафањмад. Ман худам доимо дар фикри њамин, сарам сафед шуд. Ягон илољ меёбам. Писарам бемор, дилаш суст, зан додан даркор набуд. Гумон кардам, ки ту меоиву вай дигар мешааад. Афсўс… Бори оила ба дилаш гарон аст, ѓаму ташвиши зиёдро бардошта наметавонад. Мефахмиї?
– Бахшиш… – фањмид – нафањмид, узр хост Ситора.
– Ту њозир хапу дам кората карда гаштан гир. Дар – байни љамоат гаштан, ризќ ёфтана ёд гир. Он тараф, як гап мешавад.      
Андешањои Зебо њам дигар шуданд. Ў њамчун иљоранишине, ки дастурхони умумї доранд, ба хона картошкаву сабзї, биринљу гўшт меорад. Бо хоњиши хушдоман барои хона чизњои дигар њам меовард. Ба назараш мисли кино менамуд. Умед дошт, ки аз нав оштї шуда зиндагї мекунанд. 
Умеди охиринаш рўзе барњам хўрд, ки Мањмуд ўро барои интихоби костюм ба бозори «Корвон» бурд. Завќи Зебо дарвоќеъ, баланд буд. Мањмуд аз интихоб розї шуд. Либоси мувофиќ беморї ва камбаѓалии соњибашро мепўшонад. Аммо кашшоќии ботинро на. Зебо як тањпўши занонаро дида ба даст гирифт. Мањмуд ноилољ монда, пастакак гуфт:
– Ман њозир пулаша медињам, лекин дар хона ту ба ман баргардон. Ман барои хўроки пешин дигар пул надорам…
Зебо инро шўхї фањмид. Охир онњо бо вуљуди талоќ доданаш, дар як љогањ хоб мекарданд. Ва ранги он тањпўш ба Мањмуд писанд буд. Аммо дар хона ба љонаш расонд. Дањхо бор такрор кард: «Пули мана те»…
Зебо бо ѓазаб пулро ба рўйи вай партофту як кўрпаро гирифта дар кунљи хона партофт, он љо танњо хобид. Мањмуд аз ин парвое накард.
Яак шом Зарина – собиќ хушдоман – бибии писараш, аз кор баргашту як попўшии зебои бачагона оварда ба пойи наберааш пўшонд. Шод гашт, ки чени пояш будааст. Чењраи Зебо њам шукуфт, аммо ба зудї барњам хўрд.
 – Лекин ба 150 сомонї харидам… 150.
Зебо њайрон шуда пурсид:
– Пулаша ба шумо дињам?
– Наѓз мешавад. То маоши ман њоло ваќт бисёр.
Зебо пули захираи худро дошт. Њаќќи попўширо дод. Вале на хафа шуд, на парвое кард.
Ў хост тањсилашро дар коллељ ё ягон муассисаи дигар давом дињад, аммо њуљљатњояш дар коллељи ноњия монда буд ва он љо пайдо карда натавонистанд. Ваќт њам барои омўзиш људо карда наметавонист. Њар рўз маблаѓ ёфтан зарур буд. Ва боз фикр кард, ки барои тањсил дер шуд, њама донише, ки замоне дошт, ѓаму ташвиши пулёвї зудуда, аз каллааш дур кард ва ў наметавонад хонданро аз нав гирад. 
Хушдоман хотирљамъ шуд, ки Зебо пулёву нонёв шуд, аз кор хаста намешавад муњимаш, писараш Азизљонро хуб нигоњубин мекунад. Њангоми мактабрав шудани ў мушкилоти Зебо афзуданд. Хонандаи синфи якумро ба мактаб бурдану овардан ташвиши зиёд дорад, ваќтро мегирад ва имконият барои пул кор кардани Зебо камтар шуд. Вале «ваќти кории ў» дар хонаи хушдоман таѓйир наёфт: соати чор то панљ бояд бо пухтани хўрок, омода намудани хона барои истиќболи хушдоман сарф шавад. Пас аз ин корњо метавонист «њавохўрї барояд, вале то баробари нишастани офтоб бояд ба хона баргардад. Барои ин корњо албатта, касе ба ў маблаѓе намедод. Вале њаќќи ў дар буљаи оила таѓйир наёфта буд. Бо назардошти бачаи хушќаду ќавибозу ва аълохон шудани писараш, харољот барои ин одамча, наздиктарин инсон барои Зебо афзуд. Синфи се шуду «марди хона» Азизљон ѓамбарору дилбардори оча шу два зебо барои ў њељ чизро дареѓ намедошт.   
Дар ин байн Зарина ба нафаќа баромад. Мањсгари пуртаљриба гашта буд ва як шиносаш ваъда дод, ки дар Маскав барояш кори хуб ёфта медињад. Ва ў роњи халосї аз келинро љуст. Наќшае кашиду Зеборо чандрўза ба хонаи холааш фиристод. Рўзи дигар бо раќамњои телефони Россия занг зада гуфт:
– Мо ба Маскав рафтем. Шояд ду сол монем. Либосњои тую бачаат дар хонаи њамсоя Мадина. Гиру хонаи иљора ёфта шин.
– Чаро? – Зебо ба њайрат омад. – Охир ман келини шумоям, Аќаллан фикри набераатонро накардед?
– Њамин хел шуд, моро саросема карданд. Љойи кор аз даст меравад. Ту роњи зиндагита дар шањр ёфтї, хотирам љамъ.
– Хонаи иљора ќимат аст. Барои хонаковї ваќт даркор.
–Ба Мадина гуфтам, шояд хонаи иљора ёфта бошад. Ба дастам пул афтад, кам–кам ба ту мефиристам…
Алоќа ќатъ шуд. Дили Зебо пора–пора шуд. Пс аз њафтае омад. Бо дили шикаста дари њамсояро пахш кард. Мадина - њамсоя ўро дилбардорї карда, ду суроѓа дод. То шом ин масъала њал шуд.
Зебо хост бо хушдоманаш дар тамос шуда, хоњиш кунад, ки аќаллан якмоња пули иљораро фиристад. Пули ёфтааш ба хўрокаш базўр мерасид. Њамон раќами телефонро пахш кард, аммо хабар омад, ки фаъолияти ин раќами телефон ќатъ карда шудааст.
Њайрон монд. Барги наљотбахш метавонист Љоник шавад, аммо хеле шуд, ки муносибатњо дигар шуданд. Ду дафъа пайињам наздаш рафту ўро масту аласт дид. Ба гуфти худаш тамоми баданаш дард мекард. Зебо хоњиш кард, ки нанўшад, набошад, корро бас мекунад. Бе ин њам туњфањо кам шуданд. Рўзи дигар Зебо аз ваќти таъиншуда як соат барваќттар рафт. Дар кушода, аз хона садои ханда ва истењзои як зан ба гўшаш расид, хун ба сараш зад. Љоник њушёр буд, зан ширакайф. Нимурён. Љоникро маљбур мекард, ки нўшад.
Зебо даромада эътироз кард:
- Туро њамин ба нўшидан маљбур мекунад? Нусхаи ўро дар ошхона-майхонаи «Тараб 99» дида будам. Болои мардњо зўр.
Љоник зуд розї шуда арз кард: 
- Ња-а, Сано, ба љонам задааст. Дилу љигарама хурд.
- Ин аљина кї? - бо эътироз пурсид зан.
- Љиянам, ёрдамчиям.
- Ња, канизак? Њамсоя гуфта буд…
Њарчї набошад, Зебо худро на канизак, на хизматгор эхсос намекард, мењмони дилхостаи соњибхона буд. Аз дидани Сано бори авваал рашки сахт эњсос намуд. Болои ин зани бо истењзо фармон дод:
- Канизак бошї, ана вай либосњои тари маро њам шушта, хушк карда, ути карда мон. Пагоњ мегирам. Имрўз метавонї равї, ман хизматгори полковник мешавам.
Зебо дертар фањмида буд, ки Љоник подполковники мустаъфї аст.
- Эњња, ту маро пеш мекунї?! Ман се сол шуд дар ин љо кор мекунам! Аз сарат монад либоси њаромат!
- Ором шав, Зебо. Ин муваќќатї!
- Ки муваќќатї? Ман?! Хоб дидї?! Њозир љиянам меояд, ин манљалоќита зада-зада дафъ мекунад!
- Ман њоло хонаро имзо накардаам. – Љоник лаб газид. – Ин љиян, ин њаќ дорад.
- Рост, ман фаќат каниз! Ба ман њељ чиз даркор нест! Насибат кунад.
Дили Зебо ранљпазир буд, бањсу љанљол карда, наметавонист, њаќталоширо намеписандид. Бањс ба дилаш наѓунчид. Рафт, ки рафт. Дигар барнагашт. Љоник чанд бор занг зада узр хост, ки фарзандонаш омада ин занро ба сари ў бор кардаанд, ки хона бегона нашавад. Ноилољ мондааст. Зебо дар њайрат монд:
- Шумо, мардњо, чаро ин ќадар тарсу њастед? - Аз модар метарсед, аз фарзанд метарсед, аз хешованд метарсед. Э, дафъ шавед-е!
Пас аз чанд моњ хабар расид, ки мўйсафеди њоло баќувват нохост дилкаф шуда мурдааст. Хонаву амволаш тарака шуд. Гўё ба Зебо чизи арзишманде туњфа кардан мехост, вале фурсат наёфт. Ўро дами марг ёд мекард, аммо наздиконаш, аз хавфи он, ки бо васият ба ў чизи бисёре медињад, ба ў хабар њам надоданд. Вале барои Зебо ин ягон ањаммият надошт, одат карда буд, ки одамон барои ў вазифадор нестанд, муддате ваъдањо медињанд, аз ў истифода мебаранду тамом, чун љўроби куњнашудаи пой њар лањза ба чоњи фаромўшї мепартоянд. 
Вале ин зарбаи ногањонии хушдоман, ки Зебо ўро фариштаи иќболаш мепиндошт, аз њама фиребњои дигар, зарбањои дигари сарнавишт зиёдтар шуд. Зебо худро дар байни замину осон муаллаќ дид. Худро ќурбонии дубора – Ревиктимизация дид…
Ѓайри ду бўхча либос чизе надошт. Ба хонаи иљора рафт. Дар наздикї будааст. Дилаш ба кафидан наздик омад. Писараш њама гапро мефањмид. Дасти ўро гирифта болои сараш монд. Дар филмњои њиндї ин амалро дида буд. Суханаш њам мисли ќањрамони филмхои њинду шуд:
– Оча гиря накун. Ман њамроњат њастам. Намемонам касе туро хафа кунад… Савганд мехўрам, калон шавам, хонда, кор мекунаму бароят хона мехарам…
  Зебо дар назди писар худро ба даст гирифт, шитобон ба хона даромад, ки ашкро пинњон кунад.   
- Њама фанду фиреб! Њама дарду алам! Чаро, Худољон? Чарои ин њама ба сари сахти ман меояд? Њамсолони ман шоду беѓаманад, чаро ман фаќат ашк мерезам. Чаро?
Ногоњ дар дил неруи дигар эњсос намуд. Ба худ гуфт.
Бас аст… Ман аз њеч кас ёрї умед надорам, вале ман дигар озодам, тобеъи хељ кас нестам. Маљбур нестам, барои ќошу ќвоќи хушдоман ваќти зиёдамро ба кори хонаи ў сарф кунам, ѓами шўйи сохтаро хўрам. Зиндагии ман тамоман дигар шуд. Шояд ин хуб аст?
Соњибхонаи мењрубон ўро ба таъоми шом даъват кард. Ў аз њолу вазъияти Зебо хабар дошт.
Зиндагї аз нав сар мешавад…
Зиндагї дигар хел давом хоњад кард…
 


Рецензии