Хурсанди аз лутфи дуст. На таджикском языке
Пагохии рузи 20 октябр дар шахри Ижевск туфайли Ватсап аз дустам Азизмухаммад, ки бароям додар асту яке аз шогирдони бехтаринам низ мебошад, паёме гирифтам, ки чунин аст: "Акои азизам, Шумо барои ман на танхо бародар, балки такягох, ифтихор ва сарчашмаи мехру мухаббат хастед. Шумо дар зиндагии мо неъмати бузурге хастед, ки кадрашро бо хеч чиз наметавон иваз кард. Шумо бо хиради бузург, калби пок, сухани нек ва рафтори шоистаатон хамеша дар дили наздикон чойгохи хос доред. Худованд хамеша нигахбонатон бошад, умратон дароз, танатон сихат, рузгоратон обод ва дилатон саршори шодиву сурур бошад. Акои азизам, хамеша сарбаланду саодатманд бошед!
Бигзор хонаи Шумо пур аз баракат, чехраатон хандон ва кадамхоятон суи хушбахти бошад.
Барои ман ифтихор аст, ки чунин акои гиромикадр дорам".
07:23
Баробари хондани ин сатрхои пур аз мехру мухаббату додаронаи Азизмухаммад чунин дуое ба забонам омад:
Азизмат, додарам, умрат дароз бод,
Макомат назди дустонат фароз бод,
Ман аз алтофи бекаронат шод гаштам,
Зи лутфи Хак хаётат бофарог бод!
09:02
Рецензии
Мы используем файлы cookie для улучшения работы сайта. Оставаясь на сайте, вы соглашаетесь с условиями использования файлов cookies. Чтобы ознакомиться с Политикой обработки персональных данных и файлов cookie, нажмите здесь .
Соглашаюсь