Насибаи зан 6. Доллархо барои зан

Насибаи зан 6. Долларњо барои зан.
(бо назари њаљв)

- Дили Саркора ёвам, «Љип» мехарам, - наќша кашид Марљона.
- Хари Хаљира об дињам, шоколад мехарам, - гуфт Мошони камтаљриба.
- Орзуя калон гир, нимаш њам шавад, бас: «Љип» нашуд, «Опел» мешавад.
- Мо аз хоксори ёфтагї…
Ба як дўсти Саркор котиба даркор шуд. Аз Марљона хоњиш кард, ки пайдо кунад. Мошон – аслан, Мошариф, њамсояи дасти рости додари зани таѓояш, чанд рўз пеш барои корёвї омад. Марљона бањои бад дод:
- Ин чї бало шикам? – ќанори дарида, бинї фос, лаб кафида, чор дандон шикаста аз мушти шўйи алкаш! Пойњо - калта, ќоќ, абрў ѓафси љорўбмонанд! Дастњо аз таппаккунї мисли чўби пўсида! Хулоса, аљинаи љангалї. Кори ту - оѓилњои бобои Гъндула тоза кардан. Ба ќишлоќ баргард.
- Э, апа, шўям ин дафъа зада мекушад. Наход, њамина хоњед?
Хоњиши Саркор ба ёдаш омада, Марљона фикри дигар кард:
- Хай. Аввал ба як чой рафта туро таъмир мекунем.
Дар салони «Муъљиза» аљинаи љангалї бо доруву теѓ хеле дигар шуд.
- Номат аз ин пас Мошон, пишакчаи шэф. Се рўз санљиш. 
Дўсти шэф Шоњќайроќ розї шуд, чунон ситоиш кард, ки устод Рўдакї духтареро ба ин њад насутуда буд. Зуд хулоса кард:
- Хуб. Пагоњ ба Дубай мепарад, ба конфронси байналмилалї.   
Пас аз бозгашт ёдоварињои Мошон охир надошт:
- Дубая дидам. Себаяшро њам. Бори аввал њофизњои худамона дидам. Ваќте бо хоњиши шеф ба њофиз саддоллара додам, дастњои мана – њамон дастони аз порукунї зангзадаи бўйгирифтаи мана муччї кард!
Вале акнун муаллими Марљона шуд:
- Ту њозир ба пишаки љангалї монанд. Ин рангубори мана гир… Ман чанд намуди ороиша аз он тарафи бањр овардам…
Марљона њар як гапи ўро ќабул дошт. Мошон фаќат аз як чиз тарс дошт:
- Мегўянд, ки бонк касод мешавад, кисаи шефи ман Шоњќайроќ њам…
- Кори мешудагї, - гуфт Марљона. – њамин, ки касод шуд, пеши ман биё…
Фоли Мошон рост баромад. Бонк сўхту Шоњќайроќ ба хориља рафта ѓайб зад.
Мошон бо гардани баста пеши устоди собикаш омад. Марљона боз чанд сару гардан аз ў баланд шуд. оромаш кард:
- Дар шањр чандин адад бонк њаст. Дар дањ соли охир сетааш касод шуд, вале ба ман ягон таъсир накард. Ризќи мо азалї. ;ар сол дар “бозори иш;”–и ;а;он 2,5 триллион доллар сарф мешавад.
Марљона ороиши мўяшро дигар кард, бо Мошон ба бозори хос рафт. Мардњо дигар, вале бозори ишќ њамон, савдо њамон, долларњо њамон. Гўё аз дасти Шоњќайроќ ба дасти Шоњавлиё гузаштааст. Дар ситоиш њам аз ў кам не. Бо шеъри хориљињо тавсиф кард. Муњиммаш, пешнињоди ватандўстона кард:
- Њардуяшон ба љазирањои Ќанора мепаред…
Бонувон не нагуфтанд.
Парвозњо давом доранд…


Рецензии