Шахбол - шохи гаюри Хатлон

Дарси хештаншиносї
 
Шањбол шоњи ѓаюри Хатлон
Даври сеюм ва нињоии муќовимати тољикон алайњи лашкарри араб талошњои Шањбол (Саббал) –шоњи Хатлонро дар нигоњ доштани давлат дар бар мегирад. Чи тавре ки огоњ њастед, њангоми тасаллути араб дар њудуди Осиёи Миёна, аз он љумла, Самарќанду Бухоро, Хатлону Вахшу Њисор якчанд дини ќадима – зардуштї, буддої, инчунин, кешњои монавию маздакї баробар амал мекарданд. Бинобар ин, љангњо сари интишори дини мубини ислом рух надодаанд. Мардум дар интихоби дин озод буданд, арабњо низ дар марњилаи аввал ќабули њатмии исломро талаб намекарданд ва барои пайравони дини дигар андози муайян љорї карда буданд. Аксаран њуљуми лашкари араб барои ба даст овардани сарват сурат мегирифт ва мудофиаи мардуми мањаллї барои истиќлоли мењан ва химояи молу љони мардум ба амал меомад. Бинобар ин, пас аз забти Суѓду Чаѓониён дар њар вилоят гурўњи мењанпарастон ба шўр омада, гоњо бо њам муттањид гашта, ва гоњо танњо бо лашакари араб сар ба сар мешуданд. Волиёни араб низ барои шикасти онњо роњњои гуногунро истифода бурда, дар мархилаи аввал сулњ карда, ба онњо маснаде бахшида, аз љанги рўбарў бо онњо њазар менамуданд.
Шањбол солњои 699-737 шоњи мулки Хатлон (Хуталон) аз дудмони шоњони мањаллї буд. Дар сарчашмањои арабї ўро Саббал навиштаанд.  Ин шахси таърихї дар давраи Осиёи Миёнаро истило кардани араб маъруфу машњур гаштааст. Хатлон ба кишвари Тахористон – як ќисмати муњими собиќ давлати Њайтолиён ворид мегашт. Осиёи Марказї зери дасти Њоќони Турк ќарор дошт, вале худи ин давлати дар миќёси хеле васеи Осиёи Миёна, Олой то њудуди Чин доман пањн карда ба ду ќисм људо гашта, бо низоъи байнихудї овора буд ва мулкњои Осиёи Миёнаро ба вилоятњои алоњида таќсим намуда, ихтиёри онњоро ба дасти олигархияи мањаллї дода, аксаран бо гирифтани бољу хирољ иктифо мекард. Ва баръакс, њавзаи забонию фарњангии тољикон ба туркњо таъсир расонда, дар саросари шоњроњи абрешим шањракњои тољикнишин ба вуљуд меомад. Мулки Хатлон дар ањди шоњии Шањбол њудудњои Бадахшони Афѓонистон, минтаќаи Кўлоб, водии Вахшро то домани Тирмизу Њайратон фаро мегирифт, 50 њазор сипоњии савораву пиёда дошт. Заминњои он барои кишоварзї ва чорводорї мувофиќ буда, конњои фаровони маъданњо дар истифода буданд. Ваќте ки лашкари араб Бухорову Самарќанро забт карда дар фикри њуљум ба вилоятњои дигари Осиё буд, бародари Шањбол ба Самарќанд рафта бо лашкари араб пайваст. Бо роњбаладии ў Язид ибни Муњаллаб аз самти Тирмиз ба њудуди Хатлон як маротиба рахна зад. Вале Шањболи ѓаюр бародарашро аз ќароргоњи арабњо рабуда ба ў љазои сахт дод ва бо њамин, њуљуми Язид ибни Муњаллаб густариш наёфт. Шањбол бо ў сулњ баст ва бо ин тадбир як муддат тохтутози арабро ба Хатлон мавќуф гузошт. Зоњиран, ин фурсати мувофиќро ў барои омодагї ба њуљумњои минбаъдаи онњо хеле пурсамар истифода бурда гурўњњои љангии худро омода намуд. 
Аз ин њодиса волии нави Хуросон Асад ибни Абдуллоњ пиндошт, ки фатњи мулки на чандон калони Хатлон кори сањлест. Бинобар ин, бо лашкари гарони љангдидаи араб, ѓозиён ва иттифоќчиёни мањаллї – чун шоњи Чаѓониён аз рўди Панљ гузашта, ба Хатлон њуљум кард. Шањбол ба муњорибаи зидди Асад ибни Абдуллоњ омода гашта, ўрдуи туркњо (ба ќавле њайтолиёнро) бо сарварии Сулу ба мадад мехонад. Онњо ба мадад меоянд ва Сипоњи муттањидаи хатлониён дар муњорибаи нахустин бо лашкари Чаѓонхудот, ки дар пеши муњориба аз љониби арабњо мељангид, шикасти сахт мерасонанд. Худи Чаѓонхудоти хиёнатгар дар ин муњориба кушта мегардад. Сипоњи рўњбаландгашта бо њамон тундї ба лашкари афзуни арабњо њамла оварда, ба онњо талафоти гарон мерасонанд. Лашкари арабњо бар асари њуљумњои пайдарпайи Шањбол пароканда шуда, рў ба фирор меоранд. Асад ибни Абдуллоњ бо сипоњи начандон зиёд худро ба рўди Омў зада, бо азобе љон ба саломат мебарад. Сипоњи Хатлон онњоро таъќиб намуда, аз дарё мегузаранд ва дастањои ѓаниматрабудаи арабро ёфта торумор месозанд. Сипоњи араб ва иттифоќиёнаш талафоти зиёде дода, ќисман њангоми фирор дар рўди Панљ нобуд мешаванд. Шикасти гарони Асад ибни Абдуллоњ, зиёд будани маљрўњон ва сарбозони аз силоњу асп мањрумгашта боиси падид омадани суруди тамасхуромези ањли Балх ва яке аз нахустин сурудањои то ба имрўз расидаи шифоњии дарии тољикї гардидааст:
Аз Хуталон омадия,
Ба рў табоњ омадия,
Овора боз омадия,
Хушку низор омадия.
Асад ибни Абдуллоњ шояд аз асари ин суруди тамасхуромез ва шикасти шармандавор сарлашкарону ашрофони бонуфузи зердасташро барои талафоти гарону бебарорињояш дар лашкаркашињои Суѓду Хатлон, инчунин ављ гирифтани раќобати байни ќабилавии арабњои яманиву мударитї гунањкор намуда, онњоро њатто, ба ќавли Табарї, гирифтори љазоњои сахти љисмонї менамояд, барањна карда тозиёна зад, ришашонро тарошида бандњои гарон нињод ва ба Ироќ фиристод. Халифа Њишом ибни Абдулмалик (724-743) ўро чун сарлашкари ноўњдабаро аз волигии Хуросон дур месозад.
Соли 727 ба Хуросон Ашрас ибни Абдуллоњи Суламї волї таъин шуда, соли 728 бо лашкари бузург барои пахш намудани шўриши Суѓд меояд. Вале пас аз се моњ дар Пайканд дар муњосира шуд. Суѓдиён оби рўдро аз саргоњаш мехушконанд ва арабњои зиёде аз ташнагї ба њалокат мерасанд. Соли 730 Љунайд ибни Абдуррањмонро волии Хуросон шуда, Ашрасро наљот медињад. Ашраси 58 рўз дар муњосира монда, талафоти зиёде дод ва пас аз як соли рањої њалок шуд. Ва оташи муборизањои истиќлолхоњона дар Суѓду Тахористон ва Хуталон хомўш намегардад.
Асад ибни Абдуллоњ соли 735 дубора волии Хуросон таъин мешавад. Баъди омодагию тайёрињои зиёди љангї соли 737 бори дигар ба Хатлон лашкар  мекашад. Мувофиќи ривояти Табарї, Шањбол он ваќт аз љањон гузашта дар тахти Хатлон Ходаши писари Шањбол нишаста буд. Ў барои имдод пурсидан назди Њоќони турк меравад. Асад ибни Абдуллоњ ќалъаи Зигаракро фатњ карда, ба молу амволи зиёд, аз љумла рамањои гўсфандони мардуми Хатлон соњиб мешавад ва мехоњад онњоро аз дарёи Панљ гузаронда ба Балх барад. Лашкари муттањидаи Хатлон ва туркњо якбора њамла карда, сарбозони дар соњил мондаи арабњоро шикаст медињанд ва онњо, ќисман дар оби Панљ ѓарќ, ќисман кушта мешаванд. Асад ибни Абдуллоњ маѓлубиятро пазируфта, ба Балх бозмегардад.   
Ин њодиса рњўи истиќлолиятхоњи тољиконро афзун намуда, дар Хатлон иттињоди тавонои лашкари зидди арабњо гирд меояд, ки ба он њоќони турк, дастањои ошўбгари араб Њорис ибни Сурайљ, њокимону шоњони хурди Њайтолї ва музофотњои дигар шомил шуда, беш аз 30 њазор сипоњ гирд меоранд. Аммо аз сабаби набудани сарфармондењи ягона ва падид омадани мухолифатњо дар байни пешвоёни иттињоди неруњои дар Хатлон гирд омада вай муќовимати љиддї карда натавонист. Аз љониби дигар, таќдир чунин рафта буд, ки лашкари араб рўз то рўз аз њисоби мавлоњо – мардуми тањљоии Осиё бештар гашта, байни мењанпарастон носозї ва парешонї ба амал меомад. Маълум, ки њомиён ва пуштибонњои араб байни онњо махсус низоъ меангехтанд. Дар натиљаи чунин корбарї иттињод пароканда гардид. дар салтанати турк низоъњои байнихудї ба амал омад ва Њоќон турк барои њаллуфасли масъалањои њоќонї ба Чочу Њафтрўд рафт.  Бино бар ин, бо назардошти мавриди мувофиќ Асад ибни Абдуллоњ соли 738 дафъаи сеюм ба Хатлон лашкар кашид. Ходаши боз ба назди Њоќони турк ба имдод рафт, аммо аз ќазои таќдир Њоќон њангоми бозгашт ба Њафтрўд кушта шуда буд ва як муддат дар роњбарияти Њоќонии Турк бесарусомонї ба амал омад. Ходаши ноилољ, то равшан шудани масъала, дар Чин бозмонд. Он рўзњо сарварии лашкари Хатлонро Бадри Тархун ба ўњда дошт. Ў аз дудмони шоњони Хатлон ва Бомиён буд. Чун њуљуми ќарибулвуќўъ ногузир буд, Бадри Тархун сарварии мулкро амалан ба даст гирифта ба љанг омода шуд.
Асад ибни Абдуллоњ аз дарёи Панљ гузашта ба самти кўњи Намак (Хољамўъмин) њаракат кард, вале дар муњорибањои нахустин бо сипоњи  Бадри Тархун талафот дод ва ба самти  кўњи  Намак аќиб нишаст. Вале аз он ки баъзе пешвоёни лашкари муттањидаи Хатлон аз сарвари мулк шудани Бадри Тархун норозї буданд ва минбаъд љангро чандон муташаккилона идома надоданд. Бинобар ин, дар муњорибаи шадиди Хористон дастањои савораи Асад ибни Абдуллоњ афзалият пайдо карда, аз истењкоми  муносиби њарбї ба њамла мегузашт. Бадри Тархун љангро идома бахшида, тадбир андешид, ки роњи бозгашти арабњоро баста, комилан шикаст дињад. Асад ибни Абдуллоњ хатари муњосираро пай бурда, гуфтушуниди сулњро оѓоз намуд, Бадри Тархунро расман ба љои Ходаши чун шоњи Хатлон шинохт, тўњфањо ва маншури шоњї фиристод. Сипас ўро ба мењмонї ва ёд кардани ќасами садоќат даъват кард. Њангоми зиёфат Асад ногањон мењмонро асир гирифт ва талаб намуд, ки сипоњро  тарк намуда, аз Хатлон берун равад ва таъна зада гуфт, ки «ту аз Хатлон нестї, аз Бомиён омадаї, бинобар ин даъвои зару тахт накарда љонатро гиру ба масканат бозгард». Бадри Тархун шўрида мегўяд, ки «ту як араби овора бо корвони уштурони зиёди дорои ѓанимату сарват бозмегардї. Бо кадом рўй аз ман талаб мекунї, ки зану фарзанд ва хонаву љоямро тарк карда, аз мењанам баромада равам»?
Асад аз ин гуфтори дурушту тањќиромези Бадри Тархун дар ѓазаб шуда, аввал гўшу бинї ва дастонашро бурид, сипас ўро ба ќатл расонд. Дўстони Бадри Тархун зану фарзандони ўро пинњон мекунанд. Асад баъди куштани пешвои лашкари муттањидаи Хатлониён чандин дењањо, аз љумла рустоќи Бузургро ѓорат мекунад, барои нест кардани сарбозони боќимонда ва муќаррабони Бадри Тархун сипоњашро ба ќалъањои кўњии Хатлон мефиристад. Онњо якчанд ќалъаро хароб карда, дењотро ѓорат мекунанд, аммо азми истиќлолхоњии фидоиёни Хатлонро шикаста наметавонанд.
Рўњи истиќлолхоњи Шањбол, Бадри Тархун ва дигар мењанпарастон дар ќалби тољикон эњё мегашт ва дар тамоми даврањои њукуматдории аљнабиён онњо комилан мутеъ нащуда, бо додани хирољ мустаќилияти нисбии мењанро таъмин менамуданд. Дере нагузашта, дар саросари кишвари тољикон чун дар давраи тасаллути Юнониён ва дертар Њоќонии турк дигар чизе аз тобеият ба арабњо далолат намекард. Дар баробари ин, дини куњантарини љањон - кеши зардуштї кайњо боз ниёз ба ислоњот дошта, дар ањди Сосониёни Эрон тањрифоти зиёд дида буд ва дар Тўронзамин - Осиёи Марказї бисёр нуктањои он, чун никоњи хешовандони њамхун ва ѓайраро иљро намекарданд. Њангоми пахш намудани ошўбњои халќ дар садаи шашуми мелодї баъзе шоњони сосонї амр мекарданд, ки асирони љангро дар оташи маъбадњои зардуштї ба эзадон ќурбон кунанд ва чунин амал хоњу нохоњ дили мардуми Тўронро аз ин кеши аљдодї сард мегардонданд. Бинобар ин, дини мубини ислом ва китоби муќаддаси Ќуръон ба афкору бовари мардум мувофиќ омада, рушду нумўъ ёфт ва дар заминаи он арзишњои асил, ормонњои сиёсиву иљтимої ва маънавї ташаккул ёфта, давлату давлатдории миллї зимни суннатњои нави исломї эњё шуд. Алъон бисёр ёдгорињои таърихї чун маќбара ва боѓи фарњангу фароѓатии Мир Саид Алии Њамадонї, дањњо маќбараву обидањои дигар ба мубаллиѓони ислом марбутанд, ки барои рушди дин бо роњи осоиштаи омўзиши ислом ва кушодани мактабу равияњои он ба кишвар омаданд ва на чун ѓосиб, на чун мењмон, балки чун пири хирад, падари маънавии мардум шинохта шуданд ва имрўз зиёратгоњи њамагон шуда, пиру барно аз рўњи поки онон мадад мељўянд.    

Љумъа Ќуддус,
Мањмадрањим Каримов.


Рецензии