Курмуш ва истеъдод. На таджикском языке

Курмуше дар боги масчид  лона сохт,

Гушашин шуду ба ибодат пардохт.

Рузу шаб, хафтаю мох, солхои сол

Сачда мекарду мечуст ризки халол,

Дур бинмуда аз сар орзую хавас,

Сухбат намекард у бо  касу нокас.

Зи холи хамсояхо хабар надошт,

Чахонро мисли лонааш мепиндошт.

Дар кунчи торику хилват мезист шод,

Зери хок пинхон бинмуда истеъдод.



Хангоми тобистон дар рузи гарме

Дар орзуи чои салкину нарме

Море, ки буд чахондидаю окил,

Ногахон ба он лона шуд дохил.



Курмуш  чавоби салом гардонд гарчанд,

Лек аз ташрифи мехмон набуд хурсанд,

Хоху нохох у хамсухбати мор шуд

Ва аз хоби гарон гуё бедор шуд.



Дар кунчи лона шуълае дурахшид,

Шуълаи хирае, лек  мор онро дид.

Андак равшан шуд кунчи хона даме,

Гуиё аз он кунч мохтоб медамид.



Мори зирак аз курмуш пурсид дархол

Сабаби содир шудани чунин хол:

- Чи медурахшад дар кунчи лонаат?

Магар он чост сарвату сармояат?



- Истеъдоди худ бинмудаам пинхон

Ман он чо зери хок, то ки ногахон

Гум нагардаду ягон рузе шояд

Бахри ичрои коре лозим ояд.

-  Бигуфт курмушу истеъдодашро

Бибардошту афшонд чангу хокашро.

Вале тани заифи он истеъдод

Дар дасти курмуш ларзиду чонаш дод.



Хикмати ин масалро акли зирак

Бе ягон  душвори менамояд дарк:

Аклу идрокро хамеша тоза дор,

Нафъ аз аклу идрок бехадду шумор,

Чунки хар як неъмати Парвардигор -

Ачри Хак бар муъмини бонангу ор!

Дар катори неъматхои худодод

Эътибори хоса дорад истеъдод.

Кадри ин ачрхо бидону хор макун,

Хеч якеро, зинхор, зери хок макун!


Рецензии