Ато Хамдам. Яшти Ориёно

              ЯШТИ ОРИЁНО.
Падид омадани асари калонњаљми адабие, ки як давраи бузурги таърихиро фаро гирад, бешубња, аз дастовардњои бењтарини адиб ва адабиёти он замон мањсуб мегардад. Муаллифони романи таърихии «Ориёно. Њасрати Зардушт»--шахси маъруфи фарњангї Мањмадрањим Каримов ва драмнависи шинохтаи тољик Љумъа Ќуддус дарвоќеъ, аз њаёти гузаштагони соњибноми мо—Зардушт, Кайвиштосп ва дигарон, ки се њазор сол ќабл зистаанд, зиндагиномаи нотакроре офарида, аз рўзгори ниёгон барои њамзамонон њикмат ва њикоятњои ибратбахше овардаанд. Шахсияти Мањмадрањим Каримов дар мисоли дастгирии ањли њунар ва фарњанг—адибон, њунармандон, мутрибон равшану маълум ва њикоятњои зарифу пурэњсоси эшон дар бораи таърихи гузаштаву имрўзи халќ намоёнгари табъи латифу диди васеъ мебошад. Вале он коре ки барои зинда гардонидани таърихи беш аз панљњазорсолаи тољикон ба воситаи деворнигорањои нодиру нотакрор дар остонаи шањри Душанбе—дар деворњои корхонаи сементи пойтахт баљо овардаанд, худ њикояти пуршўру пурэњсоси марди ватандор ва ватандўст мебошад. Ва бегумон, мањз њамин андешањои амиќ таърихи мењан мавзуъ ва мўњтавои ин романи навро муайян намуданд.
Њамкории Мањмадрањим Каримов ва драмнавис Љумъа Ќуддус пас аз офаридани филми замонави бисёрсериягии «Ширин» як амри воќеист. Зеро ки бисёр шахсони огоњ аз асари драмавї медонанд, ки драмнавис бояд мазмуну мундариљаи як романро дар чил-панљоњ сањифа, дар шакли аљибу ѓариб љой дињад. Ва агар драмнависи хуб њамаи рўйдодњои пасипардагиву зерматнњои пйесаи хуби худро кушояд, бегумон матни пурраи он чорасад-панљсад сањифаро фаро гирифта, њамоно як романи бузургњаљме хоњад шуд. Таљриба њангоми иншои повести њуљљатии «Воќеа, ваќт, одамон» ва романи њуљљатии «Эъљоз» ба Љумъа Ќуддус имкон додааст, ки аз забони баёну услуби нигориши наср огоњ бошад. Зиёда аз он, тавассути иншои як ќатор фољиањои таърихї аз њаёти Борбади Марвї, Исмоили Сомонї, Носири Хусрав, Рустамбек ва ѓайра таљрибаи кофї пайдо карда, барои навиштани асарњои калонњаљми љиддии таърихї тайёр шудааст. Аз таљрибаи худ медонам, ки барои як драма маводи зиёдеро љамъ оварда зарур мешавад, ки буду шуд аз дањ як њиссаи онро истифода барї, аксари воќеаву њодисањо ва падидањои шўрангезу ибратбахши он аз талаботи сахт ва мањдудияти имкониятњои сањнавї дар дастнавис ва дар дилу ёди муаллифи пажўњишгар боќї мемонад. Аз ин љост, ки аксари адибони маъруфи љањон пас аз муддати зиёде дромнависї кардан ба иншои роман ва повестњои пурвусъат пардохтаанд. 
Аз маводи таърих њар адиб ба худ як мањаке меёбад. Дар китоби пурмўњтавои худ «Тољикон дар оинаи таърих» сарвари давлати мо Эмомалї Шарифович Рањмонов мавќеи имрўзаи миллати моро дар соири масъалањои таърихи сењазорсола ва робитаи он бо дигар халќияту миллатњо муайян ва барои муаллифони роман имконияти фарохи андешаву тафаккур муњайё намудааст. Дар ин робита муаллифон он ќирраи нигоњеро дарёфтаанд, ки њодисањои гуногуни замони пешро ба як ришта кашида, ба хидмати имрўзиён гузоштаанд. Пеш аз њама мўњтавои асосии таълимоти вахшури ориёї—пиндор, гуфтор ва кирдори нек чун барномаи маънавии мардумони њама замонањо ва каронањо ќарор гирифтааст. Ва ин талаб барои барномаи амалии ахлоќию маънавии њамзамонони мо меъёру мањаки муњиме гардидааст. Масоили муњимтарини замонањо—љангу сулњ, муњаббату дўстї, хиёнату вафодорї ба мењан њаллу фасл ёфтаанд ва мо дар сањифањои ин асар шахсони воќеиро мебинем, ки гўё њамнафаси мо ва масъалањое, ки муалллифон таъкид мекунанд, комилан имрўза њастанд.
Мардуми мутамаддини Аврупо ва Осиё ва њар як тољику эронї, афѓону њинду ќариб сесад сол инљониб, пас аз нахустин тарљума ва нашри нахусткитоби љањон «Авесто»-и Зардушт бо таваљљўњи калон донистан мехоњанд, ки ориёињо, пешгузаштагони бисёр ќавму миллатњои осиёиву аврупої чи гуна касоне буданд, чи суннатњои воло ва чи дастовардњо дар илму фарњанг доштанд? Ба ин саволњо ва пурсишњои зиёди дигар њар як ташналаби таърихи бостон дар романи Мањмадрањим Карим ва Љумъа Ќуддус «Ориёно. Њасрати Зардушт» љавоб хоњад ёфт. 
Сужањои пурпечу тоби роман дар атрофи зуњури симои инсонї, таълимоти маънавию ахлоќии Вахшури ориёї Зардушт ва ташаккули шахсиятњои таърихї ба мисли Кайвиштосп –шоњи Эрон, Арљосп- шоњи Тўрон, оќилтарин ва бузургтарин вазири њакиму донишманд Љомосп ва дигарон сурат гирифтааст.
Дар баробари симоњои барљастаи таърихї дањњо наќшњои бузургу кўчаке ба мисли пањлавони халќї Зав, духтари љасур ва покдоман Чечист, зављаи пурорзу ва пурсабри Зардушт, амалдор Асмухвонвант, пањлавон Суврва ва дигарон чун мисоли неку ибратбахше барои муосирон хидмат намуда, хислатњои дар њама замонањо як ва  суннатњои аслии тољикон—фурўтанї, шикастанафсї, муњаббати самимиро дар худ таљассум мекунанд. Аз љониби дигар, симоњои амалдорони неруталаб ба мисли Братрокрештур, Дулакаета, Андаремони туронї ва Рад, Бендва, Андарвой, Бањмани эронї ва чанде дигар аз љумлаи он њарисони зару мол ва мансабу маснаде њастанд, ки барояшон барояшон сарнавишти мењан заррае эътибор надорад.
Дар бисёр романњо ва асарњои калонњаљм  симоњое ногањон пайдо мешаванд, ки хонандаро ба саргузашти аљибу иштироки фаъолона дар воќеањои асар умедвор мекунанд, вале њамон хел ѓайб мезананд. Вале дар Њасрати Зардушт чунин нест. Муаллифон баъди дањњо сафња рухдодњо персонажи собиќро ба майдон кашида бо ишорати барљо ба љараёни воќеа њамроњ мекунанд ва ин на танњо шиддати њодисањо ва суръати амалро меафзояд, балки хотири хонандаро бо мантиќу пайванди ќавї шод  мекунад. Ин њам аслан як љињати хуби асари драмавї буда, чунин ба назар мерасад, ки њар кадоми онњо бори маънии хоса мекашанд ва барои таъкиди маќсади муайяни муаллифон хидмат мекунанд ва бо ин васила тавонистаанд манзараи хеле фарохи Ориёноро бо тамоми назокаташ, муборизањо ва муборизонаш, пеши назари хонанда муљассам намоянд.   
Мавриди зикр аст, ки иншои чунин асар бидуни омўзиши васеи сарчашмањои бостонї ва бо чашми худ дидану пажўњиш намудани шањрњои таърихии Ориёнои собиќ, шиносої бо пайравони кеши зардуштї дар Эрону Њиндустон ѓайриимкон мебуд. Муаллифон борњо ба ин кишварњо сафар карда, бори гарони илми бостоншиносиву мардумшиносиро азхуд намуда, пас аз он ба иншои асар шурўъ кардаанд ва ин зањматњо, бешубња, ќимати адабию њунарии романро афзудааст. 
Дар «Ориёно. Њасрати Зардушт» дар робита бо талаботи жанрии он, ки њам румон ва њам достони синамої (кинороман) аст, чандин сањнањои масхуси њунарї ва маросимњои умумихалќї, порањои нотакрори пурвусъати «Авесто» ва гуфтаву тасвирњои олимони даврањои гуногун айнан оварда шудааст, то ки хонандагон ва тамошобинон аз асли он рўйдодњо, асли симоњо ва маросимњои аљиби он замон бохабар шаванд. Аз ин лињоз, забону баёни муаллифон бо он навиштањои куњан мувофиќ омадааст. Муаллифон кўшидаанд ва муваффаќ шудаанд, ки тозагии забони ниёгонро аз олудагињои минбаъдаи арабиву туркї нигоњ доранд. Дар поёни китоб љой додани луѓати тафсирї, ё худ вожаномаи фарњанги бостон кори омўзандагони забони тољикиро осон карда, барои ба ёд овардани бисёр калимањои фаромўшшудаи аслан тољикї  ва ибораву калимањои ифодакунандаи њолату рўйдодњои замони пеш кумак менамояд.
Мувофиќи одати ориёињои бостон самараи неки ин мењнати пурзањмати эљодиро ба њамкорон ва дўстони худ Мањмадрањим Каримов ва Љумъа Ќуддус офарин мегўям ва ба љустуљўњои минбаъдаи эшон барор мехоњам!

                Ато ЊАМДАМ,
                нависанда, Корманди Шоистаи Љумњурии Тољикистон,
                Барандаи Љоизаи олии адабии Покистон.


Рецензии