Академик Нуъмон Неъматов. Номаи мухаббати ниёгон
Академик Нўъмон НЕЪМАТОВ
НОМАИ МУЊАББАТИ НИЁГОН
Иншо ва нашр гаштани китоби Президенти Тољикистон Эмомалї Шарифович Рањмонов «Тољикон дар оинаи таърих» як амри хайр ва сариваќтї буд. Пас аз тањаввулоти љиддитарини сиёсиву иљтимоии охири садаи бистум дар хусуси аслу насаби тољикон ва бисёр масъалањои мубрами таърихи кишвар саволњои зиёде пайдо шуданд ва Љаноби Олї ба он саволњо љавобњои амиќ ва ќонеъкунанда дарёфтанд. Дар баробари ин ба чандин мавзўъњои хеле кам интишорёфта таъриху тамаддуни ниёгони мо, аз он љумла, тамаддуни ориёї ва зуњури вахшури ориёї Зардушт бањои воќеї дода шуд. Аз љониби дигар ташаббуси мењанпарастони асил, дўстдори таърихи ниёгон Мањмадрањими Карим ва нависандаи љавон Љумъа Ќуддус, ки ба мавзўъњои таърихи кишвар таваљљўњ дорад, шоистаи тањсин аст. Ба њарду муяссар шудааст, ки дар натиљаи омўзиши зиёд рўњияи замон ва мардумон, њаќиќати таърихии си садсола пешро дар шакли марѓуби бадеї иншо эњё кунанд.
Муносибатњои мураккабу пурмуаммои шоњони ориёї Виштосп ва Арљосп дар робита бо зуњури Зардушт барои иншои асарњои воло мавод фароњам меоварад. Ва роњу равияи интихобкардаи муаллифон дуруст буда, дар баробари риоя намудани њама гуна талабњои асари бостонї, барои ба вуљуд овардани як достони пуршўри шоистаи замон низ мусоидат намудааст. Мавќеи ишѓолкардаи муаллифон дар масъалањои таърихи сиёсии ањди каёниён ва таърихи дини ниёгон комилан дуруст аст. љумлаи усули мазњабї барои таљлилу ситоиши ўст. Бе гуфтугў, тамаддуни бузурги Ориенои бузург дар шароити муборизањои нахустин сурат гирифта, номи ќвавмњои ориёиро дар тўли њазорсолањо зинда нигоњ дошт ва тамаддуни он халќиятњое, ки минбаъд бо тохту тозњои худ мардуми ин кишварро истило намуданд, асли онро дигар карда натавонист. Муаллифон љињатњои инсонї ва таълимоти ўро дар хусуси ташаккули шахсияти инсони воло дуруст буда, аз тафсири нолозими дини куњан даст кашида, њама талошњои ўро барои тарбияи инсони фаъол ва худошинос ва муборизи некї тасвир намуданд. Њаќ бар љониби онњост, ки «имрўз эњё кардани дини куњан маъное надорад, вале љињати фарњанги он барои омўзиши таърихи ниёгон ва ифтихор аз ниёгони мо, барои комил намудани ахлоќи њамзамонон хизмати бештаре хоњад кард. Муњити сармову гармои шадид мардумони ориёиро ба талошу муборизањо барои њаёт бо табиат водор сохт ва бештар ба зиндагии амалї равона кард ва дар ин талошњо эњтиёт намудани табиатро омўхт. Азбаски асарњои адабию сиёсиву илмии даври каёниён ва даврањои минбаъда асосан дар шакли асари динї сурат мегирифтанд, дар Авесто дар баробари бовару эътиќодњои динии замон њама гуна меъёрњои ахлоќї, илми табиатшиносї ва инсоншиносии замон таљассум ёфтааст. Ва ин хулосањои овардаи муаллифон аљибаст, ки мањз пирўзињои нињоии некї бар бадї имон дорад, њаргиз навмед нашудан ва даст накашидан аз пайкор, рўњи мардонагї ва баландњимматї дар нињоди мардуми ориёї мављуд буд, ба асари љовидонии Зардушт шукўњу шањомати хоса бахшид.
Муаллифон аз пайи бисёр њангомаљўён нарафта, дар мавриди муайян намудани мањалли зисти ориёињо—ќавмњои аирйама ва туирйа (тўронињо) мавќеи дурустро ишѓол кардаанд. Пањнои ориёно хеле бузургтар буда, ќисми зиёди ќитъањои Осиёву Аврупоро дар бар мегирад ва онро дар њудуди як-ду шањрак, водии кўчаки имрўза љой додан салоњ нест, њангоми кўчишњои бузург орёињо номњои мењану зодгоњи нахустини худро њамроњи худ бурда, ба љойњои нав муќимшудаашон менињоданд. Ва имрўз даќиќан муайян кардани њудудњои љуѓрофии он замони хеле дур кори ѓайриимкон аст. Ва аслан истилоњи Ориёно дар њазораи дуюм ва сякуми пеш аз милод ифодакунандаи номи кишварњои умумии Эрон, Афѓонистон, Осиёи Миёнаи имрўза буд.
Ин њама натиљаи омўзишњои зиёд ва мурољиат намудан ба сарчашмањои асили илмї буда, љињати таърихию воќеии асарро хеле пурќувват ва боъэътимод намудааст. Бинобар ин, ман самимона муаллифонро бо ин кори хайр ва гаронќадр табрик менамоям ва умед мекунам, ки ин романи таърихї њамчун баёнгари симои ниёгони мо, тољикон, њамчун номаи муњаббати ниёгон дастраси дигар халќу миллатњо низ шуда, таваљљўњ ва муњаббати мардумони дигарро ба халќи азизи мо бештар хоњад кард.
Свидетельство о публикации №226110801162