Савтхои Ориёно
Њангоми мутолиаи «Ориёно 3. Хашм» - кори навбатии адибони пажўњишгари тољик Љумъа Ќуддус ва Мањмадрањим Каримов савтњои љолиб, ба дил наздик ва андак аз ёдњо рафтаи ориёї ба дил мерасад. Вай як давраи љолиб ва кам омўхташудаи таърихи ниёгон – давлатдории Њайтолиёнро дар бар гирифта, оид ба кишварњои њамљавори он – Эрон, Византияи Рум, Чин, давлати кўтоњумри Жужан ва љонишини он Њоќонии турк низ њикоят мекунад. Дар њикояти муаллифон бурду бохти давлатњои њамзамон дар алоќамандї бо њамдигар баррасї мешавад, ки њаќиќати воќеї мебошад. Аз ин лињоз, роман бо фарохии домани андеша воќеањои пурвусъати таърихи асрњои 6-7-ро пеши назари хонанда љилвагар месозад. Тавассути шоњони аввали дурандеши худ Вахшунвард (дар баъзе мадракот Ахшунвар) вай тавонист шуњрату шањомати Кушониёни бузургро эњё созад ва чунон нерў пайдо кунад, ки Бохтари њайтолї ба се давлати абарќудрати замон – Эрон, Чин ва Рум таъсири зиёде расонад. Мањз нерў, љасорату заковати њайтолиён ба ќавмњои пархошљўйи жужан ва тюркют имкон надод, ки ќариб сад сол ба манотиќи аз неъматњои табиї ва об фаровони моварои Ому наздик шаванд.
Симои шоњони баъдинаи њайтолї Тораман ва Михиракула ва дигарон нисбат ба шоњи аввали сулола чандон равшан набошад њам, моњияти таърихии сиёсати онњоро ифода мекунад. Мавриди зикр аст, ки муаррихон низ дар ин мавзуъ маводи зиёд пайдо накардаанд. Ва рў ба маводи бостношиносони Чину Њинд овардани муаллифон дуруст аст. Чанде пеш устоди маъруф Литвинский низ чунин роњро ба мо тавсия дода буданд.
Шоиста аст, ки муаллифон пойбанди эњсос ва ѓурури миллї нашуда, таърихро идеализатсия накарда, бурду бохт ва маќоми халќњои дигарро низ воќеъбинона инъикос намудаанд. Аз љумла, сабабњои бохт дуруст баррасї шудааст. Вале дар њамин давраи пурихтилофи таърихї далелњои овардаи муаллифон боиси ифтихор аз халќи худ аст: бар асари хиёнатњо ва парокандагии њайтолиён њоќонии турк дастболо шуд, вале пас аз ошної бо халќи соњибтамаддуни тољик бисёр оинњои неки давлати маѓлубкардаашон, аз љумла, хати суѓдиро ќабул карданд, ба ашхоси шинохтаи он чун Монияњ мурољиат карда, таќдири тиљорати худро ба онњо супориданд ва имкон доданд, ки дар саросари роњи абрешим шањракњои тољикон падид омад. Дар навбати худ, тољикон дар он шањракњо фарњангу забони худро нигоњ дошта, ба илму фарњанг ва мафкураи динии Чин ва Турк таъсири амиќ расонданд.
Дар мавриди инъикос ва тафсири њаёти ашхоси таърихї, аз љумла, шоњи Эрон Хусрави Анўшервон, вазири Њайтолиён Катулф, инчунин тасвири занњо ва айёрон муаллифон озоданд, вале аз њаќиќати таърихї низ дур нарафтаанд. Катулф дар њаќиќат, аввал вазири Њайтолиён буд, дертар вазири шоњи Эрон гашт. Дарвоќеъ, занњои њайтолї нисбат ба њама дигар даврањои таърихї озодтар буданд, ки аз ин навиштањои муаррихони Чину Њинди ќадим ва мадракоти њафриёти бостоншиносон шањодат медињанд. Ќањрамонони роман бо забони имрўзаи адабї сухан меронанд, вале мафкураву љахонбинии онњо ба дину оинњои зардуштї, буддої ва боварњои замонаашон мувофиќ сурат гирифтааст.
Дар хотима мехоњам зикр кунам, ки њар як сањифаи таърихи ниёгони мо барои асарњои пурарзиши бадеї имконият ва маводи фаровон медињад, вале танњо тавассути омўзиши љиддии таърих, љасорат ва сабурї муваффаќ шудан мумкин аст. Хушбахтона, муаллифони силсилаи «Ориёно» дар роњи душвори интихобкардаи худ устуворанд, бо олимон њамкории судманд менамоянд ва комёб мешаванд. Муаллифонро бо барори навбатии эљодї табрик намуда, комёбињои нав таманно мекунам.
Саидмурод Бобомуллоев, доктори илми таърих,
директори Осорхонаи бостоншиносии Тољикистон.
САЊИФАЊОИ ПУРИФТИХОРУ АНДЎЊБОР
(Андешањо оид ба романи тозаэљоди Љумъа Ќуддус ва Мањмадрањими Карим «Сад соли ѓазаб»)
Эљодкорї аслан кори фардист, вале дар адабиёту санъат асарњои зиёде низ маълуму машњуранд, ки дастљамъона офарида шудаанд. Дар ин маврид шарти яќину асосї њамдилу якмаром будани муаллифон аст, ки баъди зањматњои муштарак, љустуљўю бозёфтњои тавъамона, њамдигарро ислоњу комил карданњо оќибат онњоро ба кўи маќсад, яъне эљоди асари љолиби адабиву њунарї мерасонад. Хонандаи тољик чанд сол инљониб шоњиди њамкорињои пурсамари драмнавис, носир ва рўзноманигори маъруф Љумъа Ќуддус ва шахсияти шинохтаи љумњурї, муштарї ва дастгири воќеии фарњангу адаб Мањмадрањими Карим аст.
Силсилаи романњои таърихї дар бораи тулўъу ѓуруби Ориёнои бузурги ормонї њосили њамкории бобарори онњост, ки алоќамандонро бо сањифањои дурахшону торикистон ва пурифтихору андўњбори таърихи ниёгон ошно месозад. Агар романи «Њасрати Зардушт» зимни бозгўи воќеањои се њазор соли пеш симои инсониву таълимоти нахустпайѓамбари дунёро љолибу хотирмон офарида бошад, романи «Бињишти гумшуда» њаёти ниёгони моро дар замони кўшониён ба ќалам дода, бисёр симоњои љолиби он давраро дар либоси тахайюлоти рангину эътимодбахши муаллифон ба хонанда муаррифї кардааст.
Ва, инак, китоби сеюми ин силсила – «Асри ѓазаб» манзури муштариёни таъриху адаб мешавад, ки воќеањои асрњои 1У-У1-и мелодї – аз барњамхўрии давлати кўшониён то сари тахт омадани њайтолиёну суќути эшонро дар бар мегирад. Агар образнок бигўем, ин мурѓи хаёли Љумъа Ќуддус ва Мањмадрањими Карим низ ду боли мустањкаму рангин дорад, ки яке истифодаву корбурди фаровону барљои таърих ва дигаре бадеияту тахайюлоти созгору боварибахш аст ва дар пайвастагї онро дар фазои ќабули хотири хонанда парафшон кардаанд. Агар сањнаи барњам хўрдани салтанати кўшониён, барои мададљўї омадани шањзодаи Эрон Фирўз (бародари Њурмузд) назди шоњи њайтолиён Вахшунвар, баъдан зидди њайтолиён бархостани ў ва ѓайраву њоказо рухдоду асноди таърихи мо бошанд, монологу диалогњои фаровон, тасвири зиёди симои зоњиру ботин, омезиши ривояту ќиссањо бо санадњои воќеии таърихи он замон (ќиссаи шоњ Анўшервон ва вазири хирадмандаш Бузургмењр, андешањои Вахшунвар, ки дар аввал барои саркўбии бародараш ба Фирўз лашкар намедињад, драмаи инсонии шоњи Њинд Рамагупта, саргузашти пурмољарои бародару њамсари ў Чандра ва Дњрувадэви, ишќи пизишки сењргар Гулбарг ва ѓайра) зодаву инкишофдодаи тахайюли муаллифонанд, ки фарогиру эътимодбахш омада, љаззобию яклухтии асарро таъмин кардаанд.
Оре, пур аз образу характерњои љолиб аст роман, лекин образи марказии он, ки аз унвонаш њам бармеояд, Ѓазаб аст. Ѓазабе, ки боиси гирудорњо, вайронии кишварњо, парешонию саргардонии ќавмњо мешавад. Мањз ѓазаб ба муќаддасоти ќавми Њинд яке аз сабабњои барњам хўрдани салтанати кўшониён шуд, мањз ѓазаб љойгири онњо – њайтолиёнро аз байн бурд. Дар ин миён чї ќадар ќисматњо шикаставу таќдирњо пора шудаанд, магар таърихи њамадон, вале хунсарду бепарво њисоб кардааст?
Як љињати дигар, ки зуд ба чашм мехўрад, љуѓрофиёи воќеањои асар аст. Воќеањои асосї мансуби Суѓду Бохтаранд, вале ба таќозои саргузашту сарнавишти ќањрамонон рухдодњо гоњ ба Њинду Чин мекўчанд, гоњ ба Руму Эрон, гоњ ба Марву Ќафќоз. Ва дар њар маврид оид ба таъриху тамаддун ва расму оини онзамонаи онњо маълумоти љолибу маърифатбахше дода мешавад, ки барои њамагон, бахусус љавонон, заруру муфид аст.
Роман дар бораи давлатдории њайтолиён – як сулолаи бузурги мардумамон аст, ки дар ќатори дигарон барои пайдоиши Оли Сомон ва ташаккули халќи тољик замина тайёр кардаанд. Дар бораи љойгоњу нуфузи онњо њамин далелро овардан кофист, ки сосониёни шањири дунёгир ба эшон бољ медоданд. Сањнањои зиёди адлу дод ва бедодии рўзгори њайтолиён чорањои сиёсї ва бечорагињои сиёсии давлатдорони он замонро ифода намудаанд, ки саросар дархури замон ва сабаќи њамзамононанд.
Ва боз як љињате, ки аз ягон хонандаи асар пинњон намемонад, тасвирї будани он аст. Романро мехонию воќеаву њодисањо ва манзараву симоњо дар пеши назарат љилвагар мешаванд ва гумон мекунї, ки кинои љолиберо тамошо дорї. Ин, бешубња, ба хубии асар далолат мекунад ва бораи офаридани боз як филми таърихии амиќбунёде замина мегузорад.
Баъди њар бахшу боб муаллифон барои бозгў кардани љанбаи таърихї ва ќувват бахшидани љињати воќеии асар чун далели таърихии воќеањои тасвиршуда зери унвони «Таърих гувоњ аст» ба аснод рў меоранд ва бо ин на танњо ќисмати гузаштаро ќавї мекунанд, балки хонандаро ба ќабулу тааммули боќии асар омода месозанд.
Як њаќиќати бебањсро бояд зикр кард, ки дар таълифи роман зањмати ногуфтанї ба харљ дода шудааст. Ва на танњо аз љињати таърихнигориву образофарї ва забону баёни љолибу ќиссапардозии аљиб, балки аз љињати омода сохтани заминаи ин амал. Сухан дар бораи адабиёти фаровону гуногуне меравад, ки њангоми таълифи ин силсилароман, аз љумла романи «Асри ѓазаб», мавриди истифода ќарор гирифтаанд ва шумораашон ба садњо мерасад.
Ва, хушбахтона, дарахти зањмати сангини муаллифон мевањои ширине ба бор овардааст, ки мутолиаи хуш, бардошти амиќ ва маърифатафзоии бешак аз он љумлаанд. Беш аз ин, силсиларомани мазкур умуман ва «Асри ѓазаб» минљумла, талќини барљову гиро ва заруру корагари таърих, худогоњї ва миллатдўстиву ватанпарварист.
Гумон мекунем, ки њадафи нињоии муаллифон њамин буд ва, бо боварї метавон гуфт, ки ба маќсади наљибашон расидаанд.
Ато Њамдам, Нависандаи халќии Тољикистон.
Свидетельство о публикации №226111400410