Зани нозукмичоз. ривояти хинди

ЗАНИ НОЗУКМИЧОЗ
ривояти њиндї

Роља Дњармахваља якбора се зани зебои нозукандом ва нозукадо гирифт, ки њар яке аз дигараш зеботар буд. Чун мавриди муњаббат расид, бо зани якумаш Индулекња ба расми бозї нишаст. Мўйњои занро бо гулњои нилуфар ороста буданд. Ваќти кушодани уќдаи гулчамбар як барги нозуки нилуфар канда шуда ба зонуи зан афтод ва Индулекња фиѓоне бароварда, аз њуш рафт.
Роља дар њайрат афтод.
Посбонњо ва ходимон аз пайи табиб шуданд ва занро ба њуш оварданд.
- Ба ту чї шуд? – пурсид мењрубонона шоњ.
- Ваќте барги гул ба рони урёнам афтод, љароњате пайдо шуд…
Пизишкон диданд, ки дарвоќеъ дар рўи пўсти малика аз зону болотар љароњате пайдо шудааст. Зуд равѓани сандал молиданд ва Индулекњаро осуда гузоштанд, ки баъди чунин зарбаи сангин ба худ ояд.
Роља ба зани дуюми худ Таравали болои бом баромада, дилљўиву шодї кард. Ва њангоме ки насими сабуки шабона домани пирањани њарири занро аз зонуи ў дур кард, фиѓони Таравали баромад:
- Вий, мурдам! 
- Ба ту чї шуд, азизам, - бештар ба њайрат афтод Роља.
- Месўзам… - гуфту Таравали низ  бењуш гардид.
Пизишкон омада диданд, ки болотари зонуи зан аз нури мањтоб сўхта, њубобчањо пайдо шудаанд. Табибон ба љои сўхта равѓани сандал молиданд. 
Роља ба назди зављаи сеюмаш Мриганкавати рафт. Зан аз омадани шоњ бохабар шуда ба истиќболи ў аз њуљраи зарнигораш берун баромад. Шоњ мафтуни љамоли баркамоли Мриганкавати шуда, лањзае ўро дар партави шамъњо тамошо карда ба дил гуфт, ки аз њама зеботар ўст, вале дар нозукї ду зани аввалаам нозуктаранд…
Ана њамин ваќт дар як гўшаи дури њавлї ходиме барои хўриши онњо писта шикаст. Баробари садои шикастани писта Мриганкавати фиѓон зад:
- Вий! Мемурам!
Ва маликаи сеюм рўи дасти шоњ афтода, аз њуш рафт. Ходимањо ўро ба хонаи хоб бурданду шоњ дар фикр зад, ки ба ў чї шуда бошад?
Пизишкон муайян карданд, ки баробари шунидани садои баланди писташиканї на танњо гўшњо, балки пўсти бадани малика сурху кабуд шудааст.
Роља ифтихор кард, ки занњои ў аз барги гул нозуктаранд ва њассос ва зебо...


Рецензии